Главная / Илм / ИМОЛА

ИМОЛА

imolaИМОЛА (юн. сlysma – шустан), хукна, клизма, як усули табобат. И.-ро асосан барои ба руда гузаронидани дору ва гизо кор мефармоянд. И. дар аснои тадкики рентгенологи хангоми бо рудаи рост ворид кардани моддахои аксдиханда (контрасти) низ истифода мешавад. И.-ро факат духтур таъин мекунад, чунки истифодаи он дар мавриди баъзе беморихо (аппендитсит, печиши руда ва г.) метавонад окибати нохуш ба бор орад.
Барои И. баллони резинии нокмонанди нугаш сахт ё мулоим, кифи найчааш кулфакдори резини, инчунин дулчаи Эсмарх (резини ё шишагин мешавад) – ро истифода мебаранд. Бо кулфак суръати чараёни моеъро ба низом медароранд.
Имолаи дарунрон дар мавриди кабзият, захролуди аз хурок, пеш аз тадкики рентгенологии узвхои чавфи шикам ва коси хурд, кабл аз чаррохи, таваллуд, инчунин пеш аз И.-и дору ва гизодихи ба кор бурда мешавад. Баъзе И.-хои доруфиристи дар як вакт дарунрон хам мебошанд (мас., И.-и бобунаги, равгани ва г.). И.-хои дарунрони оби боиси равонии начосат, ангезиши луобпардаи руда ва казои хочат мегарданд. Микдори моеъ, суръати воридсози ва фишор хар кадар зиёд бошад, таъсири механикии И. хамон кадар пурзур (25 – 35°С) мешавад. Ба калонсолон барои И. ба хисоби миёна 1 л оби гарм кифоя аст. Зарфи моеъро дар баландии 1 – 1,5 м чойгир мекунанд. Барои пурзур кардани таъсири об дар он собун («Детское», «Банное»), 2 – 3 кошук глитсерин ё равгани растаниро хал менамоянд. Ба дулчаи Эсмарх об ё моеъи таркибу харораташ муайянро меандозанд, кулфакро кушода хаворо мебароранд, баъд кулфакро махкам карда, дулчаро аз кат болотар меовезанд. Ба нуги И. глитсерин ё вазелин мемоланд. Беморро ба пахлуи чап наздиктар ба канори бистар (пойхоро кат кунонда ва зонухоро ба шикам наздик оварда) мехобонанд. Ба зери бемор клёнка гузошта, як тарафи онро ба тагора овезон мекунанд. Агар ба бемор харакат кардан мумкин набошад, уро дар холати руболо хобиданаш И. кардан мумкин аст; дар ин сурат ба таги бемор тубак мегузоранд. Агар мушакхои шикам аз хад зиёд таранг бошанд, пас бо ёрии корманди тиб уро ба оринчу зону такя кунонда И. мекунанд. Бо ёрии нарангушт ва ангушти ишоратии дасти чап думбаи беморро андаке боло кашида, бо дасти рост нуги И.-ро 10 – 12 см ба рудаи рост дохил мекунанд; баъд кулфакро мекушоянд. Агар об ба руда наравад, нуги И.-ро каме берун кашида, дулчаро баландтар мебардоранд ва фишори обро меафзоянд. Баъди ба руда фиристодани об 5 – 10 дак. аз казои хочат худдори бояд кард.
Барои И.-хои равгани аз равганхои растани истифода мебаранд. Онхоро ба руда дар хачми 200 мл (барои кудакон 30 – 50 мл) ворид мекунанд. Барои ин баллонхои нокмонандро истифода бурда, И.-ро шабона мегузаронанд (рудахо то сахар холи мешаванд).
Барои И.-хои гипертони махлули 10% намаки ош ё махлули 20 – 30%-и сулфати магнийро истифода бурда, ба микдори 50 – 100 мл бо баллони нокмонанд ворид мекунанд. Бемор бояд аз казои хочат 20 – 30 дак. худдори кунад.
И.-и сифони нисбатан самарабахш буда, аз 10 – 12 л оби тозаи гарм иборат аст. Ин навъи И.-ро бо ёрии кифи гунчоишаш 1 л (ва зиёдтар), ки найчаи резини (кутраш 1 см ва дарозиаш 1,5 м) дорад, ичро мекунанд. Шустани руда ба тарзи кори зарфхои пайваста ё сифон асос ёфтааст.
Имолахои табобатиро бо максади таъсир расондани дору ба луобпардаи руда ва ба организм фиристодани доруе, ки ба воситаи руда чаббида мешавад, ба кор мебаранд. Дорухо бо И.-хои хурд (100 мл ва аз он хурдтар) бехтар чаббида мешаванд. Пеш аз И.-и табобати И.-и дарунронро истифода бурдан зарур аст.
Имолахои гизодихи барои таъмини эхтиёчоти организм ба об, намаки ош ва моддахои гизои истифода мешаванд. Бо ин максад аз махлули изотонии хлориди натрий, махлули 5%-и глюкоза, инчунин махлули аминокислотахо истифода мекунанд. Пеш аз ин И.-и дарунронро кор мефармоянд. И.-хои гизодихиро, одатан, бо таъиноти духтур дар муассисахои табобати ба чо меоранд.
Имолаи кудакон. Ба кудакон И.-хои дарунрон, табобати ва гизодихи таъин мекунанд. Барои И.-и дарунрон оби чушидаи гармиаш то 28 – 30°-ро кор мефармоянд. Микдори оби И. ба синну соли кудак вобаста аст. Ба навзодони то 1-моха 30 мл, 1 – 3-моха – 60 мл, 3 – 6-моха – 90 мл, 6 – 9-моха 120 – 150 мл, 9 – 12-моха – 180 мл, 1 – 2-сола – 200 мл, 2 – 5-сола – 300 мл, 6 – 9-сола – 400 мл, 10 – 14-сола – 500 мл моеъ ворид мекунанд.
Ба кудакони то 5-сола моеъро бо баллони нокмонанд мегузаронанд. Ба нуги И. пеш аз истифода вазелин мемоланд. Моеъро охиста (бе фишори сахт) ворид бояд кард. Бе маслихати духтур И. кардани кудакон чоиз нест, зеро кудак ба он тез одат мекунад ва И.-и бисёр зарар дорад. И.-хои табобатиро баъди 15 дакикаи И.-и дарунрон ба чо меоранд. Дар аснои И.-и гизогузарони диккат бояд дод, ки махлул хунук нашавад ва ба руда катра-катра равад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …