Главная / Илм / ИММУНОЛОГИЯ

ИММУНОЛОГИЯ

imunnologiaИММУНОЛОГИЯ (Immunologia; аз иммунитет ва …логия), масуниятшиноси, илми тиббию биологиест, ки таассури молекулави, хучайрави ва физиологии организмро ба антигенхои гуногун ва ночурихои дар ин маврид пайдошуда меомузад. Мачмуи таассури мухофизатие, ки ба доими нигох доштани мухити дохилии организм нигаронида шудааст, иммунитет ном дорад.
И. хамчун илми мустакил аз кашфиёти Л. Пастер (1880) огоз ёфт. у мукаррар кард, ки мургони бо парвардаи кухнаи ангезандаи касалии вабо моякубшуда ба таъсири ангезандахои нихоят бадзахри вабои мургон муковимати зур ва нохассоси зохир менамоянд. Аз ин ру Л. Пастер принсипи ба даст овардани ваксинахоро муайян намуда, бар зидди беморихои сухтани ва хори мояхои махсус тайёр кард.
Ба тараккиёти И. олимони немис П. Эрлих, франсави Э. Ру, австрияги К. Пирке, рус И. И. Мечников, А. А. Безредка, В. К. Високович, И. Г. Савченко, Н. Н. Чистович, Л. А. Тарасевич ва шурави И. Л. Кричевский, Л. А. Зилбер, П. Ф. Здродовский, Г. В. Вигодчиков, В. И. Иоффе ва дигарон сахми калон гузоштаанд.
И. таълимот дар бораи иммунитет ва таълимот дар бораи аллергияро низ дарбар мегирад. И. ба ду соха – И.-и назарияви ва И.-и амали таксим мешавад. И.-и назарияви ба ошкор намудани асл ва тарики ба амал омадани таомулхои ба иммунитет ва аллергия мутааллики организм машгул аст. Вазифаи И.-и амали ба кор бурдани таомул ва омилхои иммунитет дар амалияи тиб, байтори ва биология мебошад (мас., истифодаи реаксияи серологи ва аллерги дар ташхиси беморихои сирояти, халли баъзе масъалахои экспертизаи тибби-суди бо усулхои масуниятшиноси, муайян кардани гуруххои хун ва г.). Реаксияхои иммунологи дар сохаи эпидемиология ва эпизоотология барои ошкор намудани сироятхои нухуфта (пинхон) низ васеъ ба кор мераванд. Бо ёрии омилхои иммунологи бемориро ташхис (иммунодиагностика), пешгири (иммунопрофилактика) ва табобат (иммунотерапия) менамоянд.
И. чанд фасл дорад: иммуноморфология, ки анатомия, гистология ва ситологияи системаи масунии организм, И.-и киёси, ки аксуламали масунии организми чонварони гуногун, иммунопатология, ки таомулхои иммунологии фавкулоддаи зараровар ва беморихои бо ихтилолоти фаъолияти системаи иммунитет вобаста, иммунобиология, ки тарики хосилшавии подтанхо, филогенез ва онтогенези системаи иммунитетро дар хадди хучайра ва молекула меомузад.
И. усулхои пажухишии худро дорад. Аз усулхои тадкикотии навтарини диг. илмхои наздик (биохимия, ситоморфология, эндокринология ва г.) низ истифода мебарад. Олимони Точикистон баъзе масъалахои мухими И. (таъсири шароити баландкух ва иклими гарм ба реаксияхои иммунологи, масунияти организми инсон хангоми беморихои сироятии шадид ва г.)-ро тадкик намуда, дар тараккиёти И. сахми муайян гузоштанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …