Главная / Чамъият / ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАЧЛИСХОИ МАХАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛК

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАЧЛИСХОИ МАХАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛК

КОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАЧЛИСХОИ МАХАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛК

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1999, №12, мод. 298; с. 2007, №5, мод. 353; с. 2012, №8, мод. 813; с. 2014, №7, к. 1, мод. 383, №11, мод. 640; Конуни конст.ЧТ аз 30.05.2017 с., №1412)

 Ба Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон аз    10 декабри соли 1999 «Дар бораи интихоботи вакилон ба Мачлисхои махаллии вакилони халк» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1999, №12, мод. 298; с. 2007, №5, мод. 353; с. 2012, №8, мод. 813) тагйиру иловахои зерин ворид карда шаванд:

 I. КОИДАХОИ УМУМИ

 Моддаи 1. Принсипхои асосии интихобот

Интихобот ба Мачлисхои вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар хавзахои худудии якмандатии интихобот дар асоси хукуки интихоботии умуми, баробар ва мустаким бо овоздихии пинхони ба мухлати панч сол гузаронида мешавад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 11. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи интихоботи вакилон ба   Мачлисхои махаллии вакилони халк 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Мачлисхои махаллии вакилони халк ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни конститутсионии мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

(КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 2. Хукуки умумии интихобот

Интихоботи вакилон ба Мачлисхои вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия умуми аст. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар рузи интихобот синнашон ба 18 расидааст, катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулк хукуки интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Шахсоне, ки аз тарафи суд гайри кобили амал дониста шудаанд ва ё мувофики хукми суд дар чойхои аз озоди махрумшудагон нигох дошта мешаванд, хукуки дар интихобот иштирок кардан надоранд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Шахрванди Чумхурии Точикистон дар як вакт вакили беш аз ду макомоти намояндагии хокимияти давлати буда наметавонад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 3. Хукуки баробари интихобот

Интихобкунандагон дар асоси хукуки баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва хар кадоми онхо як овоз доранд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 4. Хукуки бевоситаи интихобот

Вакилон ба Мачлисхои махаллии вакилони халк аз тарафи шахрвандон мустакиман интихоб карда мешаванд. 

Моддаи 5. Овоздихии пинхони

Овоздихи дар интихоботи вакилон ба Мачлисхои махаллии вакилони халк озодона ва пинхони мебошад. Назорат ба изхори иродаи интихобкунандагон манъ аст. 

Моддаи 6. Ошкорбаёни хангоми тайёри ва гузаронидани интихобот

   (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Таёйри ва гузаронидани интихобот ба Мачлисхои махаллии вакилони халк аз тарафи комиссияхои интихобот ошкоро сурат мегирад ва дар воситахои ахбори омма инъикос мегардад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияхои интихобот ба шахрвандон аз кори худ, аз таъсиси хавзахо ва участкахои интихобот, хайат, чою соати корашон ва аз руйхати интихобкунандагон хабар медиханд.

Комиссияхои интихобот натичаи бакайдгирии номзадхоро ба вакили, шархи холи номзадхои бакайдгирифта, натичаи овозхои гирифтаи хар номзад ва чамъбасти интихоботро ба маълумоти шахрвандон мерасонанд. Дар мачлисхои комиссияхои интихобот, дар бинои овоздихи дар рузи интихобот ва хангоми хисобкунии овозхо як нафари намоянда (нозир) аз хизбхои сиёси, ки номзадхоро ба вакили пешниход кардаанд, шахсони боэътимоди номзадхои мустакил, намояндахои матбуот, телевизион ва радио хузур дошта метавонанд. Ваколатхои онхо бояд бо хуччатхои дахлдор тасдик карда шуда бошанд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Хизбхои сиёси, ки номзадхоро ба вакили пешбари кардаанд, дар бораи намояндагони худ камаш панч руз пеш аз интихобот ба комиссияхои хавзавии интихобот хабар медиханд.

Ба рафти овоздихи ва ба фаъолияти комиссияхои интихобот дахолат кардани намояндагон ва нозирон мумкин нест. Онхо метавонанд бо ичозати раиси комиссияи дахлдори интихобот савол диханд ва шархи онро талаб намоянд, диккати аъзоёни комиссия ва хозиронро ба рох ёфтани вайронкунии Конуни конститутсионии мазкур чалб созанд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Воситахои ахбори омма рафти тайёрии интихобот ва гузаронидани он, инчунин карорхои комиссияхои интихоботиро инъикос мекунанд. 

II. ХАВЗАХО ВА УЧАСТКАХОИ ИНТИХОБОТ 

Моддаи 7. Ташкил кардани хавзахои интихобот

Барои интихоботи вакилон микдори зерини хавзахои худудии интихобот ташкил карда мешаванд:

ба Мачлисхои вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе – на бештар аз 70 хавзаи интихобот;

ба Мачлисхои вакилони халки шахр, нохия – на бештар аз 40 хавзаи интихобот.

Аз хар хавзаи интихобот як вакил ба Мачлиси дахлдори вакилони халк, интихоб карда мешавад.

Микдори хавзахои интихоботро барои интихоботи Мачлисхои махаллии вакилони халк ба хадди меъёри мукарраркардаи хамин Конун Мачлиси дахлдор бо назардошти шумораи интихобкунандагон, худуд ва шароити дигари махалли мукаррар менамояд.

Хавзахои интихоботро комиссияи дахлдори интихоботи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр, нохия одатан бо шумораи баробари интихобкунандагон ташкил медихад. Худуди хавзахои интихобот бо назардошти сохтори худудии вилоят, шахру нохияхо бо ризоияти раисони дахлдор муайян карда мешавад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Руйхати хавзахои интихоботро, ки дар он худуд ва шумораи интихобкунандагон зикр ёфтааст, комиссияи дахлдори интихобот на дертар аз 15 рузи баъди таъин гардидани интихобот чоп мекунад. 

Моддаи 8. Тартиб ва меъёри ташкил кардани участкахои интихобот

Участкахои интихобот бо назардошти худуди шахру нохияхо, нохияхои шахр бо максади мухайё сохтани шароити муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд.

Участкахои интихобот дар санаторияву хонахои истирохат, беморхонахо ва табобатгоххои дигари доими, дар нохияхои дурдасту душворгузари махалли, махалли сукунати шахрвандон ташкил шуда метавонанд. Ин участкахои интихобот ба хавзахои интихоботи махалли чойгиршавии онхо дохил мешаванд.

Участкахои интихобот аз тарафи комиссияхои интихоботи шахр, нохия бо пешниходи раисони шахру нохияхо ташкил карда мешаванд.

Участкахои интихобот на дератр аз рузи бисту панчуми баъди таъин гардидани интихобот ташкил карда мешаванд. Дар нохияхои дурдаст ва душворгузар участкахои интихобот дар хамон мухлат, дар мавридхои истисно бошад, панч руз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд.

Участкахои интихобот одатан бо шумораи на камтар аз 20 нафар ва на бештар аз 3000 нафар интихобкунанда ташкил карда мешавад.

Бинои овоздихии хар участкаи интихоботро раиси шахру нохия муайян мекунад.

Комисиияи интихоботи шахру нохия участкаи интихоботро ракамгузори мекунад ва худуди хар участкаи интихоботро бо зикри махалли комиссияи участкавии интихобот ва бинои овоздихи ба интихобкунандагон хабар медихад.

III. КОМИССИЯИ ИНТИХОБОТ 

Моддаи 9. Системаи комиссияхои интихобот

Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Мачлисхои махаллии вакилони халк, комиссияхои зерини интихобот таъсис дода мешаванд:

комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

комиссияи шахрии интихобот оиди интихобот ба Мачлиси вакилони халки шахри Душанбе;

комиссияи шахрии интихобот оид ба интихоботи Мачлиси вакилони халки шахр; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

комиссияи нохиявии интихобот оид ба интихоботи Мачлиси вакилони халки нохия; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

комиссияхои хавзавии интихобот;

комиссияхои участкавии интихобот.

Рохбарии умуми, назорати ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Мачлисхои махаллии вакилони халк аз чониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 10. Ташкили комиссияхои вилояти, шахри, нохиявии интихобот

Комиссияхои вилояти, шахри ва нохиявии интихобот ба Мачлисхои махаллии вакилони халкро Мачлисхои дахлдори вакилони халк бо пешниходи раиси вилоят, шахр ва нохияи дахлдор бо назардошти таклифхои сохторхои махаллии хизбхои сиёсии дар худуди вилоят, шахр ва нохия фаъолияткунанда на дертар аз рузи дахуми баъди таъин гардидани интихобот дар хайати 7-13 аъзои комиссия ташкил менамоянд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Раис, муовини раис ва котиби комиссия аз чумлаи аъзоёни он дар аввалин мачлиси он интихоб карда мешаванд. Комиссияи вилояти, шахри ва нохиявии интихобот дар бораи хайат, нишони ва ракамхои телефони худ дар нашрияхои махалли маълумот чоп мекунад. 

Моддаи 11. Ваколатхои комиссияи вилояти, шахри, нохиявии интихобот

 (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияи интихобот ба Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр, нохия: (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– ба ичрои хамин Конун дар худуди дахлдор назорат менамояд, татбики якхелаи онро таъмин мекунад ва оид ба масъалахои ташкили интихобот тавзехот медихад;  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

– оид ба интихоботи Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия мувофикан хавзахои интихоботи ташкил медихад, онхоро номгузори ва ракамгузори мекунад;»; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– комиссияхои хавзавии интихоботро ба Мачлиси дахлдори вакилони халк ташкил медихад ва дар бораи махалли чойгиршавии онхо маълумот чоп мекунад; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– кори комиссияхои дахлдори интихоботро танзим мекунад, тартиби ба хайати онхо дохил намудани тагйиротро муайян менамояд, метавонад мустакилона ё бо пешниходи прокурори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр, нохия карорхои комиссияхои хавзави ва участкавии интихоботро дар сурате, ки хилофи Конуни конститутсионии мазкур бошанд, бекор кунад; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– ба номзадхо барои иштирок дар маъракаи интихобот шароити баробарро таъмин менамояд;

– маблагро ба комиссияхои интихобот таксим менамояд, бо биною наклиёт ва воситахои алока таъмин кардани комиссияхои интихоботро назорат мекунад ва дигар масъалахои таъминоти моддию техникии интихоботро барраси менамояд;

– аз руи шакли мукаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси тайёр намудани бюллетенхои интихоботро ба Мачлисхои махаллии вакилони халк, руйхати интихобкунандагон, протоколхои комиссияхои интихобот, варакахои интихоботи, мухри худ, дигар хуччатхои интихоботро таъмин мекунад;

– аз комиссияхои хавзавии интихобот протоколхои кайди номзадхоро ба вакили гирифта, хамчунин протоколхои натичаи интихоботи вакилони Мачлиси дахлдорро дар бораи хайати номзадхои вакилони аз кайд гузаштаи Мачлиси дахлдор ахбор чоп мекунад;

– ахбори намояндагони хизбхои сиёси, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва иттиходияхои чамъиятиро оид ба масъалахои тайёри ва гузаронидани интихобот мешунавад; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– вакилони интихобшударо ба кайд мегирад, натичаи интихоботи Мачлиси дахлдори вакилони халкро чамъбаст мекунад, дар матбуот оиди чамъбасти интихобот хабар ва руйхати вакилони интихобгардидаро чоп мекунад;

– масъалахои гузаронидани овоздихи ва интихоботи такрориро халлу фасл менамояд;

– интихоботи вакилон ба Мачлиси дахлдори вакилони халкро ба чои вакилони хоричгардида таъин мекунад ва мегузаронад;

– арзу шикоятхоро аз хусуси карору амали комиссияхои дахлдори интихобот дида мебарояд ва аз руи онхо карор кабул мекунад;

– ба бойгони супоридани хуччатхои вобаста ба ташкилу гузаронидани интихоботро таъмин мекунад; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– ваколатхои дигареро, ки Конуни конститутсионии мазкур пешбини намудааст, амали менамояд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 12. Ташкили комиссияи хавзавии интихобот

Комиссияи хавзавии интихобот аз тарафи комиссияхои дахлдори вилояти, шахри ва нохиявии интихобот бо пешниходи раиси вилоят, шахр ва нохияи дахлдор бо назардошти таклифхои сохторхои махаллии хизбхои сиёсии дар худуди вилоят, шахр ва нохия фаъолияткунанда на дертар аз 55 руз пеш аз интихобот дар хайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо ташкил карда мешавад. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Моддаи 13. Ваколатхои комиссияи хавзавии интихобот

Комиссияи хавзавии интихобот:

– ичрои талаботи Конуни конститутсионии мазкурро дар худуди хавзаи интихобот назорат мекунад; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– ба интихобкунандагон дар бораи махалли участкахои интихобот хабар медихад;

– ба номзадхо барои иштирок дар маъракаи интихоботи шароити баробарро таъмин мекунад;

– номзадхои ба вакили пешбаригардида, шахсони боэътимоди онхоро ба кайд мегирад ва ба онхо шаходатномаи дахлдор медихад; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– барои ташкили вохурихои номзадхо ба вакили ва интихобкунандагон мусоидат мекунад;

– ахбори комиссияхои участкави, намояндагони хизбхои сиёси, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, рохбарони ташкилотхо, хамчунин макомоти иттиходияхои чамъиятиро вобаста ба масъалахои тайёрии интихобот ва гузаронидани он мешунавад; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– аз тарафи комиссияхои участкавии интихобот тартиб додан ва барои шиносоии умум пешниход кардани руйхати интихобкунандагонро назорат менамояд;

– матни бюллетени интихоботро аз руи хавзаи интихобот тасдик мекунад ва участкахои интихоботро бо бюллетенхои интихобот таъмин менамояд;

– натичаи интихоботи хавзаро мукаррар ва ба комиссияи дахлдори вилояти, шахри нохиявии интихобот месупорад;

– натичаи интихоботро оид ба хавзаи интихобот мукаррар ва чоп карда, ба вакили интихобшуда шаходатнома медихад;

– овоздихии такрори ва интихоботи такрори, хамчунин интихоботи вакилонро ба ивази вакилони хоричшуда ташкил менамояд;

– арзу шикоятхоро аз хусуси карорхо ва фаъолияти комиссияхои участкавии интихобот барраси намуда, доир ба онхо карорхо кабул мекунад;

– ваколатхои дигарро тибки Конуни конститутсионии мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали менамояд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 14. Ташкил кардани комиссиям участкавии интихобот

Комиссияи участкавии интихоботро комиссияи шахри, нохиявии интихобот 45 руз пеш аз интихобот дар хайати 5-19 аъзо, аз чумла раис, муовини раис, котиб ташкил мекунад. Агар комиссия дар хайати 7 нафар ташкил шавад, раис ва котиб интихоб карда мешавад.

Дар сурати зарурат хайати аъзои комиссияи интихобот метавонад зиёд ва кам шавад. 

Моддаи 15. Ваколатхои комиссияхои участкавии интихобот

Комиссияи участкавии интихобот:

– руйхати интихобкунандагони участкаро тартиб медихад;

– интихобкунандагонро бо руйхати иитихобкунандагон шинос мекунад, аризахоро дар бораи сахву галатхои руйхат кабул ва барраси менамояд ва масъалаи ба он дохил намудани тагйироти дахлдорро хал мекунад;

– аз интихобкунандагоне, ки дар рузи интихобот барои дар чои истикомат будан ва дар овоздихи иштирок кардан имконият надоранд, лифофахои сарбастаи дорои варакахои интихоботро кабул мекунад;

– ахолиро дар бораи махалли вокеъгаштаи комиссияи участкавии интихобот, вакти кори он, инчунин рузи интихобот ва чои овоздихи хабардор мекунад;

– бинои овоздихи ва куттихои интихобот ва дигар тачхизоти интихоботро тайёр мекунад;

– овоздихиро дар рузи интихобот дар участкаи интихобот ташкил менамояд;

– овозхои дар участкаи интихобот додашударо хисоб мекунад;

– арзу шикоятхоро доир ба масъалахои тайёри ба интихобот ва ташкили овоздихи барраси карда, оид ба онхо карорхо кабул мекунад;

– ваколатхои дигарро тибки Конуни конститутсионии мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали менамояд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 16. Узвият дар комиссияхои интихобот

Узви комиссияи интихобот хангоми ичрои ваколатхояш бояд бетараф ва холис бошад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Узви комиссияро аз руи аризаи шахсияш, хамчунин дар холати махрум шудан аз ваколатхояш аз ичрои вазифа озод кардан мумкин аст.

Дар холати талабхои хамин Конунро риоя накардан ва мудом ба вазифахои худ беэътинои намудани узви комиссия хукуки аз ваколатхояш махрум кардани у ба макоме тааллук дорад, ки ин комиссияро таъсис додааст.

Дар сурати зарурат узви нави комиссияи интихобот мутобики тартиби мукаррарнамудаи хамин Конун таъйин карда мешавад.

Номзад ба вакилии Мачлиси махаллии вакилони халк, узви комиссияи вилояти, шахри, нохиявии интихобот, инчунин комиссияи хавзави ё участкавии интихобот, ки овоздихиро дар хамон хавза ё участкаи интихоботи ташкил мекунад, буда наметавонад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087; аз 27.11.14 с., № 1133)

Як шахс метавонад узви танхо як комиссияи интихобот бошад. 

Моддаи 17. Ташкили кори комиссияхои интихобот

Раис, муовини раис ва котиби комиссияи интихобот дар мачлиси якуми комиссияи дахлдор интихоб карда мешаванд.

Мачлиси комиссияи интихобот дар сурате салохиятдор мебошад, ки дар мачлис на камтар аз се ду хиссаи хайати комиссия иштирок намояд. Карори комиссия ба тарики овоздихии ошкоро бо овози аксарияти хайати умумии аъзои хузурдоштаи комиссия кабул карда мешавад. Аъзои комиссия, ки бо карори он рози нестанд, хукук доранд акидаи махсуси худро баён намоянд, ки он дар шакли хатти ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати баробарии овозхо овози раис халкунанда мебошад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087; Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

Комиссияхои интихоботи дар фаъолияти худ ба хеч макомоти давлати вобаста нестанд. Ичрои карори комиссияи интихобот, ки дар доираи ваколати он кабул шудааст, барои комиссияхои поении интихобот, хамчунин макомоти дахлдори махаллии хокимияти давлати, хизбхои сиёси ва ташкилотхо хатми мебошад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Макомоти давлати ва макомоти иттиходияхои чамъияти, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияи интихобот барои амали гардонидани ваколатхояшон кумак расонанд, маълумотхои барои корашон зарурро мухайё намоянд.

Макомоти давлати, ташкилотхои давлати барои тайёри ва гузаронидани интихобот бинохо, тачхизот, воситахои наклиёт ва маводи заруриро ройгон ба ихтиёри комиссияхои интихобот вогузор менамоянд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Бинохо ва тачхизоти корхонахо ва ташкилотхои гайридавлати барои кори комиссияхои интихобот дар асоси ичора аз хисоби бучаи чумхурияви истифода бурда мешаванд.

Комиссияи интихобот хукук дорад оид ба масъалахои тайёри ва гузаронидани интихобот ба макомоти дахлдори давлати ва макомоти иттиходияхои чамъияти, ба ташкилотхо, шахсони мансабдор мурочиат намояд ва онхо вазифадор хастанд, ки масъалаи ба миён гузоштаро барраси намуда, дар мухлати на дертар аз се руз ба комиссияи интихобот чавоб диханд.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

Раис, муовини раис, котиб ё дигар аъзои комиссияи интихобот бо карори он дар давраи тайёри ва гузаронидани интихобот мумкин аст аз ичрои вазифахои истехсоли ё хизмати озод карда шаванд, ки дар ин хол маоши миёнаи онхо аз хисоби маблаги барои гузаронидани интихобот чудокарда дода мешавад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияхои хавзави ва участкавии интихобот баъд аз он, ки Мачлиси дахлдори вакилони халк ваколатхои вакилонро оид ба хавзахои дахлдори интихоботи тасдик кард, фаъолияти худро катъ менамоянд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, комиссияхои вилоят, шахри Душанбе, шахри ва нохияви фаъолияти худро баъд аз интихоб шудани вакилон аз хамаи хавзахои интихоботи ба Мачлисхои дахлдори вакилони халк катъ менамояд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 18. Баррасии шикоят аз карори комиссияхои интихобот

Макомоти хизбхои сиёси, ки номзадхоро ба вакили пешбари намудаанд, номзадхо ба вакили, шахсони боэътимод, нозирон ва интихобкунандагон аз карори комиссияи интихобот дар давоми дах рузи баъд аз кабули карор ба комиссияи болоии интихобот ё суд шикоят карда метавонанд. Шикоят бояд дар давоми се рузи баъд аз расиданаш ва агар то рузи интихобот камтар аз шаш руз монда бошад, фавран барраси карда шавад.

IV. РУЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН 

Моддаи 19. Руйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он

Руйхати интихобкунандагон доир ба хар кадом участкаи интихобот тартиб дода мешавад ва ба он раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо мекунанд. Барои иштирок дар кори тартиб додани руйхат комиссияи участкавии интихобот метавонад намояндагони ахли чамъиятро чалб намояд.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати интихобкунандагонро ба хисоб мегиранд ва ба комиссияхои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагони сокини худуди дахлдор маълумотро барои тартиб додани руйхати интихобкунандагон медиханд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087; Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

Руйхати интихобкунандагон – хизматчиёни харбие, ки дар кисмхои харби мебошанд, инчунин аъзои оилахои хизматчиёни харби ва дигар интихобкунандагон, агар онхо дар махалли чойгиршавии кисмхои харби зиндаги кунанд, дар асоси маълумоти пешниходкардаи командирони кисмхои харби тартиб дода мешавад. Хизматчиёни харбие, ки берун аз кисмхои харби зиндаги мекунанд, дар асосхои умуми дар чои истикомат ба руйхати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.

Руйхати интихобкунандагон дар он участкахои интихобот, ки дар хонахои истирохат, санаторияхо, беморхонахо ва дигар муассисахои табобатии доими ташкил шудаанд, дар асоси маълумоти пешниходкардаи рохбарони хамин муассисахо тартиб дода мешавад. Фамилияи интихобкунандагон дар руйхати интихобкунандагон бо тартибе, ки барои ташкили овоздихи осон аст, зикр мешавад.

Ба руйхат фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуд ва нишонии хар интихобкунанда дохил карда мешавад. 

Моддаи 20. Тартиби ба руйхати интихобкунандагон дохил кардани шахрвандон

Ба руйхати интихобкунандагон шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки то рузи интихобот ё дар рузи интихобот ба синни 18 расидаанд, дар вакти тартиб додани руйхат дар худуди хамон участкаи интихобот доими ё муваккатан зиндаги мекунанд ва барои иштирок намудан дар овоздихи хукук доранд, дохил карда мешаванд.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

Хар интихобкунанда танхо ба як руйхати интихобкунандагон дохил шуда метавонад.

Интихобкунандае, ки дар худуди участкаи мазкури интихобот зиндаги мекунад ва бо сабабе ба руйхат дохил нашудааст, бо карори комиссияи участкавии интихобот ба руйхати иловаги дохил карда мешавад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087; Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412) 

Моддаи 21. Шиносонидани шахрвандон бо руйхати интихобкунандагон ва хукуки шикоят

 кардан аз галати руйхати интихобкунандагон

Руйхати интихобкунандагон барои шиносшавии умум 15 руз пеш аз интихобот ва дар участкахои интихоботие, ки дар санаторияхо ва хонахои истирохат, беморхонахо ва дигар муассисахои табобатии доими ташкил шудаанд, дар махалхои дурдаст ва душворгузар ду руз пеш аз интихобот пешниход карда мешаванд. Комиссияи участкавии интихобот интихобкунандагонро аз махал ва вакти шиносои бо руйхат огох мекунад.

Ба шахрвандон имконият дода мешавад, ки дар бинои комиссияи участкавии интихобот бо руйхати интихобкунандагон шинос шуда, дурустии тартиб дода шудани онро тафтиш намоянд.

Шахрвандон хукук доранд дар хусуси ба руйхат дохил нашудан, нодуруст дохил кардан ё аз руйхат баровардан, инчунин сахву хатохои дар руйхат чойдошта шикоят намоянд. Ариза дар бораи чой доштани сахву хатохои дар руйхати интихобкунандагон чойдошта аз чониби комиссияи участкавии интихобот барраси карда мешавад. Комиссияи участкавии интихобот вазифадор аст аризаро дар мухлати на дертар аз ду рузи то интихобот ва дар рузи интихобот фавран дида баромада, ба руйхат ислохоти зарури ворид намояд ё ба аризадиханда нусхаи карори асоснокро дар бораи рад гардидани аризааш супорад. Аз хусуси карори кабулнамудаи Комиссияи участкавии интихобот бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст. Карори суд катъист. Комиссияи участкавии интихобот тибки карори суд ба руйхати интихобкунандагон ислох ворид менамояд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 22. Таъмини хукуки интихоботии шахрвандон хангоми иваз кардани махалли истикомат

Дар давраи баъди барои шиносоии умум пешниход намудани руйхати интихобкунандагон ва то рузи интихобот интихобкунандае, ки рузи интихобот имконияти дар чои истикомат будан надорад (хангоми дар сафари хизмати будан, ба муассисахои табобати рафтан ва дигар сабабхо) хукук дорад бо пешниходи паспорт ё дигар хуччати тасдиккунандаи шахсияташ аз комиссияи участкавии интихоботи махалли истикоматаш варакаи интихобот талаб кунад, карори кабулнамудаашро дар лифофаи сарбаста ба комиссияи участкавии интихобот супорад. Комиссияи участкавии интихобот дар ин хусус ба руйхати интихобкунандагон кайди дахлдор карда, таърихашро нишон медихад. Ба лифофаи накушода дар хузури интихобкунанда мухр гузошта мешавад. Комиссияи участкавии интихобот барои нигохдории лифофа масъул аст. 

V. ПЕШБАРИИ НОМЗАДХО БА ВАКИЛИ ВА БА КАЙД ГИРИФТАНИ НОМЗАДХО 

Моддаи 23. Таъйин кардани интихоботи вакилон

Интихоботи вакилон ба Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия одатан дар як вакт аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон камаш 75 руз пеш аз хатми мухлати ваколати вакилон таъйин карда мешавад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Дар бораи рузи интихобот на дертар аз се рузи баъди таъйин кардани он дар матбуот ва дигар воситахои ахбори омма хабар дода мешавад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 24. Хукуки пешбари кардани номзадхо ба вакили

Барои пешбари намудани номзадхои вакилони халк ба Мачлисхои вакилони халки вилоятхо хизбхои сиёси ва хамчунин шахрвандон аз тарики худпешбари хукук доранд.

Интихобот ба Мачлисхои вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва шахри Душанбе ба тартибе гузаронида мешавад, ки барои Мачлисхои вакилони халки вилояти пешбини шудааст.

Барои пешбари намудани номзадхои вакилони халк ба Мачлисхои вакилони халки шахри ва нохияви хизбхои сиёси ва хамчунин шахрвандон аз тарики худпешбари хукук доранд. Хизбхои сиёси хукук доранд шахсонеро, ки аъзои хизби сиёси нестанд, ба вакилии Мачлиси махаллии вакилони халк номзад пешниход намоянд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Хизби сиёси ба шарте, ки аз тарафи Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон бо тартиби мукарраркардаи Конун ба кайд гирифта шуда бошад, номзадро ба вакили пешбари карда метавонад. 

Моддаи 25. Тартиби пешбарии номзадхо ба вакили

Пешбари намудани номзадхо ба вакили 50 руз пеш аз интихобот огоз ёфта, 35 руз то интихобот хатм мегардад.

Пешбарии номзадхо ба вакилии Мачлиси вакилоии халки вилоятхо аз тарафи макомоти шахри ва нохиявии хизбхои сиёси (конференсияхо, пленумхо) сурат мегирад.

Пешбарии номзадхо ба Мачлисхои вакилони халки шахрию нохияви аз тарафи макомоти дахлдори шахрию нохиявии хизбхои сиёси (конференсияхо, пленумхо) сурат мегирад.

Аз макомоти хизбхои сиёсии шахрию нохияви як нафари номзад ба вакилии мачлиси вилояти, шахри ва нохияви ба хар як хавзае, ки дар худуди шахр, нохия вокеъанд, пешбари карда мешавад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

Тартиби хостагирии номзадхоро худи хизбхои сиёси муайян мекунанд.

Дар бораи пешбарии номзад ба вакили аз хизбхои сиёси протокол тартиб дода мешавад.

Дар бораи карори кабулшуда ба номзад ба вакили дар мухлати ду руз хабар дода мешавад.

Дар сурати худпешбари номзад имзои сад нафар интихобкунандагонро аз хавзаи мазкур бо якчоягии ариза пешниход менамояд. 

Моддаи 26. Талабот аз номзадхо ба вакили

Ба вакилии Мачлисхои махаллии вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахр ва нохияхо номзадии шахсе пешниход карда мешавад, ки танхо шахрвандии Чумхурии Точикистонро дошта, забони давлатиро донад, дар худуди вилоят, шахр ва нохияи дахлдор кор ва ё зиндаги кунад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

Аъзои Хукумати Чумхурии Точикистон, судяхо, прокурорхо, рохбарони макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати ва муовинони онхо, рохбарони сохторхои худудии макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати ва муовинони онхо, инчунин рохбарони сохторхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар як вакт вакили Мачлисхои махаллии вакилони халки дахлдор буда наметавонанд ва ба шарте хамчун номзад ба кайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ хангоми вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изхор карда бошанд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Ходимони касбии ташкилотхо ва иттиходияхои дини баъди истеъфо аз вазифаашон ба кайд гирифта мешаванд.

Шахрвандони зерин хукуки ба Мачлисхои махаллии вакилони халк номзад шуданро надоранд:

-шахрвандоне, ки ба талаботи мукарраркардаи Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва Конуни конститутсионии мазкур чавоб дода наметавонанд; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087; Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

-шахрвандоне, ки суд онхоро гайри кобили амал донистааст ё бо хукми суд дар чойхои махруми аз озоди нигох дошта мешаванд ва ё бо карори суд дар муассисахои табобати мачбури мебошанд;

 – хизматчиёни  харбии Куввахои Мусаллах, дигар кушуну сохторхои харби, вазорату идорахо, ки дар онхо Конун хизмати харбиро пешбини намудааст, шахсони хайати катори ва рохбарикунандаи макомоти корхои дохили, макомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 12.05.07 с., № 257) 

 -шахрвандоне, ки барои содир кардани чиноятхои баркасдонаи вазнин ва махсусан вазнин махкум шудаанд, новобаста аз гузаштани мухлат ва бардошта шудани доги судиашон; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

– шахрвандоне, ки доги судиашон бардошта нашудааст;

– шахсоне, ки шахрвандиашон катъ гардидааст ё шахрвандии давлати дигарро сохиб шудаанд;  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

– шахрвандоне, ки барои содир кардани чиноятхои ба мукобили асосхои сохти конститусиони ва амнияти давлат ва дигар чиноятхои баркасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи макомоти тахкику тафтишот гумонбаршудаанд ё нисбати онхо кофтуков эълон карда шудааст, ба истиснои иштироккунандагони муковимати сиёсию низоми, ки нисбати онхо авф татбик карда шудааст. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)  

Моддаи 27. Бакайдгирии номзадхо ба вакили

Комиссияи хавзавии интихобот номзадхоро, ки аз тарафи хизбхои сиёси ё ба таври худпешбари пешниход шудаанд ба кайд мегирад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Бакайдгирии номзадхо ба вакили 35 руз пеш огоз ёфта, 20 руз пеш аз интихобот ба охир мерасад.

Карор дар бораи бакайдгирии номзадхо ба вакили дар сурати мавчуд будани хуччатхои зерин кабул карда мешавад:

карори макоми шахри, нохиявии хизби сиёси дар бораи пешбари кардани номзадхо ба вакили;

ариза дар бораи аз вазифа рафтан дар сурати вакил интихоб шуданашон барои шахсоне, ки дар кисми дуюми моддаи 26-и хамин Конун зикр ёфтаанд.

Комиссияи хавзавии интихобот дар бораи ба кайд гирифтани номзадхо ба вакили протокол тартиб дода, онро хамрохи аризаи номзад ба вакили, ки рози шудааст номзадиаш дар хамон хавзаи интихобот ба овоз монда шавад, ба комиссияи дахлдори вилояти, шахри, нохиявии интихобот пешниход мекунад.

Хамаи номзадхо ба вакили, ки бо риояи талаботи хамин Конун пешбари шудаанд, хатман бояд ба кайд гирифта шаванд. Дар сурати рад шудани бакайдгирии номзад, комиссияи дахлдори интихобот вазифадор аст, ки дар давоми як шабонаруз ба номзад ва хизби сиёси нусхаи карори комиссияи интихоботро бо баёни асосхои радкуни пешниход намояд.Аз хусуси рад карда шудани бакайдгирии номзад ба вакили хизбхои сиёси, ки номзад ба вакили пешбари намудаанд ва номзади мустакил дар мухлати се руз ба комиссияи интихоботии болои шикоят карда метавонанд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Номзад ба вакили аъзои комиссияи дахлдори интихоботии вилояти, шахри, нохияви, инчунин комиссияхои хавзави ё участкавии интихобот, ки овоздихиро дар хамон хавзаи интихобот ташкил мекунанд, буда наметавонад. Шахсе, ки номзад ба вакили пешбари шудааст ва аъзои яке аз ин комиссияхо мебошад, аз вакти ба кайд гирифта шудани номзадиаш ба вакили аз вазифаи аъзои комиссия озод карда мешавад.

Комиссияи хавзавии интихобот на дертар аз рузи чоруми баъди ба кайд гирифтани номзадхо ба вакили дар бораи бакайдгири бо нишон додани ному насаб, соли таваллуд, вазифа (шугл), хизбият, чои кор ва истикомати хар кадом номзад ба вакили ахбор нашр менамояд.

Номзадхои ба вакилии дар яке аз хавзахои интихоботи Мачлиси махалли ба кайд гирифташуда дар дигар хавзаи интихобот, аз чумла дар сурати пас гирифтани номзадиашон дар хавзаи интихоботие, ки аввал ба кайд гирифта шуда буданд, барои бакайдгири ба хавзаи дигари интихобот пешниход шуда наметавонанд.

Ба хар кадоми номзади ба кайд гирифташуда, комиссияи хавзавии интихобот дар давоми се рузи баъди ба кайд гирифтан шаходатнома месупоранд. 

Моддаи 28. Бекор кардани карори пешбарии номзад ба вакили. Номзадии худро пас  гирифтани номзад

Макоми хизби сиёси, ки номзад ба вакили пешбари кардааст, хукук дорад хар вакт то интихобот карори худро дар бораи пешбарии номзад ба вакили бекор кунад. Карор дар хусуси ин масъала бо тартибе, ки барои пешбарии номзад ба вакили пешбини шудааст, кабул карда, ба комиссияи дахлдори хавзавии интихобот пешниход карда мешавад.

Номзад ба вакили хар вакт то интихобот номзадии худро пас гирифта, бо ариза дар ин бора ба комиссияи дахлдори хавзавии интихобот мурочиат карда метавонад.

Комиссияи интихоботие, ки номзадро ба вакили ба кайд гирифтааст, дар бораи бекор кардани карори пешбарии номзад ба вакили ё дар бораи аз номзади даст кашидани номзад ба маълумоти ахолии хавзаи интихобот, макоми хизби сиёси, ки номзад ба вакилиро пешбари намудааст ва номзади мустакил мерасонад. 

Моддаи 29. Тартиби пешбарии номзадхо ба чои номзадхои хоричшуда

Дар сурати хорич шудани номзадхо ба вакили баъди итмоми мухлати кайди номзадхо ба вакили, агар дар хавзаи интихоботи дигар номзадхо набошанд, комиссияи хавзавии интихобот бо ичозати комиссияи дахлдори интихоботии вилояти, шахри, нохияви ба макомоти хизбхои сиёси ва интихобкунандагони хавзаи интихоботи мурочиат намуда, таклиф мекунад, ки номзадхои нав ба вакили пешбари карда шаванд.

Дар сурати понздах руз пеш аз cap шудани интихобот хорич шудани номзадхо ба вакили интихоботи вакил аз хавзаи дахлдори интихобот дар давоми ду мохи баъди интихоботи асоси гузаронида мешавад. 

Моддаи 30. Бюллетени интихобот

Ба бюллетени интихобот бо тартиби алифбо ному насаби номзад ба вакили, соли таваллуд, хизбият вазифа (шугл), чои кор ва истикомат, макоме, ки уро номзад ба вакили пешбари намудааст, нишон дода мешавад. Ба бюллетени интихобот баъд аз руйхати номзадхо сатри алохида бо ифодаи «мукобили хамаи номзадхо» нишон дода мешавад. Бюллетенхои интихобот ба забони давлати, инчунин бо карори комиссияи дахлдори интихоботи вилояти, шахри, нохияви бо забонхое, ки аксарияти кулли ахолии хавзаи интихоботи истифода мебаранд, чоп карда мешавад. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Комиссияхои участкавии интихобот бюллетенхоро аз комиссияи хавзави на дертар аз се рузи то интихобот мегиранд. Додану гирифтани бюллетенхоро раис ё моувини раис ё котиби комиссияи дахлдори хавзави ва участкави бо имзои худ тасдик менамоянд.

Биное, ки бюллетенхои интихобот мавчуданд, мухр зада, барои посбони ба макомоти корхои дохили супорида мешавад.

VI.  КАФОЛАТ БА ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДХО БА ВАКИЛИ

Моддаи 31. Хукуки номзад ба вакили барои иштирок дар маъракаи пешазинтихоботи

Номзадхо ба вакилии Мачлисхои махалли аз вакти пешбари шудани онхо дар маъракаи пешазинтихоботи дар асоси шартхои баробар иштирок менамоянд. Номзадхо ба вакили хукук доранд дар мачлисхою машваратхои пеш аз интихоботи ва дигар мачлисхо иштирок намоянд, тавассути матбуот, телевизион ва радио баромад кунанд.

Макомоти давлатию чамъияти, рохбарони ташкилотхо ва макомоти ташаббускори чамъяти вазифадоранд, ки барои ташкили вохурихо бо интихобкунандагон, ба даст овардани маълумотномаю хабарномахо ба номзад ба вакили кумак намоянд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 32. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакили

Номзад ба вакили метавонад бо барномаи фаъолияти ояндаи хеш баромад намояд. Барномаи номзад ба вакили набояд мухолифи Конститутсия (Сарконуни) ва конунхои Чумхурии Точикистон бошад. Номзад ба вакили дар сурати интихоб шуданаш дар назди интихоботкунандагон барои ичрои барномаи пешазинтихоботияш масъул аст. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)  

Моддаи 33. Шахсони боэътимоди номзад ба вакили

Номзад ба вакилии Мачлиси вакилони халки вилоят метавонад то се ва Мачлиси вакилони халки шахриву нохияви то ду нафар шахси боэтимод дошта бошад, ки онхо дар гузаронидани маъракаи интихоботи ба у ёри мерасонанд. Барои вакил интихоб шуданаш ташвикот мебаранд, дар муносибат бо макомоти давлатию чамъияти, интихобкунандагон ва комиссияхои интихоботи манфиатхои уро химоя менамоянд.

Номзад ба вакили шахсони боэътимодро ихтиёран муайян мекунад, дар бораи онхо ба комиссияи хавзавии интихобот барои ба кайд гирифтанашон хабар медихад. Комиссияи интихобот баъди ба кайд гирифтани шахсони боэътимод ба онхо шаходатнома медихад. Номзад ба вакили хукук дорад, ки шахсони боътимоди худро хар вакт то огози интихобот иваз намояд. Шахси боэътимод наметавонад, ки узви ягон комиссияи хавзавии интихобот бошад. Шахсони боэътимод хангоми мачлисхои пешазинтихоботи бо хохиши номзадхо ба вакили метавонанд аз ичрои вазифахои истехсоли ё хизматиашон озод бошанд, ки дар ин хол музди миёнаи корашон аз хисоби маблаги барои интихобот чудокарда пардохта мешавад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

Моддаи 34. Ташвикоти пешазинтихоботи

Ташвикоти пешазинтихоботи аз рузи бакайдгирии номзад огоз гардида, як шабонаруз пеш аз овоздихи катъ мегардад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Номзадхо ба вакили хукук доранд воситахои ахбори оммаро бо асосхои баробар истифода баранд, вохурихои худро бо интихобкунандагон дар шакли барои хар ду чониб мувофик ташкил намоянд. Комиссияи участкавии интихобот якчоя бо макомоти ичроияи махалли хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот барои гузаронидани вохурихо мусоидат намуда, дар бораи вакту махалли баргузории вохурихо ба интихобкунандагон хабар медиханд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087; Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

Ба номзадхо ба вакили хукук дода мешавад, ки расонахои ахбори оммавиро баробар истифода кунанд, бо интихобкунандагони худ чи дар мачлисхо ва чи ба шакле вохуранд, ки барои интихобкунандагон мувофик аст. Мачлиси интихобкунандагонро комиссияи участкавии интихобот якчоя бо раисони шахру нохия мегузаронанд. Дар бораи вакту чои гузаронидани мачлису вохурихо ба интихобкунандагон на дертар аз се руз пеш аз гузаронидани онхо хабар дода мешавад.

Ба ташвикоти пешазинтихоботи мубохисахои амали хос буда, бояд ходисахои беэхтироми нисбати ин ё он номзад ба вакили рох дода нашавад.

Ташвикот дар рузи интихобот манъ аст. 

Моддаи 35. Барои иштирок дар маъракаи интихобот аз вазифахои хизмати ё истехсоли озод    кардани номзадхо ба вакилии Мачлисхои махаллии вакилони халк

Номзад ба вакили баъди ба кайд гирифта шудан дар вакти гузаронидани вохурихо бо интихобкунандагон, баромад кардан дар мачлисхои пешазинтихоботи, гирдихамоихо, аз тарики телевизион ва радио, аз ичрои вазифахои истехсоли ва хизмати озод карда мешавад, ки дар ин хол маоши миёнаи у аз хисоби маблаги барои гузаронидани интихобот чудо карда, пардохта мешавад. 

Моддаи 36. Ба бе пул сафар кардани номзад хукук доштани номзад ба вакили

(Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

Номзад ба вакилии Мачлисхои махаллии вакилони халк баъди аз кайд гузаштан хукук дорад бо тамоми намудхои наклиёти давлатии мусофиркаш (ба истиснои такси) дар худуди хавзаи интихоботи бе пул сафар кунад. Номзад ба вакили, ки берун аз худуди хавзаи интихобот зиндаги мекунад, барои ба хавзаи интихобот сафар кардан ва аз он чо ба манзил баргаштан хамин гуна хукук дорад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412) 

Моддаи 37. Дахлнопазирии номзад ба вакили

Номзад ба вакилии Мачлисхои махаллии вакилони халкро ба истиснои дастгир намудани у хангоми содири чиноят, бе розигии комиссияи дахлдори интихоботи вилоят, шахр, нохия ба чавобгирии чинои кашида, хабс карда ё худ гирифтори чорахои чазои маъмурие, ки суд муайян кардааст, шуда наметавонад. 

VII. ТАРТИБИ ОВОЗДИХИ ВА ЧАМЪБАСТИ НАТИЧАХОИ ИНТИХОБОТ 

Моддаи 38. Вакт ва чои овоздихи

Дар интихоботи вакилон дар Мачлисхои махаллии вакилони халк овоздихи дар рузи интихобот аз соати 6 то соати 20 вакти махалли гузаронида мешавад. Комиссияи участкави вакту чойи овоздихиро ба интихобкунандагон 10 руз пеш аз интихобот хабар медихад. Дар участкахои интихобот, ки дар санаторияву хонахои истирохат, беморхона, муоличагоххои дигари доими, хамчунин дар махалхои дурдаст ва душворгузар ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздихиро хар вакте, ки хамаи интихобкунандагони руйхатшуда овоз дода бошанд тамом шуда эълон намояд. 

Моддаи 39. Ташкили овоздихи

Интихобкунандагон дар бинохои махсусе овоз медиханд, ки бо теъдоди кофии хучра ё хонахои барои овоздихии пинхони тачхизонида, чои додани бюллетенхои интихобот  муайян карда, куттихои интихобот гузошта шудаанд.

Куттихои интихобот  тавре гузошта мешаванд, ки хангоми наздашон омадани овоздихандагон бояд хатман аз хучра ва хонахои овоздихии пинхони гузаранд.

Комиссияи участкавии интихобот барои ташкили овоздихи, махфи доштани изхори хохиши интихобкунандагон тачхизонидани бино ва риоя шудани тартиботи зарури масъул мебошад.

Раиси комиссияи интихоботи рузи интихобот пеш аз огози овоздихи дар хузури хамаи аъзои комиссия куттихои интихоботро аз назар гузаронида, онхоро сургуч мекунад ё мухр мезанад.

Хар интихобкунанда шахсан худаш овоз медихад, Ба чои шахси дигар овоз додан манъ аст. Додани зиёда аз як бюллетен ба интихобкунанда манъ аст. Бюллетенхои интихоботро ба интихобкунандагон комиссияи дахлдори интихобот дар асоси руйхати интихобкунандагони участкаи интихобот баъди нишон додани паспорт ё шаходатномаи дигари тасдиккунандаи шахсияти интихобкунанда медихад.

Хар интихобкунанда бюллетени интихоботи гирифта, дар руйхати интихобкунандагон дар мукобили фамилияи худ имзо мекунад. 

Моддаи 40. Тартиби овоздихи

Бюллетенхои интихоботро интихобкунандагон дар хучра ё хонаи овоздихии пинхони пур мекунанд. Хангоми пур кардани бюллетен гайр аз шахси овоздиханда хозир будани каси дигар манъ аст. Интихобкунандае, ки бюллетенро шахсан худаш пур карда наметавонад, хукук дорад бо хости худаш гайр аз узви комиссияи интихобот хар каси дигарро ба хучра ё хонаи овоздихи даъват кунад. Интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холи дар мукобили насаб, ном ва номи падари номзад, ки ба тарафдориаш овоз медихад, аломати чамъ «+» мегузорад. Дар мавриди зидди хамаи номзадхо овоз додан интихобкунанда дар квадрати холии сатри «мукобили хамаи номзадхо» аломати чамъ «+» мегузорад. Бюллетени пуркардаашро интихобкунанда ба куттии интихобот меандозад. Ба интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломати ва дигар сабабхо ба бинои овоздихи шахсан хозир шуда наметавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофики хохиши онхо ба яке аз аъзоёни комиссия супориш медихад, ки овоздихиро дар чои истикомати хамин интихобкунандагон ташкил намоянд, ки дар ин бора дар руйхати интихобкунандагон кайд карда мешавад. Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба руйхати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси хуччати тасдиккунандаи шахсият дар махалли истикоматиашон ба замимаи руйхати интихобкунандагон дохил мешаванд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1133; Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1412)

Моддаи 41. Хисоб кардани овозхо дар участкаи интихоботи

Баъди тамом шудани овоздихи, пеш аз кушодани куттихои овоздихи дар хузури аъзоёни комиссияи участкави лифофахои сарбаста ва варакахои овоздихи ба кутти партофта мешаванд.

Комиссияи участкавии интихобот хамаи бюллетенхои интихоботии истифоданашударо хисоб ва ботил  мекунад.

Куттихои овоздихи аз тарафи комиссияи участкавии интихоботи дар хузури хамаи аъзои он баъди аз тарафи раиси комиссия тамомшуда эълон гардидани овоздихи кушода мешаванд. Кушодани куттихои овоздихи то хатми овоздихи манъ аст.

Хисобкунии овозхо дар участкаи интихобот  алохида-алохида аз руи хавзахои интихобот оид ба Мачлиси дахлдори вакилони халк ва хар номзад ба вакили гузаронида мешавад.

Комиссияи участкавии итихобот мувофики руйхати интихобкунандагон шумораи умумии интихобкунандагони участка, хамчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетен гирифтаанд, мукаррар мекунад. Дар асоси бюллетенхо ва варакахои дар куттихои интихоботи буда, комиссия мукаррар менамояд: шумораи умуми интихобкунандагони дар овоздихи ширкатварзида; шумораи овозхои «мукобили хамаи номзадхо» додашуда; шумораи овозхои ба тарафдории хар номзад ба вакили ва шумораи овозхои ба мукобили ваи додашуда; теъдоди бюллетенхою варакахое, ки беэътибор дониста шудаанд. Аз руи фамилияхои шахрвандоне, ки интихобкунандагон иловатан ба бюллетен ва варакахо дохил намудаанд, овозхо хисоб карда намешаванд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Бюллетенхои интихоботии намунааш гайри мукаррари, хамчунин бюллетенхою варакахое, ки дар онхо хини овоздихи беш аз як номзад боки мондааст, беэътибор дониста мешаванд. Бюллетенхое, ки дар онхо хамаи фамилияхои номзадхо ба вакили хат зада шудаанд, чун овозхои ба мукобили хар номзад додашуда хисоб карда мешаванд. Хангоми пайдо гардидани шубха оид ба хаккони будан ё набудани бюллетену варакаи интихобот масъала аз чониби комиссияи участкавии интихобот бо рохи овоздихи хал мегардад. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Натичаи хисоби овозхо дар мачлиси комиссияи участкавии интихобот барраси гардида, ба протокол дохил мешавад, ки онро раис, котиб ва аъзои комиссия имзо намуда, он ба комиссияи дахлдори хавзавии интихобот фиристода мешавад. 

Моддаи 42. Мукаррар кардани натичаи интихобот дар хавза

Дар асоси протоколхои комиссияхои участкавии интихобот, комиссияи хавзавии интихобот инхоро муайян месозад:  шумораи умумии интихобкунандагони хавза; шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетенхо ва варакахои интихоботи гирифтаанд; шумораи интихобкунандагони дар овоздихи ширкатварзида; микдори овозхое, ки «ба тарафдори» ва микдори овозхое, ки «ба мукобили» хар номзад ба вакили дода шудаанд; шумораи овозхое, ки «мукобили хамаи номзадхо» дода шудаанд;  теъдоди бюллетенхо ва варакахои беэътибор донисташуда. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Он номзад ба вакилии Мачлиси махаллии вакилони халк, ки дар интихобот аз нисф зиёди овозхои интихобкунандахои дар овоздихи ширкатварзидаро гирифтааст, интихобгардида дониста мешавад.

Комиссияи хавзавии интихобот аз сабаби дар рафти интихобот ё хангоми хисобкунии овозхо рох додан ба вайрон карда шудани хамин Конун метавонад интихоботро беэътибор донад.

Интихобот барпонашуда дониста мешавад, агар дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба руйхати интихобкунандагон дохилшуда иштирок карда бошанд, хамчунин агар хамаи номзадхо ба вакили хорич шуда бошанд.

Натичаи интихоботи Натичахои интихобот дар хавзаи интихобот дар мачлиси хавзавии интихобот мукаррар гардида, ба протокол дохил карда мешавад. Протокол аз чониби раис, котиб ва аъзои комиссия ба имзо расида, ба комиссияи дахлдори интихоботии вилоят, нохия ва шахр шахр ва нохия фиристода (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)мешавад.

Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия аз натичаи нихоии интихобот дар хавзаи интихоботии дахлдор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон иттилоъ медихад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 43. Бакайдгирии вакилон

Комиссияи интихоботии вилоят, шахр ва нохия дар асоси протоколхои комиссияхои интихобот, ки ба онхо расидаанд, вакилони интихобшударо мутобикан ба кайд мегирад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Агар дар рафти интихобот ё хангоми хисоби овозхо ва ё муайян намудани натичаи интихобот ба вайронкунии Конуни конститутсионии мазкур рох дода шуда бошад, комиссияи интихобот метавонад интихоботро беэътибор донад ва вакилро ба кайд нагирад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 Моддаи 44. Чоп кардани натичаи интихоботи вакилон

Комиссияи дахлдори интихобот дар бораи натичаи интихобот ба Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Мачлиси вакилони халки вилоят, шахр ва нохия хабар ва руйхати вакилони интихобшударо дар муддати на дертар аз хафт рузи баъди интихобот бо тартиби алифбо ва бо зикри фамилия, ном ва номи падар, вазифа (шугл), хизбият, чои кор ва истикомати вакил, хавзаи интихобот, ки у интихоб шудааст, дар матбуот чоп мекунад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 45. Шаходатнома ва нишони сарисинагии вакил

Комиссияи хавзавии интихобот баъди дар матбуот чоп кардани руйхати вакилоне, ки комиссияи дахлдори интихобот ба кайд гирифтааст, ба хар вакили интихобшуда шаходатнома дар хусуси интихоб гардидани у медихад.

Пас аз он ки Мачлиси вакилони халки дахлдор ваколатхои вакилони интихобшударо тасдик менамояд, ба онхо ба чои шахрдатнома дар хусуси вакил интихоб шуданашон шаходатномаи вакили дода мешавад. Ба  вакил хамчунин нишони дахлдори сарисинаги дода мешавад.

Шакл ва намуди шаходатномаи вакили ва нишони сарисинагии дахлдорро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон муайян мекунад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

VIII. ОВОЗДИХИИ ТАКРОРИ, ИНТИХОБОТИ ТАКРОРИ ВА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА ЧОИ ВАКИЛОНИ ХОРИЧШУДА.

ИНТИХОБОТ ДАР ВОХИДХОИ МАРЗИЮ МАЪМУРИИ НАВТАШКИЛ

(КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 46. Овоздихии такрори

Агар дар хавзаи интихоботи номзадии беш аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва хеч яке аз онхо интихоб нагардида бошад, комиссияи хавзавии интихобот дар хусуси овоздихии такрори дар хавза оид ба ду номзад ба вакили, ки овозхои бештар гирифтаанд, карор кабул менамояд. Комиссияи хавзави дар бораи ин карор ба комиссияи дахлдори интихобот, ба интихобкунандагони хавза хабар медихад. Овоздихии такрори дар хавзаи интихоботи дар мухлати на дертар аз ду хафта бо риояи талаботи хамин Конун дар хамон участкахои интихобот ва аз руи хамон руйхатхои интихобкунандагон гузаронида мешавад.

Он номзад ба вакили, ки хангоми овоздихии такрори нисбат ба номзади дигар микдори бештари овозхои интихобкунандагони дар овоздихи иштироккардаро сохиб шудааст, интихобшуда хисоб меёбад, ба шарте, ки дар овоздихи на камтар аз нисфи интихобкунандагони дар руйхатхо дохилбуда иштирок карда бошанд.

Агар хангоми овоздихии такрори яке аз номзадхо бо сабабе хорич шавад, овоздихи аз руи як номзад сурат мегирад. Зимнан, барои интихоб шудан ба номзад лозим аст, ки беш аз нисфи овозхои шумораи интихобкунандагони дар овоздихи ширкатварзидаро гирад.

Хангоми овоздихии такрори комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздихиро кадом соате набошад, тамомшуда эълон намояд, ба шарте, ки хамаи интихобкунандагони ба руйхат дохилшуда овоз дода бошанд. 

Моддаи 47. Интихоботи такрори

Агар дар хавзаи интихобти номзадии на бештар аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва хеч яке аз онхо интихоб нагардида бошад, ё интихобот дар хавзаи интихоботи барпонашуда ё беэътибор дониста шуда бошад ва ё овоздихии такрори имкон надода бошад, ки вакили интихобшуда муайян гардад, комиссияи дахлдори интихобот ба комиссияи хавзавии интихобот супориш медихад, ки дар хавзаи интихобот интихоботи такрори гузаронад. Дар ин холат вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихоботи такрории комиссияхои хавзави ва участкавии интихбот дар хайати нав карор кабул  намояд. Овоздихи дар хамон участкахои интихобот ва мувофики руйхатхои интихобкунандагон, ки барои интихоботи асоси тартиб дода шуда буданд, гузаронида мешавад.

Интихоботи такрори дар мухлати на дертар аз ду мох баъд аз интихоботи асоси гузаронида мешавад. Ташкили комиссияхои интихоботи, бакайдгирии номзадхо ба вакили ва тадбирхои дигар мувофики тартиби мукарраркардаи хамин Конун сурат мегиранд.

Номзаде, ки дар рафти интихоботи асоси микдори зарурии овозхоро сохиб нашудааст, наметавонад дар интихоботи такрори дар ин хавза дубора чун номзад пешбари шавад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 48. Гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хоричшуда

Дар сурати аз чониби Мачлиси дахлдори вакилони халк беэътибор дониста шудани ваколатхои вакилони алохида, бо сабабхои дигар пеш аз мухлат катъ гардидани ваколатхои вакилон дар хавзаи дахлдори интихобот дар мухлати се мохи баъд аз хорич шудани вакил интихоботи дигар гузаронида мешавад. Интихобот аз тарафи Мачлиси дахлдори вакилони халк на дертар аз ду мохи пеш аз гузаронидани он таъин гардида, бо риояи талабхои хамин Конун ташкил карда мешавад. Дар ин холат, комиссияи хавзавии интихобот 50 руз пеш, комиссияхои участкави як мох пеш аз интихобот таъсис гардида, бакайдгирии номзадхо ба вакили як мох кабл аз интихобот ба охир мерасад.

Дар сурати камтар аз як сол кабл аз хатми мухлати ваколатхои Мачлиси дахлдори вакилони халк хорич шудани вакил интихоботи вакили дигар ба ивази вакили хоричшуда гузаронида намешавад. 

Моддаи 481. Интихобот дар вохидхои марзию маъмурии навташкил  

Интихоботи вакилон ба Мачлисхои махаллии вакилони халк дар вохидхои марзию маъмурии навташкил дар сурате гузаронида мешавад, ки даъвати Мачлиси махалли вобаста ба иштирок надоштан ва ё шумораи ками вакилони Мачлиси вакилони халки дахлдор, ки ба хайати вохиди марзию маъмурии навташкил дохил мешаванд, гайриимкон аст.

Интихоботи вакилони Мачлисхои махаллии вакилони халк аз тарафи комиссияхои интихоботии вилояти, шахри ва нохияви на дертар аз ду мохи баъди ташкил шудани вохиди марзию маъмури, бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни конститутсионии мазкур гузаронида мешавад.

(КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 49. Маблаггузории интихобот 

Маблаггузории ташкил ва гузаронидани интихобот ба Мачлисхои махаллии вакилони халк аз хисоби Бучети давлатии Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон метавонанд ихтиёри гузаронидани интихоботро маблаггузори намоянд. Ин маблаг барои истифода дар ташкил ва гузаронидани интихобот аз чониби комиссияхои интихоботии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти, шахри Душанбе, шахри ва нохияви кабул карда мешавад.
Назорати истифодаи маблаге, ки ба комиссияи интихоботии дахлдор чудо шудааст, инчунин назорат оид ба воридшави ва сарчашмахои маблаггузориро комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти, шахри Душанбе, шахри ва нохияви амали менамояд.

(КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Моддаи 50. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни конститутсионии мазкур 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни конститутсионии мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

(КЧТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Моддаи 51. Дар бораи аз эътибор сокит дониста шудани Конуни Чумхурии Точикистон     «Дар бораи интихоботи вакилон ба Мачлисхои махаллии вакилони халк»

Аз рузи мавриди амал карор додани ин Конуни конститутсиони Конуни Чумхурии Точикистон аз 1 декабри соли 1994 «Дар бораи интихоботи вакилон ба Мачлисхои махаллии вакилони халк» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1994, № 23-24) аз эътибор сокит дониста шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                            Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе,  10 декабри соли 1999,

№ 858

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …