Главная / Илм / ИПОХОНДРИЯ

ИПОХОНДРИЯ

ippohondriaИПОХОНДРИЯ (Hypochondria), тоса, холати носолимиест, ки одам аз чихати саломати дар изтироб афтода, худро гирифтори беморихое мехисобад, ки дар асл вучуд надоранд. Хангоми И. шахс рухафтода ва серхаячон мегардад. Ин гуна беморон бадгумон буда, ба вазъи саломатии худ диккати зиёд медиханд, хангоми андаке тагйир ёфтани вазъи организм худро бад хис мекунанд, ба духтур мурочиат намуда, аз муоинахои сершумор мегузаранд. Чунин ашхос аксар вакт гирифтори беморихои талкини шуда, ба вазъи организми худ диккати зиёд медиханд, бовар доранд, ки атрофиён нисбат ба онхо бепарвоянд, хол он ки худашон нисбати дигарон хеле беахамият мебошанд. Дар мавриди И. баъзан бемор кобилияти кориро гум мекунад, хушихои хаётро намедонад, худро бадбахт мехисобад, муносибаташ бо атрофиён хеле бад аст. Одатан, хешовандон ба чунин беморон ду хел муносибат доранд: ё косаи сабри онхо лабрез шуда, бо у чангу чидол менамоянд ё ба бемории хаёли бовар хосил намуда, маризро низ ба ин водор месозанд. Чунин рафтор нодуруст аст. Зеро аксар беморихои хакики ба таври пинхони, бо хиссиёт ва нишонахои норавшан сар мезананд. Агар онхоро И. гумон кунанд, пас мумкин аст вакти муолича гузарад. Фаромуш набояд кард, ки И. дар кудакон пайдо намешавад. Хангоми бад гаштани вазъи саломати ба духтур мурочиат намудан зарур аст. Агар дар мавриди муоина муайян шавад, ки вазифаи узвхои дохили халал наёфтааст, пас бояд ба равонпизишк мурочиат кард. И. нишонаи носолимии табиати одам набуда, падидаи беморист ва онро муолича кардан лозим аст. Ба И. невроз, психопатия, афсурдарухи ва диг. беморихои рухи сабаб мешаванд.
Хар як бемории рухи ба И. нишонаи хос мебахшад. Ин ба психиатр имкон медихад, ки бемориро дуруст ташхис ва муолича кунад. Хешовандони бемор ба ичрои таъиноти духтур бояд катъи риоя кунанд, зеро у аксар вакт худро рухан солим хисобида, аз муолича саркаши менамояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …