Главная / Илм / ИРИДОСИКЛИТ

ИРИДОСИКЛИТ

iridosiklitИРИДОСИКЛИТ (Iridocyclitis), газаки кисми пеши луобпардаи чашм – инабия ва чисми мижгони. Ба инкишофи И. беморихои сирояти мусоидат мекунанд. И. бештар хангоми грипп, табхол, тарбод, сил мушохида мешавад. Дар баъзе мавридхо пайдоиши он ба манбаъхои сирояти музмин (амрози дандон, чавфхои иловагии бини ва бодомакхо) вобаста аст. Баъзе беморихо мас., никрис, осеби чашм низ сабаби И. мегарданд.
И. аз иллати инабия (ирит) ё чисми мижгони (сиклит) хам огоз меёбад. Агар аввал ирит инкишоф ёбад, чашм сурх мешавад; хамин ки газак чисми мижгониро фаро гирифт, дарди сахт ба вучуд меояд. Агар бемори аз сиклит огоз ёбад, дархол дард пайдо мешавад. Хангоми И., гайр аз дард, рушноитарси ва заъфи босира низ ба мушохида мерасад.
Чараёни И. вобаста ба зухуроти клиники шадид, шадидмонанд ва музмин мешавад. Дар мавриди саривакт табобат кардани И. дар чашм асаре боки намемонад. Инсидоди мардумак, глаукомаи дуюмин, сахт хира шудани зучочия ва атрофияи гузаи чашм окибати вазнини И. аст. Газаки асаби босира оризаи гарони И. мебошад. Баъзе шаклхои И. мумкин аст такрор ёбанд.
И.-ро аз конъюнктивит ё глаукомаи шадид фарк кардан лозим аст.
Хангоми пайдоиши нишонахои И. фавран ба духтур мурочиат бояд кард. Худтабобат (тарбанди бо чой, истифодаи дорухои чашм, мас., албусид) мумкин аст боиси дуру дароз идома ёфтани бемори гардад. Саривакт ташхис ва муайян кардани сабаби И. барои табобат ва пешгирии оризахои бемори ёри мерасонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …