Главная / Илм / ИСХОЛ

ИСХОЛ

isholИСХОЛ (Diarrhoea), дарунрави, ихрочи зиёди начосати обакии руда. И. аксуламал (реаксия)-и мухофизи буда, хангоми он аз организм моддахои захрнок, микроорганизмхои бемориовар, луоб, махсули пусиш, баъзе дорухо хорич мешаванд. И. аломати диг. беморихо мебошад. Беморихои шадиди сирояти, мас., исхоли хунин, тифи шикам, паратифхо, вабо, захролуди аз хурок, газаки музмини руда (энтероколити музмин, колит), решмарази руда ва г. ба пайдоиши И. мусоидат мекунанд.
Ихтилоли хазми хурок дар рохи болоии меъдаю руда (чудо нашудани шираи меъда, нарасидани шираи гадуди зери меъда ва талха, ихтилоли чаббиш дар рудаи борик) боиси носомонии казои хочат мегарданд. И. метавонад аз ихтилоли кори асаб, шури эхсосот, бим, изтироб ва г. низ ба вучуд ояд. Ба мизоч мувофикат накардани баъзе хурокхо (шир, тухм, сабзавот, мева) боиси ихтилоли кори руда мегарданд. Дар аснои захролуди аз рангу бор, махлулхо, пестисидхо, дорухо низ И. ба амал меояд.
Сабаби пайдоиши И.-ро факат дар асоси маълумоти лаборатори, бактериологи, тадкикоти рентгенологи ва эндоскопи муайян кардан мумкин аст. Аз ин ру, хангоми И. ба духтури беморихои сирояти мурочиат кардан зарур аст. Ба духтур муфассал баён кардани аломатхои бемори – исхол (чанд маротиба мариз мачбур аст, ки ба хочатхона равад), пайдоиши хисси дард зимни казои хочат, ранг, буй ва гилзати начосат хеле мухим аст. Ба начас омехта шудани луоб ва хун барои ташхис ахамияти калон дорад; хамчунин кайд кардан лозим аст, ки хун ба начосат омехта, луоб хунолуд, лахтаи хун сиёхчатоб аст ё не. Агар И. такрор шавад, бояд аник намуд, ки кадом омилхо ба он мусоидат мекунанд (хуроквори, дору, вазъи рухию эхсосот ва г.).
Бисёр одамон ба беморхонаи амрози сирояти бистари шуданро нахоста, ба духтур мурочиат намекунанд. Чунин акида нодуруст аст, чунки аз як тараф дар дохили беморхона сироят ёфтан номумкин аст, аз диг. тараф – факат шахсонеро ба беморхона чойгир мекунанд, ки онхо барои атрофиён манбаи сироят бошанд ё аз сабаби бад будани саломати ба ёрии духтурони беморхона мухточанд. Масъалаи дар беморхона табобат кардани беморро факат духтур хал мекунад. То ташхиси бемори маризро ба кадри имкон аз диг. аъзои оила чудо карда, дар хонаи алохида чой медиханд, ба у коса, пиёла, табак, кошук ва сачоки алохида чудо мекунанд; дастаки дарро бо махлули гандзудо хар замон пок карда меистанд. Беморони И. бояд хуроки серравган, тунду тез, шир, сабзавот ва меваро кам истеъмол намоянд. Худмуолича, хусусан беназорат истеъмол кардани антибиотикхои гуногун норавост. Зеро онхо зухури клиникии бемориро тагйир дода, дуруст ташхис кардани онро душвор мегардонанд, аксуламалхои гуногуни номатлубро ба вучуд меоваранд ё касалиро музмин менамоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …