Главная / Илм / ИКРОМОВ Зиё Хонович

ИКРОМОВ Зиё Хонович

ikromov-zioИКРОМОВ Зиё Хонович (11. 06. 1911, ш. Бухоро – 18. 10. 1997, ш. Душанбе), чаррох, аввалин доктори илми тиб (1950) ва профессор аз байни мардуми тахчоии Осиёи Маркази. Писари мударриси мадраса Икром Абдусалом, машхур ба лакаби домулло Икромча. Аз у нависандаи маъруф, Кахрамони Точикистон С.Айни сабак гирифтааст. И. с. 1930 Техникуми омузгории точики ва с. 1936 Донишкадаи давлатии тиббии ш. Самарканд ба номи И.П. Павловро хатм намудааст. Аспирант (1936 – 39) ва ассистенти кафедраи чаррохии факултавии Донишкадаи тиббии Тошкент (1939 – 42), сардухтури беморхонаи нох. Ургути вил. Самарканд (1942 – 45), дотсенти кафедраи чаррохии госпиталии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино, хамзамон сардори шуъбаи тандурустии ш. Сталинобод (1945 – 48), дотсент ва сипас мудири кафедраи чаррохии умумии Донишкадаи тиббии Самарканд (1948 – 53), мудири кафедраи чаррохии умумии ДДТТ (1953 – 55), проф. кафедрахои анатомияи Донишкадаи давлатии омузгории Душанбе ва баъдан Донишкадаи тарбияи чисмонии Точикистон (1956 – 76). Муаллифи 40 китобу маколахои илмист, ки ба омузиши манбаъхои махаллии пайдоиши санги пешоб дар сокинони водии Вахш бахшида шудаанд.

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …