Главная / Илм / ИММУНИТЕТ

ИММУНИТЕТ

immunitetИММУНИТЕТ (Immunitas), масуният, мачмуи аксуламалест, ки ба мухофизати организм аз ангезахои сироят ва маводи хосиятхои чинсиашон барои чисм бегона нигаронида шудааст.
Ба чунин моддахо бактерияхо ва захри онхо, вирусхо, соддатаринхо, кирмхои паразит, бофта ё узвхои пайванди, хучайрахои аслии тагйирёфта (мас., хучайрахои саратон) ва г. мансубанд, ки подзохо – антигенхо (унсурхои химиявии барои организм бегона) доранд. Махз таъсири антигенхо хангоми ба организм рох ёфтани онхо (мас., дар натичаи сузандору кардан, бемории сирояти, пайванди узву бофтахо) сабаби хосил шудани подтанхо ё ягон навъи дигари аксуламали иммуни мегардад.
Подтанхо кобиланд бо подзохо таъсир расонда, онхоро безарар гардонанд. Гайр аз хосил шудани подтанхо (ба истилох шакли хилтии И.), тарзи дигари реаксияи иммунии организм ба тазрики антиген, яъне шакли хучайравии таассури иммуни низ вучуд дорад.
Тагйири иммуниеро, ки дар организм зери таъсири антиген ба вучуд меояд, «иммунитети гайримодарзоди меноманд. Он ду навъ – фаъол ва нофаъол мешавад. Чунончи, И.-и фаъол дар натичаи бемории сирояти ё тазрики ваксина пайдо мегардад; баъди 1 – 2 хафтаи тазрики антиген хосил шуда, солхо ё дахсолахо (хангоми сурхча – умрбод) барчо мемонад. И.-и нофаъол дар мавриди интиколи подтанхо ба тавассути машима аз модар ба чанин пайдо шуда, кудаки навзодро ба таъсири баъзе беморихои сирояти, мас., сурхча, устувор мегардонад. Ба организм зардобхои масуни гузаронида, чунин И.-ро ба таври сунъи ба вучуд овардан мумкин аст. Зардобхои масуни зидди хамон микробхо ё захрхое, ки бактерияхо хосил мекунанд, подтан доранд.
Дар мухофизати организм аз ангезандахои амрози сирояти, гайр аз И.-и гайримодарзоди, омилхои номахсуси мухофизат низ ахамияти калон доранд. Мас., аз пусти солим ва луобпардахо нагузаштани бисёр микроорганизмхо; дар усораи пуст ва мухтавои турши меъда мавчуд будани моддахое, ки ба микроорганизмхо таъсири ногувор мерасонанд, дар хун ва моеоти организм (оби дахон, ашк ва г.) вучуд доштани ферментхое, ки микроорганизмхоро махв мекунанд (мас., лизосим, пропердин ва г.).
Хамчунин мукаррар шудааст, ки вирусхо, захр ва махсули тачзияи микроорганизмхо аз организм ба тавассути арак, балгам, пешоб, пасафканд ва г. ихроч мешаванд.
Дар аснои сирояти беморихои вируси чунин омилхои номахсуси мухофизат, аз кабили интерферон (сафедаи зиддивирусие, ки хучайрахои сироятёфта хосил мекунанд) ва ингибитори вирусхо (моддахое, ки дар хун, оби дахон, тарашшухи роххои болои нафас вучуд дошта, таркиби химиявиашон ба таркиби пардаи хучайрахо монанд мебошад) ахамияти калон доранд. Интибиторхо мисли подтанхо ба вирусхо таъсир расонда, садди часпидани онхо ба сатхи хучайрахои хассоси организм ва рох ёфтан ба хучайра мегарданд. Истифодаи интерферон боиси кам шудани хучайрахои ба вирус хассос гашта, инкишофи беморихои сироятиро бозмедорад. Интерферон хусусан барои пешгири ва сабук кардани чараёни бемори (мас., дар мавриди грипп) самарабахш аст.
Баланд шудани харорати бадани беморро низ ба катори омилхои номахсуси мухофизат дохил мекунанд. Мас., он хангоми беморихои вируси мучиби шифои бемор мегардад. Тарзи таъсири мухофизатии харорат дар аснои амрози вируси пурра муайян нашудааст.
Дар И. комплемент ва фагоситхо мавкеи махсус доранд. Комплемент мачмуи сафедахои зардоби хун, лимфа ва моеи бофтахо аст. Яке аз чузъхои таркибии комплемент ба молекулаи подтанхо пайваста, боиси ихтилоли хучайрахои антигендоре мегардад, ки зидди онхо подтанхо ташаккул ёфтаанд. Хосил шудани комплемент аксуламал ба тазрики антиген нест. Он дар организм доимо вучуд дорад, мас., комплемент якчоя бо подтанхо бахри ангезандаи беморихои сироятиро махв сохтани фагоситхо ёри мерасонад.
Ахамияти фагоситхоро бори нахуст олими рус И. И. Мечников мукаррар кардааст. С. 1883 у исбот намуд, ки мукобилати организм ба беморихои сирояти ба кобилияти ангезандахоро доштану хазм кардани хучайрахои махсуси хун ва бофтахои организм вобастаги дорад. (И. И. Мечников онхоро фагоситхо номид). Ин амал «фагоситоз» номида шуд. Фагоситозро опсонинхо (подтанхо ки бо микроорганизмхо пайваста аз чониби фагоситхо доштану хазм кардани онхоро осон менамоянд) таквият мебахшанд. Фагоситозро ду навъи хучайрахо – лейкоситхои хун ва макрофаги бофтахо ба амал меоранд.
Мавкеи омилхои номахсуси И., ки ба онхо комплемент ва фагоситхоро низ мансуб медонанд, дар таъмини тобоварии организм ба беморихои сирояти хеле калон аст. И.-и номахсус мумкин аст хангоми сухтан, сармо задан, талафи хун, гуруснаги ва садама суст шавад (он гох организм ба таъсири беморихои сирояти, амрози гуногуни римнок ва илтихоб хеле хассос мегардад). Дорухое мавчуданд, ки дарачаи И.-и номахсус ва дар робита ба ин тобоварии организмро ба таъсири мухит меафзоянд.
Тарикаи мухофизии иммунитет. Аксуламали масуниро силсилаи лимфамонанди организм амали мегардонад. Ба таркиби он магзи устухон, тимус (ниг. Гадуди чогар), испурч, пулакчахои пейер (лимфоиди)-и руда, гиреххои лимфави дохил мешаванд. Онхо байни хамдигар тавассути шабакаи рагхои хун ва лимфа ба силсилаи ягона пайваст шудаанд. Ташкилахои чудогонае, ки дар таркиби силсилаи лимфамонанд вучуд доранд, аз чихати вазифа гуногун мебошанд. Онхо ду навъ – маркази ва канори мешаванд. Хосилшавии подтанхо ва балогати комили лимфоситхо дар узвхои канори (сипурз, гиреххои лимфави) ба амал меояд, ки рушду фаъолияти доимии онхо ба ташкилахои марказии лимфамонанд – магзи устухон ва тимус вобаста аст. Дар магзи устухон хучайрахои бунёди – саромади навъхои гуногуни хучайрахои хун мавчуданд.
Тимус дар паси устухони сари сина чойгир аст. Дар он лимфоситхои хурд – тимоситхо (хучайраи гадуди чогар) мавчуданд. Мавкеи тимусро дар ташаккули силсилаи масуни с. 1961 олими австрали Д. Миллер исбот кард. у мукаррар намуд, ки бурида партофтани тимуси мушбачахо боиси кам хосил шудани подтанхо ва афзудани давомати хаёти бофтаи чисман бегонаи пайвандшуда мегардад. Аз ин бармеояд, ки тимус дар ду навъи таассури масуни ширкат меварзад: хилти – хосил кардани подтанхо ва хучайрави – чудо гаштан (хушкидан)-и бофтаи бегонаи пайвандшудае, ки бо иштироки гуруххои гуногуни лимфоситхо ба амал меояд. Барои ташаккули подтанхо В-лимфоситхо, барои канда шудани трансплантат Т.-лимфоситхо масъуланд. Онхо бо рохи табдили гуногуни хучайрахои бунёдии магзи устухон хосил мешаванд. Хучайраи бунёди баъди ба тимус гузаштан, зери таъсири гормонхои он аввал ба тимосит, сипас ба сипурз ё гиреххои лимфави ворид шуда, ба Т.-лимфосити фаъол табдил меёбад. Табдили хучайраи бунёди ба В-лимфосит, эхтимол, дар магзи устухон сурат гирад.
В-лимфоситхо подтан – сафедахои махсус (иммуноглобулинхо) хосил мекунанд, ки кодир аст ангезандаи беморихои сирояти ва захри онхоро безарар гардонад. Панч гурухи подтанхо маълуманд: иммуноглобулинхои M, G, A, E ва D. Чавобан ба антиген аввал иммуноглобулини М (вазни молекулавиаш хеле калон аст) хосил мешавад. Сипас иммуноглобулинхои G, ки бактерия ва захри онхоро безарар мегардонанд, ба вучуд меоянд. Дар усораи луобпардаи руда, оби дахон ва диг. моеъхои организм микдори зиёди иммуноглобулини А гун мешавад. Он барои аз берун ба организм ворид шудани микроорганизмхо монеаи аввалин аст.
Вале барои он ки дар организм микдори кофии подтанхо гун шуда, антигенхои бегона (хучайрахои бегона, вирусхо, бактерияхо, захрхо)-ро махв созанд, вакт лозим аст. Муддате, ки аз дохил шудани антиген то гун гаштани подтанхо ё Т.-лимфоситхои фаъол сипари мешавад, давраи нихони ном дорад. Махз дар хамин давра тагйироти асосие, ки инкишофи бемайлони таасури И.-ро таъмин менамояд, ба вучуд меояд. Ин, дар навбати аввал, мачмуи таассури В- ва Т- лимфоситхо ба антиген аст. Барои он ки хучайрахо ба антиген мутаассир шаванд, онхо бояд онро «донанд», барои организм бегона буданашонро «фахманд». Дар сатхи Т- ва В- лимфоситхо ташкилахои махсусе вучуд доранд, ки бо антигенхо таъсири мутакобила менамоянд. Инхо ба ном ретсепторхои антигеншинос мебошанд. В-лимфосит аз антиген хабари махсус ва аз Т-лимфосит (ёрдамчи дар подтанофари) хабари номахсус гирифта, меафзояд ва ба хучайраи плазмавие табдил меёбад, ки он фаъолона подтан хосил мекунад. Подтанхо (ба ном иммуноглобулинхои махсус), ки ба воситаи хучайрахои плазмави ба чараёни хун рох меёбанд, дар натичаи хосил шудани мачмуи антиген-подтан антигенхоро безарар мегардонанд. Минбаъд зери таъсироти гуногуни номахсус ин мачмуъ вайрон ва аз организм хорич мешавад.
Дар баъзе мавридхо Т-лимфоситхо ба ташаккули подтан монеъ мешаванд ё холати тобовари ба антигенро таъмин месозанд. Чунин Т-хучайрахое, ки ба инкишофи И. халал мерасонанд, Т-супрессорхо ном доранд. Хамин тавр, даври комили таассури масунии хилти (хуморави) ба амал меояд.
Т-лимфосит (иштирокчии шакли таассури хучайрави) маводи бегона (мас., узв ё бофтаи пайвандшуда)-ро шинохта, зуд меафзояд ва ба хучайраи болиги фаъол (Т-лимфосити хассос) мубаддал мегардад. Баъзан барои хосил шудани чунин Т-лимфосит ёрии Т-лимфосити на чандон болиг зарур аст. Т-лимфосити хассосгашта хучайраи бегонаро хангоми бевосита дар тамос будан, нобуд месозад, бинобар ин онро «котил» (хучайра-киллер) меноманд.
Солхои охир боз 2 навъ (субпопулятсия)-и дигари Т-лимфоситхо ошкор карда шуд: Т-неруфизохо (амплифайерхо), ки фаъолияти онхо ба таквияти кори Т-лимфоситхои хассосгашта равона шудааст ва Т-лимфоситхои фарккунанда, ки бо хучайрахои бунёдии хунофар таъсир расонда, боиси тахсис (дифференсировка)-и онхо мешаванд. Дар байни В-хучайрахо низ лимфоситхои хосияташон супрессори (В-супрессорхо) ва В-ёрдамчихои таквиятбахши аксуламали И.-и хучайрави ошкор шудаанд.
Гайр аз хучайра-эффекторхои махсуси силсилаи масуни (Т- ва В-лимфоситхо) хучайрахои лимфоидие мавчуданд, ки ба хадаф-хучайрахои гуногун, аз чумла хучайрахои омософар, таъсири махвзсозанда мерасонанд. Чунин хучайрахо ба Т- ва В-лимфоситхои хос мансуб нестанд ва барои фаъолият сенсибилизатсияи каблиро наметалабанд. Ба онхо K- ва NK-хучайрахо (киллерхои табии) дохил мешаванд. К-лимфоситхо бидуни ширкати комплемент боиси лизис (халшави)-и хадаф-хучайрахои бо подтанхои махсус фарогирифта мегарданд; NK-хучайрахо, сарфи назар аз подтанхо ва комплемент, халкунандаи хадаф-хучайрахо мебошанд. Феълан онхо хучайрахои асосии зидди омос махсуб мешаванд. Хучайра-киллерхои табии ва хучайрахои лимфоидие, ки хадаф-хучайрахои подтанхо фарогирифтаро хал мекунанд, кисмати мухими силсилаи назорати иммунологи мебошанд. Хар як хучайраи бегона ё хучайраи тагйирёфтаи худи дучори хамлаи фаврии хучайра-киллерхои табии мешавад. Хамзамон механизмхое, ки ба хосил гаштани подтанхо ва ташаккули Т-лимфоситхои хассос равона гаштаанд, ба кор медароянд.
Ин тархи умумии фаъолияти силсилаи иммуни аст. Вале дар даруни тарх бисёр чузъу кисматхое мавчуданд, ки ахамияти онхо камтар аз самти асоси нест. Бахри дарк намудани механизмхои нозуки фаъолияти силсилаи масуни иммуногенетика сахми арзанда гузошт.
Антигенхо ва фардият. Олами антигенхо гуногун аст. Инхо хам бактерия, хам вирус, хам занбуруг, хам риккетсия, хам узву бофтахои аз як фард ба дигараш пайвандшуда, инчунин хучайрахои саратонии худи организм мебошанд, ки хусусияти антигени гирифтаанд. Хамин тавр, ба антигенхо хамаи он пайвастхое, ки хоси организм нестанд, хамаи он чизхое, ки дорои аломатхои чисман бегонаи генетики мебошанд, мансубият доранд. Организм низ аз маводи бегона мутаассир мешавад. Аз руи аксуламали организм мо метавонем бигуем, ки моддаи мазкур барои вай антигенист ё на.
Дар ох. а. 19 корманди И. И. Мечников Ж. Борде мукаррар намуд, ки нафакат бактерияхо, балки хучайрахои бегонаи мукаррари (эритроситхо) низ барои организм антиген махсуб мешаванд. Ёрдамчии дигари И. И. Мечников Ф. Я. Чистович хосияти антигени доштани сафедахои зардоби хунро ошкор кард. Мухаккики америкои Г. Наттол мукаррар намуд, ки дарачаи монандии антигени навъхои гуногуни хайвонот бо таснифоти зоологии онхо катъиян мувофик аст. Вале намояндагони худи хамон як навъ низ аз хамдигар бо хосияти антигени тафовут доранд. Чунин тафовутро «изоантигени» номиданд. Тафовути дохили навъ аз руи антигени эритроситхо махсусан дар одам хуб омухта шудааст (ниг. Гуруххои хун).
Иммунитети трансплантатсияви. Аз сабаби тахияи масъалаи пайванди узву бофтахо мафхуми фардияти антигени пеш омад. Муддати мадид (то с. 1945) олимон акида доштанд, ки бебарории пайванди узву бофтахо ба номукаммалии усулхои чаррохи вобаста аст. С. 1945 олими англис П. Медавар исбот кард, ки сабаби чудо шудан (кучидан)-и трансплантат тафовути ирсан устувори фарди буда, механизми асосии он ба И. вобаста аст. Чавобан ба антигенхои бегонае, ки бофтаи пайвандгашта дорад, подтан ва Т-лимфоситхои хассос ба вучуд меоянд. Муайян кардани табиати иммунии кучиш олимонро ба фарки он чиз водор намуд, ки кадоме аз антигенхои бофта ё узви бегона дар рушди ихтилофи иммунологи фаъолияти бештар доранд. Чунин антигенхо ёфт шуданд. Онхо ба истилох антигенхои мувофикати бофтави мебошанд. Чунин антигенхо дар одам бештар аз 30 адад буда, дар силсилаи HLA (ба англиси Human Leucocyte Antigenes – антигени лейкоситии одам) муттахид гаштаанд.
Бештар аз 30 варианти антигении силсилаи HLA садхо тавсияи фардиро таъмин менамоянд. Ин антигенхо якчоя бо антигенхои эритроситхо ва зардоби хун фардияти хар як шахсро муайян месозанд. Узв ё бофтае, ки аз як шахс ба шахси дигар пайванд карда шудааст, бинобар номувофикатии ирсии антигенхо чудо мешавад. Аз ин ру дар назди иммунологхо масъалаи бартараф намудани монеаи фарди ба миён омад.
Самараи чаррохи хангоми трансплантатсия ба интихоби донор (организме, ки аз он узв ё бофтаро мегиранд) ва ресипиент (организме, ки ба он узв ё бофтаро мепайванданд) аз руи силсилаи HLA вобаста аст. Хар кадар ки онхо аз руи силсилаи HLA бо хам мувофик бошанд, аксуламали кучиш хамон андоза суст ва бартарф намуданаш осон мегардад. Мутаассифона, хатто мутобикати пурра аз руи силсилаи HLA низ маънои айнияти фардхоро надорад, чунки дар ин хол мумкин аст антигени дигар (мас., антигенхои гурухи хун) тафовут дошта бошад. Дар ин хол кучидан батадрич, вале хатман ба амал меояд.
Азбаски ба узви пайваста асосан лимфоситхои хассос (трансплантатро вайрон ва бечо мекунанд) равона мегарданд, дарёфти маводе зарур буд, ки инкишофи аксуламалро боздорад. Иммунологхо ба озмоиши усулхое машгул шуданд, ки фаъолияти лимфоситхоро халалдор ё суст мекунанд. Нурхои рентген ва баъзе иммунодепрессантхо (моддахое, ки кобилияти аксуламали иммунологиро бозмедоранд) боиси мавти лимфоситхо ва дарозии умри узви пайванди мегарданд. Зардоби зиддилимфосити низ иммунодепрессант аст. Онро аз хайвонот (харгуш, асп, хар) баъди иммунизатсия бо лимфоситхои одам ба даст меоранд. Чунин зардоб лимфоситхоро вайрон мекунад.
Вале чунин тарзи таъсир хеле дурушт аст. Он аксуламали лимфоситхоро зидди узви пайванди суст намуда, дар айни хол И.-ро фуру менишонад. Беморе, ки аз марг бинобар пайванди дил ё гурда начот ёфтааст, мумкин аст аз сирояти вирусу бактерияхо халок гардад.
Олимон аз паи посухи чунин саволхо шуданд: оё усули камосеби фуру нишондани хучуми иммунологи вучуд надорад, оё мумкин нест, ки И. факат антигенхои узви пайвандиро фуру нишонида, ба дигар маводи антигени кор нагирад. Ин масъалаи хеле мураккаб аст. Халли он чунин маъно хохад дошт, ки мухаккикон дарачаи олии идораи аксуламали иммуниро омухта, аз ухдаи махв сохтани факат он лимфоситхое баромаданд, ки онхо зидди гурухи хурди антигенхои узви пайванди фаъоланд, аммо лимфоситхоеро, ки ба мукобили хазорхо маводи антигении дигар нигаронида шудаанд, ба холи худ гузоштаанд.
С. 1953 санаи мухиме дар иммунология аст, зеро мухаккикон ходисаи акси И.-ро кашф карданд. Хар як навигарии генетики дар организм аксуламали иммуниро ба вучуд меорад. И. посбони фардияти композитсияи ягонаи генетикии хар одам мебошад. Хамин тавр тагйир додани конуни асосии табиат – масунияти шахсият имконпазир гашт. Маълум шуд, ки И.-и хосса хилоф (антипод)-и худро дорад (яъне нохассосии хосса). П. Медавар ин ходисаро толеранти – тахаммулпазирии як фарди ягона ба антигенхои дигар номид.
С. 1953 маколахои олими чех М. Гашек ва англис П. Медавар чоп шуданд. Онхо дар мургу мушхо пажухиш гузаронда муайян намуданд, ки ба давраи аввали инкишофи чанин ворид сохтани антигени бегона боиси дар чонварон инкишоф ёфтани тахаммулпазирии иммунологи нисбат ба антигени тачрибави мегардад. Адами аксуламал катъиян ба таври хоса аст, чунки хайвоноти тачрибави ва антигенхое, ки ба чанин дохил накардаанд, аксуламали мукаррари зохир менамуданд. Ахамияти ин тачрибахо калон буда, онхо хангоми трансплантатсия рохи фурунишонии хосаи аксуламали иммуниро нишон медиханд.
Генхои чавоби иммуни ва ваксинатсия. Дар байни дастовардхои иммунологияи муосир кашфи генхои чавоби иммуниро, ки Ir-генхо (Immune Response – генхо) номида шуданд, бояд кайд кард. С. 1936 зану шавхари лахистони С. ва А. Клечновскийхо мушохидаи худро дар бораи ирси будани кувваи чавоби иммуни дар харгушхо интишор намуданд. Онхо исбот карданд, ки кобилияти организм ба чавоби зур ё сусти иммуни ба таври ирси муайян карда шудааст.
Бештар аз 20 гени чавоби иммуни маълум аст. Микдори зиёди онхо оид ба амали гардондани аксуламали фардии организм ба антиген ахбор мебарад. Ин фаъолияти хеле мухим буда, ба дарёфти масъалаи моякубии фарди имкон медихад.
Вазнинии беморихои сирояти аксар вакт ба сабаби фаъолии як-ду чузъи ангезанда аст. Бо максади пешгирии бемори И. ба ин ангезанда бо рохи тазрики мояхое, ки аз хучайраи бактерияхо ё вирусхо иборатанд, хосил карда мешавад. Дар натича, гайр аз ба вучуд овардани И. нисбати таъсири ангезанда, аз хисоби маводи иловагие, ки дар инкишофи бемори иштирок намекунанд, заминаи мухофизати нолозими иммуни пайдо мегардад.
Дар иммунология усулхои тачрибавии хосил кардани мояхои ори аз камбудихои мазкур дарёфт шудааст. Пеш аз хама бояд мукаррар сохт, ки кадом кисми беморихои ангезанда кодир аст чавоби иммунии мухофизатиро ба вучуд оварад ва ангезандаро бетаъсир гардонад. Вакте ки кобилияти аксуламали иммуниро ангехтани кадом детерминантхои антигении ангезандахои гуногун маълум мегардад ва хангоме ки ин моддахо аз чихати химияви холис ба даст оварда мешаванд, ба истехсоли мояхои сунъи шуруъ намудан мумкин аст. Ба молекулаи сунъие, ки ягон хел фаъолияти иммуни надорад, ба рохи химияви детерминантхои ангезандахои гуногунро пайвастан мумкин аст. Поливаксинахои сунъи дархол нисбати бисёр беморихои сирояти – хунок, сурхча, полиомиелит, сил ва г. И. ба вучуд меоваранд.
Тарафи дуюми моягузарони бо таассури фардии хар шахс ба антиген алокаманд аст. Таассури иммунологи мушаххас мебошад: ба як антиген – як, ба дигараш – дигар, ба сеюмаш – сеюм. Чавоб ба хар яки ин антигенхоро гени дахлдор назорат мекунад. Аз ин бармеояд, ки ба одам низ бо дарназардошти генхои чавоби иммунии у моя гузаронидан лозим аст. Ин дар амал бояд чи гуна сурат гирад?
Пеш аз тазрики антиген (моя) аз шахсе, ки ба у моя мегузаронанд, хун гирифта, аз хун лейкоситхоро чудо мекунанд. Минбаъд бо истифодаи яке аз озмоишхои иммунологи аксуламали иммунии фардро нисбати хамин моя мукаррар менамоянд. Агар аксуламал дар пробирка пурзур бошад, пас мояи истифодашуда дар организм низ аксуламали пурзурро ба вучуд меорад. Ба чунин бемор меъёри ками мояро мегузаронанд. Агар аксуламал дар пробирка суст бошад, духтур аз руи накшаи пурра ба амал баровардани моягузарониро тавсия медихад. Ин тарзи ваксинатсияи фарди хангоми тайёр кардани поливаксинахои синтези хам бояд махфуз дошта шавад.
Хамин тавр, тахлили генетикии чавоби иммуни, ки зохиран масъалаи сирф назарист, хатто аз имруз сар карда рохи дар оянда ба вучуд овардану кор фармудани мояхои навро пешбини намудааст.
Муайян кардани далели мавчудияти фардхои кобилияти аксуламалашон нисбат ба баъзе антигенхо суст, зарурати дарёфти роху воситахои нави халли масъалаи моягузарониро мукаррар намуд. Тарзи чадиди дарёфти иммуногенхои сунъи ба истехсоли мояхои наве имкон медихад, ки бар зидди беморихои сироятии мавчуда нигаронида шудаанд ва аксуламали организмро ба хамин антигенхо меафзоянд. Тавре ки маълум аст, организм бар зидди омоси рушдёбанда аксуламали босамари иммуни зохир карда наметавонад. Шояд, пайванди антигенхои саратон бо макромолекулахои мухаррики иммунологи барои истехсоли мояи зидди саратон имкон дихад.
Иммунитети зидди саратон. Саратон аз чумлаи беморихои вазнин буда, аксар вакт фочиави анчом мепазирад. Умеди духтурони омосшинос имруз ба иммунология нигаронида шудааст.
Тахмин мекунанд, ки саратон бемории дастгохи ирсии хучайра аст. Иллати дастгохи ирсии хучайраро аз руи пайдоиши антигенхои нави каблан номаълум муайян мекунанд. Худи далели пайдоиши антигенхои саратони маънои ба фаъолият пардохтани тарики иммунии ихтилоли омосхои саратонро дорад. Чунин мулохизаи умуми аз исботи комилан асосноки клиники бархурдор аст. Бо гузашти синну сол омосхои саратони бинобар суст гаштани самараи силсилаи масуни меафзоянд. Истифодаи иммунодепрессантхои гуногун (моддахои доруи, зардоби антилимфосити, нурхои рентген) дар бемороне, ки гурдаашон иваз карда шудааст, боиси якбора афзудани омосхои бадфарчом мегардад.
Муоинаи беморони масунияташон заиф тасдики бевоситаи макоми И. дар инкишофи омосхои саратони мебошад. Кудакони гирифтори нукси модарзоди И. нисбат ба кудакони солим хазорхо маротиба зиёдтар дучори саратон мешаванд. Саратон дар беморон махсусан хангоми иллати Т-силсила ё хамзамон иллати Т- ва В-силсилаи масуният пайдо мегардад.
Ин муоинаи клиникиро маълумоти зиёди амалие, ки хангоми кор бо хайвоноти лаборатори ба даст омадаанд, тасдик мекунад. Аз тачрибахо муайян гашт, ки ба кучидани омос (чун дар мавриди кучидани узв ё бофтаи бегона) И.-и хучайрави, яъне Т-силсилаи мухофизати иммуни чавобгар аст. Дар ин маврид тачрибахо бо тачдиди таъсири вайронсозандаи лимфоситхо берун аз организм кобили кайд аст. Аз мушхое, ки бо яке аз шаклхои саратон сироятнок карда шудаанд, Т-лимфоситхоро чудо мекунанд. Сипас чунин лимфоситхоро ба пробирка, ки хучайраи саратони дорад, меандозанд. Баъди гузаштани мухлати муайян зери микроскоп фавти умумии хучайрахои саратонро мушохида намудан мумкин аст.
Хамин тавр, организм дар мубориза бо омосхои саратони воситаи босамари таъсирбахшеро дорад, ки онро И. меноманд.
Вале бо вучуди ин саратон вучуд дорад ва омузиши суботкоронаи роххои нест кардани он ногузир аст. Саволи аввале, ки духтурони омосшинос назди худ гузоштаанд, чунин аст: чаро мухофизати иммуни хамеша натичаи дилхох намедихад? Сабабхо, зохиран, бисёранд. Якум, суст будани худи мухофизат, ки ба синну сол ё гаронии ирси вобастаги дорад. Дуюм, антигенхои саратони, ки чавоби иммуни дар онхо ташаккул меёбад, нихоят сустанд ва бинобар ин наметавонанд аксуламали пуркуввати иммуни (мухофизати)-ро ба вучуд оваранд; акидаи иммунологхо дар ин бобат заъфи масуниятофарии антигенхо аст. Сеюм, суръати сабзиши омоси саратони метавонад ба дарачае бошад, ки Т-лимфосит-киллерхо аз ухдаи пурра махв кардани онхо намебароянд. Сабаби асосии пайдоиши омоси саратони чизе, ки набошад, дар хама холат як чиз возеху рушан аст: ба силсилаи иммуни ёри расондан лозим.
Чанд тарзи тахрики чавоби иммуниро дарёфтаанд, ки мавриди истифода карор дорад. Онхо адъювантхо ном дошта, фаъолияти силсилаи иммуниро ба таври гайримахсус метезонанд. Фитогемаглютинин (ФГА), ваксинаи зидди бемории сил (БСЖ) ва диг. ангезахои ташаккули пурраи Т- ва В-лимфоситхо аз хамин кабиланд.
Инчунин усулхои махсуси тахрики лимфоситхо бо антигенхои гуногуни кисми таркибии омос тахия мегарданд. Олимон кушиш доранд, ки барои табобати омосхо аз гормонхо ва медиаторхои силсилаи иммуни, аз чумла тимозин (гормони гадуди чогар) ва интерлейкин истифода баранд.
Беморихои силсилаи иммунитет. Чун хар як силсилаи дигари организм, мачмуи иммуни таърихи пайдоиш ва тахаввул, чараёни инкишофи чанини, рохи ташаккул, давраи фаъолияти тезу тунд ва нихоят давраи пирии худро дорад. Дар ин маврид силсилаи иммуни мисли хар силсилаи диг. ба беморихо гирифтор мешавад. Нукси модарзоди И. (ба истилох беморихои норасоии масуни) иллати шадиде мебошад, ки аз насл ба насл гузашта, дар давраи аввали рушди кудак зохир мегардад. Кудак дар хафтахои аввали хаёт, то вакте ки дар хун подтанхои ба воситаи хамрохак ё аз шири модар гирифтааш давр мезананд, комилан солим менамояд. Вале ин нукси нухуфта зуд зохир мегардад. Амрози гуногун – газаки шуш, гайморит, газаки гуш сар мешаванд. Кудак заиф гашта, суст месабзад, аксар вакт рох гашта наметавонад, аклаш расо нест. То кашф ва истифода шудани антибиотикхо ихтилоли норасоии масуни боиси марги кудак аз амрози бактерияви дар соли якуми хаёт мегашт.
Вобаста ба он ки кадом гурухи силсилаи масуни аз кор баромадааст, амрози норасоии иммуниро ба чанд намуд таксим мекунанд. Дар баъзе мавридхо факат синтези иммуноглобулинхо халал меёбад, яъне нуксон факат ба В-лимфоситхо (пешгузаштагони хучайрахои подтанхо) тааллук дорад. Дар холатхои дигар Т-лимфоситхо хам зарар мебинанд. Дар натича таассури хучайра бархам мехурад. Ба он антигенхое, ки синтези махсуси подтанхоро ба тавассути Т-лимфоситхо ба вучуд меоваранд, чавоби хилтии иммуни норавшан ифода хохад ёфт. Шакли нисбатан вазнини норасоии иммуни бо иллати хучайрахои бунёдии хунофар вобаста аст. Дар ин сурат заъфи пурраи силсилаи хунофар ва лимфоиди рух намуда, бо марги бемор анчом мепазирад.
Оё табобати норасоии иммуни имконпазир аст? Тиб хаёти муътадил ва инкишофи кудакони ба ин бемори гирифторро таъмин ва хатои фочиаангези табиатро ислох карда метавонад? Хангоми норасоии В-силсилаи И., ки ба сусти ё умуман вучуд надоштани кобилияти синтези иммуноглобулинхо зохир мегардад, табобат аз рафъ кардани норасоии иммуноглобулинхо ё бартараф намудани норасоии В-лимфоситхо иборат аст. Рохи аввали муолича ба беморон мунтазам гузаронидани иммуноглобулинхое мебошад, ки аз одамони солим гирифта шудаанд. Чунин табобат пурсамар буда, коршоямии беморонро таъмин мекунад, онхо то синни балогат мезиянд. Рохи дуюм тазрики В-лимфоситхо ба организм аз бофтаи донорхо аст. Азбаски манбаи асосии ин навъи хучайрахо магзи устухон мебошад, пас сухан дар бораи пайванд кардани он меравад.
Табобати норасоии иммуни, ки Т-силсиларо дарбар мегирад, факат бо рохи пайванди Т-хучайрахо ё тимус мумкин аст.
Пайванд кардани хучайрахои иммунокомпетенти (хучайрахое, ки аз ухдаи аксуламали иммунитет мебароянд) алхол ягона тарзи бартараф намудани сабаби норасоии масуни мебошад. Вазифаи он бо кисми муътадил иваз кардани кисми нокиси силсилаи иммуни аст. Инчунин кушиш ба харч медиханд, ки норасоии иммуниро бо гормону медиаторхои дар узвхои марказии И. хосилшаванда – тимозин ва медиатори магзи устухон (ангезаи чисмхои хосилкунандаи подтанхо) табобат намоянд.
Дигар чихати масъалаи амрози норасоии иммуни ба онкология алокаманд аст. Табиат бахри омузиши вазифаи И. дар кори инкишофи омосхои саратони ба дасти мухаккикон намунаи таассуфангез, вале бенуксонро додааст. Тавре ки кайд карда шуд, бемории саратон дар кудакони силсилаи иммуниашон нокис нисбат ба кудакони солим бештар пайдо мешавад. Сабаби хавф – набудани силсилаи пурсамари назорат ва мубориза бо омосхои саратонофар аст.
Тачовузи иммуни (аутоиммунитет). Аз кибернетика бармеояд, ки хар силсилаи худтанзим аз монеаи дар дохили худи силсила пайдошуда озод нест. Шавкуни кибернетики чараёни ахбори идеалиро аз сигнал то кабулкунак вайрон месозад. Силсилаи иммуни хамчун силсилаи мураккаб ва худтанзими организм шавкун дорад, ки кори бонизоми онро халалдор мекунад. Гохо силсилаи иммунии организм кобилияти алайхи маводи бегона мубориза бурданро аз даст дода, ба тахияи подтанхо ва лимфоситхои зидди антигенхои худ шуруъ менамояд. Чунин холати тачовуз, ки ба чузъхои муътадили бадан нигаронида шудааст, «аутоиммунитет» ном дорад.
Аз чихати назари подтанхо кодиранд зидди хар кадом антигенхои худи пайдо шаванд. Бинобар ин осеб метавонад мураккаб бошад (яъне хучайрахо, бофтахо ва узвхои бисёрро фаро гирад) ё факат чузъи буда, ба хучайраю бофтахои чудогона зиён расонад. Осеби вазнинтарин эритематоз аст. Хангоми ин бемори подтанхо пеш аз хама зидди маводи ирсии хучайра – кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) ё мачмуи КДН бо сафеда нигаронида шудаанд. Дар натича сари хар чанд вакт баланд шудани харорати бадан, дамидани доначахо дар пуст, осеби гурда, дил, пуст, бофтаи пайванди, рагхои хун, ихтилоли умумии хучайра ба мушохида мерасад. Мисоли дигар артрити тарбодмонанд аст. Хангоми ин бемори дар организм холати гайриоди (парадокс) ба амал меояд: иммуноглобулини як гурух (М) зидди иммуноглобулини гурухи дигар (G) амал мекунад. Варам кардану газак гирифтани банду бугум, иллати гурда, мушаки дил ва рагхои хун зухуроти хоси он мебошанд. Чогари Хасимото бемории аутоиммуни буда, хангоми он гадуди сипаршакл иллат меёбад. Антигене, ки зидди он аутоподтанхо хосил мешаванд, гормони сафедаи гадуди сипаршакл – тиреоглобулин аст. Тачовузи иммуни зидди ин сафеда боиси калон гаштани гадуди сипаршакл, вайрон ва ба лимфоситхою хучайрахои плазмави, ки ба мукобили гормон подтанхо хосил мекунанд, иваз шудани бофтахои он мегардад.
Дар сурати тачовузи аутоиммуни сабаби асосии бемори номаълум мемонад. Вале ба духтури тачрибадор як чиз маълум аст: аз организм дур кардани он лимфоситхое, ки аутоподтанхо хосил мекунанд. Бо ин максад табобати химияви таъин карда мешавад. Истифодаи моддахое, ки лимфоситхоро вайрон мекунанд, чараёни бемории асосиро кадре суст намуда, бахри бехтар шудани ахволи бемор ёри мерасонанд.
Хангоми эритематоз ва артрити тарбодмонанд комплексхои иммуни аз чумлаи омилхои асосии осебовар махсуб меёбанд. Бинобар ин солхои охир ин беморихо ба амрози комплексхои иммуни дохил карда мешаванд. Подтанхо бо антиген комплекс хосил карда, комплементро хам пайваст мекунанд. Дар шароити муайян ин комплекс, яъне антиген – подтан – комплемент дар бофтахо тахшин шуда, боиси иллати онхо мегардад. Барои табобати чунин бемори подтанхо ва комплексхои иммуниро бо рохи гемосорбсия дур месозанд.
Гибридомахо ва подтанхои моноклони. Имкониятхои нав дар ташхиси иммуни ва табобати беморихое, ки бо иллати силсилаи иммуни вобастаанд, с. 1975 баъди тахияи тарики гибридомии синтези подтанхои моноклони пайдо шуд. Тарзи хосил кардани гибридхои хучайрави (гибридомахо)-ро аз омезиши лимфоситхои мукаррарии хайвоноти масуниятдор бо хучайрахои штаммхои миеломави (хучайрахои саратон)-и дар мухити гизои парваришкарда дарёфт намуданд. Хучайрахои гибридоми омезиш ёфта, аз лимфосит кобилияти хосил кардани подтанхои муайян ва аз хучайрахои миеломави бошад, кобилияти муттасил афзоиш ёфтанро сохиб мешаванд. Подтанхои аз як калон (насли як чонвар, ки хангоми афзоиши гайричинси пайдо мешавад) пайдошуда параметрхои монанд доранд (аз руи гурухи молекулахо, навъ ва хусусияти онхо). Чунин подтанхо факат бо як антиген таъсири мутакобила менамоянд. Хамин тавр, маводи дар пробирка, шиша ё реактори хучайрави хосилкарда чун реагенти оли доруи бехтарин барои ташхису табобат аст. Мачмуи реагентхои махсусе, ки онхоро хосил кардан имкон дорад, бехудуд мебошад. Ин подтанхо метавонанд ба мукобили сафедахои хун ва бофтахо, зидди антигенхои махсуси узвхо, хучайрахои мукаррари ва саратони, зидди вирусхо, бактерияхо, як катор пайвастхои химияви ва г. бошанд. Дар муддати чанд сол масъалаи омузиш ва истифодаи амалии гибридомахо хеле ривоч ёфт. Истифодаи подтанхои моноклони дар вирусология такон бахшид. Зидди вирусхои грипп, парагрипп ва хори подтанхо хосил карда шуданд. Гибридомахо нафакат дар асоси В-лимфоситхо (ба пайдоиши бофтахои синтези подтанхои моноклони замина мегузоранд), балки дар асоси Т-лимфоситхо низ ба вучуд оварда мешаванд. Аллакай бофтаи Т-гибридома ба даст оварда шудааст, ки медиаторхои муайянро хосил мекунанд; моноклонхои гибридиро бо хосиятхои Т-супрессорхо, Т-хелперхо ва Т-киллерхо хосил намудаанд. Тахмин меравад, ки истифодаи техникаи гибридоми ба иммунология, биология ва тиб таъсири барчаста мерасонад. Хамаи ин, албатта, умед мебахшад, вале барои дар амал татбик кардани натичахои тадкикот корхои зиёдро анчом додан лозим аст.
Назорати иммунологи ва устувории биологи. Барои дарки макоми И. ба чунин фаъолияти организм бо чашми биолог нигох бояд кард. Чисми одами калонсол аз 1014 хучайра иборат аст, ки онхо аз якдигар бо шакл, андоза ва вазифа (ниг. Хучайра) фарк мекунанд. Чунончи, нейрон (хучайраи бофтаи асаб, ки шохахои дароз – аксонхо дорад) ва хучайраи эпителияи руда (устувонашакл аст) ба якдигар монанд нестанд, хол он ки ба як организм мансуб буда, аз як хучайра – зигота ба вучуд омадаанд. Хучайрахои пуст сафоли бом, хучайраи лимфагуддахо донаи анор, хучайрахои магзи сар бо шохахояш алафи печакро ба ёд меоранд. Олимон хисоб кардаанд, ки дар одам на камтар аз 100 навъи хучайрахо мавчуданд, вале хамаи онхо дар узву бофтахо муттахид шуда, як чизи том – организм мебошанд. Онхо мураттаб ва катъиян мувофики барномаи тахиякардаи табиат кор мекунанд.
Маълум аст, ки хучайрахои нав кариб дар хама бофтахои организм тавлид меёбанд. Дар хакикат суръати тавлид дар хама чо як хел нест. Мас., давомоти умри хучайрахои луобпардаи рудаи рости одам 24 соат, хучайрахои пуст 5 – 35 руз, хучайрахои чигар 180 руз аст. Хучайрахои магзи сари одами калонсол тагйир намеёбанд. Онхо «дарозумрон»-и организм мебошанд. Шумораи умумии хучайрахое, ки дар давоми умри инсон дар организм мавчуданд, раками астрономи – кариб 1018-ро ташкил медиханд. Ин чунин маъно дорад, ки дар давоми хаёти одам насли хучайрахо беш аз 20 000 маротиба иваз мешавад. Ин гуна суръати тавлиди хучайрахои нав хусусияти хоси аксарияти мавчудоти зинда мебошад. Табиат чунин махлуки серхучайраро ба вучуд овардааст, ки камолоти олии шакли хаёт дар муборизаи онхо барои зиндаги муяссар гардад. Мураккабии таркиби хучайра натичаи тахаввули хаёт дар руи Замин аст, ки натичаи олии он инсон мебошад.
Маънои асосии мавчудияти хар фард, хох он медуза бошад, хох кирм ё инсон, аз худ боки гузоштани насл аст. Барои ба ворисони худ вогузоштани хар он чи ки хаст (ба воситаи генхо ва аломатхое, ки онхо назорат мекунанд) ба балогати чинси расидан, ба худ монандро таваллуд кардан ва наслро ба воя расондан зарур мебошад. Муваффакияти хамаи ин силсилаи хаводис, ки «хаёти биологи» ном дорад, ба камолоти организм вобаста аст. Рохи хучайрахои чинси аз насл ба насл бояд бемонеа бошад. Ба ин хучайрахо, ки хусусиятхои фардро чамъ меоранд, «хаммол»-и боэътимод зарур аст. Чунин «хаммол» худи организм бо мачмуи мураккаби хучайрахои чисми мебошад (онхо ба хучайрахои чинси мансубият надоранд). Барои он ки интикол бомуваффакият сурат гирад, ба организм бояд халал ворид нашавад (акаллан дар давраи тачдид).
Агар организми серхучайра аз зиддиятхои дохили эмин мебуд, беназир менамуд. Сабаби зиддиятхои дохили дар бисёр будани хучайрахост. Чараёни ногузири таксимшавии хучайрахо хавф дорад. Барои он ки хучайра таксим шавад, дучанд гаштани хромосомахои ядро зарур аст. Генхои хар як хромосомаи муайян бояд пурра бозтавлид шаванд. Чунин бозтавлид дакикии комилро металабад, то ки хосияти хучайраи пешина ба насл гузарад. Вале аз сабаби бисёрии генхои хар як хучайра (кариб 1 млн) дучандшавии хато – мутатсия ба вучуд меояд. Халал ёфтани бозтавлиди дурусти генхо зиддияти асоси дар организми серхучайра мебошад. Носахехии бозтавлиди айнани генхо хангоми таксимшавии хучайра чи хатар дорад?
Хар руз дар организми одам кариб 1012 хучайра таксим мешавад. Маълум аст, ки ба хар миллион хучайраи таксимшавандаи чисм як хучайрае рост меояд, ки ба таври мутатсияви тагйир меёбад. Аз ин таносуби басомади ихтилол бармеояд, ки дар организми одам хар руз 106 хучайраи мутанти пайдо мешавад. Агар дар муддати хаёт табдили 20 хазор насли хучайраро ба назар гирем, пас микдори хучайрахои тагйирёфта такр. ба 2 млрд мерасад.
Як кисми хучайрахои тагйирёфта мумкин аст саратонофар шаванд. Саратон ва беморихои иммуни, одатан, дар синни пири, вакте ки синни биологи (на ичтимои)-и одам ба хадди охирин мерасад, инкишоф меёбанд. Неруе, ки хучайрахои мутантиро нест ва бо хамин барои анчоми давраи биологи аз таваллуди як насл то насли дигар мусоидат мекунад, И. мебошад.
Гайр аз И.-и хосае, ки томияти генетикии хучайрахои хайвонот ва одамро назорат мекунад, неруи нисбатан ором, вале ба хамон андоза таъсирбахши мухофизати низ мавчуданд. Ин ба истилох ингибитсияи аллогени ва тавассути лимфоситхо фурунишонии хучайрахои бунёдии аз чихати генетики фарккунанда мебошад. Мохияти ингибитсияи аллогени – инкишофу сабзиши бади хучайра ва бофтахо дар организми аз чихати генетики мукаммал аст. Хучайрахои муътадили гайрилимфави ба таври номаълум хучайраи аз чихати генетики тагйирёфта (мутант)-ро «меёбанд». Дар натича чунин хучайра дар ихотаи хучайрахои мукаррари нобуд мегардад. Маълум аст, ки барои инкишофи омос ба хучайраи мутанти дар навбати аввал бартараф намудани хучайрахои мукаррари зарур аст.
Ходисаи бо лимфоситхо нофаъол сохтани хучайрахои бунёдии гайрисингениро, ки аз чихати генетики тафовут доранд, с. 1967 Р. В. Петров ва Л. С. Сеславина кашф намуданд. Тачриба дар хучайраи мушхои зоташон тоза гузаронида шуд. Дар натичаи ба хамдигар бархурдани хучайрахои мушхои гуногун маълум шуд, ки лимфоситхои як зоти мушон хучайрахои бунёдии хунофари зоти дигари онхоро нобуд мекунанд. Пас, дар организм куввахое хастанд (лимфоситхои мукаррари), ки кодиранд хучайрахои аз чихати генетики фарккунандаро дар худи ибтидои пайдоиш фуру нишонанд ва бо хамин ба ташаккули хучайрахои тагйирёфта монеъ шаванд.
Инак, дар рохи чараёни хучайрахои мутанти монеаи пурзури секабата меистад: боздории аллегони, нофаъолсозии хучайрахои бунёди, И.-и хосса. Ба хучайрахои мутанти бартараф намудани чунин монеа хеле душвор аст. Хучайрахои саратони ё лимфоситхои аутоиммуни монеаро факат хамон вакт бартараф карда метавонанд, ки системаи лимфоиди нотавон бошад. Бинобар ин, вазифаи тиб ба он ёри расондан аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …