Главная / Гуногун / ИЁЛОТИ МУТТАХИДАИ АМЕРИКА ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

ИЁЛОТИ МУТТАХИДАИ АМЕРИКА ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

Тараккиёти иктисоди. Баъд аз чанги мулки иктисоди ИМА босуръат таракки кард. Ин чанд сабаб дошт. Якум, сохти гуломдори дар чануби мамлакат бархам хурд. Дуюм, муносибатхои демократи дар чомеа бештар амри вокеи мегардиданд. Сеюм, бозори умумимилли ташаккул ёфт. Чорум, конун дар бораи хомстедхо, ки соли 1862 кабул карда шуда буд, имконият дод, ки кишоварзии ИМА бо рохи фермери пеш равад ва ин рох комилан галаба кард. Панчум, дар саноату кишоварзи ва наклиёту алока техника ва технологияи пешкадами америкавию европави васеъ ба кор бурда мешуд.

iktisodi-ima

Дар тараккиёти иктисодии охири асри XIX – аввали асри XX ИМА афзоиши истехсоли чуяну пулод за ангишту нафт ёрии калон расониданд. Истехсоли чуян аз 7,7 миллион тоннаи соли 1870 лап соли 1913 ба 517 млн тонна, акгишт аз 33 миллион тоннам соли 1870 дар соли 1913 ба 270 миллион тонна расид.

Сифатан тагйирёбии коркарди маъдан барои пешравии сохахои дигари саноат заминаи боэътимод гузошт. Дар солхои 70-ум ва 80-ум мошинасози барои заводхо афзуд.

Дар ин давра телефони Белл ба кор бурда мешуд, истгохи баркии бо буг коркунандаи Эдисон ба кор даромад. Тормози ихтироъкардаи Вестингауз дар техника ва наклиёт босамар кор мекард. Соли 1882 трамвайи аввалин хам ба рох даромад. Дар аввали асри XX заводхои Форд автомобилхои бисёр истехсол мекарданд.

Ба тараккиёти пуравчи иктисоди, аз он чумла, саноат ва кишоварзи роххои охан ёрии калон мерасониданд. То солхои 90-ум 4 рохи охани дароз сохта шуд, ки он аз сохилхои Укёнуси Ором cap шуда, то ба сохилхои Укёнуси Атлантика рафта мерасид. Чунин рохи охани дарози дигар то ба Канада сохта, ба истифода дода шуд. Баъди ин дарозии умумии роххои охани ИМА ба 190 хазор мил расид. Ин аз дарозии роххои охани хамаи мамлакатхои Европа зиёдтар буд.

Дар 30 соли охир ба мамлакат 3 млрд доллар сармояи хоричи ворид шуд. Дар хамин мухлат ба ИМА барои зиндагонии мукими 14 млн нафар мухочирон омаданд. Ин хам барои пешравии иктисодиёти мамлакат сабаб шуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …