Главная / Илм / «ИКСИРИ АЪЗАМ»

«ИКСИРИ АЪЗАМ»

iksiri-azam«ИКСИРИ АЪЗАМ», асари Мухаммад Аъзамхони Ромпури (ваф. 1902), ки бо номи Аъзамхони Хаким ва тахаллуси Нозими Чахон хам машхур аст. «И. А.» яке аз шомилтарин ва бузургтарин китобхои тиббии асрхои ахир буда, с. 1873 дар чахор мучаллади бузургхачм ва ба забони точики таълиф шудааст. Муаллиф ба он «Иксир» ном додааст, ки маънои он доруи багоят муфид буда, онро «моддату-л-хаёт» низ мегуянд. Китоб хам бахши назари ва хам бахши амалии тибро дарбар мегирад ва дар он дар бораи хамаи беморихои инсон аз сар то пой ва роххои муолачаи онхо маълумот дода мешавад. «И. А.» якчанд маротиба дар Хиндустон ба усули санги ба табъ расидааст.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …