Главная / Илм / ИЛОКи

ИЛОКи

nophotoИЛОКи (с. тав. номаълум – ваф. 1068), Абуабдуллох Мухаммад ибни Юсуфи Илоки мулаккаб ба Шарафуззамон (Шарафуддин), табиб, яке аз шогирдони Ибни Сино. Дар Бухоро тахсили илм кардааст. И. бахшида ба тиб ва таърихи он як катор асархо эчод намудааст, ки аз онхо «Куллиёту-л-тибби Илоки» («Куллиёти тибби Илоки»), «Фусулу Илоки фи-куллиёти тиб» («Куллиёти тиб»), Бобхои Илоки дар «Мухтасари Илоки» ё «Мухтасару-л-конун», «Китобу-л-асбоб ва-л-аломат» («Китоби сабабхо ва аломатхо»), «Муоличоти Илоки» маълум ва дастрасанд. И. дар асархояш оид ба сабаб, аломат, ташхис ва усулхои пешгирию муоличаи беморихои гуногун маълумоти фаровон гирд овардааст. Ду нусхаи дастхати «Китобу-л-асбоб ва-л-аломат» дар китобхонахои Бейрут (Лубнон) ва Искандария (Миср), ду нусхаи дастхати «Куллиёти тибби Илоки» ва «Фусулу Илоки фи куллиёти тиб» дар китобхонахои Париж ва Санкт-Петербург махфузанд.
И. дар чанги Катавон дар панчфарсангии Самарканд кушта шудааст.
Ад.: Мухаммад Муъин, «Фарханги форси», ч. 5, Техрон, 1379 х. ш.; Хочихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ч. 6, Лубнон, 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …