Компютер – пеш аз хама як намуд мошин аст. Он бо дигар мошинхои дар рузгори хонаю мактаб, наклиёту истехсолот ва дигар сохахои иктисодиёту ичтимоиёт истифодашаванда хеле монанд аст. Масалан, компютер низ чун дигар мошинхо бо ёрии шабакаи барки ё аккумулятор кор мекунад. Компютер низ аз якчанд кисмхои ба хам алокаманд иборат буда, барои ичро намудани ягон максади муайян хизмат мерасонад.
Махз дар чунин шакл тасвиркунии компютер онро ба автомобил, телевизор, дарзмол, мошини сартароши ё плитаи хурокпази хеле монанд месозад. Вале дар баробари монанди компютер боз хосиятхои махсусро низ сохиб аст, ки онхо онро аз дигар мошинхо ба кулли фарк мекунонанд.
Хосияти аз хама асосии компютер ин суръати беандоза баланди хисоббарории он мебошад. Худи мафхуми компютер низ махз бо хамин хосияти он алокаманд аст: сomputeк хисоббарор. Тасаввур кунед, ки компютерхои аввалин дар як сония метавонистанд садхо хазор ададхоро ба хам чамъ созанд. Компютерхои хозиразамон бошанд, метавонанд дар як сония миллиард ва аз он низ зиёдтар ададхоро чамъ намоянд. Аслан, вакте ки сухан дар бораи зудкории компютер меравад, хатто аз калимаи сония истифода хам намебаранд.
Дар чунин мавридхо аз калимахои микросония ё наносония истифода мебаранд:
1сония=1миллион микросония=1миллиард наносония. Компютерхо дар баробари хеле зудкор буданашон, боз тачхизоти беандоза боэътимод ба шумор мераванд. Масалан, шахсе, ки бо ёрии каламу когаз баъзе хисобкунихоро анчом додани аст, метавонад дар давоми як соат як ё якчанд хатоги содир намояд. Пас аз якчанд соати кори бошад, у аз хастаги метавонад ба микдори зиёдтари хатогихо рох
дихад. Фарки компютер аз инсон дар он аст, ки компютер хисоббарорихоро зудтар ва аниктар ичро менамояд ва якчанд соат ё хатто рузхо бе танаффус кор карда, аз хастаги шикоят наменамояд.
Дигар арзиши хеле мухими компютерхо аз он иборат аст, ки онхо имконияти кабул кардан, нигох доштан ва истифода бурдани информатсияю командахоро доранд. Ин хосияти компютерхо онхоро ба мошинхои бехамто ва бе мислу монанд табдил медихад. Оё шумо ягон мошини дигарро номбар карда метавонед, ки он чунин хосиятро доро бошад? Магар мошини мукаррарии чопкунии механики ё электрики метавонад, пагох матни имруз чопнамудаашро ба хотир орад? Албатта хечгох на! Аммо компютер ба ин кор кодир аст. Он бо ёрии як ё якчанд команда метавонад чунин матнро даххо маротиба ва барои даххо шахсони гуногун баркарор намояд.
Хосияти маркази ва мухимтарини компютер дар он аст, ки он мошини одди набуда, балки мошини электрони аст. Махз аз хамин сабаб хам, онро мошини электронии хисоббарор (МЭХ) мегуянд. Компютерхо хамаи вазифахояшонро бо ёрии программахо ба таври автомати, яъне бе иштироки одам ичро менамоянд. Идоракунии аксарият мошинхои гайри МЭХ бошад, асосан ба ухдаи инсон гузошта шудааст.
Саволхо:
- Компютер бо дигар мошинхо чи монанди дорад?
- Хосиятхои фарккунандаи компютер аз дигар мошинхо дар чист?
- Компютерхои хозиразамон такрибан дар як сония чи кадар амалро ичро карда метавонанд?
- Боэътимодии компютер чи маъно дорад?
- Компютер вазифахои дар наздаш гузошташударо дар асоси чи ичро менамояд?
- Ихтирои компютерро бо кадом дастовархои бехтарини инсоният мукоиса намудан мумкин аст?
Супориш:
- Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
- Вазифахо ва хосиятхои компютерро бо вазифахо ва хосиятхои телевизор, мошини баркии чопкуни ва автомобил мукоиса намоед ва дар дафтар хамаи умумиятхо ва фаркиятхои онхоро номбар кунед.