Главная / Илм / ИНГИБИТОРХО

ИНГИБИТОРХО

ingibitorhoИНГИБИТОРХО (лот. inhibere – манъ кардан, нигох доштан), моддахои табиаташон химияви, ки аксуламалхои химияви, аз чумла биохимиявиро суст ё пурра катъ мекунанд. И. дар тиб ба сифати дору фаровон истифода мегарданд. Онхо дар сохаи тадкикоти биохимияви низ ба кор мераванд. Бисёр И. моддахои захрнок махсуб мешаванд.
И. факат ба як фермент таъсир расонда, чараёни мубодилаи моддахоро пурра боз медорад, ки бисёр вакт окибати ин барои организм марговар аст.
И. фаъолияти ферментхоро бо ду рох – ракобат ва гайриракобат фуру менишонанд. Дар мавриди таъсири ракобати И. ферментро «фиреб» медиханд, зеро аз нигохи химияви ба субстрати он хеле монанд мебошанд. Хангоми таъсири гайриракобати И. бо фермент пайваст шуда, сохтори моллекулахои онро тагйир медихад, ба хосил гаштани махсули реаксия монеъ мешавад.
Дар организми одаму хайвонот И.-и эндогени хосил мешаванд. Онхо равандхои гуногунро танзим менамоянд. Мас., атсетилхолин, ки аз нуги асабхо (хангоми ангезиши асаби гумрох) хорич мешавад, ба фаъолияти ферменти холин-атсетилтрансфераза таъсири ингибитори мерасонад. Дар натича интиколи чунба (импулс)-и асаб катъ мегардад. Чунончи, сабаби асосии аз кор бозмондани дил хангоми ангезиши асаби гумрох таъсири И. аст. Ба шарофати мавчудияти ингибитори пепсин (ниг. Шираи меъда) хучайрахои гадуди меъда аз таъсири хазмсозандаи ферменте, ки худи он хосил мекунад, хифз карда мешавад. Дар зардоби хуни одам ингибитори ферменти трипсин мавчуд аст. Хангоми ба микдори зиёд ба хун хорич шудани он ингибитори мазкур фаъолияти ферментро суст мекунад. Фаъолияти муътадили ингибитори трипсин дар зардоби хун ба 300 – 600 милливохид (вобаста ба микдори ферменте, ки таъсири ингибитори расонда мешавад) баробар аст. Дар мавриди беморихои илтихобии гуногун фаъолияти ингибитори мазкур дар зардоби хун ба 1500 – 2000 милливохид мерасад; хангоми шаклхои вазнини панкреатит он то 100 – 150 милливохид паст мефарояд.
Дар амалияи тиб дорухои сершуморе истифода мешаванд, ки И.-и ферментхо мебошанд, мас., И.-и протеиназхо (трипсин, калликреин, плазмин) – пантрипин, ингитрил, трасилол (контрикал), гордокс, И.-и холинэстераза, И.-и моноаминоксидазахо, И.-и карбоангидразахо ва г.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …