Главная / Илм / ИХРОЧ

ИХРОЧ

ihrojИХРОЧ (ба истилохи тибби илми экскретсия, ба таъбири тибби кадима кувваи дофеа ё ронанда), аз тани хар чонвар берун омадани барзиёдии обу намакхо, махсулоти вопасини нодаркор ва зарарноки мубодилаи моддахо ба воситаи пешоб, арак, нафас, пасафканд, кай ва г.
Махсулоти охирини мубодила дар мавчудоти соддатарин аз хучайра бевосита ба мухити моеи гирду атрофи он хорич мешавад, дар хайвоноти ширхур бошад, вай аввал ба моеи байнихучайрави ронда шуда, сони аз ин чо ба воситаи хун ва лимфа ба узвхои И. (гурдахо, чигар, гадуди арак, рудахо ва г.) оварда мешавад. Системаи И. бо фаъолияти худ таркибу хосиятхои мухити дохилии баданро хамеша дар як дарачаи муайян дошта меистад. Аз чумлаи аъзои И. асоситарин ва мухимтарин гурдахо мебошанд: онхо зиёдии обу намак ва моддахои зарароварро аз бадан дафъ мекунанд. Кисми зиёди CO2 (98 – 99%) ба воситаи шуш, каме аз пуст хорич мешавад.
Олимони маъруф ва машхури форс-точик Абубакри Рози, Абуали ибни Сино, Исмоили Чурчони ва диг. дар асархои худ дар боби хар чизе, ки аз тани мардум берун меояд, чун арак, бавл, нафас, фазла, кай ва холу ахамияти онхо дар хадди тандурусти ва бемори фикрхои мухим баён карда, аз руи сифату хислат ва микдори ин моддахо бисёр дардхоро ташхис ва табобат менамуданд. Дар вакти вайрон шудани фаъолияти системаи И. (узвхои нафас, пешоб, хозима ва г.) саломати дар хатар мемонад. Масалан, агар пешоб ва пасафканд 7 – 8 руз берун наояд тани инсон захролуд ва халок мегардад. Аз ин ру табибони кадим фармудаанд, ки мардуми тандуруст хам барои аз бокимондаи моддахои нодаркор ба кулли тоза кардани бадан бояд дорую хурокихои пешоброн (мудиррот), дарунрон (мусхилот), аракрон (муаррикот) ва кайовар (мукайиот) истеъмол намоянд. Фаъолияти узвхои И.-ро системаи асаб ва гадудхои дохилиусорави (эндокрини) идора карда, ба тартиб медароранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …