Главная / Илм / ИЛМУ АДАБИ ТОЧИК ДАР АСРИ ХI– АВВАЛИ АСРИ ХIII

ИЛМУ АДАБИ ТОЧИК ДАР АСРИ ХI– АВВАЛИ АСРИ ХIII

Тагйироти сиёсии охирхои асри Х, яъне аз байн рафтани давлати сомони, ба Мовароуннахр сохиб шудани Карохонихо ва ба дасти Газнавиён гузаштани Хуросон ба хаёти фанни ва адабии халки точик таъсир накарда натавонист. Тараккиёти илм ва маданияти халкхои Осиёи Миёна, пешрафти забони дари ва адабиёти точик дар натичаи чангхои пай дар пай ва задухурдхои дохили то як дарача боздошта шуд.

Ба вучуд омадани давлати бузурги Махмуди Газнави ва ба як марказ муттахид гардидани тамоми хоки Хуросон, Чагониён, Хатлон, Тахористон, кисми асосии Эрон ва шимоли хиндустон барои равнаки илму фан ва адабиёт аз нав баъзе шароит ва имкониятхо фарохам овард.

Дар ин давра муносибати Осиёи Миёна, махсусан Хуросон ва Тахористон бо Багдод таквият ёфта, нуфузи Багдод дар давлати газнави, дар Мовароуннахр ва Хуросон хеле афзуд. Ин муносибат, дар навбати худ, боиси он шуд, ки дар айёми Газнавиён забони араби нихоятдарача пахн гардид. Агар дар аввалхо корхои девон (идораи рочеъ ба мукотибахои давлати) бо забони дари анчом меёфта бошад, акнун комилан ба забони араби гузашт. Дар девон бештар одамони арабидон ба кор кашида шуданд. Аз ин чост, ки аз давраи Газнавиён сар карда калима ва иборахои араби беш аз пеш ба забони точики дохил шудан гирифтанд.

Дар он замон адабиёти точик асосан дар пойтахти давлати газнави марказият пайдо намуд. Чи навъе ки сарчашмахои адаби кайд кардаанд, ба дарбори султон Махмуд чандин даххо шоирон гирд омада буданд. Султон Махмуд махз барои шухрат ёфтан ва мавриди мадху ситоиш карор додани корнамоихои худ хомии адабиёт гардид. Аз хамин сабаб хам, жанри касидаи мадхия дар ин давра хеле ривоч гирифт.

Яке аз шоирони бузурги касидасаро, ки дар дарбори султон Махмуд ба унвони «Маликушшуаро» мушарраф гардида буд, Абулкосим хасан ибни Ахмад Унсурии Балхи мебошад, ки дар солхои 60-уми асри Х таваллуд ёфта, соли 1039 вафот намудааст. У пас аз тахсили илму хунар, ба воситаи бародари султон Махмуд амир Наср ба дарбори давлати газнави рох ёфт. Унсури дар аксарияти лашкаркашихои султон Махмуд иштирок намуда, кисми асосии касидахои худро ба васфи галабахои султон бахшидааст. Муосиронаш уро чун устоди забардасти сухан бисёр таъриф ва тахсин кардаанд. Ба калами у чанд маснавии ошикона, ки порчахои парокандаи онхо то замони мо расидаанд, аз чумла, маснавии «Вомик ва Узро» тааллук доранд. Унсури сабки баёни мураккаб ва пуристиораи касидаи мадхияро ба адабиёти форсу точик татбик намуд.

ilmuadabАбулхасан Алии Фаррухи (вафоташ соли 1038) ва Абуначм Ахмади Манучехри (вафоташ соли 1041) низ аз намоёнтарин шоирони дарбори газнави буданд.

Умуман мавзуъхои мадехави ва айши ба назми доираи Газна хос аст. Шоирони ин давра жанрхои адабии ахди Сомониёнро инкишоф медоданд. Онхо махзани воситахои тасвири бадеии адабиёти форсу точикро ганитар гардонида, сабку санъатхои нави шеъриро низ ба миён гузоштанд.

Нашъунамои илму фани асри Х, ки дар шароити истиклолияти давлати ба амал меомад, дар асри ХI низ давом намуд. Намояндаи барчастаи илм ва донишманди бузурги ин давра Абуали ибни Сино буд, ки тавсифи у дар фасли гузашта оварда шуд.

Дигар аз олимони маъруфи ин давра Абурайхон Мухаммад ибни Ахмади Беруни (973–1051) мебошад. Беруни дар яке аз дехоти атрофи шахри Хоразм таваллуд ёфтааст. Аз руи наклу ривоятхо, у тамоми умри худро барои азхуд кардани дониш сарф намуда, гайр аз чашнхои Навруз (иди соли нав, 21 март) ва Мехргон (иди хосилгундори, 21 сентябр) дигар хама вакт машгули корхои илми будааст.

Беруни ба саёхат шавки зиёде дошт ва асосан бо максадхои илми мусофират менамуд. Яке аз махалхое, ки у то як андоза бештар истикомат кардааст, Чурчон (Гургон) ном вилояти канори бахри Хазар мебошад. Дар вакти ба Чурчон омадани у Кобус ибни Вушмгир (976-1012) хукмрони он чо буд. Кобус яке аз одамони фозил, донишманди адабиёт ва хомии илм хисоб мешуд. Худи у низ якчанд асар таълиф намудааст. Беруни дар солхои 999– 1000 «ал-Осор-ул-бокия ан ал-курун-ил-холия» ном асари худро ба поён расонд. У дар ин асар таквим ва санахо, инчунин чашнхои сугдиён, хоразмиёни кадим, форсхо, юнониён, яхудиён, исавиён ва мусулмононро тасвир намудааст. Ин асар мухимтарин сарчашмаи таърихи халкхои Осиёи Миёна ва тамоми Шарк мебошад.

Беруни дар соли 1010 аз саёхат баргашта ба Хоразм омад. Дар ин чо у бо бисёр олимоне, ки дар натичаи табаддулоти сиёсии охирхои асри Х аз Бухоро ва соири шахрхои Мовароуннахр ва Хуросон гурехта, ба Хоразм чамъ шуда буданд, мулокот кард. Сарчашмахо хотирнишон мекунанд, ки хоразмшох -Маъмуни Сони ахли илму фан, аз чумла, Беруниро ба тахти химояи худ гирифт. Вале дар соли 1017 султон Махмуди Газнави пас аз забт кардани Хоразм Беруниро хамрохи худ ба Газнин бурд. Ба ин тарика, фаъолияти минбаъдаи илмии Беруни дар Газнин давом кард.

Беруни дар лашкаркашихои султон Махмуд иштирок намуд ва хангоми дар хиндустон буданаш забони санскрити, урфу одат ва хулку атвори халкхои ин мамлакатро омухта, пас аз бозгаштан аз мусофират «Тахрири моли-л-хинд мин макала макбула фи-л-аклаху марзула» ном асаре навишт, ки яке аз мухимтарин сарчашмахои доир ба таърихи хиндустон ба шумор меравад.

Беруни доир ба масъалахои илми хайат, хандаса ва нучум ду асари машхур дорад. Яке аз ин асархо дар соли 1024 дар Газнин ба забони араби таълиф ёфта, ба Райхона ном духтари ал-хасан (аз хонадони хоразмшохи) бахшида шудааст. Дигари «ал-Конун-ул-Масъуди фи-л-хайъа ва-н-нучум» мебошад, ки муаллиф онро дар байни солхои 1030–1036 ба номи султон Масъуд навиштааст. Ин асар дар олами шарк оид ба ин соха аввалин асари илми буд, ки барои тартиб додани харитахои чугрофи хамчун дастуре хидмат намуд.

Гайр аз таълифоти номбаршуда Беруни боз чандин асари илми ба вучуд овардааст, лекин, мутаассифона, аксарияти онхо то давраи мо омада нарасидаанд. Олими сайёхи асримиёнагии араб Ёкут менависад, ки у дар яке аз масчидхои Марв дар байни вакфномахо руйхати аз 60 сахифа фарохамомадаи асархои Беруниро пайдо намудааст. «Номаи донишварон», ки дар миёнахои асри ХIХ дар Эрон тартиб дода шудааст, шумораи асархои бокимондаи уро 27 адад нишон медихад. Дар солхои охир аз баъзе китобхонахои чахон асархои хануз номаълуми Беруни ёфт шудаанд.

Ахамияти асархои Беруни багоят бузург мебошад. У ба воситаи як катор тадкикот ва кашфиёти худ на факат ба пешрафти илму фанни замонааш мусоидат кард, дар айни замон аз савияи дониши ондавра чунон пеш гузашт, ки аксар вакт дар асархои худ ба баъзе далел ва мадракхои фанни имруза наздик мешавад. Чунончи, назарияи у доир ба таърихи намуди сатхи замини (ландшафти) пастии шимоли хиндустон ва оид ба сайри тагйироти чараёни дарёи Аму ба ин иддао шаходат медихад.84а

Беруни аз таассуби дини ва муносибати душманона нисбат ба маданияти мардуми гайримусулмон тамоман дур буд. Масалан, хамаи асархои ба хиндустон бахшидаи у аз рух ва эхсосоти олии эхтиром ба маданияти бузурги хинд саршоранд. Аз хамин сабаб хам Беруни дар хиндустон ва Покистон шухрат ва махбубияти зиёде пайдо кардааст.

Дар нимаи аввали асри ХI таърихнависи хам таракки кард. Абунасри Утби (яке аз дарбориёни Махмуди Газнави) ба номи султон «Таърихи Ямини»[1] ном асаре ба забони араби таълиф намуд, ки он дар бораи давраи хукмронии Сабуктегин ва Махмуд бисёр маълумоти мухимеро дар бар гирифтааст.

Яке аз муаррихони машхури давраи Газнавиён Абусаиди Гардези[2] буд. У дар байни солхои 1048–1052 ба забони точики китобе бо унвони «Зайн-ул-ахбор» навиштааст.

Нихоят, бузургтарин муаррихи давраи Газнавиён — Абулфазли Байхаки (995–1077) мебошад. Абулфазл муддати нуздах сол дар девони расоили Газнавиён вазифаи мунширо адо намуда, такрибан тамоми вокеахои мухими он давраро бо чашми худ дид, пас иборат аз 30 чилд китобе ба забони точики таълиф намуд.[3] Вале аз ин китоби мухими таърихи факат якчанд чилди нокис ва парокандае боки мондааст, ки дар шархи ахволот, салтанат ва вокеахои давраи султон Масъуд буда, бо номи «Таърихи Масъуди» ё худ «Таърихи Байхаки»[4] машхур аст. Ин чилдхо танхо камтарин кисмате аз он асари бузурги таърихии ин муаллиф хисоб мешаванд.

Дар давлати Карохонихо илму фан ва адабиёт дар ин давра хеле акиб меравад. Чи навъе ки Мухаммади Авфи дар тазкираи асри ХIII менависад, аз хонхои карохони факат як Килич Тамгочхон ба тараккиёти илм ва адабиёт андаке ахамият додааст. Бо вучуди ин, якчанд асархоеро, ки дар асри ХI дар Мовароуннахр ба майдон омадаанд, ном бурдан мумкин аст. Чунончи, «Таърихи мулки Туркистон»-и Мачдуддин Мухаммад ибни Аднон ва гайра, ки аз онхо ба чуз баъзе порчахои чудогона то давраи мо чизе омада нарасидааст.

Ба хар хол, дар ин давра адабиёти точик дар Мовароуннахр хам баъзе шоирони боистеъдод, монанди Амъаки Бухорои (вафоташ соли 1149), Сузании Самарканди (вафоташ соли 1173), Рашидии Самарканди ва гайраро ба камол расонид. Вале ин шоирон аз чихати ахамияти эчодиёти худ бо гузаштагонашон баробар шуда наметавонистанд.

Амъак ва Сузани дар сабк ва тафаккури бадеи аз якдигар хеле тафовут доранд. Эчодиёти Амъак, ки шоири дарбор аст, пур аз зарофат буда, шакли шеъриро ба авчи такомул расонидааст. Бесабаб нест, ки донишмандони адаб ашъори уро дар дастурномахои илми баён, хамчун намунаи таклид ва пайрави зикр кардаанд. Сузани, баръакс, шоири берун аз дарбор, намояндаи назми доираи хунармандони шахр аст. Албатта, гохо ба у хам лозим меомад, ки барои дарёфти маош касидахои мадхия гуяд, вале у беш аз хама бо хачвияхои худ, ки бо забони соддаи ба сабки гуфтугу наздик навишта шудаанд, машхур аст. Маром ва охангхои демократии эчодиёти уро шоирони даврахои баъдина давом додаанд.

Нимаи дувуми асри ХI ва ибтидои асри ХIII дар таърихи тамаддуни халкхои Осиёи Миёна мавкеи бузурге ишгол менамояд. Ба атрофи як марказ муттахид гардидани Мовароуннахр, Хуросон ва Тахористон, ки дар замони Салчукиён ба амал омад, дар шахрхои Нишопур, Марв, Балх ва кисман хирот фаъолияти фикриро эхё намуда, барои дар ин марказхои нави мадани чамъ шудани ахли илму адаб имкониятхои фаровон мухайё сохт.

хаёт ва фаъолияти адабии чунин намояндагони маъруфи адабиёти точик, монанди Асадии Туси, Носири Хусрав, Умари Хайём, Фахриддини Гургони, Авхадиддини Анвари, Масъуди Саъди Салмон, Муиззи, Собири Тирмизи ва гайра дар хамин давра чараён ёфтааст. Албатта, эчодиёти ин адибон аз чихати мазмуни гояви ба як дарача набуда, балки дорои тафрикахои кулли мебошанд. Дар байни шоирони номбурда хусусан Носири Хисрав, Умари Хайём ва Фахриддини Гургони, ки дар осори онхо тамоили халки ва тараккихохи бартари пайдо кардааст, макоми барчастае доранд.

Носири Хусрав (1004–1080) баргузидатарини шоирони ин давра мебошад. У дар нохияи Кабодиён, вокеъ дар Точикистони кунуни, таваллуд ёфта, баъд аз гузаронидани давраи кудаки ба тахсили илм, хусусан ба омухтани адабиёт ва масъалахои диниву фалсафи шугл варзид.

Носири Хусрав дар айёми чавони дарбори султон Махмуд ва Масъуди Газнавиро дид ва чанд вакт дар дарбори Салчукиён ба сифати дабир хидмат намуда, сипас, ба мусофират баромад. У хануз хангоми чавони хиндустон, навохии Туркистон ва Афгонистони кунуниро саёхат намуд. Носири Хусрав бо хамин ният мусофират мекард, ки ахвол ва акидахои мазхабии халкхои гуногунро тахкик намояд. Вай дар зарфи хафт соли мусофирати худ хичоз, Осиёи Сагир, Сурия ва Мисрро дида, бо зиндагонии мардумони он чо ва урфу одати онхо шиносои пайдо кард. Нихоят, дар Миср бо тарафдорони халифахои фотими, сарварони тарикати исмоили вохурда, худаш низ пайрави богайрати акидаи исмоили гардид.[5]

Носири Хусрав пас аз бозгаштан ба Хуросон ва таваккуф кардан дар Балх ошкоро таълимоти исмоилиро таблиг ва мардумро ба ин мазхаб даъват намуд. Дар натичаи чунин фаъолияти худ у ба таъкиби уламои исломи ва умарои салчуки дучор гардид. Вай гайр аз ба тарзи пинхони зиндагони кардан ва ба холати гурезаги гаштан чораи дигар наёфт, аз шахре ба шахре рафта, дар гурбат умр ба сар бурд.[6]

Чи навъе ки худи Носири Хусрав хотирнишон мекунад, ин давраи зиндаги барои у хеле ба сахти мегузашт.

Озурда кард каждуми гурбат чигар маро,

Гуи забун наёфт зи гети магар маро.

Дар холи хештан чу хаме жарф бингарам,

Сафро хамебарояд з-андух ба сар маро.

Гуям: чаро нишонаи тири замона кард,

Чархи баланди чохили бедодгар маро?

Гар ба киёси фазл бигашти мадори дахр,

Чуз бар макарри мох набуди макар маро.

Дониш бех аз зиёу бех аз чону молу мулк,

Ин хотири хатир чунин гуфт мар-маро.

Бо лашкари замонаву бо теги тези дахр

Дину хирад бас аст сипоху сипар маро.

Носири Хусрав пас аз мусофират асари машхури таърихию чугрофии худ «Сафарнома»-ро навишт[7] ва хам рочеъ ба масъалахои акидаи исмоили рисолахои фалсафии «Зод-ул-мусофирин», «Вачхи дин», «Чомеъ-ул-хикматайн» ва соири асархоро таълиф намуд. Алалхусус девони шеър ва маснавихои «Рушноинома», «Саодатнома» ва гайра кимати бузурге доранд.[8] У дар ашъори худ гайр аз масъалахои дини ва фалсафи бисёр фикрхои пешкадами тарбияви ва ахлокиро чой додааст. Дар шеърхои у, инчунин афкори инсонпарвари ва дахриёна низ дида мешаванд. Носири Хусрав дар яке аз шеърхои худ ба Худо ру оварда, мегуяд:

Касе гар тухми чав дар кор дорад,

Зи чав гандум наёбад бидравидан.

Ту дар рузи азал огоз карди,

Укубат дар абад боист дидан.

Ту гар хилкат намуди  бахри тоат,

Чаро боист шайтон офаридан?

Сухан бисёр бошад, чуръатам нест,

Нафас аз тарс натвонам кашидан…

Агар мехости, к-инхо напурсам,

Маро боист хайвон офаридан.

Агар дар хашр созам бо ту даъво,

Забонро бояд аз комам кашидан…

Бифармо, то суи дузах барандам

Чи масриф дорад ин гуфту шунидан?..

Ту доди рахна дар калби башархо

Фани иблисро бахри макидан…

Агар реге ба кафши худ надори

Чаро боист шайтон офаридан?…

Ба мо фармон дихи андар ибодат,

Ба шайтон дар рагу чонхо давидан…

Агар некам ва гар бад хилкат аз туст,

Халике хуб бояд офаридан.[9]

Шоир дар хусуси мардуми захматкаш бо харорат ва самимияти тамом сухан ронда, подшохон, амалдорон, шайхони риёкор, хусусан шоирони маддохи харисро сахт маломат кардааст.

Носири Хусрав то охири умри худ аз таъкиб халос нашуд. Пас аз он ки у ба тарзи пинхони чанд гох дар Хуросон, Табаристон ва Мозандарон икомат кард, ба Бадахшон азимат намуда, дар Юмгон ном дехаи кухистонии он чо панох бурд ва бакияи хаёти худро дар гушанишини гузаронид.

Умари Хайём (1048–1131) дар Нишопур таваллуд ёфта, дар хамон чо тахсили худро ба итмом расонид ва яке аз бузургтарин олимони асри ХI гардид. У дар аксари илмхои замони худ, махсусан дар хайъат, риёзиёт ва фалсафа махорати зиёд пайдо кард ва доир ба ин сохахо як катор асархои илми аз худ боки гузошт. Вай дар ахди Маликшохи Салчуки хамрохи муначчимони вакт ба кори ислохоти таквим сардори намуд.

Шоири барчастаи Шарк Умари Хайём, алалхусус бо рубоиёти худ шухрат пайдо кардааст. Микдори рубоихои у зиёд нест, аммо ахамияти онхо, чи аз нуктаи назари адаби ва чи аз чихати мазмуни фалсафи, хеле бузург аст. Махорати адаби, мухокимаи файласуфона ва майли ба хакикати хаёт материалистона наздик шудани Хайём натичае дод, ки рубоиёти у то кунун аз гаронбахотарин дурдонахои адабиёти чахони ба шумор мераванд.

Ин аст яке аз рубоиёте, ки зодаи табъи ин шоири заковатманд мебошад:

Гар бар фалакам даст буди чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расиди осон.[10]

Дар рубоиёти Умари Хайём одами сарбаланди озодманише тасвир ёфтааст, ки на аз эътибори хукмдорони замон ва на аз харзахои дини дар бораи охират андеша надорад.

Дар байни шоирони асри ХI аз чихати кувваи ифодаи кайфияти доирахои шахр ва танкиди феодалон мавкеи махсусро Фахриддини Гургони ишгол менамояд. Дар достони романтикии «Вис ва Ромин», ки дар карибихои соли 1055 таълиф ёфта, ривояти кадимаи ошиконаи пахлавии портхоро накл менамояд, хачву тамасхури тундутези хулку атвори подшохон ва дарбориёни онхо нухуфтааст.[11] Дар интихои достон манзараи утопияи сотсиали аз лихози тасаввуроти шахриёни онвакта тасвир карда мешавад.[12]

Абунаср Асадии Туси (ваф. 1070) ба назираи «Шохнома»-и Фирдавси «Гаршоспнома»-ро таълиф кард. «Гаршоспнома» яке аз достонхои кадимаи халкхои эронинажод аст.

Асади дар адабиёти точику форс аввалин касест, ки шакли мунозираро эчод кардааст. У дар ин бобат панч асар навишта, дар онхо замину осмон, шабу руз, найзаву камон, мугу мусулмон, арабу форсро бо хамдигар мунозира кунонидааст. Илова бар ин, Асади лугате хам тартиб додааст, ки аз осори такрибан хаштод нафар шоирони он замон намунахо оварда шудаанд. холо ахамияти таърихии ин лугат хеле бузург аст: вай намунаи бисёр асархои азбайнрафтаи шоирони он замон ва гузашта, аз чумла, порчахои «Калила ва Димна»-и манзуми Рудакиро дар бар дорад.

Масъуди Саъди Салмон (1046–1121) шоири дарбори Газнавиёни охир буд. У кисми зиёди умри худро дар Лохур, шимоли хиндустон, гузаронид. Ба ин тарика, вай яке аз аввалин намояндагони адабиёти форсу точик дар хиндус-тон ба шумор меравад, ки баъдтар дар ин чо назм ба забони форси хеле ривоч ва интишор ёфт. У дар натичаи бухтони душманони худ чандин мартаба ба зиндони султонхо афтода, умуман, бештар аз 18 соли умраш дар махбуси гузаштааст.

Масъуди Саъди Салмон дар эчодиёти худ ба эхё кардани анъанаи мадху ситоиши иктидори Газнавиён саъй намуда, хатто дар шеърхояш аз Унсури – маликушшуарои султон Махмуд иктибосхо меовард. Вале у мадхияхои худро ба забони соддаву фасех офарида, онхоро бо панду хикмат, андешахои фалсафи ва тасвири лавхахои зебои зиндаги оро медихад.

Шоир дар солхои махбуси марсияхои пурсузу гудози «хабсия» эчод намуда, ахволи токатшикани худро баён менамояд ва аз беадолатихои замона забони шикоят мекушояд. Такдири ин шоири боистеъдод хеле фочиаангез аст. хам хаёт ва хам эчодиёташ тахти фишори шиканчахои истибдоди феодали карор гирифтаанд.

Амир Мухаммади Муиззи (ваф. карибихои соли 1140) аслан аз Нишопур мебошад. Аксари асархои уро касидахои мадхия ташкил мекунанд, ки ба Маликшох ва султон Санчари Салчуки бахшида шудаанд. У дар вакти хукмронии султон Санчар ба мартабаи баланди шоири дарбор расида, ба унвони «Маликушшуаро» сарфароз гардид.

Адиб Собири Тирмизи шоири газалсарои хуштабъе буд. Вай ичборан ба хизмати султон Санчари Салчуки кашида шуда, харгуна супоришоти уро адо мекард. Рузе султон Санчар бо коре уро ба Хоразм фиристод. Дар он чо бо фармони Отсизи Хоразмшох вайро дастгир карда, ба чосусии Салчукиён айбдор намуданд ва дар соли 1151 ба дарёи Аму гарк кунониданд.

Адиб Собири Тирмизи девони касоид ва газалиёт дорад.

Авхадиддини Анвари (1126–1190) дар дехаи Бадна, наздикии Майхона, вокеъ дар шимоли Хуросон, таваллуд ёфтааст. У хам монанди бисёр шоирони пешина дар овони чавони тамоми илмхои замонашро азхуд менамояд ва дар  шоири ном бароварда, ба дарбори султон Санчари Салчуки даъват мешавад. Анвари касидахои зиёде офаридааст, ки кариб хамаи онхо ба султони Салчуки бахшида шудаанд. Бар тибки акидаи аксари адабиётшиносон жанри касида тавассути эчодиёти Анвари ба дарачаи баланди камолоти худ мерасад. Касидахои бо махорати фавкулодда эчодкардаи у аз тагаззулоти ишки, тафаккуроти фалсафи, тавсифоти оли ва дар баробари ин аз мадху санои султон Санчар фарохам омадаанд. Яке аз касидахои машхури у, ки аз тарафи гузхо хароб гардидани Хоразмро тасвир мекунад, бо эхсосоти самимонаи ватанпарвари фаро гирифта шудааст. Газалхои Анвари ба лирикаи халки хамоханг аст.

Анвари дар солхои охири хаёти худ бемазмуни ва фасодии назми дарбориро фахмида, аз ин мухит худро канор мекашад ва шеърхое меофарад, ки ба мукобили мадхиясарои нигаронида шудаанд.

Дар баробари пешрафти назм дар адабиёти классикии форсу точик бехтарин намунахои асархои насри низ ба вучуд меоянд. Чунончи, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Чахор макола»-и Низомии Арузии Самарканди, «хадоик-ус-сехр»-и Рашидаддини Ватвот, «Синдбоднома»-и Захирии Самарканди ва «Макомоти хамиди»-и хамидаддини Балхи аз хамин кабил асархо ба шумор мераванд.

«Сиёсатнома» сарчашмаи хеле мухими таърихист, ки муаллифи он тартиби идораи давраи Салчукиёнро аз мавкеи тарафдори давлати марказиятноки феодали танкид кардааст. Пас аз фавти Низомулмулк «Сиёсатнома» аз нав тахрир ёфта, ба матни он иловахо дохил шуда буд. Бо вучуди ин, асари мазкур дар хамон шакле, ки то замони мо расидааст, осори хеле пурарзиши насри охири асри ХI ба шумор меравад. Забони он содда ва равон аст.

«Чахор макола»-и Низомии Арузи дар тахкики хаёти мадани ва адабии асри муаллиф ва даврахои пеш аз он сарчашмаи гаронбахоест. Фаслхои асосии «мусохиботи» он ба тавсифи пешахои табиб, муначчим, шоир ва муншии дарбор бахшида шудаанд. Дар хар фасл яке аз ин пешахоро тавсиф намуда, доир ба намояндагони баргузидаи ин пеша дах хикоя ба тарики мисол накл карда мешавад. Ин китоб бештар аз хар гуна сарчашмахои дигар дар бораи шароити зиндагии ходимони маданияти он замон маълумот медихад. Хусусан хамон фасле, ки ба шоирон ва ахволи бади онхо дар давлати феодали бахшида шудааст, кимати зиёде дорад.

«хадоик-ус-сехр»-и Рашидаддини Ватвот асарест, ки шаклхои шеъри онвакта, алалхусус образхо ва санъатхои шеъриро дакикона тадкик ва тавзех намуда, фикру мулохизахои хеле мухими эстетикиро дар бар гирифтааст.

«Синбоднома»[13]Захирии Самарканди дар яке мавзуъхои маъмули киссахои ахлокии адабиёти Шарк, ки аз макри зан бахс мекунад, навишта шудааст. Тарики накли кисса дар кисса ба муаллиф имконият додааст, ки бисёр хикоятхои тамсилиро ба сюжети асар дохил намояд. Дар ин хикоятхо ба шакли чолибе мохияти «илми идораи мамлакат» баён карда мешавад. Дар аксари онхо сарзаниши хокимон ва истехзои нешдори хулку атвори онон ба тарики пардапуш баён ёфтааст.

Китоби «Макомоти хамиди» ба шакли насри мусаччаъ навишта шуда, аз 24 макоми шавкангез иборат мебошад, ки ин макомхо аз мачмуи масал, муаммо, хикам ва хикоятхои ибратомуз фарохам омадаанд.

Дар ин давра дар катори адибони бузург хеле намояндагони барчастаи илму фан хам ба камол расида, хар яке дар тараккиёти фикри хидматхои муайяне ба чо оварданд.

Имом Фахриддин Мухаммад ибни Умари Рози (1148–1210) дар хирот икомат намуда, ба фаъолияти мударриси ва воизи машгул будааст. У доир ба тиб, хайъат ва риёзиёт асархои зиёде таълиф намудааст.

Абулкосим Махмуд Замахшарии Хоразми (1074–1143) яке аз мухаккикони маъруфи сохаи лугат ва сарфу нахви араби буда, фарханги араби-форси ба калами у тааллук дорад.

Абубакр Абдулкохир ибни Абдуррахмони Чурчони (ваф. соли 1108) аз донишмандони сарфу нахв буда, дар ин соха «Китоби авомил»-ро таълиф кардааст.

Зайниддин Исмоили Чурчони (вафоташ дар байни солхои 1135 ва 1137) бо даъвати Кутбиддин Мухаммад Ибни Ануштегин ба Хоразм омад ва соли 1110 дар он чо ба забони точики «Захираи Хоразмшохи» ном асаре навишт. Ин асар ба «Конун»-и Ибни Сино асос ёфта, аз дах китоб иборат аст, ки дар бобати татбики тиб, анатомия, сабаб ва аломатхои касали, хифзуссиха, ташхиси бемори ва пешбинии чараёни он, усулхои табобат, захру подзахр ва дорушиноси бахс мекунад. «Захираи Хоразмшохи» ба забонхои яхудии кадим, турки  ва урду тарчума шудааст.

84а Ниг.: Беруни, 1950; Беруни, 1957; 1963

[1] Маънои луuавии калимаи «ямин» дасти рост аст. Яке аз лаrабхои султон Махмуд «ямин-уд-давла» буд. Маънои «ямин-уд-давла» rудрат ва rуввати давлат ё «дасти рости давлат» мешавад

[2] Гардез – номи чоест, ки дар масофати якруза рох дуртар аз Uазна, дар rадди рохи {индустон воrеъ шудааст.

[3] Дар сарчашмахо бо номхои гуногун зикр мешавад.

[4] Тарчумаи русии он: Абулфазл Бейхаrи, 1962, 1969

[5] Фарзе хаст, ки гуё Носир то ба Миср рафтани худ ба таври махфи пайравии исмоилихоро rабул карда будааст.

[6] Дар бораи хаёти Носири Хисрав ниг.: Бертельс А.Е., 1959. Инчунин ниг. Носир Хисроу, 1954; Носири Хисрав, 1957; Насир-и Хусрау, 1935; Насир-и Хусрау, Сафар-наме; Ашуров U., 1965

[7] Ниг.: Насир-и Хусрау. Сафар-наме;

[8] Тахмин мекунанд, ки «Саодатнома» ба rалами у тааллуr надорад, балки моли муаллифи дигар аст, ки вай хам Носири Хисрав ном дошта, дар асри ХIV дар Исфахон умр ба сар бурдааст.

[9] Хисрав Н., 1957, с. 40-45.

[10] Умари Хайём, 1963.

[11] Бертельс Е. Э., 1960, с. 284–285.

[12] Фахриддини Гургони, 1963. Муrаддима.

[13] Захирии Самарrанди, 1960

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …