Дар империя ба миён омадани иртичои сиёси. Чй тавре ки ба шумо маълум аст, инкилоби буржуазии солхои 1848- 1849 дар империям Австрия шикаст хурд. Аз хамин сабаб дар он чо иртичои сахттарини сиёси хукмрон гардид. Хукумати Бах (1852- 1860) бар зидди харакати миллию озодихохй берахмона мубориза мебурд. Матбуот ба зери назорати сахт гирифта шуд. Бо ичозати махсус ва бе иштироки политсия дойр гардонидани гирдихамоихо манъ карда шуд. Хар гуна созмону ташкилотхои чамъиятию сиёсие, ки барои фаъолият аз чониби хукумат ичозатнома надоштанд, пароканда карда шуданд. Мамлакат ба 15 мулк таксим карда шуд, ки ба хар кадоми онхо генералхои австрияги хукмрони мекарданд.
Идораи иртичоии Австрия махсусан дар Венгрия бедодгарй мекард. Хорватия, Словения, заминхои Сербия ва Руминия аз Венгрия чудо карда, ба музофотхои Австрия табдил дода шуданд. Хорватия бошад, бевосита ба ш. Вена тобеъ карда шуд. Трансилвания худмухтор эълон гардид. Кисмати бокимонлаи Венгрия ба 5 мулк таксим карда шуд. Дар Венгрия хокимияти оли ба ихтиёри генерад-губернаторн Австрия гузашт.
Чехия низ ба доми бедодгарй ва таъкиботи оммавй гирифтор шуд. Хабарнигори маъруфи чех Карел Гавличек, ки бар зидди мутдакият мубориза мебурд, бадарга карда шуд. Дар донишгохи Прага дексия хондани исдохотхох Ф. Л. Ригер манъ карда шуд.
Дар ин лавра сиёсати немисикуионии акаллиятхои миллии империя пурзур шуд. Забоин немисй дар тамоми каламрави империя давлатй эълон гардид. Коргузории маъмурй, суди ва хатто маорифи халк дар хама чо боял бо забони немисй сурат мегирифт.
Вазьи иктисодии империя дар солхон 50-60 асрн XIX.
Дар огози ин давра дар империя суръати ба амал омадани табаддулоти саноатй афзуд. Саноат ба тезй тараккй кард, махсусан баъзе сохахои саноатй вазнин ва сохтани роххои охан. Соли 1869 истехсоли ангишт 3,5 млн тонна, охан 0,7 млн. тонна ва чуян 0.25 млн тоннаро ташкил намуд. Бекор карда шудани сархадхои дохилин гумрукй имконият дод, ки дар Австрия тичорат хам тараккй кунад. Хачми тичорати хоричй низ афзуд. Агар дар соли 1850 он 187 млн гулденро ташкил карда бошад, пас соли 1860 ба 293 млн. гулден расид. Моли асосин содироти империям Австрияро асосан галла, чуб ва газвору мохут ташкил медод.
Дар баробари ин бояд гуфт, ки суръати тараккиёти сармоядорй дар кисматхои адохидаи Австрия як хел набуд. Агар саноати Чехия ва Моравия тараккй карда бошад, пас дар Венгрия, Гали, Хорватия, Словения ва дигар гушаю канорхои империя рушди он хеле суст Сурат мегирифт. Онхо мисли замони каблй асосан мулкхои кишоварзии Австрия буданд. Куллан худи империям Австрия вокеан давлати кишоварзи буд.
Вазъи молиявии империям Австрия вазнин буд. Дар бучаи он харочот нисбат ба даромад маблаги нихоят калонро ташкил менамуд. Аз хамин сабаб курби арзи австриягй сол то сол пасттар мефаромад.
Харакатн millihio озодихохи дар Вешрия ва Чехия дар солхои 50 ва 60 асри XIX. Яке аз рохбарони харакати миллию озодихохии халки мачор, яъне вентерхо Мткач буд. У мачорхо ва халкхои дигари махчуми империяи Австрияро даъват менамуд, ки ба мукобили истилогарон ба мубориза бархезанд. Барой фаъолияти инкилобиаш Ткач аз тарафи хукуматдорони Австрия ба махбас партофта шуд. Баъди дар натичаи афв аз хабс озод шудан у фаъолияти муборизаи озодихохонаи инкилобии худро давом дод. Дар катори Ткач даххо шахсиятхои миллим дигари Венгрия ба муборизаи миллию озодихохй бархостанд. Онхо дар каламрави Венгрия созмонхои миллию сиёсии зиёд ташкил намуданд. Барои паст намудани шиддати вазъияти муборизаи миллию озодихохи дар Венгрия маъмурияти австриягии империя хар гуна чорахо меандешид. Масалан, ичозат дод, ки дар Венгрия басейм интихобот гузаронида шавад. Баъди интихобот маълум гардид, ки сейми мазкур барои маъмурияти империявй гапдаро пест. Аз хамин сабаб он пароканда карда шуд.
Дар Чехия низ муборизаи миллию озодихохона суръат мегирифт. Дар ин чо хам хукумати Австрия барои паст гардонидани шиддати вазъият чорахо андешид. Хукумат соли 1860 ба сейми Чехия хукуки ташаббуси конунгузорй дод. Вале мисли пештара забони немиси забони давлатй мондан гирифт. Ин чораи чузъй ва барои халки чех беахамият харакати миллию озодихохиро дар Чехия паст карда натавонист. Чунин холати чамъиятию сиёси дар каламрави сукунати тамоми халкхои дигари гайриавстрияги хам ба назар мерасид. Дар ин холат хукумати Австрия мамлакатро ба тарзи кухна идора карда наметавонист. Барои хамин хукумати нав бо сардории Шмерлинг (1861 – 1865) хост, ки немисгардонии халкхои гайринемисро бо усули конститутсионй ичро намояд. Ин буд, ки соли 1861 бо номи “Патенти Феврал” Конститутсияи умумиимперии Австрия кабул карда шуд. Он ба парламента дупалатаги хокимияти конунгузорй дод конститутсия интихоботро аз рун молу мулк, нобаробар ва дузинагй эълон намуд. Ин констнтутсия ба буржуазия ва ашрофони заминдори Австрия имконият медод, ки дар империя хокимияти конунгузорро дар зери назорати худ дошта бошанд. Аз конститутсияи мазкур халкхои гайринемис норози буданд. Аз ин ру сиёсати марказонидаи хокимияти давлати ва немисгардонии халкхои империя комилан шикаст хурд.
Дар чунин шароит вазъияти хоричии империяи Австрия суст шудан гирифт. Соли 1866 Австрия дар чанги зидди Пруссия ба шикаст дучор шуд. Ин чанг харакати миллию озодихохонаи халкхои империя ва махсусан халки Венгрияро боз хам пурзуртар кард. Хавфи бархам хурдани империяи Габбсбургхои Австрия ба миён омад. Барой хамин хукумати империявй мачбур шуд, ки гузашт кунад. Ин хукумат соли 1867 бо Венгрия карордодеро ба имзо расонид, ки мувофики он империяи Австрия номи дугона Австро-Венгрияро гирифт. Худи хамон сол конститутсияи нав кабул карда шуд. Ин констнтутсия сохти давлатии хар ду кисм и ин мамлакатро мукаррар намуд.
Австро-Венгрия давлати нкилоби буд. Онро императори Австрия идора мекард. Дар яквакт у шохи Венгрия низ ба хисоб мерафт. Констнтутсия ба император хукукхои номахдуд дод. Император аъзои палатахои болоии парламент (рейхсрат ва сейм)-ро таъйин мекард, дар байни мачлисхои парламент карору амрхоро интишор менамуд, ки хукуки конунро доштанд. Констнтутсия дар назар дошт, ки се вазорат харбй, хоричи ва молия барои хар ду кисматхои империя – Австрия ва Венгрия умумй мебошанд.
Чй тавре, ки мушохида намудед, конститутсияи соли 1867-и империяи Австро-Венгрия зиддихалкй ва истибдодй буда, сохти мутлакиятро дар империя нигох медошт. Дар натичаи татбики ин конститутсня халкхои ин империя аз зери зулми мустамликави озод нашуданд. Аз хамин сабаб харакати миллию озодихохии халкхои мазлуми империяи Австро-Венгрия дар дахсолахои охири асри XIX ва огози асри XX хам давом кард.
Вазън иктисодии Австро-Венгрия дар дахсолахои охирини асри XIX. Тараккиёти сармоядорй дар кисматхои гуногуни мамлакат нобаробар буд. Аз чихати саноат кисмати нисбатан таракки карда империя Чехия ба хисоб мерафт. Австрия» Шимолй ва Чанубй низ аз ин чихат ба Чехия кариб баробар буд.
Дар тараккиёти саноат Галитсия, Буковина ва як катор вилоятхо дигар аз онхо хеле акиб монда буданд. Дар солхои 70-90 Чехия дар саноати чуянгудози макоми асосиро ишгол намуд. Дар ин чо он вакт 86 фоизи чуяни империя истехсол карда мешуд. Сохтмони роххои охан низ суръат гирифт. Саноати коркарди махсулоти кишоварзи хам пеш рафт. Истехсоли канд, шароб ва пиво макоми бештар пайдо намуд. Чехия ба маркази асосии саноати бофандагии империя табдил ёфт. Аз 137 корхонаи бофандагии империя 67-тояш дар Чехия сохта туда буд.
Созишномаи Австро-Венгрияи соли 1867 то дарачае сабабгори рушди иктисодии Венгрия гардид. Дар ин чо ба истехсоли махсулоти филизй ва коркарди он кадамхои аввалин гузоишта шуданд. Ба ин кор истехсоли ангишт дар Чехия мусоидат мекард. Вале сохаи асосии саноати Венгрия хурокворй буд. Соли 1898 махсулоти галладона, шароб, канд ва сохахои дигари хуроквори 47,3 фоизи истехеоли махсулоти хуроквории империяро ташкил менамуд.
Сиёсати хоричии Австро-Венгрия дар сеяки охирини асри XIX Австрия бисёр мехост, ки интикоми шикаст дар чанги соли 1866-ро аз Пруссия бигирад. Вале бо вучуди ин аз Русия тарсида, дар чанги дар пешистодаи Пруссия бар зидди Фаронса мавкеи бетарафиро ихтиёр карл. Соли 1873 Австро-Венгрия бо хамрохии Германия ва Русия бо номи “Иттифоки се император” карордод ба имзо расонданд. Соли 1876 бошад, бо Русия Созишномаи “Рейх – штат”- ро имзо кард. Он ба Русия имконияг медод, ки бе дахолати Австро- Венгрия бо Туркия чанг кунад. Барой чуброни ин бетарафй Австро- Венгрия бояд кисми Хорватия ва баъзе навохии назлисархадии Боснияро ба даст медаровард. Дар Конгресси байналхалкии Берлин» соли 1878 ба Австро-Венгрия ичозат дода шуд, ки Босния ва Херсоговинаро истило кунад. Аз ин ру, муносибат дар байни Австро-Вешрия ва Русия бад шуд. Ин холат Австро-Венгрияро мачбур сохт, ки бо Германия наздик шавад. 7 октябри соли 1879 дар байни Австро-Вешрия ва Германия созишномаи махфие ба имзо расид, ки он бар зидди Русия ишаронида шуда буд.
Дар ин давра дар масъалаи Тунис муносибатхои байни Италия ва Фаронса тезутунд шуданд. Аз ин ру, ба иттифоки Австро-Венгрия ва Германия Италия низ дохил шуд, ки бо хамин он ба Иттифоки Сегона табдил ёфт.
Рушди иктисодии Австро-Венгрия дар ибтидои асри XX. Дар ин давра рушди иктисодии Австро-Вешрия хануз аз давлатхои пешкадами сармоядори акиб монда буд. Сарфи назар аз ин дар навохии саноатии мамлакат ва пеш аз хама дар Австрияи Чануби ва Чехия истехсолоти саноатй бо суръати тез марказонида шуда, ширкатхои инхисори ба вучуд меомаданд. Дар солхои 1905 – 1912 шумораи корхонахои калон зиёда аз ним баробар афзуд, шумораи корхонахои саххомй бошад, аз соли 1885 то соли 1910 аз 380 то ба 587 адад расид. Сармоян ин корхонахо афзуд. Чунин раванд махсусан дар саноатй кухи ба назар мерасид.
Истехсоли охан ва пулод асосан дар дасти 6 иттиходияи инхисори марказонида шуд. Консерни маъдани чамъияти ‘Шкода” дар Пдзени Чехия ба яке аз корхонахои калонтарини саноатии Европа табдил ёфт. Дигар сохахои истехсолоти саноатй хам зуд таракки мекарданд ва марказонида мешуданд.
Марказонида шудани сармояи банкй низ ба амал меомад. Дар огози асри XX сармояи карзй асосан дар якчанд банки калони Вена марказонида шуда буд: “Банки милли”, “Кредита штадт” ва “Иттиходи банкхои Вена”. Банкхои бузурги Вена на танхо саноат, балки кишоварзиро низ ба зери назорати худ дароварда буданд.
Австро-Венгрия ба мархалаи империализми худ расида, беш аз пеш ба сармояи хоричи тобеъ мешуд. Банкхои Фаронса, Белгия ва Германия дар шакли вомбарг (заём) ва ё маблаггузорй кариб тамоми мамлакатро фаро гирифта буданд. Вале дар байни ин банкхо банкхои Германия Австро-Венгрияро бештар карздор карда буданд. Ин раванд баъди ба итмом расида ни чанги Фаронсаю Пруссия суръати зиёдтарро касб намуд.
Ба иктисодиёти Австро-Венгрия сармояи Фаронса низ таъсири калон дошт, Кисме аз роххои охан, тонкой ангишт, корхонахои чуянгудози ва заводхои ’’Шкода” ба сармоядорони Фаронса тааллук доштанд.
Вале вобастагии Австро-Венгрия ба сармояи хоричи ба сармоядорони ин мамлакат дар кори сармоягузорй ба сохахои гуногуни саноат, аз он чумла, ба саноатй минтакахои аз чихати иктисодй сусттараккикарда – Галитсия, Хорватия, Словения, Босния ва Херсоговина халал расонда наметавонист.
Пурзуршавин муборизаи миллию озодихохи дар империяи Австро-Венгрия дар охири асри XIX – аввали асри XX. Дар ин Давра хам муборизаи миллию озодихохии халкхои гайринемиси империяи Австро-Венгрия идома дошт. Ин мубориза, пеш аз хама, дар минтакахои славянинишин бештар ба назар мерасид. Бо сабаби болоравии муборизаи озодихохона дар Чехия хукумат мачбур шуд, ки баъзе гузаштхо кунад. Соли 1880 хукумати Австро-Венгрия бо номи “Муросои Вена” карордодеро ба имзо расонид. Мувофики он хукумати Бадеии (1895 1897) мачбур шуд, ки аз Мохи апрели соли 1897 дар
Чехия забонхои немиси ва чехиро баробархукук эълон намояд. Ин чора дар кисмати немисии парламенти империя эътирози бузургро ба миён овард. Вакилони мардумй аз ин кисмати парламент талаб карданд, ки Бадени ба истеъфо равад. Ба хукумати нав Гауч (1897 – 1900) рохбарй карда, мачбур шуд, ки конуни забонро дар Чехия бархам дихад. Акиун дар парламенти Австро – Венгрия кисмати чехии вакилони мардумй эътироз баён мекарданд, ки дар натича парламент ба як макоми хокимияти вокеан корношоям табдил ёфт. Хукумати нав бе сардории Карбер (1900- 1904) ташкил ёфт. Ба у хам муяссар нашуд, ки муходифатхои зиддихукуматиро дар Чехия бартара4 намояд.
Харакати миллию озодихохй дар мулкхои дигари сукунатт акалдиятхои миллим мамлакат хам давом меёфт, хусусан дар минтакахои славяннишини империя.
Маркази сафарбаркуни ва мутгахидсозии хамаи славянхои чанубй Сербия буд. Дар харакати миллию озодхохии худ халкхои Хорватия. Босния ва Херсоговина ба Сербия хамчун ба ташаббускори ташкил намудани давлати ягонаи славянхои чанубй нигох мекарданд. Дар Трансилвання харакати озодихохи (ривоч) равнак ёфт. Ин мубориза бар зидди шляхтхои лахй ва хукумати Габбсбургхо, дар Украинаи Закарпат-ба мукобили ашрофонг мачор ва зулми милли равона карда шуда буд.
Словакия ва Украинаи Закарпат гуё мустамлика» кишоварзии Венгрия буданд. Доирахои васеъи ахолии ин кисмати славянххи чанубй барон он мекушиданд, ки дар мубориза»- якчояи зидди табакахои хукмрони Австро-Венгрия ба халки чех наздик шаванд.
Дар Хорватия, ки дар дохили шохигарии Венгрия баъди мухториятхо дошт, буржуазия васеъ намудани мухторияти- Хорватия, махдуд кардани худуди заминдории помешики ва ба хамаи сохибони замин додани хукуки интихоботиро талаб менамуд. Як кисми буржуазиям Хорватия барои ба Сербия наздик шудан ва ташкил кардани давлати ягонаи славянхои чануби баромад мекард.
Тараккиёти ичтимоию иктисодй ва сиёсии сарзаминн Полша нобаробар сурат мегирифт. Як кисми он дар якчоягй бо заминхои Украинаи Гарби музофоти Галитсияи империям Австрияро ташкил медод. Галитсия мухторият дошт ва сохиби сейм» худ хам буд. Мардуми поляк ва Украинаи Гарби аз чониби хукумати империявии Авегро-Венгрия берахмона зулм карда мешуд.
Дар кисмати дигари заминхои Полша, ки дар ихтиёри Германия буд, заминдорон ва мухочирони немис дехконони полякро аз заминхояшон махрум месохтанд. Саноати вазнини ин минтака ва махсусан саноати дар Силезия мавчудбуда мутааллики сармоядорони немис буд.
Кисми тараккикардаи заминхои Полша бо номи Шохигарии Полша дар зери хокимияти Русия буд. Саноати калони Варшава. Лодз. хавзаи Домбровский ва инчунин сармояи калони Полша дар рушди иктисодии Русия макоми калон пайдо намуд. Буржуазиям Шохигарии Полша ба бозори Русия эхтиёч дошт. Буржуазия ва заминдорони Полша ба фишори хукумати Русия нигох накарда, дар симои он иттифокчии муборизаи зидди халки полякро медиданд. Онхо барон баркарор намудани истиклолияти мамлакат ва муттахидкунии заминхои Полша кушиш намекарданд. Танхо барон мухторият и Шохигарии Полша чидду чахд ба харч медоданду бас.
Сиёсати хоричин империям Австро-Вешрия дар ибтадои асрн XX.
Сиёсати хоричии Австро-Венгрия дар ибтидои асри XX сол то сол иртичоитар мегардид. Самти асосии сиёсати хоричиаш дар он давра ба Балкан нигаронида шуда буд. Ба акидаи доирахои хукмрони мамлакат пеши рохи харакати миллию озодихохи ва бархам хурдани иперияи Австро-Венгрияро Махз хамин сиёсат гирифта метавонист.
Икдоми калони империям Австро-Венгрия барон ишгол кардани Балкан 5 октябри соли 1908 забт иамудани Босния ва Херсоговина буд. Ин икдом муносибати тезу тунди иттифоки Русияю Сербияро ба мукобили Австро -Венгрия ба вучуд овард. Мубориза дар байни Австро-Венгрия ва Сербия дар давраи чангхои якуму дуюми Балкан (1912- 1913) аз нав авч гирифт. Барой хамин Австро-Венгрия ба мукобили Сербия ба чанг тайёрй дид, Лекин ин чанг ба амал наомад – Австро-Венгрия аз дойр гардонидани он худдорй кард. Дар ин сурат зарур мешуд, ки ба Русия ру ба ру шавад. Бо сабаби ба мукобили славянхои чанубй нигаронида шудани сиёсати балкании Австро-Венгрия муносибати ин давлат бо Русия тезу тунд гардид.
Империяи Австро-Венгрия дар арафаи Чанги якуми чахони. Дар арафаи Чанги якуми чахони дар империяи сермиллати Австро-Венгрия муборизаи миллию озодихохонаи халкхои тобеъ кать нагардид. Ин мубориза баъди ба Австро-Венгрия хамрох карда шудани Босния ва Херсоговина ва пурзуршавии зулми австриягй боз хам пурзуртар шуд. Дар ин мубориза славянхо нисбат ба дигар халкхо фаъолтар буданд.
Соли 1912 дар империяи Австро-Венгрия бухрони шадиди иктисоди ба амал омад. Корхонахои зиёди калони саноатй ва муассисахои тичоратй хонахароб шуданд. Дар баъзе сохахои саноат истехсол махдуд гардид. Чангхои Балкан бухрони иктисодиро дар Авсгро-Венгрия боз хам шадидтар гардониданд. Бухрон сатхи зиндагии мардумро паст кард. Натичаи хамин буд, ки корпартоии оммавии коргарон ва сафи бекорон афзуд.
Дар арафаи чанг харакати оммавии халк махсусан дар Венгрия пурзур шуд. Доирахои хукмрони он дар сиёсати тачовузкоронаи Австрия фаъолона ширкат меварзиданд. Кисмати дигари ахолй зидди чунин сиёсати зиддихалкии ашрофони хукмрони Венгрия буд. Ин буд, ки дар солхои 1911-1913 дар Будапешт ва шахру минтакахои дигари Венгрия харакатхои оммавии эътирозии мардум ба амал омаданд.
Сиёсати хоричии империяи Австро-Венгрия, ки аз бисёр чихат ба Германия вобаста буд, беш аз пеш тачовузкортар мегардид. Рохбарони Ситоди кулли лашкари Австрия барои харочоти харби маблаги калонро такозо мекарданд.
Империяи Австро-Венгрия дар катори давлатхои дигари ду иттифоки харби хамачониба ба чанг тайёрй медид. Тирамохи соли 1913 дар ин мамлакат бо ризоиятн Берлин ба артиш сафарбаркунии чузъй амалй шуд. Мохи марти соли 1914 хукумати Штюргк чавобан ба болоравин харакати зиддихукуматии коргарй ва оппозитсия рейхсро пароканда намуд. Дар чунин шароити тезу тунд 28 июни соли 1914 дар шахри Сараево вориси тахту точи Австро-Венгрия Франс-Фердинанд дар суикасд кушта шуд, ки ин ходиса хамчун бахона барои огози Чанги якуми чахони истифода бурда шуд.