Главная / Илм / ИНХИСОРИ НОВОКАИНи

ИНХИСОРИ НОВОКАИНи

inhisori-novokainiИНХИСОРИ НОВОКАИНи, блокадаи новокаини, яке аз усулхои табобат, ки хангоми он ба бофтахо махлули новокаин мефиристанд. Новокаин ба организм таъсири андаки ангезишовар расонда, дардро рафъ ва гизогирии асабхоро бехтар мекунад. Дар баъзе мавридхо ба махлули новокаин витамин, антибиотикхо ва диг. дорухо низ илова менамоянд. Дар вакти И. н. бемор бояд дароз кашад. Риояи коидахои асептика хатмист.
И. н.-ро барои табобати халаи чигар ва гурда, бемории рагхои дасту по, захмдори, шикастану баромадани устухон кор мефармоянд. Дар натичаи И. н. ташаннучи мушакхо рафъ, тонуси онхо зиёд ва чараёни илтихоб пешгири мешавад. И. н. навъхои гуногун дорад, мас., вагосимпати, наздигурдаи, пешичорбанди, гилофаки, кутох, акибипистони, наздифакароти, дохиликоси ва г. Инхисори вагосимпатиро барои муоличаи осеби узвхои чавфи сандуки сина (ё чаррохии онхо) ва беморихои римноки шуш кор мефармоянд. Инхисори наздигурдаи барои дармон бахшидан ба иллати узвхои шикам, кос, дасту по, беморихои илтихобии чавфи шикам, ногузароии руда чоиз аст. Инхисори пешичорбандиро дар мавриди захмдор шудан ё осеб ёфтани чорбанд ва узвхои кос, илтихоби рудаи рост, чаррохии бачадон истифода мекунанд (махлули новокаин ба мавзеи байни думгоза ва макъад фиристода мешавад). Хангоми инхисори гилофаки, ки дар вакти осеби дасту по ба амал бароварда мешавад, махлули новокаинро ба гилофакхои бандаки мушакхо то устухон мефиристанд. Бо И. н.-и кутох илтихоби чузъии пусти руй, тана, дасту по муолича меёбад (махлули новокаин якчоя бо антибиотикхо ба атрофи манбаи илтихоб ва зери он равон карда мешавад). Инхисори акибипистони, одатан, хангоми мастит истифода мегардад (махлули новокаинро ба зери гадуди шир равон мекунанд). Инхисори наздифакароти хангоми шикастани кабурга, остеохондроз, радикулит нафъ дорад. Инхисори дохиликосиро хангоми шикастани устухони кос, тромбофлебити по, илтихоби музмини зоидхои бачадон кор мефармоянд. Хангоми инхисори танобаки мани, ки бо максади рафъи халаи гурда ва табобати амрози хоя амали гардонда мешавад, махлули новокаинро ба мавзеи танобаки мани мефиристанд.
КЛ

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …