ИНИВ, чашмаи минералии обаш сард дар нох. Ишкошим. Такр. 88 км дуртар аз маркази нохия дар баландии 2770 м аз с. б. вокеъ аст. Оби чашма аз ду чой мебарояд. Дебиташ 0,7 – 0,9 л/сон. Мавзеи чашма шибарзамин аст. Харор. обаш +18 – +190С, минералнокиаш – 4,5 г/л. Оби чашма газнок буда, ба назар «чушида» меистад. Дар таркиби он ангидриди карбон (1310 мг/л), кислотахои силикат (65 – 68 мг/л), метаборат (184 мг/л), натрий (457 мг/л), калсий (259 мг/л), калий (77,0 мг/л), магний (69 мг/л), гидрокарбонатхо (1421 мг/л), хлоридхо (500 мг/л), сулфатхо (142 мг/л), инчунин охан, никел, фтор, бром, молибден, сурб, литий ва рух мавчуданд. Оби чашмаро барои ошомидан ва ба шакли обзан (ванна) бахри муоличаи беморихои узвхои хозима, пиелонефрити музмин, беморихои санги пешобдон, ихтилоли мубодилаи моддахо ва гадудхои эндокрени истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби химияви ба обхои минералии Зваре, Муаши (Гурчистон), Ессентуки ва Сойминск (Закарпатия) шабохат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон
Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …