ИДИОСИНКРАЗИЯ (Idiosyncrasia; аз юн. idios – худи ва synkrasis – омехта, махлут), мизочвайрони, хассосияти ирсии организм ба баъзе хурокворию дорухо. Нишонахои аллергияро дорад. И. бо паст шудани фишори хун, осеби девораи рагхо, таровидани хун дар зери пусту луобпарда, махв гаштани эритроситу лейкоситхо, ихтилоли кори меъдаю руда ва диг. узвхо чараён мегирад. Сабаби асосии ин хама нарасидани ферментхои муайян аст. Агар ферментхои шираи меъдаю руда кам бошанд, хурок хазм нашуда, кори узви хозима халал меёбад. Мас., хангоми дар руда нарасидани ферменти лактаза одам аз истеъмоли шир дарунрав мешавад.
И. аз аксуламали аллерги нисбати хуроку дорухо тафовут дорад. Аз истеъмоли хуроквори ва доруе, ки хассосияти организмро бедор мекунанд, худдори бояд кард.
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон
Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …