Главная / Гуногун / ИНФОРМАТСИЯ: НАМУД ВА ХОСИЯТХОИ ОН

ИНФОРМАТСИЯ: НАМУД ВА ХОСИЯТХОИ ОН

Мафхуми информатсия. Информатсия мафхуми хеле васеъ аст. Калимахои арабии «хабар», «ахбор», «маълумот», «иттилоот» ва гайра баъзе пахлухои мафхуми информатсияро маънидод менамоянд, вале ягонтои он ин калимаро пурра иваз карда наметавонанд.

Масалан, сигнали ягон датчик ё буйи ягон таъомро информатсия гуфтан мумкин аст, вале иттилоот на. Мафхуми информатсия аз калимаи лотинии informatio сарчашма гирифта, маънои маънидодкуни, фахмондадихи, баёнкуни, хабардоркуни ва гайраро дорад. Одамон информатсияро ба хамдигар бо тарзхои шифохи, хатти ё дар намудхои имову ишорати ва ё аломати мерасонанд. Инсон хар гуна информатсияро аввал худаш дарк мекунад ва баъд онро ба дигарон ирсол медихад.

Мо информатсияро аз китобхои таълимию илми, рузномаю мачаллахо ва намоишномахои телевизиониву кинофилмхо мегирем. Онро дар дафтар ё конспектхоямон кайд менамоем. Дар фаъолияти истехсоли, мо информатсияро дар намуди матну накшахо, маълумотномаву хисоботхо, чадвалхо ва дигар намуди хуччатхо ба кайд мегирем, ё интикол медихем.

Чунин намуд информатсияхоро бо ёрии компютер низ ба кайд гирифтан, кор карда баромадан ва интикол додан мумкин аст. Новобаста аз намуди тасвиршавиаш, информатсия хамеша маълумот дар бораи ягон шахс ё ягон чиз аст.

Вай ходисахои дар хаёти мо аллакай руйдода ё руйдихандаро инъикос менамояд. Масалан, мо дируз кадом корхоро анчом додем, ё пагох бо чи корхо машгул мешавем, мисолхои информатсия шуда метавонанд. Дар ин мавридхо бояд информатсия хатман дар ягон шакли мушаххас – хикоя, расм, макола, шеър ва гайра тасвир гардад, ё ба кайд гирифта шавад. Асархои мусики ва графики, китобу мусавварахо, спектаклу кинофилмхо –шаклхои гуногуни тасвири информатсияро ташкил медиханд. Хамин тарик, информатсия дар хар гуна шакл

– инъикоси дунёи вокеи ё хаёли мебошад. Аз ин ру, информатсияро хамчун инъикоси чахони модди дар шакли аломатхо ва сигналхо тасвир кардан мумкин аст.

Вале хаминро кайд кардан зарур аст, ки таърифи мутлако аники информатсия вучуд надорад. Вай хамчун мафхумхои нукта ё хамвори дар геометрия ва ё адад дар математика мафхуми ибтидои аст. Информатсияро чунин маънидод кардан мумкин аст:

Информатсия маълумот дар бораи ягон ходиса, предмет, шахс, руйдод ва умуман мухити атроф аст, ки сатхи номуайянии дониши инсонро дар хамон самти омузиш кам менамояд.

Бояд гуфт, ки информатсия объекти модди нест:

Хангоми ирсол аз як чой ба чои дигар, информатсия дар чои пешинааш низ боки мемонад.

Барои ирсол додан информатсия бояд дар ягон барандаи модди тасвир карда шавад.

Новобаста аз намуди баранда, микдори информатсия бетагйир мемонад.

Тасвири модди, энергетики ва информатсионии олам.

namudhoi-ittilootИнсоният дар тули мавчудияти худ як зумра инкилобхоиь илмию техникиро паси сар намудааст, ки хар кадомашон дар камолот ва худшиносии он накши амикро боки гузоштаанд. Масалан, асри санги ба пайдоиши аввалин олоти мехнат сабаб гашт, ки он захмати инсонро куллан дигаргун сохт. Асри биринчи ба азхудкунии гудохтани металл овард, ки он дар дигаргуншавии мохияти хаёти чамъияти такони бузурге буд. Ва хамин зайл, асри чарх ба пайдоиш ва истифодаи аробаю автомобил, асри барк ба офариниш ва истифодаи энергияи бехамтои барки, асри ядрои ба инкишофи омузиши кайхон ва энергетикаи атоми сабаб гаштаанд, ки онхо мехнати фикрию чисмонии инсонро миллионхо маротиба осон гардонидаанд. Имрузхо мо зуд-зуд дар хусуси асри информатсиони сухан меронем.

Дар хакикат асри ХХI асри информатика ва технологияхои информатсиони мебошад. Дар ин аср тамоми самтхои фаъолияти инсон аз дастовардхои техникаи компютери ва технологияи навтарини коркарди информатсия бахравар мегардад. Сахми информатсия дар кабули карорхои идоракунии истехсолот, чамъият, тафаккур ва халли масъалахои рузмарра ба дарачае меафзояд, ки он ба катори ду омили хаётан мухими дигар – модда ва энергия шомил  мегардад. Омилхои сегона, яъне модда-энергия-информатсия ба зумраи он гизохое табдил меёбанд, ки инсони карни нав мазмуну мундаричаи хаёт ва фаъолияти аклонию чисмонии худро дар такя ба онхо ба низом медарорад.

Намудхои информатсия дар ТИ (технологияхои иттилооти).

Гарчанде инсон информатсияро амалан бо тамоми узвхои хиссиёти худ кабул намояд хам, вале холо вай коркарди компютерии  на хама намудхои информатсияро аз худ намудааст.

Масалан, идроки эстетики ё муносибати байни одамон аз зумраи он проблемахоеанд, ки коркарди компютерии онхоро вакт интизор аст. Дар замони мо компютер дар коркарди намудхои зерини информатсия ба таври васеъ истифода бурда мешавад:

  1. информатсияи матни
  2. информатсияи адади
  3. информатсия дар бораи таърихи руз ва вакт
  4. информатсияи савту садои
  5. информатсияи графики, аниматсия ва видеофилмхо
  6. информатсияи махсуси дуи.

Дар ибтидо компютер танхо барои коркарди информатсияи адади хизмат мерасонид. Вале ба зуди маълум гашт, ки имкониятхои компютер хеле васеъ будааст. Аз тарафи дигар, набояд фаромуш кард, ки имкониятхои компютер беохир нест. Вай дар он сохахое самараи хуб дода метавонад, ки истифодааш дар онхо амалан собит гаштааст. Сохахои тадбики имрузаи технологияхои компютери намудхои дар боло овардашудаи информатсия ба шумор мераванд.

Мутаассифона, тараккиёти минбаъдаи техникаи компютери танхо ба коркарди хачми зиёдтари хамин намуд информатсияхо меовараду халос. 

Хосиятхои информатсия. 

Дарёфти информатсия – ин ба даст овардани далел, маълумот ва додашудахо дар бораи хосиятхо, сохтор ё алокамандии объектхо ва руйдодхои мухити атрофи мо мебошад. Мазмуни моддии информатсия имкон медихад, ки хосиятхои асосии он – сахехи, мукаммали, мухимми, актуали, аники, дастраси, кутохи ва фахмоги равшан карда шаванд.

Информатсия сахех (муътамад) хисоб карда мешавад, агар вай вазъи аслро мутлако дуруст тасвир намояд. Информатсияи носахех боиси хатофахмии руйдод ва кабули карорхои нодуруст мегардад.

Информатсия мукаммал (пурра) шумурда мешавад, агар вай барои фахмиши вазъи асл ва кабули карори дахлдор кифоя бошад. Нопуррагии информатсия монеаи кабули карорхо ва сабаби рохдихи ба хатохо мегардад.

  1. Мухиммии (арзандагии) информатсия дар он зохир мегардад, ки бо ёрии он кадом масъалахо хал карда мешаванд.
  2. Информатсия актуали (замонави) хисобида мешавад, агар вай дар шароити доимо тагйирёбанда вокеиятро дуруст инъикос намояд.
  3. Информатсия фахмо (возех, аён) шумурда мешавад, агар вай тарзе ифода шуда бошад, ки дастраси истифодабаранда бошад.
  4. Информатсия аник хисобида мешавад, агар вай дарачаи бехтари наздикии вазъи аслии объект, раванд ё руйдодро инъикос намояд.

Худро санчед:

  1. Информатсия гуфта чиро мефахмед?
  2. Барои чи асри XXI-ро асри информатика ва ТИ меноманд?
  3. Кадом намудхои информатсия ва хосиятхои онро медонед?

Ичро кунед:

  1. Дар бораи мафхуми информатсия, намуд ва хосиятхои он маълумот дихед.
  2. Сохахоеро номбар кунед, ки дар онхо компютерро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …