Главная / Илм / ИНДОВ

ИНДОВ

indowИНДОВ (Eruca sativa), растаниест равгандор. Пояаш то 1 м кад мекашад. Барги паршакл, гулхои нисбатан калони зард, гилофакмеваи чоркирраи нугтез дорад. Дар худуди Точикистон И.-ро аз кадим дар водихо ва нишебии куххо кишт мекарданд. И.-и худруй дар киштзори лалми, оби, заминхои партов, нишебии куххо, сохилхои дарё, канал, канори рох (дар баландихои 3800 м аз с. б.) дучор меояд. И. хусусан дар киштзори загир бисёр меруяд (кадре талхча будани равгани загир низ ба тухми И. вобаста аст). Аз сабаби буи махсус доштанаш И.-ро чорво намехурад.
Тухми И. равгани эфир, хардал (то 35%) дорад. Талкони тухмашро бо об омехта, чун хардал истифода бурдан мумкин аст. Тухми И. давои иштихоовар низ мебошад. Барги сабзи онро чун хуриш кор мефармоянд. Равгани И. дар хурок ва барои тайёр кардани алиф, рангхо ба кор меравад. Дар тибби халки тухмашро воситаи рафъи нукси узвхои хозима ва равганашро давои касалихои пуст (хориши бадан, шукуфа ва г.) медонанд. Баргу пояи И. хосияти пешоброни ва зиддибактерияви дошта, ширро зиёд мекунад, ба аъзои хозима таквият мебахшад. Бино ба акидаи олимони гастроэнтеролог И. реши меъдаро пешгири мекунад.
Ба кавли табибони халки истеъмоли И. гирехи чигар ва сипурзро мекушояд, дарунро пок мекунад, пешобро меронад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад, мани хосил мекунад, барои мубошарат куввати харакат мебахшад. Агар И.-ро куфта бо талхаи гов хамир карда гузошта банданд, доги захмро аз пуст пок мекунад. И.-и сахрои дар равон кардани пешоб ва барангехтани бох, инчунин дар боби ба харакат овардани олоти марди назар ба И.-и бустони кавитар аст. Агар тухмашро бо оби гарм биёшоманд, балгамро бо кай дафъ мекунад. Хар руз 18 г тухми И.-ро бо оби гарм, набот ва равгани кунчид биёшоманд, ба кулинч шифо мебахшад. Тухми И.-ро куфта, бо асал сиришта лесида бихуранд, барои муоличаи иллатхои дамкутахи, сурфа ва дарди пахлу нофеъ аст; агар онро бо зардаи тухми нимпухтаи мург ва асал даромехта бихуранд, барои дарди узвхои даруни сина, даридани мушакхо даво мешавад, узвхои шикастаро пайваст мегардонад. Куфтаи барги И. давои пучак аст. Шустани сар бо оби барги И. рехтани муйро манъ мекунад. Агар онро бимоланд, доги сафеди пустро нафъ дорад. Барги И.-ро дар об чушонда, бо он оби ширгарм хукна кунанд, захми рудахоро сихат мебахшад, исхолро мебандад, сустии макъадро дафъ месозад. Аз дуди он чонварони зарарнок мегурезанд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарстенные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …