Главная / Илм / ИММУНОГЛОБУЛИНХО

ИММУНОГЛОБУЛИНХО

immunoglobulinhoИММУНОГЛОБУЛИНХО (лот. immunis – озод, аз чизе халосшуда ва globulus – кура), сафедаи зардоб ва тарашшухи одаму хайвонот, ки мисли подтанхо буда, дар кори мухофизати организм аз ангезандаи беморихои сирояти ширкат меварзанд.
И. ба 5 гурух чудо мешаванд. IgG, IgA, IgM, IgD ва IgE. Дар таркиби зардоби хуни одам микдори IgG такр. 1,2 г/100 мл аст (70 – 80%-и хамон И.-ро ташкил мекунад). IgA дар зардоби хун ва тарашшухот (оби дахон, фалла ва г.) дар шакли полимерхо вучуд дорад. Дар IgM ба мукобили эндотоксин (липополисахарид)-хои бактерияхои граммусбат ва вирусхо подтанхо ошкор карда шудаанд. Микдори IgD ва IgE дар зардоби хун кам мебошад. IgE подтанхое дорад, ки дар аксуламалхои аллерги иштирок мекунанд. Дар мавриди баъзе беморихо микдори И. дар зардоби хун тагйир меёбад (барои ташхиси маризи мухим аст).
Чузъи асосии дорухои иммуноглобулини IgG мебошад. Барои пешгирии сурхакон, гепатити вирусии А ва диг. беморихои сирояти, хамчунин табобати гипогаммаглобулинемия ва агаммаглобулинемия аз доруи «Иммуноглобулини муътадили одам» (номи каблиаш «Гаммаглобулин барои пешгирии сурхакон») истифода мекунанд. Он аз махлули 10%-аи гамма-глобулини зардоби хун иборат аст. Вояи мукаррарии он барои истифода 1,5 – 3 мл мебошад (факат ба мушак мефиристанд). Бо максади табобат доруи махсуси «Иммуноглобулини муътадили одам барои тазрики дохиливариди» истехсол мешавад, ки вояи истифодаи он 25 – 50 мл аст.
И.-и махсус, ки ба мукобили ангезандахои беморихои сирояти ё захри онхо подтан доранд, аз плазма ё зардоби хуни донорхо (бо антигенхои мувофик масуниятнок карда шудаанд) хосил карда мешаванд. Ба ин гуна дорухо И.-и зидди кузоз, стафилококкхо, грипп, энсефалит, сурфакабутак ва г. мансубанд.
Барои пешгирии бемории гемолизии навзодхо, ки бар асари номувофикии резуси хуни модару падар инкишоф меёбад, иммуноглобулини антирезуси истифода мешавад. Онро аз зардоби хуни одаме, ки ба мукобили резус-антиген подтани зиёд дорад, хосил мекунанд. Иммуноглобулини антирезуси баъди 48 – 72 соати ба дунё омадани кудак кор фармуда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …