Главная / Илм / ИРГАЙ

ИРГАЙ

irgayИРГАЙ (Cotonaster), чинси бутта ё дарахтест маъмул. Дар шароити Точикистон аз 20 см то 3 м кад мекашад. Барги кутохдумчаи байзашакл, гули майдаи сафед ё гулоби, меваи сурхи аргувони ё сиёх, баъзан норинчи ё зард дорад. Дар Точикистон 15 намуди худруи И. (C. zeravschanicus, C. hissaricus, C. suavis, C. insignis, C. subacutus, C. nummularioides ва г.) маълум буда, асосан дар нишебихои регзор, шахсор, буттаву арчазорхо, фаркзор ва мавзеъхои баландкух (аз 650 то 4100 м аз с. б.) меруяд. Апр. – июл гул, сент. – окт. мева мекунад. Баъзе намудхои И. (C. melanocarpus, C. multiflorus) меваи хурданбоб (то 50% витамини С) доранд.
Пустлох, мугча, барг ва гули И. бактерияхоро махв месозад. Табибони Ёкутистон бо шилми он экзема ва хоришакро табобат менамоянд. Дар тибби Тибет меваи И. давои уфунат (сепсис), исхоли хунин ва диг. беморихои сирояти махсуб мешуд. Шохчахои наврас ва барги сиёхиргайро майда карда, як чумчаи онро ба як истакон оби чушида меандозанд ва 2 соат нигох медоранд. Сипас даворо полонда, рузе 3 – 4 маротиба кам-кам (25 г) истеъмол мекунанд (давои дарунбанд, пешоброн ва талхарон аст).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …