Главная / Илм / ИНДОМЕТАСИН

ИНДОМЕТАСИН

indometacinИНДОМЕТАСИН (Indometasinum), индосид, метиндол, як навъ дору, хосилаи кислотаи индолатсетат. И. ингибитори пуркуввати биосинтези простагландинхо мебошад. Фаъолияти хуби дардбари ва рафъи илтихоб дорад. И.-ро барои муоличаи артрити тарбодмонанд, периартритхо, спондилит, остеоартрез, никрис, беморихои илтихобии бофтахои пайвандии силсилаи устухону мушакхо, тромбофлебит ва диг. беморихо, ки бо ихтихоб хуруч меёбанд, истифода мебаранд. Дар шакли курс, гилофак (0,025 г) ва мархам (барои пуст) истехсол карда мешавад. Одатан баъди хурок рузе 2 – 3 маротиба истеъмол мекунанд. Пеш аз мухлат катъ кардани муолича мумкин боиси хуручи бемори гардад. Хангоми истифодаи И. дар баъзе одамон сардард, сарчархи, хоболуди, дилбехузури, кай ба вучуд меояд; мумкин аст меъда низ захмнок шавад.
Истифодаи И. дар мавриди реши меъда ва рудаи дувоздахангушта, захми руда, сурхруда, зики нафас, хомилаги, ширмакони ва диг. беморию холатхо зарар дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …