Главная / Илм / ИСХОЛИ ХУНИН

ИСХОЛИ ХУНИН

isholi-khuninИСХОЛИ ХУНИН (Dysenteria), дизентерия, шигеллез, бемории сирояти буда, бар асари шигеллахо пайдо мешавад. И. х. бо падидахои захролуди ва осеби рудаи гафс чараён мегирад. Ангезаи И. х. ба чинси Shigella мансуб аст. Шигеллахо 4 намуд доранд:
Sh. dysenteria (бактерияхои Григорев – Шиг, Штутсер – Шмитс ва Ларч – Сакс), Sh.flexneri, Sh.boydi ва Sh. sonnei.
Шигеллахо аз чихати морфологи ба хамдигар монанд мебошанд. Андозаи онхо 0,3 – 0,6 × 1 – 3 мкм аст; харакат намекунанд, спора ва капсула надоранд, дар мухити гизои хуб рушд менамоянд. Шигеллахо хангоми тачзия шудан, эндотоксин хорич карда, боиси захролуди мегарданд. Онхо кобилияти хосил кардани экзотоксин низ доранд, мас., энтеротоксинхо (тарашшухи моеъ ва намакхоро ба чавфи руда метезонанд), ситотоксин (ба мембранаи хучайрахои эпителия осеб мерасонад). Бактерияхои Григорев – Шиг дар баробари ин нейротоксин низ хосил менамоянд. Вобаста ба харорат, намноки, pH-и мухит, намуд ва микдори микроорганизмхо бактерияхои И. х. аз чанд соат то чанд мох зиндаги мекунанд. Онхо дар махсулоти хуроквори бехтар мезиханд.
Бактерияхои И. х. аз таъсири антибиотикхо (тетрасиклинхо, левомитсетин, ампитсиллин), дорухои нитрофурани ва бисептол махв мешаванд. Маводи гандзудо (гипохлоридхо, хлораминхо, лизол ва г.) шигеллахоро дар муддати чанд дакика нобуд месозад.
Манбаи сирояти ангезандахои И. х. одам аст. Хусусан ашхоси мубталои шаклхои сабук ва нихонии И. х.-и шадид, хамчунин одамони гирифтори И. х.-и музмин хавфноканд. Чунин одамон худро солим хис карда, ба духтур намераванд. Вале онхо пахнкунандаи асосии бактерияхоанд.
Ангезандаи И. х. ба воситаи гизо, нушокихо (шир, компот, салат), об, дасти ифлос, бозичахо сироят менамояд. Дар пахн кардани ангезандаи бемори макоми магасхо калон аст. Ба И. х. одамони синну соли гуногун, вале бештар кудакон гирифтор мешаванд. Маризи бештар моххои июл – сент. хуруч меёбад.
Ба пайдоиши И. х.-и шадид токсемия таъсири калон мерасонад. Ангезандахо ба организми одам факат аз дахон дохил мешаванд. Онхо дар рохи болои узвхои хозима зери таъсири шираи меъда ва флораи руда кисман махв мегарданд. Бактерияхои зинда аз ин садди физиологи мегузаранд ва ба пайдоиши бемори мусоидат мекунанд. Онхо сараввал ба рудаи борик дохил мешаванд ва меафзоянд.
Захре, ки бинобар тачзияи бактерияхо ихроч мегардад, ба хун мегузарад. Захр дар хун гардиш карда, ба узву бофтахо ва силсилаи асаб таъсир мерасонад. Дар натича мариз табларза мекунад, харорати бадан баланд, иштихо кам мешавад. Эндотоксин ба рагхои девораи руда осеб мерасонад (хиперемия, варам, хуншори). Шигеллахои зинда ба хучайрахои руда мегузаранд ва дар онхо меафзоянд. Онхо хучайрахоро махв карда, садди табиии луобпардахоро бартараф месозанд, барои ба узву бофтахо гузаштани захр рох мекушоянд. Дар натичаи афзоишу тачзияи минбаъдаи шигеллахо микдори захр (эндотоксин) дар руда ва хун зиёд мешавад. Мушакхои суфтаи рудаи гафс ташаннуч (спазм) меёбанд; хиперемия, ихтилоли гузарониши рагхо, афзудани луобхосилшави, пайдоиши захм ба назар мерасанд, фаъолияти чаббандагии он халалдор мешавад. Нишонахои хамаи ин дард кардану тофтани шикам, дарунрави, кабзият, начосати хунолуд мебошанд.
Чихати хоси И. х. инкишофи дисбактериоз (тагйир ёфтани таносуби байни бактерияхои муфиди руда ва намудхои дигари бактерияхо) аст. Дар руда афзоиш ёфтани бактерияхои уфуни (пусишовар) ва диг. микробхо боиси захролудии организм ва илтихоби луобпарда мегардад.
Хангоми И. х. дар баробари захролудии силсилаи асаб ва ихтилоли фаъолияти рудахо амали гадудхои аъзои хозима, гадуди зери меъда, руда, хамчунин чигар хеле суст мегардад. Мубодилаи обу намак, карбогидратхо, сафедахо, витаминхо халал меёбад.
Хини И. х. тагйироти морфологи асосан дар кисми поёни рудаи гафс рух менамояд. Раванди илтихобии хунрез (геморраги) бисёр вакт дар дастгохи фоликулави низ ба мушохида мерасад. Дар натича баъзе кисмхои луобпардаву фоликуллахо дучори некроз мегарданд. Бинобар ин, ярачахои гуногуншакл пайдо мешаванд, ки онхо баъди шифо ёфтанашон карахш намебанданд. Дар чигар, миокард, гадуди болои гурда ва гурдахо пурхуни, варам, тагйироти дистрофии хучайрахо ба назар мерасанд. Чи кадаре, ки захролуди возех бошад, фаъолияти узвхо хамон кадар бештар халал меёбад.
Давраи нихонии И. х. 1 – 7 (бештар 2 – 3) руз аст. Бемори маъмулан ба таври шадид огоз меёбад. Дар падидахои сарири (клиники)-и И. х. метавон ду алоим (синдром)-и асосиро фарк кард: захролудии умуми ва иллати рудаи гафс. Зухурот ва мухлати пайдоиши онхо як хел нест. Баланд шудани харорати бадан, табларза, камиштихои, сардард, бехоли, брадикардия (дилзании охиста), паст шудани фишори хун нишонахои захролудии умуми мебошанд. Онхо метавонанд кабл аз аломатхои ихтилоли руда ба вучуд оянд.
Нишонаи иллат ёфтани рохи меъдаву руда дард кардани он аст. Аввал дард доими ва суст буда, ба шикам пахн мешавад; баъд он шиддат меёбад, ба зери шикам (бештар аз чап ё зери ноф, гохо аз рост) мегузарад. Дард, одатан, пеш аз казои хочат авч мегирад. Дарди тобдиханда (тенезмахо) низ мавчуд аст. Он аз мавзеи рудаи рост огоз ёфта, ба чорбанд мегузарад. Дарди тобдиханда дар вакти казои хочат ва 5 – 15 дак. баъди он мушохида мешавад. Сабаби чунин дард илтихоби кисми ампулавии рудаи рост аст. Тоб додани шикам, зуд-зуд хохиши казои хочат пайдо шудан, бисёр нишастан, эхсоси нопуррагии казои хочат ва г. далел бар осеби кисми канори (дистали)-и рудаи гафс мебошад. Хангоми молидану зер кардани шикам, рудаи гафс, хусусан мавзеи рудаи сигмашакл, дард мекунад. Начосати бемор якчоя бо луобу хун меояд (одатан хун бо луоб омехта намешавад).
Вобаста ба аломатхои болини И. х.-ро ба чунин шаклхо чудо кардан мумкин аст: шадид (мукаррари ё колити, гайримукаррари ё гастроэнтероколити, зерсарири), музмин (такроршаванда, бардавом), носомони (дисфунксия)-и баъдидизентериявии руда.
Исхоли хунини шадид. Шакли сабуки он дар 70 – 80%-и беморон мушохида мешавад. Вазъи мариз бад нест, харорати бадан муътадил ё рузхои аввал андаке баланд (37, 1 – 37,8°С) аст, шикам сахт дард намекунад ва тоб намедихад. Бемор дар як шаборуз 3 – 5 (бисёраш 10) маротиба ба казои хочат меравад; начосат омехта бо луобу хун аст. Чунин одамон бинобар солиму бардам будан, ба духтур мурочиат намекунанд. Вале онхоро зуд ошкор кардан лозим аст (бо рохи пурсиш, муоина, тадкики бактериологии начосат), чунки хомили ангезандаи маризи мебошанд.
Дар аснои миёна будани дарачаи вазнинии бемори (дар 20 – 25%-и маризон) саломати табох мегардад, шикам ва сар дард мекунад, табларза ба вучуд меояд, харорати бадан баланд, хоб ва иштихо гум мешавад. Гохо аломатхои захролудии умуми 12 – 24 соат кабл аз огози носомонихои руда падид меоянд. Бисёр беморон 2 – 5 соат пештар аз огози бемори зуд-зуд (дар як шаборуз то 10 маротиба) ба казои хочат мераванд; начосат обаки буда, бо луобу хун меояд, шикам сахт тоб медихад; забон хушк аст (онро халолати хокистарранг мепушад), рудаи гафс дард мекунад.
Дар мавриди вазнин будани бемори (дар 3 – 5%-и беморон) харорат ба 39 – 40°С (ва зиёдтар) мерасад; шахс тасф мекунад ё баръакс, хунук мехурад, бехол мешавад, харакат карда наметавонад. Иштихо батамом нест шуда, ранги руй мепарад, набз тез, фишори шараён паст мегардад. Бемор дар як шаборуз 30 – 50 маротиба казои хочат мекунад, гохо дар чои хоб дарун меравад.
Шакли гайримукаррарии И. х.-и шадид чун гастроэнтерит ё гастроэнтероколит чараён мегирад. Бештар хангоми сироят ёфтан аз шигеллахои Зонн ба назар мерасад. Бемор табу тасф мекунад (38 – 39°С), дилбехузури ва кай пайдо мешавад, дарун меравад (начосати луобу хунолуд).
Шакли зерсарири (субклиники)-и И. х. бидуни аломатхои захролуди ва носомонихои возехи руда пайдо мешавад. Ин тарзи И. х.-ро, одатан, зимни санчиши бактериологи аз руи маълумоти эпидемиологи мукаррар мекунанд. Чунин ашхос ба назар «солим» менамоянд, аммо дар сурати муоинаи аник, дар онхо нишонахои И. х.-ро ошкор кардан мумкин аст.
Исхоли хунини музмин. Баъди 2 мохи аз беморхона баромадани мариз (гохо баъди 6 мох) хуруч мекунад. Ба чараёни музмин касб кардани И. х. омилхое мусоидат менамоянд, ки боиси заъфи муковамати организм ва тагйири кобилияти вокуниши (реактивият) мегарданд, мас., беморихои дигар, камхуроки, гизои камвитамин, ихтилоли фаъолияти тарашшухии меъдаву руда, дер ба беморхона овардани мариз, муоличаи нодуруст ва г. Дар натича захми руда дер шифо меёбад, фаъолияти руда ва чигар муддати зиёд суст мешавад.
И. х.-и музмин гохо хусусияти такроршави дорад. Он баъзан хуруч мекунад, гохо муддати зиёд аз худ дарак намедихад. Чунин беморон хиратабъ буда, зуд ба хашм меоянд, бехоби мекашанд, шикамашон дард мекунад, хароб мешаванд. Хуруч ва чараёни бемории мазкур, одатан, ба мисли И. х.-и шадид аст. Баъди 2 – 3 хафта мариз офият меёбад. Сабаби дарунравии беист хамеша осеби амики рохи меъдаву руда нест. Он бинобар ихтилоли фаъолияти диг. узвхои хозима – гадуди зери меъда ва талхадон низ инкишоф меёбад. Хусусияти асосии такрорёбии И. х.-и музмин якбора ба мушохида нарасидани захролуди ва аксуламали варачавии онхо аст. Дар байни даврахои офиятёби холати бемор хуб мебошад, у кобили кор аст, вале фаъолияти рудахо номураттабанд.
И. х.-и музмин гохо беист чараён мегирад, бемор аз дамиши шикам, зуд-зуд казои хочат кардан (начосат бо луоб омехта меояд), беиштихои шикоят мекунад. Аз хад зиёд хароб шудан, гиповитаминоз ва обварами бесафеда мумкин аст бо фавти мариз анчом пазиранд.
Фарчоми И. х. ба синну соли мариз, дарачаи вазнини, амрози хамрохшуда, оризахо ва мухлати огози муолича вобаста аст. Умуман, онро метавон бемории некфарчом шумурд.
И. х.-ро дар асоси аломатхои болини ташхис мекунанд. Дар ин маврид шаклхои гайримукаррари ва нихонии онро низ набояд фаромуш кард. Хоса пурсиши мариз, дар начосат вучуд доштани луобу хун, маълумоти эпидемиологи мухиманд.
Санчиши бактериологии начосат имкон медихад, ки ба кишти ангезандахои И. х. ноил гардем. Кишти ангезандахо усули нисбатан сахехи ташхис аст. Барои санчиш начосати беморро (то антибиотик таъйин кардан) дар мухитхои Плоскирев, Мюллер ва селенити нигох медоранд. Харор. термостат бояд 37°С ва мухлати нигахдошт 24 соат бошад. Дар мавриди мусбат будани маълумот микробхои (колонияхои) беранг месабзанд (минбаъд хусусиятхои биохимияви ва хассосияти онхо ба антибиотикхо санчида хохад шуд). Усули тадкики копрологии начосат низ мухим аст. Хангоми он дар таркиби ахлот луоб, фасод, хун ва дар таркиби молишак (мазок) хучайрахои рашх (экссудат)-и илтихоби (лейкоситхо, эритроситхо)-ро ошкор сохтан мумкин аст.
Санчиши ректороманоскопии луобпардаи рудаи рост (сигмашакл) имкон медихад, ки тарзи тагйироти илтихобии кисми канори (дистали)-и руда муайян карда шаванд. Усули мазкур барои мукаррар сохтани дигар беморихои руда – саратони рудаи рост, полипоз, бавосир низ муфид аст.
Вокуниши аллерги (санчиши Суверкалов) ба чумлаи он усулхои ташхисе мансуб аст, ки тавассути дизентерин амали гардонда мешавад. Доруро (0,1 мл) ба зери пусти соид мефиристанд. Натичаи санчиш баъди 24 соат мукаррар карда мешавад. Мавчудияти пайсаву сурхлаккахо (папулаю эритема)-и диаметрашон 10 × 20 мм далел ба аксуламали мусбати суст (+), аз 20 то 35 мм – мусбат (++) ва аз 35 мм калон – мусбати шадид (+++) мебошад. Ба андозаи 10 – 15 мм сурх гаштани пуст ва набудани пайсахо аломати манфи махсуб мешавад. Истифодаи усули мазкур дар мавриди бемории сил, беморихои аллерги, амрози вирусии рохи нафас, логари чоиз нест.
Усули серологи (вокуниши агглютинатсия)-ро, ки барои дар зардоби хуни мариз ошкор сохтани подтанхои махсус истифода мешавад, дар хафтаи 2 – 3 бемори кор мефармоянд. Солиёни охир бештар аз вокуниши гемагглютинатсияи гайримустаким (РНГА) истифода мебаранд. Ба натичахои мусбати РНГА аз рузи 5-уми бемори метавон ноил гашт. Хафтаи дуюм титри подтанхо (антителахо) афзуда, аз хафтахои 4 – 5 ру ба камшави мениханд. Титри акалли (камтарин)-и ташхисии РНГА 1:200 аст.
Ташхиси тафрики (дифференсиали)-и И. х.-ро бояд ба нисбати салмонеллёз, эшерихиозхо, захролуди аз гизо, вабо, амёбиаз, балантидиаз, лямблиоз, трихомониази руда, баъзе гелминтозхо, кандидоз гузаронд. Аломатхои захролуди аз занбуругхо, намаки металлхои вазнин, колит, сили руда, энтероколити музмин ва колити захми ба нишонахои И. х. монанд мебошанд. Гохо зарурати аз беморихои шадиди чаррохиталаб – аппендитсити шадид, суддати (тромбози) рагхои масорикаи (мезентерияви), баста шудани руда, хамчунин аз беморихои шадиди гинекологи (хомилагии хоричибачадони, аднексит, пелвеоперитонит) фарк кардани И. х. пеш меояд. Маълумоти аник ва муоинаи дакиконаи бемор бахри саривакт ва дуруст ошкор кардани И. х. шароити мусоид фарохам меовард.
И. х.-ро ба таври комплекси табобат кардан лозим аст. Аз дорухое, ки ба ангезандаи бемори таъсир мерасонанд, антибиотикхо ва давочоти сулфаниламиди муфид мебошанд. Дорухои мазкурро факат баъди мукаррар кардани хассосияти ангезандаи И. х. кор фармудан мумкин аст. Аз сулфаниламидхо он дорухоеро таъин мекунанд, ки аз руда ба хун нагз чаббида намешаванд (фталазол, сулгин). Хоса якчоя истифода бурдани антибиотикхои гуногун, антибиотикхо бо сулфаниламидхо нафъ дорад; истифодаи муштараки антибиотикхои катори тетрасиклини ё левомисетин бо фталазол ё сулгин низ натичаи дилхох медихад.
Муоличаи И. х.-и музмин бояд дуру дароз ва зина ба зина бошад. Дорухои химиявиро факат дар мавриди такрор шудани бемори ё хуручи он кор мефармоянд. Муоличаи зидди бактерияви бояд аз 7 руз кам идома наёбад ва якчоя бо ваксинотерапия ё истифодаи васоити мукавви гузаронидани хун, плазма, гаммаглобулин, иммуноген ва дорухои дигар), витаминшифои ва физиотерапия сурат гирад.
Беморони И. х. бояд ба пархез дуру дароз риоя кунанд. Дар мавриди тул кашидани бемори ва зуд шифо наёфтани захми луобпардаи руда истифодаи гормонхои анаболи нафъ дорад.
Саривакт ошкор сохтан ва дар беморхона бистари кардани мариз, гандзудои (дезинфексия)-и утоки хоби бемор, назорати чиддии манбаъхои об, муассисахои хуроквори, нест кардани магасхо, гандзудоии начосат аз чумлаи тадбирхои асосии пешгирии И. х. мебошанд. Ошкор кардани беморони И. х.-и музмин, хомилони бактерия ва дар муассисахои хуроквори ба кор рох надодани онхо мухим аст.
Одамони шифоёфтаро аз беморхона баъди се натичаи манфии санчиши бактериологии начосат чавоб медиханд. Агар онхо дар муассисахои хуроквори кор кунанд, ё робита дошта бошанд, пас панч натичаи манфии санчиши бактериологии начосат зарур аст.
Баъди аз беморхона баромадан, маризро барои мушохидаи диспансери ба кабинети беморихои сирояти мефиристанд. Кормандони муассисахои хуроквори ва ашхоси касбу корашон ба онхо монанд, баъди аз беморхона баромадан, 5 руз ба кор рох дода намешаванд. Дар ин муддат ду маротиба санчиши бактериологии начосат ва як маротиба тадкики копрологи гузаронда хохад шуд. Баъди ба кор баромадан, чунин ашхос 6 мох (одамоне, ки бемори И. х.-и музмин буданд 9 мох) зери назорати диспансери карор мегиранд.

Э. Р. Рахмонов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …