Главная / Илм / ИМТИЁЗХО БАРОИ ЗАНОНИ ХОМИЛА ВА ЗАНОНИ ФАРЗАНДДОР

ИМТИЁЗХО БАРОИ ЗАНОНИ ХОМИЛА ВА ЗАНОНИ ФАРЗАНДДОР

imtiyoz-baroi-zanoni-homilaИМТИЁЗХО БАРОИ ЗАНОНИ ХОМИЛА ВА ЗАНОНИ ФАРЗАНДДОР. Конун ба занони хомила ва занони фарзанддор бисёр имтиёзу бартарихои ичтимои мукаррар кардааст. Онхо ба занон барои пайвастани карзи модари хар чи бештар бо иштирокашон дар истехсолоти чамъияти имконият медиханд. Аз хамин сабаб занони хомила ва занони кудаки ширмак доштаро ба кор кабул накардан ва дар кадом асосе, ки набошад, бо ташаббуси маъмурият аз кор холи кардан, мумкин нест. Ба ин факат дар мавридхое рох медиханд, ки агар корхона, муассиса, ташкилот пурра бархам дода шавад. Дар ин вакт хам хатман онхоро бо кор таъмин кардан лозим аст. Танхо ва махз ба сабаби хомила будан ё кудаки ширмак доштанашон ба кор кабул накардани занон ё аз кор холи кардани онхо чиноят аст ва барои ин шахсони гунахгор ба чавобгари чалб карда мешаванд.
Агар зани хомила мувофики ахволи саломатиаш мухточи ба кори дигари сабуктар гузаронидан бошад, маъмурият дар асоси хулосаи духтур ба у бояд бо нигох доштани музди миёнаи мехнат кори муносиб ёфта дихад. Занони кудакашон ширмак хам аз чунин имтиёзхо истифода мебаранд (онхоро ба дигар кор мувофики аризаашон мегузаронанд ва хулосаи духтур лозим нест). Конун мафхуми кори сабуктарро муайян намекунад ва мухлати ба чунин кор гузарониданро махдуд наменамояд; ин ба шароити мушаххаси мехнат, инчунин ба хулосаи духтур вобаста аст (дар он махз чи гуна сабуки зарур буданаш нишон дода мешавад). Дар хар холат кори дигар бояд аз кори пештараи зан сабуктар ва ба шароит мувофиктар бошад. Масъалаи ба кори дигар нагузаронданро баъди дида баромадани комиссияхои бахсхои мехнати ва таъминоти ичтимоии иттифоки касаба хал намудан мумкин аст. Агар занон то давраи ба кори дигар гузаштан аз руи шароити мехнат имтиёзхо дошта бошанд (рухсатии иловаги барои кори шароиташ зарарнок, рузи кори нормааш номукаррар, стажи муттасили кор, мукофотпули барои хизмати бисёрсола ва г.), онхо баъди ба кори дигар гузаштан хам, нигох дошта мешаванд.
Барои занони хомила ва модарони ширхорадор дигар имтиёзхо низ мукаррар карда шудаанд. Онхоро ба кори шабона (аз соати 10 бегох то соати 6 сахар), ба кори зиёда аз вакти мукаррари, ба кори рузхои истирохат ва ид, ба навбатчигии баъди вакти кор ва шабона чалб кардан манъ аст. Онхоро хатто бо розигии худ ба сафари хидмати фиристодан мумкин нест. Ба модароне, ки кудаки ширмак доранд, гайр аз танаффуси умуми барои хуроки пешин, боз баъди хар се соат танаффусхои иловагии 30-дакикаги дода мешаванд. Хангоми таваллуд кардани ду ва аз ин зиёд кудак мухлати танаффус набояд аз як соат кам бошад. Ин танаффусхо ба хисоби вакти кор дохил мешаванд.
Ба занони хомила рухсатии давраи хомилаги ва баъди таваллуд пешбини шудааст. Мухлати он 140 рузи таквими мебошад ва дар ин вакт ёрдампули дар давраи хомилаги ва баъди таваллуд дода мешавад. Дар сурати таваллуди душвор ё ба дунё омадани ду ва зиёда аз он кудак рухсати муфоикан 156 ва 180 рузи таквимиро дарбар мегирад. Дар давоми ин рухсати хамаи имтиёзхои пешинаи зан нигох дошта шуда, худи мухлати рухсати ба стажи умуми ва стажи муттасили мехнат, инчунин ба стаже дохил карда мешавад, ки барои гирифтани имтиёзхои дигар (мас., рухсатии иловаги) хукук медихад. Пеш аз рухсатии давраи хомилаги ва баъди таваллуд ба зан мувофики аризаи у сарфи назар аз стажи мехнати дар корхона, муассиса ва ташкилоти муайян хар сол рухсати дода мешавад. Ба занон гайр аз рухсатии давраи хомилаги ва баъди таваллуд, то ба синни якунимсолаги расидани кудак рухсатии иловаги низ медиханд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …