Главная / Гуногун / ИМОМОН ВА БУЗУРГОНИ ИСЛОМ ДАР ВАСФУ СИТОИШИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) ВА ШАММАЕ АЗ СИФОТИ ХАМИДА ВА НЕКУИ ЭШОН

ИМОМОН ВА БУЗУРГОНИ ИСЛОМ ДАР ВАСФУ СИТОИШИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) ВА ШАММАЕ АЗ СИФОТИ ХАМИДА ВА НЕКУИ ЭШОН

Васфу ситоиши сирату сурат ва шахсияту макому манзалати Имоми Аъзами муаззами суфии Куфи разиаллоху анху хадду канор надорад. Асрхо ба ин чониб уламои давру замон, дар бораи Имоми Аъзам Аъбуханифа (р) ва афкору андешаи у суханхои неку гуфтаанду мегуянд ва ёддоштхову руйдодхоро оиди хаёт ва фаъолият ва манокиби эшон навиштаанду менигоранд ва чандин мухаккикон кутуби манокиби Имоми Аъзам рахматуллохро хам низ тартиб додаанд. Вале, ба чуз Абдуллох ибни Муборак (р) касе зиёдтар ва басо самимонатар сухан аз шахсияти Имоми Аъзам (р) ва манокиби у нагуфтаасту уро чун Ибни Муборак (р) касе нашинохтааст.

Холо азизон, дар ин бахши навиштор диккати Шуморо ба ситоишхои аима (имомон) аз Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р) чалб менамоем, ки гуфтаанд: «Сухан аз дахони Лукмон хуш аст»: «…Аз Абдуллох ибни Идриси Шофеъи (р) накле шудааст, ки гуфт»: «Хар кас дар кутуби Абуханифа (р) нанигарад, на дар илм тавоно тавонад шудан ва на факех хохад шудан».

Аз Имом Молик (р), ки хамаср ва дар айни хол шогирди Имоми Аъзам Абуханифа (р) буд, дар бораи чамъе суол карданд, ва у назарашро дар бораи онон баён кард, пас чун навбат ба Абуханифа (р) расид, гуфт:

«-Субхоналлох! Харгиз монанди вай надидам (яъне, на дар сират ва на дар сурат), савганд ба Худои азза ва чалл, ки агар мегуфт ин сутун аз тилло аст, хар оина далели муътамади киёсиро ба сихати кавлаш икома мекард».

Ибни Уяйна (р) мегуяд: «-Чашмаш монанди вайро надидааст… Касе, ки фикхро мехохад, пас ба Куфа бишитобад ва дар он чо ёрони Абуханифа (р)-ро мулозим гардад».

Шогирд ва муриди басо ихлосманди Имоми Аъзам (р), ки сифаташ дар олами Ислом хадду канор надорад, яъне, Хочии бархак ва пешвои ахли сахо, Абдуллох ибни Муборак (р) гуфтааст:

«Имоми Аъзам (Абуханифа рахматуллохи) факехтарини мардум буд ва факехтар аз вай кас надидаам ва низ гуфт:-У як оят буд, пас касе пурсид:-Оят буд, дар хайр ё дар шарр. Ибни, Муборак (р) бар вай бархурушиду гуфт:-Сокит бош эй мард! Мегуянд-«Гоят фи-шарр ва оят фил-хайр», яъне, вакте касе мегуяд:-фалон оят буд, дигар савол аз ин ки дар хайр буд ё дар шарр бе маврид аст чун оят дар хайр ба кор бурда мешавад ва гоят дар шарр».

Низ Абдуллох Ибни Муборак (р) гуфта, ки «-Агар ба раъйи ичтиходи ниёзе пайдо шавад пас, ручуъ кунед ба раъйи Имом Молик (р) ва Суфён (р) ва Абуханифа (р). Ва Абуханифа (р) факехтарини эшон, накутарини эшон, дакиктарини эшон, дар фатонату заковат ва жарфпаймотарини эшон, дар гаввосии дарёи фикх аст. Ва низ аз суханони Абдуллох ибни Муборак (р) аст, ки: «-Хар гох ривояте аз Расули гиромии Худо (с) наёбем, сухани Абуханифа (р), дар назди мо, хамчун ривояти Расулуллох (с) аст».

Низ Ибни Муборак (р), барои мардум хадис мегуфт, пас дар аснои суханаш гуфт: «-Хаддасно Ан-Нуъмон ибни Собит».-дар ин асно касе пурсид:- Муроди ту аз Нуъмон ибни Собит кист? Фармуд:

«Манзурам Абуханифа (р)-мехи илм аст». Дар ин хангом баъзе аз хуззор, аз ин ки ривояти вай аз Имом Абуханифа (р)-ро бинависанд, даст нигох доштанд, пас Ибни Муборак лахзаи кутохе диранг кард ва он гох гуфт»:

Айюханнос! (Эй одамон!) Чи кадар дар баробари аимаи мубталои савъи адаб ояд, чи кадар аз шинохти аимаи чохил ояд, чи кадар огохии Шумо аз илму ахли илм кам аст?

Савганд ба Зулчалол, ки касе сазовортар аз Абуханифа (р), ба иктидо нест, зеро, ки у Имоме буд пок, пархезгор, Худотарс, инсони комил ва ормони, ахли вараъ, зухду такво, олиму факех уммати солеху посдорандаи суннат ва эхёкунандаи чамоаи ахли суннат ва чамоат, у илмро бо байинаш ва фахму фатонату такво, ончунон кашф кард, ахаде, хамчун вай онро кашф карда натавонист». Он гох Абдуллох Ибни Муборак (р), ки аз ин кор, аз баъзе аз шогирдонаш сахт ранчида буд, савганд ёд кард, ки як мох барои эшон Хадис нагуяд.

Ва Саври (р) дар посухи марде, ки барояш гуфт:-Оё аз назди Абуханифа омадаи? Гуфт: «-Бале! Ба тахкик, ки аз назди факехтарин кас аз ахли Замин омадаам!»

Низ Саври (р) гуфт: «-Хар кас бо Абуханифа (р) мухолифат мекунад, мухточи он аст, ки аз вай кадру манзалате бартару илме вофиртар дошта бошад ва баъид медонам, ки чунин кас ёфт шавад. Ва чун Саври (р) ва Имом (Абуханифа рахамуллох) бо якдигар озими сафари Хач гардиданд,  Саври (р) эшонро чилав  меандохт ва пушти сари эшон харакат менамуд ва низ агар он ду дар масъалаи мавриди суол карор мегирифтанд, у сукут мекард, ва мунтазир мемонд, то Имом Абуханифа (р) чавобдихандаи он суол бошанд.

Ва рузе бар болои сари вай китоби рахн (васика) аз Имом Абуханифа (р)-ро диданд, пас ба вай гуфтанд: – Оё кутуби Абуханифаро мутолиа мекуни?!

Гуфт: «-Дуст доштам, мачмуаи кутуби вай хама як чо дар назди ман мебуд, то дар онхо бингарам, Абуханифа (р) дар шархи илм дигар майдонеро барои паймудан боки нагзошта ва корро ба поён овардааст ва лекин мо дар бораи вай мунсифона (аз руи адлу инсоф) казоват намекунем». Ва Абуюсуф рахамуллох гуфт: «Саври аз ман дида, дар мутобиъати Абуханифа (р) пешравтар ва дар ин арса тундравтар аст».

Рузе Саври (р) Имом (Абуханифа)-ро барои Абдуллох Ибни Муборак (р) тавсиф мекард, пас гуфт: «-Ба тахкик, ки у дар ин илм бар яке аз сарнайзахо савор мешавад, ба Валлох, ки у олиме чомеъ, мудофиъи арзишхо ва хидматгузори ахолии шахраш-Куфа буд ва у харгиз раво намедонист, ки чуз бар он чи, ки аз Расули гиромии Худо (с) ба сиххат расида аст, тамассук чуяд, ба Валлох, ки у аз носуху мансухи Хадис шинохте тому тамом дошт, у доиман чуёи аходиси ровиёне буд, ки дар накли хадис сакаву муътамад буданд, у хамчунон бар феъли Расули гиромии Худо (с) низ тамассук мечуст ва ончи, ки уламои Куфа, дар пайравии хак, ба он расидаанд, у низ бар он тамассук чуст ва хамонро дини хеш карор дод, ачабо, ки кавме забони зишти, бар вай дароз кардаанд, аммо мо дар баробари эшон сукутро тарчех медихем, ки Худои ъазза ва чаллро аз онхо истигфор металабем».

Ва Авзои (р) хануз Имом (р)-ро надида буд, ки балки факат овозаи эшонро шунида буд, пас рузе барои Абдуллох Ибни Муборак (р) гуфт:-Кист ин бидъатгузоре, ки дар Куфа зухур намуда ва кунияи вай Абуханифа аст? Абдуллох Ибни Муборак (р) дар огози посухи вай хеч нагуфт ва дар иваз чанд масъалаи душвор аз масоили Имоми Аъзам (Абуханифа рахамуллох)-ро ба вай нишон дод, пас чун Авзои мулохиза кард, ки ин масоил мансуб ба Нуъмон ибни Собит (р) аст, пурсид:-Ин Нуъмон ибни Собит кист?

Абдуллох Ибни Муборак (р) мегуяд: «Гуфтам, устозе аст, ки бо вай дар Ирок мулокот кардам». Пас Авзои бедиранг гуфт: «-Ин устозе аст бузургу шариф, бирав ва аз вай бештар биёмуз. Дар ин чо буд, ки гуфтам:-Ин хамон Абуханифа аст, ки Шумо каблан бар вай тохтед. Баъд аз он, он гох, ки Авзои, дар Макка бо Абуханифа (р) мулокот кард, он масоилро бо вай дар миён гузошт, пас Имоми Аъзам (Абуханифа рахамуллох) он масоилро бештар аз он чи, ки Абдуллох Ибни Муборак (р) ба накл, аз эшон навишта буд, назди вай шарху тавсиъа доданд ва дар ин майдон уфукхои навинеро гушоданд ва мачлис ба дарозо кашид. Баъд аз он мулокоти худ, Авзоъи ба Абдуллох Ибни Муборак (р) гуфт:

«-Бар вай габта (хасад ва бахили) хурдам, ба касрати илму вуфур (фаровони ва бисёри)-и аклаш ва аз Худои таъоло бар он чи, ки дар бораи вай гуфтам-омурзиш металабам. Ба хакикат, ки ман дар иштибохе ошкор будам, пас домани ин мардро махкам гир, зеро у бар хилофи он чизе аст, ки ба ман расонидаанд».

Ва чун донишу вараъ (пархезгори)-и азими Имом (Абуханифа рахамуллох) ба Ибни Чарех расид, гуфт: – Гумон мекунам, ки вайро дар илм шаъне ачиб руй медихад. Ва рузе касе дар назди вай гайбати Имом Абуханифа (р)-ро кард, пас гуфт:-Сокит бошед! Ба хак, ки у факех аст, ба хак ки у факех аст, ба хак ки у факех аст!

Ва Имом Ахмад ибни Ханбал (муассиси мазхаби ханбалия, С.Б.Б). рахамуллох дар бораи шахсияти Имом Абуханифа (р) мегуяд: «-У дар вараъ (такво, пархезгори, порсои-С.Б.Б) ва зухду гузиниш (интихоб)-и охират бар дунё, дар чойгохе карор дорад, ки касе ба вай намерасад ва хар оина чабру тозиёнаи Халифа Мансурро барои радди мансаби Казоват ба чон харид, аммо тан ба ин кор надод, пас рахмату ризвони Худои ъазза ва чалл бар вай бод!»

Ва чун аз Язид ибни Хорун (р) дар бораи мутолиаи кутуби Имом Абуханифа (р) пурсиданд, гуфт: «-Дар кутуби вай бингаред, зеро ман хеч фукахоеро надидаам, ки аз нигаристан дар кавли вай карохият дошта бошад».

Ва Саври (р) ба хадде муштоки кутуби Имом Абуханифа (р) буд, ки ба хила китоби рахн (васика, гарав)-и эшонро аз касе гирифт, то аз он нусхабардори кунад. Ва низ чун ба вай гуфтанд, ки: раъйи Моликро аз раъйи Абуханифа (р)-дусттар дори? Гуфт:

«-Хадиси Молик (р)-ро бинависед зеро у рачоли хадисро ба диккат бармегузинад (у чамъкунандаи хадис аст), аммо фикх санъати Абуханифа (р) ва ёрони у аст, гуё ки онон барои фикх аз чониби Худо офарида шудаанд».

Хатиби Багдоди (р) аз яке аз аима (имом)-и зухд ривоят мекунад, ки гуфт: «-Бар ахли Ислом вочиб аст, то дар намозхои хеш бар хакки Абуханифа Имоми Аъзам (р) дуои хайр кунанд, зеро хам у буд, ки суннат ва фикхро барои эшон хифз кард».

Ва гуфт: «-Бадандешони тихамагзи вай ду дастаанд, яке хосидон ва дигаре нодонон, ки шахсияти табарруки вайро ба дурусти нашинохтаанд. Ва назди ман ин дастаи дуввум маъзуртаранд».

Ва гуфт: «-Хар кас мехохад аз хори, чахлу кури, берун ояд ва халовати фикхро дарёбад, пас дар кутуби Абуханифа Имоми Аъзами муаззами суфии Куфи рахамуллох бингарад».

Ва Маккии ибни Иброхим (р) гуфт: «-Абуханифа (р) аълами ахли замони хеш буд».

Ва Яхё ибни Саъди Каттон (р) гуфт; «-Накутар аз ройи Абуханифа (р) нашнидаам». Ва аз ин чихат у дар фатвои хеш доим кавли Абуханифа (р)-ро тарчех медод.

Ва Назр ибни Шамил (р) мегуяд: «-Мардум аз фикх дар хоб буданд, то он, ки Абуханифа (р) бо талошхои бархакаш, ки дар арсаи истихроч (кашфу тахлил), табйин (рушангари, баёни матлабе ба возехи ва равшани)-у талхиси фикх анчом дод, эшонро бедор кард (то хакро аз ботил фарк карда тавонанд,-С.Б.Б).

Ва Мусаъар ибни Кудом (р) мегуяд: «-Хар кас Абуханифа (р)-ро дар миёни худ ва Худо карор дихад, умедворам, ки тарсе бар вай набошад ва дар эхтиёт дар хаки худ кутохи накарда бошад».

Аз Ибни Мусаъар (р) пурсиданд, ки: «-Чаро раъйи ёрони Имом Абуханифаро фуру гузоштаву ба раъйи вай мутамассик гардиди?» Гуфт: «Ба далели сиххатии раъйи вай ва агар чуз ин аст; сахехтар аз онро наздам биёваред, то хамонро баргирам».

Ибни Муборак (р) мегуяд: «-Ибни Мусаъарро дар халкаи дарси Абуханифа дидам, ки аз вай масъала мепурсид ва аз махзараш истифода мебурд ва хам у гуфт: «-Факехтар аз Имом Абуханифа (р) касеро надидаам».

Исо ибни Юнус (р) мегуяд: «-Касеро, ки дар хаки Абуханифа (р) забон, ба бадгуи дароз мекунад, тасдик накунед, зеро ки ба Худо савганд, ман бехтару факехтар аз вай касеро надидаам».

Муаммар (р) мегуяд: «-Ман шахсеро битавонад ба оростаги, дар фикх, сухан бигуяд ва битавонад ба некуи киёс кунад ва ба некуи Хадиси набави (с)-ро олимона шарх дихад ва дар ин арса, дар авчи пойгохи маърифат бошад, чун Имом Абуханифа надидаам».

Фазл (р) мегуяд: «-Имом Абуханифа (р) факехе буд саромад (асосгузор) бар фикх, машхур дар вараъу зухд, мутамкин дар мол, сабур, бар омузиши илм, дар шаб ва руз, камхарф (камгапу ором) то ба он хад, ки хеч масъаларо дар халолу харом эрод намекард, магар бар мабонии хак ва низ гурезанда аз султон буд».

Абуюсуфи Яъкуб (р) мегуяд: «-Ман, кабл аз падару модари худам, дар хаки вай (яъне, Имоми Аъзам Абуханифа разиаллоху анху) дуо мекунам. Дар холе, ки аз вай шунидам, ки мегуфт: «-Ман барои устозам Хаммоди Абусулаймони факех, хамрох бо падару модарам дуо мекунам».

Ва низ гуяд, Абуюсуфи Яъкуб, ки: «-Худои мутаъол Абуханифа (р)-ро ба фикху амал ва саховату базл ва ахлоки Куръоние, ки дар вай буд, зиннат дода буд».

Ва низ Абуюсуфи Яъкуби Козиюлкуззот гуфт: «-Ба хак, ки халиф (халифа, солех шоиста)-ус-сидк (содик ва бовафову садокатманд)-и гузаштагони дин буд ва ба Худо савганд, ки дар тамоми руи Замин чонишине хамчун у, барои бузургони дин падид наёмад». (Бале, кулли аимаву уламо ва фукахову бузургони дин ва илму маърифат, ки баъди Имоми Аъзам Абуханифа разиаллоху анхум, то ба имруз зухур кардаанду мекунанд ва хоханд кард, хама ба чумлаги мурид ва резахурони дастурхони пурфайзу эхсони илму хикмати у буданд, хастанд ва хоханд монд, зеро ки у меъмори шоистаи бузургкохи бегазанди илми фикх, дар шариати гуррои Мухаммадия (с) буду хаст ва хохад монд, то ба човидонахо, ки Худованд, пас аз Расули акрам (с), чахор ёрони гиромии он Хазрат (с) ва сахобаи киромии эшон (с) махз-Имоми Аъзам Абуханифа рахамуллохро нахуст-кашшофи илми фикх ва мушкилкушои илмушшариат ва «Чароги уммат»-и Расули гиромиаш (с) карор додааст ва гавхари поки илму маърифатро зиёда ба у арзони доштааст.-Сайид Бурхониддини Бузургмеххр).

Аъмашро аз масъалае пурсиданд гуфт: «Чавоби ин масъаларо факат Имом Абуханифа Нуъмон ибни Собит медонад ва гумон мекунам, ки барои вай, дар амалаш баракат ниходаанд».

Ва Яхё ибни Одам (р) гуфт: «Казовати Шумо дар бораи ин гурухе, ки забон ба айбчуии Имом Абуханифа (р) олоянд, чист? Назари ман ин аст, ки: – У барои эшон аз илм (дарёеро овард, ки бар баъзе аз амвочи он савор шуда метавонанд ва бар баъзе дигар наметавонанд) баъзеро дарк карда метавонанд ва баъзеро дарк карда наметавонанд, хам аз ин ру, бар вай хасад варзидаанд».

Вакиъ гуфт: «-Факехтар аз Абуханифа касеро надидаам ва на касеро некутар аз вай дар намоз хондан».

Ва Имом Хофизи Нокид Яхё ибни Маъин (р) гуфт: «Фукахо чахор тананд: – Абуханифа ва Суфён ва Молик ва Авзои».

Ва низ аз вай накл шудааст, ки гуфт: «-Кироат дар назди ман, кироати Хамза аст ва фикх-фикхи Имом Абуханифа. Ва ахли тахассусу маърифатро бар ин довари дарёфтаам».

Ва аз вай савол кардаанд, ки оё Суфён, аз Абуханифа хадис хам ривоят карда? Гуфт: «-Бале! Абуханифа дар фикх сака (боэътимод) ва судук (рострав) буд ва дар хадис амонатдор, бар дини Худо».

Ва Ибни Муборак (р) гуфт: «-Хасан ибни Амораро дидам, ки рикоби Абуханифаро гирифта буд, дар холе, ки мегуфт: «Ба Худо савганд, ахадеро надидам, ки балегтар, собиртару хозирчавобтар, аз ту, дар асри ту, дар фикх сухан бигуяд, бешак, ки ту сарвари хамаи ононе хасти, ки дар асри ту, дар фикх сухан гуфтаанд ва инро на аз боби дифоъ, аз ту мегуям, балки хакеро, ки бояд -эълом кард, изхор медорам ва сухан намегуянд алайхи ту, магар ба ангезаи хасад».

Шаъаба (р) мегуяд: Ба Худо савганд, ки у дар хадис накуфахму хафизе мумтоз буд, савганд ба Худо, ки дар он чизе бар вай хурда мегиранд, ки у аз эшон дар он донотар буд, онон дар назди Худои аъзза ва чалл посухгуй хоханд буд, Худое, ки бар вай чи бисёр мехрубон буд».

Яхё ибни Маъинро аз вай пурсиданд, гуфт: «-Имоме аст, сака ва нашнидам, ки касе уро заиф пиндорад, бингаред, ин шуъба аст, ки барои вай ичозанома менависанд, то Хадис бигуяд ва ба вай дар ин маврид дастур хам медихад, аммо у, аз шуъба хам сабкат гирифта аст».

Ва Абуаюби Сахтиёни, низ Имом Абуханифа (р)-ро ба салоху табаххур (тааммук дар бахри маърифат, махорат, устоди), дар фикх тавсиф кард.

Дар назди Ибни Авн, бар Имом Абуханифа (р) хурда гирифтаанд, ки у имруз сухане мегуяд ва сипас фардо аз он ручуъ мекунад, дар посухашон гуфт: «-Ин худ далели вараъу зухди вай аст, зеро у аз хато ба суи савоб ручуъ мекунад ва агар вараъи вай набуд, хар оина аз хатояш дифоъ мекард ва бар мавкуфаш исрор меварзид».

Ва Хаммод ибни Язид (р) гуфт: «-Мо дар мачлиси дарси «Хадиси»-и Умар ва Ибни Динор меомадем, пас чун Абуханифа ба мулокоти вай меомад, ба суи у ру меовард ва моро во медошт, то суолотамонро аз у бипурсем, пас мо мепурсидем ва у барои мо Хадис мегуфт».

Хофиз ибни Абдулазиз ибни Абуравод (р) мегуяд: «-Хар кас дустдори Абуханифа аст, пас у сунни аст ва хар кас Абуханифаро душман медорад, пас у ба тахкик бидъати аст ва уммати Пайгамбар (с) нахохад буд!» Ва дар ривояте дигар аз вай омадааст: «-Миёни мо ва миёни мардум малок (аз асли хар чиз, инчо асли масъала ва меъёру андоза аст) амри Абуханифа аст, пас харки дустдори Абуханифа ва ахли вилояти факехии вай аст, медонем, ки у аз ахли Суннат ва чамоъат аст ва харки Абуханифаро душман бидорад, медонем, ки у аз ахли бидъат аст».

Ва Хорича ибни Мусаъар (р) гуфт: «-Абуханифа (р) дар миёни фукахо хаммонанди сутунаи охании маркази санги осиё аст ва хаммонанди наккод (пули сараро аз носара чудокунанда)-е аст, ки тиллоро аз гаш чудо месозад».

Ва Хофиз Мухаммад ибни Маймун (р) гуфт: «-Дар замони Абуханифа (р) касе донотар, пархезгортар, зохидтар ва факехтар аз вай набуд, ба Худо савганд, ки агар у сад хазор динори сурх ба ман медод, он чунон хуш надоштам, ки аз вай Хадисе бишнавам ва аз махзараш бахра барам».

Иброхим ибни Муовият Аз-Зарир (р) мегуяд: «-Дуст доштани Абуханифа мутаммим (комилкунанда, тамомкунанда)-и суннат аст. У буд, ки адолатро васф мекард ва худ низ дар кавлу амал муттасиф (дорандаи сифате) ба он буд ва у буд, ки барои мардум шохрохи илмро табйин намуда ва мушкилоти онро барояшон возех сохт».

Ва Асад ибни Хаким (р) гуфт: «-Забон бар мазаммати вай (Абуханифа) намеолояд, магар чохил ё бидъатгузоре». Ва Абусулаймон гуфт: «-Абуханифа аз аъчуба хам ачибтар буд, пас аз сухани вай касе руй бармегардонад, ки бар дарки он тавоно набошад».

Ва Абуосим (р) гуфт: «-Ба Худо, ки у (Абуханифа) наздам факехтар аз Ибни Чарех (р) аст, чашмонам марде тавонотар аз вайро дар арсаи фикх надида аст».

Ва дар мачлиси Довуди Тои, зикри вай (Абуханифа) рафт, пас гуфт: «-У ситорае аст, ки аз вай рохёб тавон шуд ва илме аст, ки дилхои муъминононро мепазирад».

Ва Шарики Кози (р) гуфт: «-Абуханифа (р) сукуте тулони, тафаккуре бисёр ва диккати назаре ачиб, дар фикх дошт, беруноварандаи масоили пинхонию зариф, дар майдони илму амал ва мунокиша буд, агар шогирдаш факир (камбагал) мебуд, уро дар моли дунё низ тавонгар масохт ва чун аз фарогирии илм фарогат меёфт, ба вай мегуфт: «-Инак ба шинохти халолу харом, ба ганойи акбар расиди!»

Ва Халиф ибни Аюуб гуфт: «-Илм, аз Худои таъоло, ба Мухаммад (с) расид ва сипас, аз эшон ба ёронашон (р) ва сипас, аз онон ба тобиъин (р) аз чумла ба Абуханифа (р) ва сипас ба ёрони Абуханифа ва пайравонаш мунтахи гардид, пас хар ки мехохад, хуш бошад, ва хар ки мехохад, нохуш бошад». (Яъне, ба имони фарди, вобаста аст, ки у хакро, яъне, рохи Имоми Аъзам Абуханифаро интихоб карда ва ё ботилро, яъне, рохи шайтонро-С.Б.Б).

Барои яке аз аима гуфтанд: «Чаро вакте номи Абуханифа бурда мешавад, уро ситоиш мегуи, аммо аз дигарон, ки бурда мешавад, чизе дар мадхашон намегуи?» Гуфт; «- Зеро, ки манзалати Имом Абуханифа (р) дар бахрахое, ки мардум аз илми вай гирифтаанд, чун манзалати дигарон паст нест. Пас аз ин чихат махсусан уро ёд мекунам, то мардум ба дуои нек, дар хаки вай мутамоил гарданд». 62-63-73. Хатиби Багдоди, аз Ибни Муборак (р) ривоят мекунад, ки гуфт: «-Окилтар аз Имом (Абуханифа) касеро дар ахди худ надидаам».

Ва аз Али ибни Осим (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «-Агар акли Абуханифаро бо акли нисфи ахли Замин вазн мекарданд, катъан акли вай бар акли онон бартари меёфт». Ва аз Махаммад ибни Абдуллохи Ансори (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «-Аклу хиради Имом Абуханифа рахамуллох дар гуфтор, кирдор, рафтор, пиндор ва дар омадан ва берун омаданаш намоён буд». (Яъне, ба хамон маъни, ки Имоми Аъзам Абуханифа рахамуллох нишонаи барчастаи инсони комил ва ормони, дар руи Замин будаанд-С.Б.Б).

Ва аз Хорича (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «-Бо хазор тан, аз уламо мулокот кардам, пас аз миёни онон се ё чахор танро дар акли комил ёфтам. Ва Имом (Абуханифа рахамуллох)-ро дар саввумин ё чахорумин нафари онон ёд кард».

Ва Абуюсуфи Яъкуб мегуяд: «-Касеро окилтар, чавонмардтар, баландхимматтар ва бомуруваттар, аз Имом Абуханифа (р) надидаам». Ва ривоят шудааст, ки рузе дар махзари Халифа Хорун Ар-Рашид (р) зикри манокиби Имом (Абуханифа рахамуллох) рафт, пас Хорунро бар эшон дил сухт ва гуфт: «-У бо чашми хиради хеш умуреро медид, ки дигарон бо чашми сари хеш онро намедиданд».

Хаммод, фарзанди Имом (Абуханифа рахамуллох) хикоят мекунад, ки: «-Падарам дар масчид нишаста буду худро бо чомааш дар печида, дар ин хангом аз сакфи масчид море бузург дар гардани вай афтод, аммо ба Худо савганд, ки у на вахшатзада шуд ва на аз чояш бархост, балки гуфт: (-Лан юсибано илло мо катабаллоху лано-Харгиз намерасад ба мо магар ончи, ки Худо ба мо мукаддар намуда аст,) пас ба дасти чапи хеш морро гирифт ва онро аз хеш дур афганд». Ва дар китоби «Салоти Масъуди» омада, ки: «-Имоми Аъзам (р) он морро ба наълайни муборакашон, ба як зарбае, ки ба сараш заданд, чон ба хак таслим кард, ки вазнаш ба чанд санги тарозу буд.

Ва Имом Абдуллох ибни Идриси Шофеъи (р) мефармоянд: «-Занон аз тавлиди марде, окилтар аз Абуханифа, ба по нахестаанд». Ва Бакр ибни Хубайш (р) мегуяд: «-Агар акли вай (яъне, Абуханифа рахамуллох) ва акли ахли замонашро хама якчо кунанд, бе гумон акли вай бар акли хамагишон бартарии том меёбад». 62-92-93.

Асхоби манокиб, дар караму саховати Имом (Абуханифа рахамуллох) иттифоки назар доранд. Зеро ба дурусти накл гардида, ки он Имом (Абуханифа) рахамуллох сахитарин, чавонмардтарин кас, бо хамнавъону хамсоягон ва алалхусус бо ёрону хамнишинони хеш буд. То бад он чо, ки эшон касеро, ки мухточи никох мебуд, зан медоданд ва тамоми махоричи (харч) онро мепардохтанд ва пайваста барои хар як, аз ёрони хеш, ба кадри манзалату чойгохи он хадя ва тухфа мефиристоданд.

Ва бар тани яке аз хамнишинони хеш чомаи кухнаву фарсуда диданд, пас ба вай гуфтанд: «-Маро ба ту хочате аст, дарин чо биншин то мардум мутафаррик (пароканда) шаванд». Пас чун ахли мачлис бархостанд, Имоми Аъзам (Абуханифа рахамуллох) барояш гуфт: «-Он чиро, ки дар зери он чойнамоз аст, бигир ва ба он чомаи ороста мухайё кун ва сару сомон бигир, ки Ислом иффат ва озодагиро мехохад». Мард маблагеро, ки дар зери чойнамоз буд, бардошт ва бо камоли таачуб дид, ки он маблаг, як хазор дирхам аст.

Абуюсуфи Яъкуб (р) мегуяд: «-Имом (Абуханифа рахамуллох), дар хеч хочате ба ёри фарохонда намебуд, магар ин ки он хочатро раво месохт ва он гох, ки Хаммод, ягона фарзандаш сураи «Фотиха» (Алхамд)-ро хатм кард, ба муаллими вай понсад дирхам ва ба кавле нухсад дирхам ва ба кавле хазор дирхам хадя, ба сифати хаккузахми у фиристод, муаллим гуфт: «-Охир ман чи кор кардам, ки ин маблаги бузург бароям фиристода мешавад? Пас Имом (Абуханифа рахамуллох) вайро фарохонда ва аз вай узрхохи намуд ва фармуд: «-Ончиро, ки ба фарзандам омухтаи, хакир машмор! Ба Худо савганд, ки агар ба мо бештар аз ин хам мебуд, барои таъзими Куръони Карим онро ба Шумо эхдо мекардем».

Имом (Абуханифа рахамуллох) одат дошт, ки фоидаи молут-тичораро, ки аз Куфа, ба Багдод мефиристоданд, сол ба сол чамъовари мекард ва бо он хавоичи асотиди мухаддис аз кабили хуроку пушок ва гайраро харидори менамуданд ва сипас бокимондаи он пулро низ ба он шуюх (шайххо ва устодони бузурги илму маърифат, муфассирон, мухаддисон ва мубаллигону мучтахиддини гироми-С.Б.Б)-и гироми (р) эхдо мекарданд ва мефармуданд (Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа разиаллох): «-Ин маблагро дар ховаич (хочат)-и хеш ба масраф расонед ва чуз Худои мутаъол, касе дигарро ситоиш нагуед, зеро, ки ман аз моли худам ба Шумо надодаам, балки ин самараи фазли Илохи аст, ки онро бар дасти ман чори мегардонад».

Ва Вакиъ (р) мегуяд: – Абуханифа (р) бароям гуфт: «-Чихил сол аст, ки маблаге беш аз чахор дирхамро молик (яъне, сохиби) нагардидаам, магар  инки  онро  дар  рохи Худо (чалла чалолаху) инфок (нафака) кардам».

Далел инки агар Имом (Абуханифа рахамуллох) маблаги чахор хазор дирхамро назди худ нигох медоштанд, ин сухани Али карамаллоху вачха буд, ки фармуд: «Чахор хазор дирхам нафакаи шахс аст». Ба хамин чихат Имом (Абуханифа рахамуллох) фармуд: «-Ва агар наметарсидам, ки ба ин гурух… (манзури эшон хокимони чохил ва инсонхои уммушайтон буд) мухточ мегардам, ки хатто як дирхамро назди худ нигох намедоштам».

Ва Фазил (р), ки яке аз аимаи дигари ахли зухду ирфон аст, мегуяд: «-Абуханифа рахамуллох, ба бисёрии фазлу карам, киллати калом ва тачлилу эхтироми илму ахли илм басо маъруф буд».

Ва уламову аимаи (имомон) дин, дар тавсифи Имом (Абуханифа) рахамуллох мегуфтанд: «-У зиннати Худои мутаъол аст, бо илму амал ва сахову базли худ ва ахлоки «Куръони»-и хеш».

Мусаъар (р) мегуяд: «-Харгиз барои худ (Имом Абуханифа рахамуллох) ва ахли байташ чома ё мева ё чизи дигаре намехарид, магар ин ки кабл аз он, барои асотиду уламо, монанди онро харидори ва баъд нафакаи ахли хонаи худро мепардохт».

Ва Абуюсуфи Кози (р) мегуяд: «-Аз ин ки дар баробари хадоёи (хадяхо) вай сипосгузори шавад, гамгин мешуд ва мегуфт: «-Сипос Хак таъолоро бинамоед, зеро он чи аз дасти ман дарёфт кардед, ризке буд, ки Худои таъоло ба суи Шумо фиристод». Ва хам Абуюсуф, (р) мегуяд: «-Бист сол, тамоми махоричи ман (Имом Абуюсуфи Яъкуб шогирди Имом Абуханифа рахамуллох буд-С.Б.Б) ва афроди тахти такаффул (ухдадории умури марбут ба касе, ки аз назари конуни эхтиёч ба кафил дорад, чамъи кафил-С.Б.Б)-и манро мепардохт ва чун ба вай мегуфтам: – Чаводтар (чавонмарди, бахшишу карам) аз Шумо касеро надидаам!

Мегуфт: «-Чи гуна аст, агар чуд (бахшиш, саховатманди)-у сахои устодам Хаммод ибни Абусулаймони факехро бубини, ки чомеътар аз вай рахамуллох, дар хислатхои писандида, хеч касеро надидаам? 62-84-87.

Хорунаррашид, ки аз баёни хасоили басо некуи Имоми Аъзам Абуханифа (р) сахт дар тааччуб ва тааммул фуру рафта буд, сар бардошт ва гуфт: «-Бешак, ки ин ахлок ахлоки некону солехон аст». 62-127.

Имоми Аъзам Абуханифа (р), чуноне, ки каблан зикр шуд, аз чумлаи тобиъини гироми хастанд ва эшон «Чамоате аз сахоба ризвоналлоху алайхимро дидаанд ва ин имтиёзе аст бузург, чи дар Хадиси сахех, аз чандин тарик ривоят шуда аст, ки Расулуллох (с) фармудаанд:

«-Хушо ба холи он кас, ки маро дид. Ва хушо ба холи он кас, ки дид он касро, ки маро дида аст ва хушо ба холи он кас, ки дид онкасро, ки дида аст онкасро, ки маро дидааст».

Ва аз чумлаи ин сифат, яке ин аст, ки Имоми Аъзам (Абуханифа рахамуллох) дар карни Расулуллох (с) мутаваллид гардидаанд ва ин низ имтиёзе аст бузург, чи аз тарики бисёри, аз он Хазрат (с) ривоят шуда аст, ки фармудаанд: «-Бехтарин мардум, мардуми карни мананд, сипас ононе, ки ба дунболи эшон меоянд, баъд аз он ононе, ки ба дунбол-дунболи эшон меоянд».

Ва дар ривояте дигар аз Имом Муслим (р) омада аст, ки он Хазрат (с) фармудаанд: «-Бехтарин мардум, мардуми карнеанд, ки ман дар онам, сипас карни дуввум, сипас карни саввум». 62-61-62.

Ва аз чумлаи ин сифат, яке ин аст, ки Имом (Абуханифа рахамуллох) дар асри тобиъин ичтиход намуд ва фатвои илми хак дод, балки он гох, ки Аъмаш (р) озими «Хач» буд, ба суи вай кас фиристод, то маносики (усул ва одоби ибодат ва зиёрати хачро барояш бинависад ва мегуфт (Аъмаш рахамуллох): «-Маносик (ибодатхо; аъмоле, ки дар хангоми хач анчом медиханд монанди эхром бастан тавофи Каъба; давидан байни Савофу Марва, икомат дар Арафот, санг ба шайтон задан, курбони, зиёрати равзаи мубораки Расули акрам саломуллоху алайх ва гайра-С.Б.Б)-ро ба таври сахех, аз Абуханифа бинависед, зеро ман касеро аз вай донотар, ба фарзу нафл ва вочиботи маносик ва мустахабот намедонам».

Пас бингаред, ба хамчун шаходате барои вай аз Имоме фозил ба пояи Аъмаш Рахамуллоху алайх.

Ва аз чумлаи ин хусусиёти мазкур, ривояти бузургон ва асотиди он Имом (Абуханифа) рахамуллох ва гайри эшон, аз пешиниён ва пешкасватон мусаллам, арсаи илму ирфон, аз эшон аст, хамчун Умар ва Ибни Динор (Молик, Аъмаш, Иброхими Адхам, Иброхими Нахъи, Мусаъар (ё Мисъар), Довуди Тои, Хаммоди Факех Ибни Абусулаймон, Ибни Муборак, Суфёни Саври, Фазил, Имом Чаъфари Содик разиаллох, ва гайра) ва чи фазле бузургтар аз ин аст, ки устод (Абуханифа рахамуллох басо хоксорона), барои шогирдаш, шогирди намояд.

Ва аз чумлаи ин хусусиёт, бисёрии ёрони эшон аст, ки ин хусусият насиби касе баъд аз эшон нашуда аст, чунон ки гузашт. Марде назди Вакиъ (р) гуфт:

– Абуханифа хато кардааст.

Пас Вакиъ (р) бар вай бонг зад ва гуфт:

 «-Сокит! Ки гуяндаи чунин суханон монанди чахорпоён аст, балки у аз чахорпоён хам гумрохтар мебошад, чи гуна Абуханифа (р) хато мекунад ва дар назди вай аимаи бузург чун Имом Молик (р), Абуюсуф ва Имом Мухаммад (р) дар фикх, Абдуллох ибни Муборак (р), Суфиёни Саври (р) ва гайра … (аз онон ба ном ёд кард) дар Хадис ва аимае чун Иброхими Адхам (р), Аъмаш (р) ва фалону фалон… (аз онон ба ном ёд бурд) дар забон ва адабиёти Араб ва аимаи зухду вараъ, чун боз Абдуллох ибни Муборак (р), Фазил (р), Довуди Тои, Имом Чаъфари Содик (р) ва боз Аъмаш, Иброхими Адхам ва гайра вучуд дорад, ва хар кас ёроне хамчун ин гурух дошта бошад, мумкин нест, ки хато кунад, зеро агар у ба хато равад (уммати паёмбар салъам, ба мушкилихо ру ба ру мешуд), онон вайро ба хак мегардонанд.

Ва аз чумлаи ин хусусиёт он аст, ки Имом Абуханифа (р) аввалин касе буд, ки илми фикхро тадвин ва онро ба абвобу кутуб ва фусулу бахшхо тартиб кард ва муназзам сохт ва такмил дод, бар ин нахве, ки мо имруз мулохиза мекунем, ба таври як ба як Имом Молик рахамуллох, дар «Муатто»-и хеш, аз вай табъият кард, дар хеле, ки аимаи кабл аз Имом (Абуханифа) рахамуллох факат бар хофизаи хеш, ба таври шифохи муттаки буданд.

Ва низ Имом (Абуханифа рахамуллох) аввалин касе аст, ки дар таърихи Ислом китоби фароиз, китоби акоид ва китоби шурут (аз шарт; яъне, карор, паймон, ахд, амр ва кавле лозима-С.Б.Б)-ро вазъ кард.

Ва аз чумлаи ин хусусиёт, интишор (пахн гардидан, нашр кардан, густариш)-и мазхаби Имоми Хумом Абуханифа (р) аст, дар каламравхое, ки чуз мазхаби ханафи (мазхаби Имоми Аъзам разиаллох), дигар мазхабе дар онхо нест, чун каламравхои Хинду Синд, Чин, Рум, Афгонистон, Покистон, Мовароуннахр (хамчунин чамохири кунунии тоторзабон ва туркигуи кишвари Русияи бузург).

Ва аз чумлаи ин хусусиёт, ки инфок (нафака додан)-и Имом Абуханифа рахамуллох буд, бар худ ва бар уламои дигар, аз махсули дастранчи хеш ва инки у хеч хадя ва чойиза ва мукофотро напазируфт.

Ва аз чумлаи ин хусусиёт, марги мазлумона (бале, Имоми Аъзам Абуханифа разиаллох чун Исои Масех саломуллох, ва чун Хазрати Усмон (р), Хазрати Али (ъ-с), Хазрати Имом Хасан ва Хазрати Имом Хусайн (ъ-с), 76-тан шахидони поки дашти Карбало, Шайх Мансури Халлоч (р), ва дигар инсонхои комил мавриди озмоиши Хак таъоло карор гирифта буд, ки басо шучоатмандона ва басо мачнуну шайдо ва масту махмур, аз чамоли Хак субхонаху ва таъоло дунёи пурфитнаи инсониро тарк гуфт ва бо амри Худованди чалла чалолаху рухи   мубораки у суи бихишти анбарсиришт ба аъло ъилиййин парвози пуравч кард. (Сайид Бурхониддини Бузургмехр) Имом Абуханифа (р) буд, ки аз чавру ситам ва азобу шиканчахо ва зарби даррахои хуношоми Халифа Мансури чохил, дар зиндони Багдод-маркази хилофати Аббосиён, ба шаходат расид, басо мардона!

Албатта ин сифот ва хусусиёт, мазид (афзуни, зиёди) бар хамаи авсофи мумтози дигаре чун: касрат (бисёри, фаровони)-и ибодат, касрати Хачу умра, зухду вараъ, хорикуллоддаи эшон аст, ки ба тавотур (пай дар пай), ба исбот расидааст… 62-61-63.

…Ва Фазил (р) гуфт: «-Имом Абуханифа (р) шахсияте бо хайбат (салавотбаланд) ва муваккар (матин) дошт, чуз дар чавоби суоли дигарон сухан намегуфт ва дар ончи, ки муфид ва фоида набуд фурурави намекард ва на хам ба суханони бехуда гуш фаро медод» (бале, фурутани, мехрубони, пуртавозуъ будан ва порсои хоси мардуми ориёист ва Имом Абуханифа (р), ки форсист, яъне, аз точикзабонони Кобул буданд, пуртаквову хомуш буданд ва хар нафаси мубораки худро ганимат дониста, бештар, ба зухду вараъ машгулият доштанд ва бехтарин авкоти эшон кашфи масоили шаръи ва адову ичрои фарзи коим ва фарзи доим будааст-С.Б.Б).

Касе аз Имом Абуханифа (р) пурсид, ки кадом як аз ин ду Имом бехтаранд, Алкама (р) ё Асвад (р)? Фармуд: «-Ба Худо мартабатам беш аз ин нест, ки эшонро чуз ба дуо ва талаби омурзишу бузурги ёд кунам, пас чи гуна метавонам якеро бар дигаре бартари дихам?»

Ва Ибни Муборак (р) барои Суфёни Саври (р) гуфт: «-Чи кадар Абуханифа аз гайбат дур аст, харгиз надидаам, ки гайбати душмани худро бикунад!»

Абусуфёни Саври (р) дар посухи вай гуфт: «-Ба Худо, ки у окилтар аз он аст, ки бар савобхо ва хасаноти хеш чизеро мусаллат созад, ки онро пок аз миён бардорад, у чи сон бо гайбати дигарон савобхояшро барбод медихад?»

Шарик (р) мегуяд: «Абуханифа (р) сукуте сангин ва тулони ва хираду факохате бисёр васеъ дошт, бо мардум у бисёр кам ба мучодала мепардохт ва бо онон бисёр кам сухан мегуфт». (Бале, ба истиснои он лахазоте, ки бояд тири хак ба суи ботил задан вочиб бошад-С.Б.Б).

Ва шахсе бар Имом Абуханифа (р) гуфт:-Бадхохонат дар пушти сарат суханатро мегуянд, аммо ту дар бораи ахаде лаб ба сухан тар намекуни? Имом Абуханифа (р) фармуд: «-Ин фазли Илохи аст, ки бар хар кас бихохад, мебахшояд».

Ва Бакир ибни Маъруф гуфт: «-Хеч мардеро дар уммати Хазрати Мухаммад (с), некусираттар ва пурзухду такводортар ва фозилу хирадмандтар, аз Абуханифа надидам, ки надидам».

Ва Маккии ибни Иброхим (р) мегуяд: «-Бо ахолии Куфа мучоласат ва муонасат кардам, аммо дар миёни онон касеро пархезгортар, аз Имоми Аъзам Абуханифа надидам».

Сахл ибни Мазохим мегуяд: «-Андар манзили Имом Абуханифа, ба махзари вай меомадем, аммо дар он чуз бурёфарш дигаре намедидем».

Хасан ибни Солех (р) мегуяд: «-Имом Абуханифа (р) дар вараъу такво сахт пешрав буд, аз харом ва олуда шудан, ба он сахт тарсон буд, бисёри, аз халолхоро аз тарси шубханок будани онхо фуруъ мегузошт, факахеро худотарсу нигахбонтар, аз вай дар посдори, аз нафс ва илмаш надидаам, ба Хак, ки чиходу пайкори вай, хама барои ободонии охираташ буд».

Ва Язид ибни Хорун (р) мегуяд: «-Аз хазор шайх (устод) тахсили илм карда ва матлабу ривоят ва Хадис навиштаам, аммо дар миёни ин хазор тан шайх, пархезгортару забоннигохдортар ва мухаддистар аз Имоми Аъзам Абуханифа надидаам». 62-82-91.

Устод Абулкосим Кушайри, дар рисолаи маъруфи худ, ки бузургтарин китоби сарварони мо ахли тасаввуф каддасаллох арвохухум хаст, дар боби «такво» мегуяд: «-Абуханифа (р) дар сояи дарахти карздораш наменишаст ва мегуфт: «-Хар карзе, ки мункатеъро ба суи худ чалб кунад, пас он карз рибоъ аст».

Ва изофа мекард: «-Аммо ман, ин амали худро бар мардум вочиб намедонам, лекин олим бояд барои худаш, аз амалаш, бештар аз хадде, ки халкро ба суи он даъват мекунад, баргирад».62-82-91.

Вакиъ (р) мегуяд: «-Абуханифа амонатдори бузург буд». Абунаъим ва Фазил (р) низ гуфтаанд: «-Абуханифа (р) накудиёнат буд ва басо азимуламонат». 62-82-91.

… Ва аз фаросату тезбинии Имом Абуханифа (р) гуфтаанд, ки: – У зиёда пешгуи, аз вокеоте мекард, баъдан он вокеот ба ростии кавли Имоми Аъзам Абуханифа (р) амали мешуданд, яъне у саропо валии сохибкаромот буд.

Аз чумлаи осори ин фаросот, пешгуихои Имом Абуханифа (р) дар хакки чамъе аз ёронашон буд, ки хама чунон, ки гуфта буданд, рунамо гардид. Ва Имом Зуфар ибни Хузайл ва Довуди Тои, аз он чамъ буданд. Зеро Имом Абуханифа (р), барои Довуди Тои гуфт: « -Ту худро барои ибодати Хак вакф мекуни». Ва чунон шуд, ки у аз аимаи суфиёни замон гардид.

Ва аз он чумла буд Абуюсуфи Яъкуб (р), ки Имом Абуханифа (р) ба вай гуфт: «-Ту ба дунё гароиш меёби!» Ва чунон шуд, ки Имом (р) фармуда буд… 62-82-91.

Имоми Аъзам (р) басо заковатманд ва хозирчавоб будаанд. Аз ин боб аст, суоли марде аз бадхохони Имом Абуханифа (р), аз эшон, ки гуфт: – Чи мегуи дар бораи шахсе, ки орзу надорад бихиштро ва наметарсад аз оташи дузах ва наметарсад аз Худои таъоло ва хурад гушти худмурдаро ва намоз мехонад, бидуни рукуъу сачда ва гувохи медихад ба он чи, ки онро надидааст ва аз хак нафрат дорад ва фитнаро дуст медорад ва аз рахмат мегурезад ва яхуду насориро тасдик мекунад?

Имоми Аъзам Абуханифа (р) фармуд: «-Оё ту аз шахси муайяне мепурси, ки бар ахволи он огохи дори?»

Он мард гуфт: – Хайр! Фарди хосе мавриди назарам нест, лекин аз чунин кас навъе дар олам бадтар наёфтам, лочарам туро аз он пурсидам.

Имом Абуханифа (р) ба ёронаш ру кард ва гуфт: «-Дар бораи чунин шахсе чи мегуед?»

Ёрон гуфтанд: – Ин чунин шахсе – бадтарин фарди олам аст, зеро ин сифат, сифоти куффор мебошад.

Пас Имом Абуханифа (р) табассум намудаву хитобан ба он мард фармуд:

«-Ин шахсе, ки ту бо ин авсоф (сифат) аз он ёд карди, аз авлиёи бархаки Худои таъоло аст». Сипас илова намуд:

«-Агар бар оят собит кунам, ки шахси мавриди назари ту валии Худои таъоло аст, оё забонатро аз бадгуиям нигах медори ва киромалкотибинро аз ин дар захмати он чизе намеандози, ки саранчом зиёну вуболи он саранчом мар турост?!

Мард гуфт: – Оре!

Пас Имоми Хумом Абуханифа (р) фармуд: «-Он шахс орзуи Бихиштро надорад, аз он ру, ки орзуи Парвардигори субхон Бихиштро дорад; аз Дузах наметарсад, чун аз Парвардигори яктову кодир дузах метарсад ва аз Худои мутаъол наметарсад, ки дар адолату салтанати мутлакаи хеш бар вай ситам намояд, яъне, аз ситами Худои таъоло наметарсад ва гушти мохии худмурдаро мехурад, чунки халол аст ва тайиб (покиза, тохир) ва намозро бидуни рукуъу сачда мехонад, он гох, ки намози чанозаро мехонад, ё мурод ба салот, дуруди шариф аст, ки бар Паёмбари гироми (с) дуруд ва салавот мефиристад.

Ва маънии ин ки гувохи медихад, ба он чи ки намебинад, низ рушан аст, зеро у ба вучуд ва ягонагии Худо ва рисолати Хазрати Мухаммад (с) гувохи медихад, дар холе, ки хеч як аз онхоро надидааст. Ва аз хак нафрат дорад, бале! Аз марг, ки хак аст, нафрат дорад, то итоати Худои мутаъолро бинамояд. Ва фитнаро дуст медорад, ки мол ва фарзанд, аст ва аз рахмат мегурезад, ки борон аст, то уро хис (тар) накунад ва яхуду насрониро тасдик мекунад, дар ин гуфтаи эшон (худи онхо), ки: «-Лайсат-ан-яхуд ъало шайин» (яъне, яхуд бар чизе нестанд) ва насороро тасдик мекунад, дар ин гуфтаи эшон, ки: «-Лайсат-ал-насоро, ъало шайин» (яъне: «Насоро бар чизе нестанд». «Дар ин чо буд, ки мард аз посуххои сокиткунанда ва дандоншикани валиюллох Имоми Аъзам Абуханифа (р) мабхут монд ва гуфт: «-Ман ба дурусти гувохи медихам, ки ту (Абуханифа) бар чодаи Хак ва хакикат равони, маро маъзур дор… /62-82-91.

… Зане назди Имом Абуханифа (р) омад ва гуфт: «-Бародарам ба рахмати Хак пайваст ва шашсад динор аз худаш ба чо гузошт, аммо аз хамаи ин маблаг, факат як динор ба ман расид».

Имом Абуханифа (р) фармуд: «-Ирсия (мерос, моли тарака, ки таракааш фарз аст)-и шуморо чи касе таксим кард?! Зан гуфт: «-Довуди Тои».

Имом Абуханифа (р) фармуд: «-Хамчунон аст, ки у таксим кардааст! Оё магар аз бародарат, модаре ва ду духтару як хамсару дувоздах бародару як хохар, намондааст?». Зан гуфт: «-Оре! Чунин аст». Пас Имоми Аъзам Абуханифа (р) фармуд: «-Хуб! Таксими ирсияи (мерос) Шумо хамчунон аст, ки Довуди Тои таксим кардааст». 62-104.

… Паррандаи Товусеро аз хамсояи Имом Абуханифа (р) дуздида буданд, хамсоя назди эшон аз ин вокеа шикоят бурд. Имом Абуханифа (р) фармуд: «-Алъон ором бигир, то ман чора биандешам. Пас чун бомдод мардум ба масчид гирд омаданд, Имом Абуханифа (р) хитоб ба онон фармуд: – Оё хаё намекунад, он кас, ки товуси хамсояашро медуздад ва боз ба намоз меояд, дар холе, ки асари пари он товус дар сараш хувайдо аст?! Дар ин асно дузди товус саросема даст бар сар кашид, ки ин холати нангинро хама диданд ва бад-ин гуна он дузд худашро ба заковати Имоми Аъзам (р) намоён сохт. Пас Имом Абуханифа ба у гуфт: «-Окои азиз! Бирав ва товуси он мардро ба у дех!» Пас он мард нихоят хичил ва шармсор шуд ва аз кардаи худ сад пушаймон гардид ва паррандаро ба сохиби он баргардонд. 62-115.

… Аъмаш рахамуллох марде дилгир буд, аз он ру, ки табъе тунд дошт. Пас яке аз качхулкихои вай сахт барояш мушкилсоз шуд, зеро бар талоки занаш савганд ёд кард, агар чунон чи уро занаш аз тамом шудани орд хабар дихад, ё ин амрро ба у таи навиштае баён кунад ё биогохонад, ё пайке бад ин пайгом барояш бифиристад, ё ин амрро ба касе дигар ба миён гузорад, то у онро ба гуши вай бирасонад, ё хатто ин амрро бо ишора матрах созад (яъне, чамъ, бо хат, бо лафз ва ишорате, ки ба у занаш ё касе ру ба ру бифахмонад-С.Б.Б). Биноан бечора зани Аъмаш (р), дар ин амри шавхари густохи худ мутахайир монд, ки чи кунад? Пас касе ба вай машварат дод, ки чораи ин мушкилот назди Абуханифа (р) аст. У ба назди Имом Абуханифа (р) омад ва мочароро ба эшон бозгуфт.

Имом Абуханифа (р) фармуд: «-Чун киса (халта)-и орд тамом шуд, онро дар хангоме, ки Аъмаш ба хоб андар аст, бо чомааш махкам гирех зан, пас чун бедор шавад, онро мебинад ва аз тамом шудани орд, дар хона иттилоъ меёбад».

Зани Аъмаш чунин кард, ки Имоми Аъзам (р) фармуда буд. Аъмаш, ки бедор шуд ва ин гуна худро гофилгир дид, дод зад ва гуфт:

– Ба Худо, ки ин аз хилахои Абуханифа аст. Чи гуна мо комёб мешавем, то у зинда бошад?! У моро дар миёни занонамон расво мекунад, зеро нотавони ва гумрохии моро ва бадчахливу беандешаги ва соддагии моро ба эшон менамоёнад!! (Ин буд, ки Аъмаш (р) дигар дар зиндагии хеш сари ин масъалахо барнагашт, аз баракати заковати Имом Абуханифа рахамуллох-С.Б.Б).

… Марде дар замони Имом Абуханифа (р) даъвии паёмбари кард ва ба мардум гуфт: – Муддате ба ман мухлат дихед, то нишоне биёварам. Имом Абуханифа (р) фармуд:

«Хар кас аз вай талаби нишона намояд, кофир мешавад, зеро дар холате аз вай талаби нишона намудааст, ки такзибкунандаи ин фармудаи Расули бархаки Худо (с) аст: «Ло набийя баъди» (яъне: – Баъд аз ман паёмбаре нест»!) (Дар зимни ин хадиси шарифи набави салъам, як чиро ёдрас намудан зарур ва фарз аст, дарч намоем, ки худро бардуруг «паямбар» хондани Бахоуллох, яъне, Мирзо Хусайн Алии Нури (1817-1892) ва маслаки таъсиснамудааш-«Бахоия»-ро, ойини бахоия эълон доштанаш хам, назди мо афсонае беш нест. Бахоия афкори фалсафии дуздидашудаест, аз уламо ва хакимони пешин, ки орзуи адолатхохи доштанд. Агар бахоиён, бо дидаи бедор: ба Исломи мубин назар намоянд, ба дурусти хоханд дарк кард, ки пешвояшон, барояшон ягон чизи наве нагуфтааст ва хар муроде, ки доранд, аз Ислом онро метавон дарёфт, ки Ислом ойини одамият ва башардустист. Пас хеч зарурате ба гумрохсозии мардум нест. Бахоия махсули «магзи айёрона»-и чосусони пешини инглисист, барои мутафаррик сохтани мусалмонони олам-С.Б.Б).

… Ва дар Мадина бо Мухаммад ибни Хасан ибни Али разиаллоху анхум мулокот намуд (Имом Абуханифа рахамуллох). Мухаммад ибни Хасан (р) ба Имом фармуд:

«-Оё шумоед, ки бо амал ба киёс (далели акли), бо аходиси чаддам Расулуллох саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам мухолифат меварзед?!» Имом Абуханифа (р) фармуд: – Панох металабам ба Худои ъазза ва чалл, аз чунин амре. Биншин, ки туро хурмате аст бузург, хам монанди хурмати Чаддат (с), ки бартарин дурудхову саломхо бар вай (с) бод»! Пас Мухаммад ибн-Ал-Хасан (р) нишаст ва Абуханифа (р) дар пеши руяш ба адаб зону зад.

Ва он гох аз Мухаммад ибн-Ал-Хасан (р) пурсид: – Бифармоед, ки мард заифтар аст, ё зан? Мухаммад разиаллоху анхум гуфт: – Зан заифтар аст. Сипас пурсид: – Сахми зан аз мерос чи кадар аст? Мухаммад (р) гуфт: – Нисфи сахми мард. Пас Имом Абуханифа (р) гуфт: – Агар меъёр назди ман киёс (далели акли) мебуд, бояд хукмро мункалиб (ки аз сурат ва холе ба сурат ва холе дигар дар-омада ва дигаргун шуда) месохтам ва мегуфтам, ки сахми зан ду баробари сахми мард аст. Он гох аз Мухаммад ибн-Ал-Хасан (р) пурсид: – Намоз фазли бештаре дорад, ё руза?

Мухаммад ибн-Ал Хасан (р) гуфт: – Намоз. Пас Имом Абуханифа (р) гуфт: Агар киёс меъёри хукми ман мебуд, бояд зани хойиз (бе намоз, зани узрдида)-ро ба казо овардани намоз дастур медодам, на ба  казо овардани руза. Сипас аз Мухаммад ибн-Ал-Хасан (р) пурсид: – Оё бавл начас аст, ё мани? Мухаммад ибн-Ал-Хасан (р) гуфт:- Бавл.

Абуханифа (р) гуфт: – Агар киёс меъёри хукми ман мебуд, бояд гуслро аз бавл вочиб медонистам, на аз оби мани. Маозаллох, аз ин ки хукм ба Хадиси Расули Худо (с)-ро фуру гузорам, балки ман ходими аходиси Расули Худо (с) ва камтарин гуломи ин боргохам. Пас он гох Мухаммад ибн-Ал-Хасан (р) бархост ва рухсори Абуханифа (р)-ро бусид… 62-118.

Чун сухан ин чо аз боби чи гуна ба аходиси Набави (с) пайрави ва амал кардани Имоми Аъзам Абуханифа (р) рафт, зарур мешуморем, ки чанд харфе, дар санади эшон (яъне, Имом Абуханифа (р), дар илми хадис ва амали он аз чониби эшон гуфта бошем, ки шоир гуфтааст: «Хар сухан чоеву хар нукта макоме дорад» (С.Б.Б).

Чуноне, ки гуфтем, Имом Абуханифа (р) аз махзари чахор хазор (!) шайх, аз аима (имомон)-и тобиъин (сахобаи киромро дарёфта) ва гайри эшон ахаз (зиёд истифода кардан)-и Хадис намудаанд.

Ва ба хамин далел, Захаби (р) ва гайри он Имом Абуханифа (р)-ро дар табакоти хиффоз (мурокиб, нигохбон, махфуз-доранда)-и мухаддисин баршумурда намудаанд. 62-139.

Ва бояд гуфт, ки дар илми кироати Куръони карим, низ эшон (Имом Абуханифа (р) устоди доштаанд ва аз хурдсоли, сабки кироат ва тачвиду тартили Каломуллохро хуб омухтаанд ва овози хуше доштаанд ва хам Куръони Мачидро пурра хифз намудаанд, ки дар Ислом чунин фардони бедордил ва бедормагзу покниход ва муваххидро кории мураттаб мегуянд, ки Куръон дар калби у асту хикмати волои Илохи, дар сари муборак (С.Б.Б).

Ривояти ворида, аз тарики мутааддид хоки аст, ки Имом Абуханифа (р) илми кироатро аз Осим, ки яке аз карро (хушхон кори, ки Куръонро неку мехонад)-и сабъа (хафтгона) аст, омухтаанд. 62-138.

Ва хар кас пиндоштааст, ки Имом Абуханифа (р), ба Хадис камеътибор будаанд, ё дар тахкик перомуни ин амр сахлангор буда ва ё, ки хасад бар чони вай рахна афканда, зеро бо иноят, ба ин ки Имом Абуханифа (р) аввалин касе будаанд, ки бо риояти тамом усул ва завобит, аз далоили шаръи, истинботи ахком намудаанд (ки то ба Абуханифа (р) ягон мучтахиди сарсупурдае набуд, ки бо ин тарзу усул аз ахкоми Илохи, аходиси набави салъам ва аз далоили шаръи истифода кунад ва бе муболига эшон асосгузори вокеи ва мухаддиси мушикофеанд, дар таърихи Испом ва таърихи баёни илму ахкоми шаръи, ки бинои фикхро, яъне, Кохи човидонии адолати Илохиро бар асоси Оёти шарифу аходиси Набави салъам, тармим ва устувор сохтаанд, ки тамоми фукахову аимаи баъди у рахамуллох мухассилини мактаби Абуханифа рахамуллох, яъне, ниёзмандони ин Кохи адли Илохианд, ки муассисаш хамоно Имоми Аъзам Абуханифа (р) аст ва дигарон хама резахури хони Абуханифаи ориёии «Имонро», ба гуфтаи Расули акрам саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам: «аз Сурайё ба чанг оваранда» мебошанд. Агар ба хакикати хол коил бишавем возехтар ин аст, ки муассисини мазохиби дигар, хама ба чумлаги, шогирди шигирдони басо фозили Имом Абуханифаанд ва ин мазохиб шаклхои табдил ва тагйирдодашудаи мазхаби Сирочи умам – Имоми Аъзам Абуханифа (р) мебошанд. Мазхаби Имоми Аъзам (р) беназир мазхабест, ки дар он одоби пурраи тоату ибодат, яъне, ахкоми Илохи ва Суннати пири шариат ва пешвову Мавлои уммат – Хазрати Мухаммад (с) фарзу вочиб аст ва хар сухани бевазне, ки нисбати Имом Абуханифа (р) ва мазхаби у гуфта мешавад, хама аз руи хасад ва хамоно нажодпарасти ва курдили аст, ки ин тарзи рафтору кирдор ва муносибат бо пешвоёни дин, хеле хандаовар аст ва Исломи мубин, ки Паёмбараш – хабиби Худо Мухаммади Мустафо саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам аст, тафрикаандозонро дуст надорад, бояд, ки «Муъмин, бародари муъмин» бошанд, зеро ки рохи хамаи мо ба суи Аллох аст-С.Б.Б), ки ин хакикат дар кутуби ёронашон (р) маъруфу машхуд аст – пас чи гуна аз факехе ин чунин, истинботи ахкому масоили -бешумори шаръи, мутасаввури макдур  будааст?!

Ва бояд гуфт, ки ба чихати иштиголи Имом Абуханифа (р), ба ин амри авлову ахамм (сазовору ахамиятнок), аходиси Имоми Аъзам Абуханифа (р), дар хорич зохир нагардида аст, чунонки Хазрати Абубакри Сиддику Умар Ал-Форук разиаллоху анхумо ба далели иштигол, ба мусолихи оммаи муслимин, ба андозаи дигар асхоб мачоли ривояти Аходисро наёфтаанд, ба тавре, ки мулохиза мекунем, хатто сахобаи ба маротиб поинтар аз Эшон ризвонуллоху ъалайхим, аз онон, дар ривояти Хадиси шариф сабак гирифтаанд. Хамин гуна Молик (р) ва Шофеъи (р), низ дар ривояти Хадис хамон майдонеро паймуда натавонистаанд, ки мутафарригон, дар амри ривоят, хамчун Абузаръа (р) ва Ибни Муъин (р) паймудаанд, биноан Аходиси зиёде аз Молик (р) ва Шофеъи (р) хам ривоят нашуда аст, ба таври мушаххас, чи онон чумлаги, машгули амри мухимтаре будаанд, ки хамоно истинбот (истихроч ва дарёфти маъни ва мафхум)-и ахком буда аст».

Биноан аимае чун Абуханифа (р), Молик (р) ва Шофеъи (р), аз сикот (муътамадон)-и аимаи Хадис ба шумор мераванд, лекин фаркашон бо аимаи хиффозу дигар дар ин аст, ки инон Аходисро дар коргохи истинботу корхонаи ичтиход афкандаву аз онхо хазорон хукму масъалаи шаръиро истинбот кардаанд, ки имруз мадори амали шаръии муслимин аст, дар холе, ки аимаи Хадис, факат Аходисро чамъ ва тадвин (ва таблигу интишор) намудаанд, ки гарчи ин низ дар чойгохи худ мухим аст, лекин зикри ин нукта холи, «аз фоида нест, ки кисрат (фаровони)-и ривояте бидуни дароят (дарёфт, огохи, донои) аз назари бархе аз аимаи бузург, дархури ситоиш намебошад,  балки хатто Ибни Абдулбарр боберо дар замми он мунъакид намуда ва сипас гуфтааст: «-Фукахои чамоати муслимин бар онанд ки ифрот дар ривояти Аходис, бидуни тафаккух (илми фикх хондан, факех шудан ва дарёфти маъни) тадаббур (жарфбини, мушикофи) дар онхо мустадъии (дархосткунанда)-и мазаммату муставчиби маломат аст». 62-139-140.

Ва хам Аз ин ру, аст, ки Ибни Шибирма (р) мегуяд: «-Кам ривоят кун, то факех шави!» 62-140.

Ва Абдуллох Ибни Муборак (р) мегуяд: «-Такияи ту дар ахком бояд бар Куръон ва Хадис бошад ва аз раъй хамон микдор баргир, ки Хадисро барои ту тафсир намояд».

Яке аз маъозири (маъзур) Абуханифа (р), дар кам гуфтану ривоят намудани Хадис, аз ин сухани вай истинбот мешавад, ки фармуд:

«- Барои шахс сазовор нест, то чуз он аходисеро, ривоят намояд, ки дар хангоми шунидан хифз намуда ва то хангоми ривояти он хамчунон чузъи махфузоти вай буда аст». 62-140.

Биноан аз назари Имом Абуханифа (р) ривояти Хадис, чуз барои хифзи он (чун дигар аима-С.Б.Б)., барои касе дигар чоиз нест.

Ва Хатиби Багдоди, аз Исроил ибни Юнус ривоят мекунад, ки гуфт: «-Некушахсияте аст Нуъмон (Имоми Аъзам), Алхак, ки хофизтар аз вай, дар хар Хадисе, ки дар маънии фикхи мавчуд аст, надидаам, ба рости, у дар пажухишу тахкики маони (ки дар аимаи ахди Абуханифа рахамуллох ва хатто кабл аз у ва баъди у, мутаассифона пажухишу тахкики тафаккухи, дар дарёфти маъонии фикхи набуд, ки набуд-С.Б.Б)-и фикхии Аходис, ба гунаи эъчоб (шигифти, аъчуба) – ангез, мохиру забардаст ва басо доно буд!» 62-140.

Ва аз Абуюсуфи Яъкуб (р) ривоят шуда аст, ки гуфт: «-Касеро донотар, ба тафсири Хадису мавозеъи нукоти фикхии он, аз Абуханифа рахамуллох надидаам».

Ва хам у (Абуюсуф) мегуяд: «-Харгиз, дар хеч масъала, бо Абуханифа рахамуллох мухолифат нанамудам магар, ин ки чун дар он нек тадаббур кардам, мазхаби вайро дар он масъала начотдихандатар, дар охират ёфтам, ва чунон буд, ки вакте ба суи Хадис гароиш меёфтам, мулохиза мекардам, ки у дар шинохти Хадиси сахех низ, аз ман бинотар ва басо – доно аст». 62-141.

Абуюсуфи Яъкуб (р) изофа мекунад: «-Ва чун Имом Абуханифа (р) бар раъйе мусаммим (аз тасмим, ба ухда гирифтани коре, тасмим гирифтан-С.Б.Б) мешуд, бар машоихи «Хадис»-и Куфа мурур (гузар кардан) мекардем, ки бубинам, оё бар таквияти кавли вай Хадис ё асареро хохам ёфт? Бас басо мешуд, ки ду хадис ва се хадис, дар таквияти он кавл меёфтам ва аз шоди такбир («Аллоху акбар!») мегуфтам ва онро, яъне, хадисро назди Имом Абуханифа (р) меовардам, аммо у бо шинохти хамачонибае, ки аз Аходис дошт, дар бораи баъзе аз он аходис мегуфт: – Ин хадис сахех нест. Ё: – Ин хадиси машхур нест.

Пас аз ин амр мутааччуб мегардидам ва мегуфтам: Устоди азиз! Аз кучо медонед, ки ин хадис сахех нест, ё маъруф нест, дар холеки ин хадис мувофик бо раъйи Шумо аст? Дар посухи суоли ман мегуфт: «-Ман ба дониши ахли Куфа доноям». 62-141.

Рузе Имом Абуханифа (р), дар мачлиси Аъмаш (р) буд, ки Аъмаш аз чанд масъала, мавриди суол карор гирифт, аммо кабл оз он ки чавоб бигуяд, ба хар як суол, ру ба Имоми Абуханифа (р) кард ва аз руи эхтиром гуфт: – Раъйи Шумо дар бораи ин масоил чист? Имом Абуханифа (р) чавоби он масоилро доданд. Аъмаш гуфт: – Ин чавобхоро аз кучо овардед? Имом Абуханифа фармуд: «- Аз аходисе, ки аз Шумо ахаз кардаам».

Ва он гох шумори зиёде аз он аходисро хамрох бо турук (тарик)-у асониди он кироат намуд. Аъмаш, ки хайратзада шуда буд, гуфт: «-Бас аст! – Алъон донистам, ки ончиро дар сад руз бар ту ривоят кардаам, дар як соат хамаро, ба ман боз хохи гуфт!  Ман намедонистам, ки ту ба ин Аходис амал мекуни, эй чамоати фукахо! – Шумо утабо (табиб)-ед ва мо дорухонахо. – Ва аммо ту эй мард! (Абуханифа) – Харду буъдро гирифтаи! – Ту хам табибию хам дорухона!» 62-141-142. Бале, Имом Абуханифа (р), аз пешкасватони  фанни Хадис будаанд.

Чунонки хиффози илми Хадиси шарифу басо муборак, аз аходиси он Имом (Абуханифа рахамуллох)-хи хумом масонид (аз санад; асосу далел, чизе ки ба он истинод мешавад)-и бисёреро чамъовари ва тадвин кардаанд, ки бисёре аз он масонид ба мо расида ва дар муснадхои машоихи мо зикр шуда аст. 62-142.

Ва ногуфта намонад, ки Имом Абуханифа  (р) дар илми Хадис, асари махсусе дорад, бо номи «Муснад Ал-Имом Абуханифа», ки дорои нусхахои зиёди мутааддид (бе шумор, гуногун)-е аст, ки Абулмуайяд Мухаммад ибни Махмуди Хоразми онро гирдовари намуда ва бо мукаддимаи хеш нашр намуда аст.

Ва дар хилми эшон (Имом Абуханифа рахамуллох) овардаанд, ки: Язид ибни Хорун разиаллоху анхум мегуяд: «-Касеро бурдбортар аз Абуханифа (р) надидаам… У фазле азиму диёнате матин дошт, забонашро нигахбон буд ва аз бехудагихо руйгардон».

Гуянд, ки марде забон ба дашноми он Имоми хумом Абуханифа (р) гушуд, ва дидадароиро то бадон чо расонид, ки гуфт: – Эй зиндик! Имом Абуханифа (р) дар баробари хамаи ин часоратхо факат як чумла гуфт ва он ин буд, ки: «-Гафараллоху лака хува яъламу минни халафа мо такул!» («-Худо бар ту биёмурзад, У аз ман хилофи ончиро медонад, ту ба ман нисбат медихи»).

Рузе касе ба Имом Абуханифа (р) хабар дод, ки як тан аз ёронашон аз бом афтода аст, Имом Абуханифа (р) чунон фарёде кашид, ки ахли масчид чумлаги онро шуниданд, сипас саросема бо пойи урён ба рох зад, то ба болини он ёраш расид ва он гох дар Холе, ки мегирист гуфт: «-Эй кош мумкин буд, ки тамоми дарду марази ин азизро ман бармедоштам». Ва аз он руз, хар субху шом ба болини вай меомад, то он гох, ки он ёраш шифо ёфт, Имом Абуханифа (р) табибе доно буд ва он ёри худро бо муруввату эхтироми фарзандпадари табобат намуд, то он замон, ки он захматрасида ба зуди шифо ёфт…

Ибни Муборак (р) мегуяд: «-Аз мачлиси Абуханифа (р), мачлиси сангинтар ва бо уббухат (азамат ва шукуху чалол)-тар надидаам. У сукуте неку, чомае неку ва рухсоре неку дошт».

Ва Имом Зуфар ибни Хузайл (р), шогирди Имом Абуханифа (р) мегуяд: «-Имом Абуханифа (р), сахт бурдбор ва сабур буд. Рузе Суфён ибни Уяйна бар вай гузар кард ва дар холе, ки садои Имом Абуханифа (р) ва ёронаш дар масчид печида буд, гуфт: – Эй Абуханифа ! Ин масчид аст ва садо дар он набояд баланд шавад, Имом Абуханифа  (р) дар посух гуфт: «-Чи кунам, инон чуз ба ин шева масоилро намефахманд».

Ва Халифа Хорун-Ар-рашиди Аббоси, ба Абуюсуфи Яъкуб (р) гуфт: – Ахлоки Абуханифа (р)-ро бароям тавсиф кун. Абуюсуфи Яъкуби Кози гуфт: – Эй амиралмуъминин, Худои ъазза ва чалл мегуяд: «-Мо ялфизу мин кавлин илло ладайхи ракиб-ба ъатид» («Инсон хеч суханеро аз дахон берун намеафганад, магар ин, ки дар назди он нозир ва ракибе баргумошта аст»). Биноан, ончи дар бораи вай хам акнун мегуям, дакик ва бе газофа аст:

– Имом Абуханифа (р) дар хадди зиёди илми ман, мудофеъи сарсахти мукаддасоти Илохи ва сахт пархезгор буд, у дар дини Худои ъазза ва чалл бе пушвонаи илм сухан намегуфт, дустдори он буд, ки тоати Илохи, дар хама чо густариш ёбад ва нофармонии вай аз сохоти рузгор рахт барбандад, аз дунёталабони тихимагзи замонаш бар канор буд, на дар касбу иззати дунё бо хамгинон (хампешагон),  ба ракобат мепардохт ва на дар касби рифоху рохат вориди ин ошуфтабозор мегардид, сукуте тулони дошт ва дар айни холе, ки бар кухе баланд, аз улуми маориф такя зада буд, хамеша ба тафаккур андар буд (ки бо ин хислати зоти у, яъне, Имом Абуханифа рахамуллох, аз дигар аимаи Ислом бартарияти томе дорад, ки умри худро то вопасин нафаси муборак, вакфу сарфи ичрои ахкоми Илохи ва Суннати Расулуллох саллаллоху алайхи ва олихи ва   асхобихи ачмаъин намудааст-С.Б.Б) ва пурсухану хазёнгуй набуд, агар чунончи аз масъалаи мавриди пурсиш карор мегирифт ва дар он масъала, маълумоте медошт, ба посухи он забон мегушуд ва ба расогию пухтагии тамом хам чавоб мегуфт ва дар гайри он хакро меъёри хеш карор дода ва аз сухани хак пайрави мекард ва нусбул-айн (манзури назар, мукобили чашм)-и вай дар хар ду холат ин буд, ки нафсу динашро нигахбон бошад.

Имом Абуханифа (р) дар нисору исори илм ва сарвати хеш низ, бисёр чаводу бахшанда буд, нафсе пургано дошт ва аз тамоми мардум эхсоси бениёзи мекард ва харгиз, ба тамаъ моил набуд, аз хисоби захмати хеш руз мегузаронид (Яъне: «Доми тазвир»-у риё намекард «Чун дагарон Куръонро» -*дагар-паррандаи гуштхур, боша, шохин С.Б.Б) ва ба фуруши матоъхои гуногун машгул буд, у хамчунин аз гайбати дигарон дар хазар буд ва лаб ба гайбати дигарон намегушуд ва гайбат харом аст, мегуфт ва касеро чуз ба хайру хуби ёд намекард».

Хорун Ар-Рашид, ки аз баёни хасоили Имоми Аъзам Абуханифа  (р) сахт дар тааммул фуру рафта буд, сар бардошт ва гуфт: «-Бешак, ки ин ахлок ахлоки некону солехон аст».62-122-127.

Бояд гуфт, ки Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р) на ин, ки валиюллоху муваххид ва такводору пархезгор ва дорои вараъу ахли футувват будаанду дар байни мардум машхуру мукадои оламиён будаанд, яъне, ба сират, балки бо сурати зебо ва одоби либоспушиву озодагиаш низ гули мачлису шамъи махфил будаанд ва хар гох ба масчид медаромадаанд, хамоно буи мушку анбар ва атрхои хушбуй атрофро муаттар мекард, ки мекард…

Хаммод, фарзанди Имоми Аъзам Абуханифа (р) мегуяд: «-Падарам зохире ороста дошт ва атру хушбуихои фаровон истифода мебурд, то бадон чо, ки бо буи хуши хеш шинохта мешуд, кабл аз он, ки дида шавад».

Ва Абуюсуф (р) мегуяд: «-Имом Абуханифа (р) хамеша банди кафши худро ороста нигох медошт, то бадон чо, ки касе уро бо банди кафши пора ва фарсуда надидааст».

Ва накли сахех аст, ки гуфтаанд: «-Имом Абуханифа (р) кулохе баланду сиёх мепушид».

Назр (р) мегуяд: «-Рузе дар холе, ки Имом Абуханифа (р) иродаи савор шудан бар маркаби хешро дошт, ба ман гуфт: – Абоятро ба ман бидех ва абоямро бигир. Чунон кардам, ки хоста буд. Пас чун бозгашт бароям гуфт: «-Маро бо дуруштии абоят хичил сохти! Ин дар холе аст, ки кимати абоям панч динор буд, ки пули каме нест. Сипас бар тани вай абое дидам, ки кимати онро си динор баробар кардам ва кимати пирохану радои вай чахорсад дирхам буд».

Ва накли дигар аст, ки: «Имом Абуханифа (р)-он марди порсо, чандин пустину абои фохир дошт, ба чандин хелу гуна, ки аз пусти санчоб ва пустхои гаронкимати дигар хайвонот сохтаву духта шуда буд, ва радое дошт бисёр, зебо ва дурнамо ва хафт кулох дошт, ки яке аз онхо сиёх буд». 62-130.

Бале, Имоми Аъзам Абуханифа (р) хам ба сират ва хам ба сурат зебо ва ороставу пироста будаанд. Эшон, ки ба гуфти Хазрати Шамсуддин Мухаммад Хофизи Шерози – «Чун дагарон Куръон-ро доми тазвир накардаанд» (мисли баъзе «муллохо»-ву «хазратхо» ва «фукахои доно»-и имрузи олами Ислом, ки бо ном кории «Куръон»-анду, аз мантику ахкоми оёт бехабар ва бо  ном хофизони  аходисанду аз маъонии кудсии онхо бехабар, ки аксарият, махалгароёнанду ахли чоху чалол ва тудахои мутафарриканду «бузургон»-и ба якдигар бе мехр, мутакаббир ва бо як чуръа шароби илм маст, мисли халафихо ва басо-басо «арабидон»-у «доно») Имоми бархак буданду хастанд ва давлати Худодод доштанд, ки ба сабаби мехнати пурмашаккати худашон, ба даст оварда будаанд, ки хаштод фиссади он, дар рохи Худо сарф мешуд…

Ва осори манкул аз аима (имомхо) рахматуллох ва осору ривоёти манкули бузургони дин ва шогирдони Имоми Аъзам (р) дар сифот ва хасойили неки эшон (р) бисёр аст, ки дар ин мухтасар намегунчад ва ончи гуфтем ва дарч кардем, барои каноат варзидани ашхоси мунсаф (одилу бо инсоф, ки аз руи инсоф амал кардан)-и хакшинос, ки хаки ахли хакро мешиносанд кофи аст ва аз ин чихат Хофиз Абуумар Юсуф ибни Абдулбарр (р) мегуяд:

«-Ахли фикх ба касоне, ки ба Имом (Абуханифа рахматуллох) таън ворид кардаанд, илтифоте намекунанд ва чизе аз уюберо, ки бидъатиён, зиндикиён, хоричиён, мурчиъиён ва халафиёну мутаассибон (ва баъзе имрузиёни садмазхаб, яъне халафиёни гарбитинат ва гарбигулом) ба Имом (Абуханифа рахлатуллох) нисбат додаанд, тасдик наменамоянд». 62-73.

(Ба иборае, ки гуфтаанд: «-Аккоси сагон кам накунад, ризки гадоро» ва ё худ: «-Саг мечакаду корвон меравад…». Чашмаи пурфайзу футухи илму хикмати Имоми Аъзам (р) анкариб як хазору сесаду дах сол, ба ин чониб чористу ташнагони илму маъони асрхо ба ин су, аз он нуш мекунанд ва хоханд кард, аммо тухматхои бебунёди ахли бидъат мисли худшон чун кохи пусида, ба боди фано рафтаву хоханд рафт-С.Б.Б).

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …