Главная / Чамъият / ИЧОЗАТНОМАДИХИ БА БАЪЗЕ НАМУДХОИ ФАЪОЛИЯТ

ИЧОЗАТНОМАДИХИ БА БАЪЗЕ НАМУДХОИ ФАЪОЛИЯТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

ДАР БОРАИ ИЧОЗАТНОМАДИХИ БА БАЪЗЕ НАМУДХОИ ФАЪОЛИЯТ

 

Конуни мазкур намудхои фаъолиятеро муайян мекунанд, ки ичозатномадихиро талаб намуда, асосхои хукукии додани ичозатнома (литсензия)- ро барои хукуки машгулшави ба намудхои мушаххаси фаъолият мукаррар карда, ба риояи стандартхо ва талаботи зарурии тахассуси барои таъмини химояи манфиату амнияти шахс, чамъият ва давлат нигаронида шудааст.

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

ичозатнома (литсензия) – ичозати махсусе, ки барои амали намудани фаъолияти мушаххас бо риояи хатмии шарту талаботи ичозатномадихи онро макомоти ичозатномадиханда ба шахси хукуки ё  сохибкори инфироди додааст;

намуди фаъолияти ичозатномадодашаванда (литсензияшаванда) – фаъолиятест, ки барои амали намудани он дар худуди Чумхурии Точикистон мувофики Конуни мазкур бояд ичозатнома гирифта шавад;

ичозатномадихи (литсензиякунони) – чорабинихоест, ки ба ичозатномадихи, аз нав ба расмиятдарории хуччатхое, ки мавчудияти  ичозатномаро тасдик мекунанд, боздоштан ва баркарор намудани амали ичозатнома, бекор кардани он ва ба назорати макомоти ичозатномадиханда оиди аз тарафи ичозатномадор риояи шарту талаботи ичозатномадихи хангоми ба амал баровардани намудхои фаъолияти ичозатномадодашаванда вобаста  мебошад;

шарту талаботи ичозатномадихи  – мачмуи шарту талаботе, ки бо низомнома дар бораи хусусиятхои ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият мукаррар шудаанд, ки ичрояшон барои ичозатномадор хатмист;

макомоти ичозатномадиханда – макомоти хокимияти ичроия, ки мутобики Конуни мазкур ичозатнома медихад;

ичозатномадор (литсензиат) – шахси хукуки ё сохибкори инфироди, ки барои  амали намудани фаъолияти мушаххас ичозатнома  доранд;

довталаби ичозатнома – шахси хукуки ё сохибкори инфиродиест, ки ба макомоти ичозатномадиханда барои фаъолияти мушаххас чихати гирифтани ичозатнома  бо ариза мурочиат намудааст;

фехристи (реестри) ичозатнома – мачмуи маълумот дар бораи додани ичозатнома, аз нав ба расмият даровардани хуччатхое, ки мавчуд будани ичозатнома, боздоштан ва баркарор намудани амали ичозатнома ва бекор кардани онро тасдик  мекунанд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ичозатномадихи ба баъзе   намудхои фаъолият

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки онхоро Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат аст.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1369)

Моддаи 3. Принсипхои асосии ичозатномадихи

Ичозатномадихи  дар  асоси принсипхои зерин амали мегардад:

– таъмини  фазои ягонаи иктисоди дар худуди Чумхурии Точикистон;

– мукаррар намудани номгуи ягонаи намудхои фаъолияти  ичозатномадодашаванда;

– мукаррар кардани тартиби ягонаи ичозатномадихи дар худуди Чумхурии Точикистон;

– мукаррар намудани шарту талаботи ичозатномадихи тибки низомнома оиди хусусиятхои ичозатномадихи ба баъзе намудхои  фаъолият;

– ошкорбаёни дар ичозатномадихи;

– риояи конуният хангоми ичозатномадихи.

Моддаи 4. Меъёрхои муайян кардани намудхои фаъолияте, ки барояшон ичозатнома дода мешавад

Ба намудхои фаъолияти ичозатномадодашаванда намудхои фаъолияте дохил мешаванд, ки амали шудани онхо метавонад ба хукуку манфиатхои конуни, саломатии шахрвандон, мудофиа ва амнияти давлати, мероси фархангии халкхои Чумхурии Точикистон зарар расонад ва  танзими онхо  ба гайр аз ичозатномадихи бо роххои дигар имконнопазир аст.

Моддаи 5. Салохияти Хукумати  Чумхурии Точикистон оид ба  ичозатномадихи

Хукумати Чумхурии Точикистон дар мавриди ичозатномадихи салохиятхои зеринро доранд:

– низомномаро дар бораи хусусиятхои ичозатномадихи ба баъзе намудхои  фаъолият тасдик  намояд;

– макомоти хокимияти ичроияеро муайян намояд, ки барои  намудхои мушаххаси фаъолият ичозатнома медихад.

– амали ичозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватхои зеризаминиро дар холатхои пешбининамудаи хамин Конун боздорад ва бекор намояд; (ЌЉТ аз 28.12.12с., №911)

Моддаи 6. Салохияти макомоти ичозатномадиханда

  1. Макомоти ичозатномадиханда салохият доранд, ки:

– ичозатнома  дихад;

– хуччатхоеро аз нав ба расмият дароранд, ки вучуд доштани ичозатномаро тасдик менамоянд;

мухлати амали ичозатномахоро дароз намоянд;

– амали ичозатномаро боздоранд;

– амали ичозатномаро баркарор созанд;

– ичозатномаро бекор кунанд (дар мавридхои пешбининамудаи моддаи 14  Конуни мазкур);

– фехристи ичозатномахоро тартиб диханд;

– назорати аз тарафи ичозатномадорон риоя шудани шарту талаботи ичозатномаро ба амал бароранд.

  1. Тартиби амали намудани ваколати макоми ичозатномадиханда, ба истиснои санчиши фаъолияти шахси ичозатномадор чихати муайян намудани мутобикати он ба шарту талаботи ичозатнома, тибки Низомнома дар бораи хусусиятхои ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият мукаррар карда мешавад.

Моддаи 7. Амали ичозатнома

  1. Ба хар як намуди фаъолият, ки дар моддахои 17 ва 18 Конуни мазкур нишон дода шудааст, ичозатнома дода мешавад.
  2. Намуди фаъолияти ичозатномадодашаванда танхо аз чониби шахси хукуки ё сохибкори инфиродие, ки ичозатнома гирифтааст, метавонад амали гардонида шавад.
  3. Амали ичозатнома дар тамоми худуди Чумхурии Точикистон пахн мегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1434)
  4. Дар холатхое, ки бевосита конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини менамояд, амали ичозатнома метавонад танхо дар худуди муайяни Чумхурии Точикистон пахн гардад.
  5. Шахсони вокеи ва хукукии хоричи метавонанд бо шарт ва тартиби барои сохибкорони инфироди ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон мукарраргардида ичозатнома гиранд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон холати дигареро пешбини накарда бошад. Шахси хукукии хоричии довталаби ичозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Чумхурии Точикистон дошта бошад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1353).

 

Моддаи 8. Мухлати амали ичозатнома

 

  1. Мухлати амали ичозатномахо барои намудхои фаъолияти ичозатномадодашавандаи дар моддаи 17 Конуни мазкур пешбинигардида, ба истиснои фаъолияти бо кор таъмин намудани шахрвандони хоричи дар худуди Чумхурии Точикистон на камтар аз 5 сол, барои намудхои фаъолияти ичозатномадодашавандаи бо моддаи 18 Конуни мазкур пешбинигардида на камтар  аз 3 сол мебошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1369)
  2. Мухлати амали ичозатнома барои намуди алохидаи фаъолият, ки дар моддаи 17 Конуни мазкур нишон дода шудааст, барои сохибкорони инфиродие, ки фаъолияти онхо бе истифодаи мехнати кироя анчом дода мешавад, бо дархости хаттии худи довталабон метавонад аз 1 то 5 сол мукаррар карда шавад.
  3. Ичозатнома барои намуди фаъолияти бо кор таъмин намудани шахрвандони хоричи дар худуди Чумхурии Точикистон ба мухлати то 3 сол дода мешавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1369)
  4. Мухлати амали ичозатномаро пеш аз ба охир расиданаш мувофики аризаи ичозатномадор ба хамин мухлат дароз кардан мумкин аст. Мухлати амали ичозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани хуччате, ки ичозатнома доштани шахсро тасдик мекунад, дароз карда мешавад.

 

Моддаи 9. Хуччатхои зарури барои гирифтани ичозатнома

 

  1. Довталаби ичозатнома барои гирифтани ичозатнома ба макомоти ичозатномадиханда хуччатхои зеринро пешниход менамояд:

– ариза дар бораи додани ичозатнома барои намуди фаъолияти ичозатномадодашаванда, ки дар он маълумотхои зерин нишон дода мешаванд:

а) барои шахси хукуки – ном ва шакли ташкилию хукукии корхона, сурогаи хукуки, раками суратхисоб ва шуъбаи бонк;

б) барои сохибкори инфироди – ному насаб, чойи истикомат шиноснома, ракам ва таърихи гирифтани он;

– намуди фаъолияти ичозатномадодашаванда, ки сохибкори инфироди ва шахси хукуки максади анчом додани онро дорад ва мухлате, ки дар давоми он чунин намуди фаъолият анчом дода мешавад;

– барои шахси хукуки – нусхаи хуччатхои таъсисоти ва нусхаи шаходатномаи кайди давлатии довталаби ичозатнома ба сифати шахси хукуки;

-нусхаи хуччате, ки бакайдгирии давлатии довталаби ичозатномаро тасдик мекунад; (КЧТ аз 29.12.10 с. №662)

– хуччате, ки пардохти хакки ичозатномаро барои барраси шудани аризаи довталаби ичозатнома тасдик мекунанд;

– нусхаи хуччат дар бораи аз тарафи макомоти андоз ба довталаби ичозатнома додани раками мушаххаси андозсупоранда. (КЧТ аз 29.12.10 с., №662)

  1. Ба гайр аз хуччатхои мазкур дар низомнома дар бораи хусусиятхои ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият пешниход гардидани хуччатхои дигаре, ки ба шарту талаботи ичозатномадихи мувофик будани довталаби ичозатномаро тасдик мекунанд, пешбини шуда метавонанд. Хуччатхои ичозатдихие, ки барои гирифтани ичозатнома талаб карда мешаванд, мувофики талаботи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи низоми ичозатдихи” дода мешаванд. (КЧТ аз 12.11.13с., №1030)
  2. Аз довталаби ичозатнома пешниходи хуччатхоеро, ки дар Конуни мазкур, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи низоми ичозатдихи” ва Низомнома дар бораи хусусиятхои ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият пешбини нашудаанд, талаб кардан мумкин нест.
  3. Хамаи хуччатхое, ки ба макомоти дахлдори ичозатномадиханда барои гирифтани ичозатнома пешниход мегарданд, тибки руйхат кабул карда мешаванд ва нусхаи онхо бо кайди рузи кабули хуччатхо аз чониби макомоти мазкур ба довталаби ичозатнома фиристода (дода) мешавад.

 

Моддаи 10. Кабули карор дар бораи  додан ё надодани  ичозатнома

 

  1. Макоми ичозатномадиханда карор дар бораи додан ё надодани ичозатномаро дар мухлати на зиёда аз си рузи расидани аризаи довталаби ичозатнома бо тамоми хуччатхои лозима кабул мекунанд. Карори мазкур бо санади дахлдори макоми ичозатномадиханда ба расмият дароварда мешавад. (КЧТ аз 28.12.12с., №911)
  2. Мухлати нисбатан кутохтари кабули карор дар бораи додан ё надодани ичозатнома бо низомнома дар бораи хусусиятхои ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият мукаррар карда мешавад.
  3. Макоми ичозатномадиханда ухдадор аст, ки довталаби ичозатномаро аз кабули карор дар бораи додан ё надодани ичозатнома дар мухлати мазкур огох намояд.
  4. Хабарнома дар бораи додани ичозатнома дар шакли хатти ба довталаби ичозатнома бо кайди реквизити суратхисоби бонки ва мухлати пардохти хакки ичозатномагири фиристонида (супорида) мешавад.
  5. Хабарнома дар бораи надодани ичозатнома ба довталаби ичозатнома бо нишон додани сабабхои радкуни (супорида) фиристонида мешавад.
  6. Макоми ичозатномадиханда баъди се рузи хуччати тасдиккунандаи пардохти хакки ичозатномадихиро пешниход кардани довталаби ичозатнома ба ичозатномадор хуччатеро, ки мавчуд будани ичозатномаро тасдик мекунанд, бепул медихад.
  7. Ичозатномадор ба гирифтани дубликати хуччати мазкур бо пардохти маблаг хукук доранд, ки он бо маблаги пардохт барои аз нав ба расмиятдарории хуччате, ки мавчудияти ичозатномаро тасдик мекунанд, баробар аст.
  8. Асосхои надодани ичозатнома инхо мебошанд:

– агар хуччатхои пешниходкардаи довталаби ичозатнома дорои маълумоти нодуруст ё галат бошад;

– агар довталаби ичозатнома, объектхои ба у  тааллукдошта ё аз тарафи у истифодашаванда ба шарту талаботи ичозатномадихи номувофик бошанд;

– агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи макомоти дахлдор чихати мутобикати шароити фаъолият ва талаботи ба онхо пешбинишаванда хулосаи манфи дода шуда бошад.

  1. Хачми махсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби ичозатнома истехсол мекунанд (бачо меоварад) ё истехсолашро (бачо оварданашро) ба накша гирифтааст, барои надодани ичозатнома асос шуда наметавонад.
  2. Довталаби ичозатнома хукук доранд нисбати надодани ичозатнома аз тарафи макоми ичозатномадиханда ё барои бефаъолиятии вай ба суд мурочиат намояд.

 

Моддаи 101.Карор дар бораи додан ё надодани ичозатнома аз тарафи Хукумати Чумхурии

                        Точикистон

 

  1. Карор дар бораи додани ичозатнома барои фаъолияте, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон хамчун макоми ичозатномадиханда тибки мукаррароти Конуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятхои ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият дода мешавад, бо фармоиши Хукумати Чумхурии Точикистон ба расмият дароварда мешавад.
  2. Дар фармоиши Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба додани ичозатнома инхо нишон дода мешаванд:

– мухлати амали ичозатнома;

– шарт ва талаботи ичозатномадихи;

– мухлати пешниходи ичозатнома барои имзо;

– муайян намудани шахси мансабдори ваколатдор чихати аз номи Хукумати  Чумхурии  Точикистон ба имзо расонидани ичозатнома;

– ухдадории бастани созишномаи сармоягузори бо макоми ваколатдори давлати;

– дигар холатхои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукуки.

  1. Рад карда шудани дархости довталаби ичозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватхои зеризамини аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тибки мукаррароти Конуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятхои  ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият бо санади дахлдори макомоти ичроияи ичозатномадиханда ба расмият дароварда мешавад.

(КЧТ аз 28.12.12с., №911)

 

Моддаи 11.  Хуччате, ки мавчуд будани ичозатнома ва карори додани онро  тасдик мекунанд

 

Дар карор оиди додани ичозатнома ва хуччате, ки мавчуд будани онро тасдик мекунанд, инхо нишон дода мешаванд:

– номи макоми ичозатномадиханда;

– барои шахси хукуки – ном ва шакли ташкилию хукуки, сурогаи хукуки ва махалли чойгиршавии он;

– барои сохибкори инфироди – ному насаб, чои истикомат, маълумоти хуччате, ки шахсиятро тасдик мекунанд;

– намуди фаъолияти ичозатномадодашаванда;

– раками бакайдгири, руз ва мухлати амали ичозатнома;

– раками мушаххаси андозсупоранда ва раками ягонаи мушаххас; (КЧТ аз 29.12.10с., №662)

– раками ичозатнома;

-рузи кабул кардани карор оиди додани ичозатнома.

 

Моддаи 12. Аз нав ба расмият даровардани хуччате, ки мавчуд будани ичозатномаро тасдик

                        менамояд

 

  1. Дар холати дигар шудани шахси хукуки, тагйир ёфтани ном ё махалли чойгиршави ва ё тагйир ёфтани ном ё чои истикомати сохибкори инфироди, ичозатномадор – шахси хукуки (вориси хукукии у) ё сохибкори инфироди ухдадор аст дар давоми на дертар аз понздах руз барои аз нав ба расмият даровардани хуччате, ки ичозатнома доштанашро тасдик менамояд, ариза дихад ва ба он хуччатхоеро замима кунанд, ки тагйироти нишондодашударо тасдик менамоянд.
  2. Хангоми аз нав ба расмият даровардани хуччатхое, ки мавчуд будани ичозатномаро тасдик менамоянд, макомоти ичозатномадиханда ба фехристи ичозатнома тагйиротхои дахлдор медароранд. Хуччатхое, ки мавчудияти ичозатномаро тасдик менамоянд, дар давоми дах рузи аризаи дахлдорро гирифтани макомоти ичозатномадиханда аз нав ба расмият дароварда мешаванд.
  3. Барои аз нав ба расмият даровардани хуччати тасдиккунандаи мавчудияти ичозатнома ба андозаи ду нишондиханда барои хисобхо музд ситонида мешавад, ки он ба бучети давлати ворид мегардад.

 

Моддаи 13. Амали намудани назорат

 

  1. Назоратро аз болои ичозатномадор оиди риоя намудани шарту талаботи ичозатнома, ки бо низомнома дар бораи хусусиятхои ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият муайян гардидааст, макоми ичозатномадиханда дар доираи салохияти худ ба амал  мебароранд.
  2. Санчиши фаъолияти шахси ичозатномадор чихати муайян намудани мутокибати он ба шарту талаботи ичозатнома, аз чониби макоме, ки ичозатномаи дахлдорро додаст, мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар Чумхурии Точикистон» ба амал бароварда мешавад.
  3. Макоми ичозатномадиханда хукук надоранд оиди мавзуъхое, ки ба салохияти дигар макомоти хокимияти давлати дахл доранд, санчиш гузаронад.

 

Моддаи 14. Боздоштани ичозатнома ва бекор кардани амали  ичозатнома

 

  1. Макоми ичозатномадиханда хукук доранд хангоми такроран ошкор кардани камбудихо ё шарту талаботи ичозатномадихиро дагалона вайрон намудани ичозатномадор амали ичозатномаро боздоранд.

Боздоштани амали ичозатнома хамчунин дар холатхои истиснои, агар ин барои пешгирии хатари бевосита барои хаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногени, расонидани зарари баркарорнашаванда ба объектхои табиат ё холати мухити зист зарур бошад  ва пешгирии ин холатхо бо дигар роххо имконнопазир бошад, татбик карда мешавад.

  1. Макоми ичозатномадиханда ухдадор аст, ки мухлати аз чониби ичозатномадор бартараф кардани конуншиканиро, ки боиси боздоштани амали ичозатнома гардидааст, мукаррар намояд. Мухлати нишондодашуда набояд аз се мох зиёд бошад. Агар ичозатномадор конуншиканихои мазкурро дар мухлати мукарраршуда ислох накарда бошад, макомоти ичозатномадиханда ухдадор аст ба суд мурочиат намуда, бекор кардани ичозатномаро талаб намояд.
  2. Ичозатномадор ухдадор аст макоми ичозатномадихандаро аз бартараф кардани конуншиканихое, ки боиси боздоштани амали ичозатнома гардидааст, хатти хабардор намояд. Макоми ичозатномадихандае, ки амали ичозатномаро боздоштааст, оиди баркарор намудани амали он карор кабул мекунанд ва дар ин бора ба ичозатномадор дар давоми се рузи баъди хабардор шуданаш ва санчидани хатогихое, ки ичозатномадор онро бартараф кардааст ва он боиси боздоштани амали ичозатнома гардидааст, ба таври хатти хабар медихад. Мухлати ичозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои баркарор кардани амали он маблаг ситонида намешавад.
  3. Макоми ичозатномадиханда метавонад ичозатномаро дар мавриди аз тарафи ичозатномадор дар давоми понздах руз напардохтани хакки ичозатнома,  инчунин оид ба истифодаи сарватхои зеризамини дар мухлати мукарраргардида ба фаъолият шуруъ накардани ичозатномадор ва аз чониби ичозатномадор ба имзо нарасонидани созишномаи сармоягузори бо макоми ваколатдори давлати бекор кунад. (КЧТ аз 28.12.12с., №911)
  4. Агар ичозатномадор шарту талаботи ичозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба хукуку манфиатхои конуни, саломатии шахрвандон, дифоъ ва амнияти давлат, мероси фархангии халкхои Чумхурии Точикистон зиён расида бошад ва ё дар холатхои пешбининамудаи кисми 2 моддаи мазкур ичозатнома бо карори суд дар асоси аризаи макоми ичозатномадиханда бекор карда мешавад. Инчунин ичозатномадиханда хукук доранд зимни ба суд додани ариза амали ичозатномаи мазкурро то рузи ба хукми конун даромадани карори суд боздоранд.
  5. Карори боздоштан ва бекор кардани амали ичозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватхои зеризамини тибки мукаррароти моддаи мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятхои ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад. (КЧТ аз 28.12.12с., №911)
  6. Карори боздоштани амали ичозатнома, бекор кардани ичозатнома ва ё ба суд фиристодани аризаро оиди бекор кардани он макомоти ичозатномадиханда бо далелхои асоснок баъди се рузи кабул шуданаш ба ичозатномадор хатти хабар медихад.
  7. Нисбати карори боздоштани амали ичозатнома ва бекор кардани он бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо тартиби суди шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 141. Катъ гардидани амали ичозатнома

 

Амали ичозатнома дар холатхои бархамдихии  шахси хукуки ва катъ гаштани амали шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди, ба кувваи конуни даромадани халномаи суд дар бораи бекор кардани амали ичозатнома, ба охир расидани мухлати амали ичозатнома, кабули карори Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи бекор кардани ичозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии  сарватхои зеризамини инчунин дар асоси аризаи хаттии ичозатномадор катъ карда  мешавад.

 (КЧТ аз 28.12.12с., №911)

 

Моддаи 15.  Бурдани  фехристи  ичозатномахо

 

  1. Макоми ичозатномадиханда фехристи ичозатномахоро мебарад.
  2. Дар фехристи ичозатномахо гайр аз маълумотхое, ки дар моддаи 9 Конуни мазкур нишон дода шудаанд, бояд маълумотхои зерин зикр гарданд:

– маълумот оиди бакайдгирии ичозатнома дар фехристи ичозатномахо;

– асосхо ва санаи боздоштан ва баркарор кардани амали ичозатнома;

– асос ва санаи бекор кардани амали ичозатнома;

– маълумотхои дигаре, ки дар низомнома дар бораи хусусиятхои ичозатномадихи ба  баъзе намудхои  фаъолият муайян карда шудаанд.

  1. Маълумоти дар фехристи ичозатномахо буда, барои шиносонидани шахсони вокеи ва хукуки кушода аст.
  2. Маълумоти дар фехристи ичозатномахо буда дар бораи ичозатномадори мушаххас дар шакли иктибос ба шахсони вокеи ва хукуки бо пардохти маблаг дода мешавад. Андозаи пардохти маблаг барои додани чунин маълумот як нишондиханда барои хисобхо ташкил медихад ва ба бучети давлати гузаронида мешавад.
  3. Маълумот аз фехристи ичозатномахо ба макомоти хокимияти давлати бемузд дода мешавад.
  4. Мухлати додани маълумот аз фехристи ичозатномахо баъди кабули аризаи дахлдор набояд аз се руз зиёд бошад.

 

Моддаи 16. Маблаггузории ичозатномадихи ва пардохти хакки ичозатнома

 

  1. Ичозатномадихи дар доираи маблаги аз бучети дахлдор барои харочоти макомоти ичозатномадихи чудогардида маблаггузори мешавад.
  2. Барои баррасии ариза оид ба додани ичозатнома ба намудхои фаъолияти бо моддаи 17 Конуни мазкур пешбинигардида ба андозаи чор нишондиханда барои хисобхо ва ба намудхои фаъолияти бо моддаи 18 Конуни мазкур пешбинигардида ба андозаи дах  нишондиханда барои хисобхо хак пардохта мешавад, ки онхо пас гардонида намешаванд.

3.Барои додани ичозатнома ба намудхои фаъолияти бо моддаи 17 Конуни мазкур пешбинигардида ба андозаи дах нишондиханда барои хисобхо хак пардохта мешавад. Андозаи хакки додани ичозатнома барои намудхои фаъолияти дар моддаи 18 Конуни мазкур  пешбинигардидаро Хукумати Чумхурии  Точикистон аз руи хар намуди фаъолият дар Низомнома  дар бораи хусусиятхои ичозатномадихи  ба баъзе намудхои фаъолият муайян мекунад.

  1. Маблагхои пардохтхои хакки ичозатнома ба бучети давлати гузаронида мешаванд.
  2. Хангоми дароз намудани мухлати амали ичозатнома аз довталаб маблаги ба хакки ичозатномадихи баробар ситонида мешавад.

Дар сурати мутобики мукаррароти кисми 1 моддаи 8 Конуни мазкур кам кардани мухлати амали ичозатнома маблаги пардохти хакки ичозатномадихи мутаносибан ба мухлати амали ичозатнома кам карда мешавад.

 

Моддаи 17. Номгуи намудхои фаъолияте, ки барои амали намудани  онхо ичозатнома зарур

                         аст

 

Мутобики Конуни мазкур барои намудхои зерини фаъолият ичозатнома зарур аст:

– фаъолият оид ба додани сертификатхои калидхои имзои электронии раками, ба кайд гирифтани сохибони имзохои электронии раками, хизматрасони вобаста ба истифодаи имзохои электронии раками ва тасдик кардани хакконияти имзохои электронии раками; (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1110)

– фаъолият оид ба ошкор намудани тачхизоти электроние, ки барои гайриошкоро ба даст овардани иттилоот дар бинохо ва воситахои техники таъин гардидаанд (ба истиснои холатхое, ки агар  ин фаъолият  барои таъмини эхтиёчоти худи шахси хукуки ё сохибкори инфироди анчом дода шавад); (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1110)

– фаъолият оид ба коркард ва истехсоли воситахои хифзи иттилооти махфиёна; (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1110)

– фаъолият оид ба хифзи техникии иттилооти махфиёна; (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1110)

– фаъолият оид ба коркард ва истехсоли воситахои махсуси техникие, ки барои гайриошкоро ба даст овардани иттилоот пешбини шудаанд, фуруши ин воситахо ва инчунин хариди онхо бо максади фуруш дар холатхое, ки ин намудхои фаъолият  аз тарафи сохибкорон ва шахсони хукукии ба сохибкори машгулбуда амали гардонида мешаванд; (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1110)

-фаъолият оид ба тайёр  кардани махсулоти матбаавии аз сохтакори мухофизатшаванда, инчунин савдои махсулоти мазкур;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1434)

фаъолият оид ба истехсол, сохтан, фуруш, коллексиякуни ё ба намоишгузории силох ва лавозимоти чангии он; (КЧТ аз 18.03.15с., №1184)

-фаъолият  оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмхои борбардори (ба истиснои холатхое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эхтиёчоти шахси хукуки ё сохибкори инфироди анчом дода шавад);

-фаъолият оид ба истифодаи иншоотхои истехсолие, ки хавфи таркидан, сухтан ва химияви доранд;

-фаъолият оид ба истехсол, коркард, истихрочи нафт, газ, ангишт ва истифодаи шабакахои иншооти нафти ва гази;

-фаъолият оид ба нигохдори ва фуруши нафту газ ва махсулоти коркарди онхо (ба истиснои холатхое, ки агар  ин фаъолият  барои таъмини эхтиёчоти  худи шахси хукуки ё сохибкори инфироди анчом дода шавад);

-фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотхо ва тачхизоти энергетики (ба истиснои холатхое, ки ин кор барои таъмини эхтиёчоти худи шахси хукуки ё сохибкори  инфироди анчом дода шавад);

-фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноати;

-фаъолият оид ба истехсол, нигохдори, пахн кардан, интикол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноати;

-фаъолият оид ба истехсол ва пахн намудани махсулоти тарфгари (пиротехники), ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд;

-фаъолият оид ба ичрои корхои васлу таъмир ва хизматрасонии воситахои таъмини аз сухтор пешгири кардани биною иншоотхо;

-фаъолият оид ба истехсол, додан ва таксим кардани энергияи барк (ба истиснои холатхое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эхтиёчоти шахси хукуки  ё сохибкори инфироди анчом  дода шавад);

-фаъолият  оид ба корхои лоихакаши ва тадкикоти, сохтмони бинохо ва иморату иншоот, аз  чумла  васеъкуни, азнавсози, таъмир ва баркарор кардани объектхои  мавчуда (ба истиснои сохтмони манзили шахси барои эхтиёчоти шахсии худ); (КЧТ аз 28.12.12с., №911)

-фаъолият оид ба корхои лоихакаши  ва тадкикоти, сохтмон, таъмир ва баркарор кардани роххои автомобилгард, рохи охан ва иншоотхои рох;

-фаъолият оид ба корхои маркшейдери;

-фаъолияти геодези ва харитасози;

-фаъолият дар сохаи обухавосанчи ва сохахои ба он алокаманд, аз чумла ичрои корхои фаъолона таъсир расонидан ба ходисоту раванди обухавосанчи ва геофизики;

-фаъолияти фарматсевти (тайёр ва истехсол кардани дорувори  ва воситахои косметики, истехсоли молу техникаи тибби, фуруши дорувори ва молхои  тибби, истехсол ва фуруши гизои иловагии  табобатию профилактики);

-фаъолияти  хусусии тибби;

-фаъолият оид ба хизматрасонии техникии  техникаи тибби (ба истиснои холатхое, ки агар ин кор барои таъмини эхтиёчоти худи шахси хукуки ё сохибкори инфироди анчом дода шавад);

-фаъолият бо истифодаи ангезандахои беморихои сирояткунанда;

-фаъолият оид ба истехсоли воситахои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизатсиони;

-фаъолият оид ба киштукори растанихои нашъадор ба максадхои илми, хамчунин тахияи воситахои нави нашъадор ва моддахои психотропи;

-фаъолияти вобаста  ба муомилоти конунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо (тахия, истехсол, тайёр кардан, коркард, нигох доштан, интикол, муросилот, додан, фуруш, таксимот,  сохиб шудан, истифода, воридот ва содирот);

-фаъолияти вобаста ба манбаъхои афканишоти иондоркунанда;

– фаъолият оид ба муомилот бо партовхои радиоактиви; (КЧТ аз 28.12.12с., №911)

-фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо наклиёти хавои;

-фаъолият оид ба назорати содироти махсулоти таъиноти духадафа (КЧТ аз 23.07.16 с., №1353);

-фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо наклиёти автомобили (ба истиснои холатхое, ки ин фаъолият барои таъмини эхтиёчоти худи шахси хукуки ё сохибкори инфироди анчом дода шавад);  (КЧТ аз 5.01.08с., №349)

-фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо наклиёти рохи охан (ба истиснои холатхое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эхтиёчоти худи шахси хукуки ё сохибкори  инфироди анчом  дода шавад ва набаромадан ба рохи охани истифодаи умум);

-фаъолият оид ба хизматрасонии техники ва таъмир дар наклиёти автомобили ва рохи охан;

-фаъолияти терминалхои мусофиркашони ва боркашони;

-фаъолият оид ба хизматрасонии техники хангоми парвози  наклиёти хавои;

-фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии наклиёти хавои;

-фаъолият оид ба воридот, содирот, фуруш ва истифодаи хавопаймои бесарнишин  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1318);

-фаъолият оид ба чамъовари, истифода, безараргардони, кашонидан ва чойгиркунонии партовхои хатарнок;

-фаъолият оид ба ташкилу нигохдории кассахои тотализатор, идорахои букмекери ва бозии лото (КЧТ аз 26.03.09с., №485);

-фаъолияти баходихи (нархгузори);

-фаъолияти туристи;

-фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фуруши  пораву партови металлхои сиёх ва ранга;

-фаъолияти бо кор таъмин кардани шахрвандони  Чумхурии Точикистон берун аз Чумхурии  Точикистон ва бо кор таъмин кардани шахрвандони хоричи дар худуди  Чумхурии Точикистон;

-фаъолияти аудитори;

-фаъолияти ломбардхо;

– фаъолияти аудитории экологи; (КЧТ аз 23.11.15 с., №1246)

-фаъолият  дар сохаи биржа;

-фаъолияти сугуртави;

-фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок;

-фаъолият оид ба истехсол, воридот ва содироти махсулоти тамоку;

-фаъолияти адвокатхои ваколатдор;

-фаъолияти  вобаста ба  муомилоти металлхои киматбахо ва сангхои киматбахо  (коркарди пораву партови металлхои киматбахо бо максади ба даст овардани натичаи нихоии махсулот, холис кардани металлхои киматбахо ва рекуператсияи сангхои киматбахо, аз ахоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангхои киматбахо сохташудаи рузгор ва шикастапорахои онхо, хариду фуруши яклухт ва чаканаи металлхои киматбахо ва сангхои киматбахо); ба истиснои фаъолияти истихрољи канданињои фоиданоки пошхурда бо усули худфаъолї ва худбиёрї;(ЌЉТ аз 12.11.13с., №1030)

-фаъолияти кормандони масъули патенти;

-фаъолияти сохахои телевизион, радиошунавони ва истехсоли махсулоти аудиовизуали;

-фаъолияти ба даст овардан, фуруш, истифода, партов ва нобуд кардани моддахои вайронкунандаи кабати озон  ва махсулоти дорандаи онхо, инчунин хамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамои, хизматрасони ва таъмири тачхизоте, ки бо истифодаи моддахои вайронкунандаи кабати озон  кор мекунанд;

– фаъолият оид ба чамъовари ва тайёр  намудани ашёи хоми дорувори;

– фаъолияти фондхои гайридавлатии нафака;

– фаъолияти Бюрои таърихи карз; (КЧТ аз 5.10.09с., № 551).

– фаъолият дар сохаи алокаи почта.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1369)

 

Моддаи 18. Номгуи  махсуси намудхои фаъолияте, ки барои амали намудани онхо

                        ичозатнома зарур аст

 

  1. Тибки Конуни мазкур тартиби махсуси ичозатномадихи намудхои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:

-фаъолият оид ба анчомдихии амалиёти бонки, аз чумла бонкии исломи (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1318);

-фаъолият  оид ба анчомдихии амалиёт бо асъори хоричи;

-фаъолияти оператори низоми пардохт  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1318);

-фаъолияти сохаи истехсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва махсулоти спиртдор;

– фаъолият оид ба истењсол, воридот, содирот, фуруши яклухт чаканаи мањсулоти тамоку;(ЌЉТ аз 19.03.13с., №950)

-фаъолият дар сохаи алокаи барки;

-фаъолият оид ба истифодаи сарватхои зеризамини; ба истиснои фаъолияти истихрољи канданињои фоиданоки пошхурда бо усули худфаъолї ва худбиёрї;

-фаъолият оид ба истифодабарии объектхои олами наботот ва хайвонот, ки ба Китоби Сурхи Чумхурии Точикистон дохил гардидаанд;

-фаъолият, кор ва хизматрасони дар сохаи истифодаи энергияи атомї. (КЧТ аз 26.07.14с., №1109)

  1. Ичозатномадихии фаъолият оид ба анчомдихии амалиёти бонки, аз чумла бонкии исломи, амалиёт бо асъори хоричи ва фаъолияти оператори низоми пардохт бо конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти бонки, фаъолияти бонкии исломи, ташкилотхои маблаггузории хурд, танзими асъор ва назорати асъор, хизматрасонихои пардохт ва низоми пардохт ба танзим дароварда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1318).
  2. Номгуи намудхои фаъолияти ичозатномадодашавандаро танхо дар холати даровардани тагйиру иловахо ба Конуни мазкур тагйир додан мумкин аст.

 

Моддаи 181. Амали санадхои хукукии байналмилали

 

  1. Агар дар санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон тартиби дигари ичозатномадихи ё намудхои дигари фаъолияти ичозатномадодашаванда мукаррар гардида бошанд, ин санадхои хукукии байналмилали мавриди амал карор дода мешаванд.
  2. Ичозатномахои дар дигар давлатхо гирифташуда дар худуди Чумхурии Точикистон бо шарти мавчуд будани санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон, ки дар онхо ин холат кайд гардидааст, эътироф карда мешаванд.
  3. Ичозатномахои дар дигар давлатхо гирифташуда бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бояд тасдик (легализатсия) карда шаванд ё ба онхо апостил гузошта шавад, агар дар санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1353).

 

Моддаи  182. Додани ичозатнома дар асоси  озмун

 

Ичозатномахо барои фаъолият дар сохаи алокаи барки ва фаъолияти истифодаи сарватхои зеризамини метавонанд  дар асоси озмун  дода шаванд. Тартиби гузаронидани озмунро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар  менамояд.

 

Моддаи  183. Додани ичозатнома дар асоси  созишнома оид ба таксими махсулот

 

Ичозатномахо барои фаъолияте, ки аз созишнома оид ба таксими махсулот байни давлат ва сармоя гузор бармеояд, пас аз 30 рузи ба имзо расонидани созишномаи мазкур бе талаб кардани хуччату маводи иловаги ва бе мувофикасозии иловаги дода мешавад.

 

Моддаи 19. Коидахои гузариш

 

  1. Конунхо ва санадхои дигари меъёрии хукукие, ки тартиби ичозатномадихиро танзим менамоянд, дар кисмате, ки ба Конуни мазкур мухолифат надоранд, амал мекунанд.
  2. Ичозатномадихи ба намудхои фаъолияте, ки дар моддахои 17 ва 18 зикр наёфтаанд, аз рузи мавриди амал карор гирифтани Конуни мазкур катъ мегардад.
  3. Ичозатномахое, ки пеш аз интишори расмии Конуни мазкур дода шудаанд, то мухлати дар онхо нишон додашуда эътибор доранд.

 

Моддаи 20. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукукие, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки  конунгузории Чумхурии Точикистон ба  чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 21. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1353)

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2004, №5, мод. 348; с. 2005, № 3, мод. 120; с. 2006, № 7, мод. 343; с. 2007, № 6, мод. 433; с. 2008, № 1, к. 2, мод. 14, № 6, мод. 457, № 10, мод. 816; с. 2009, № 3, мод. 78, № 5, мод. 326, № 9-10, мод. 544; с. 2010, № 12, к. 1, мод. 821; с. 2012, № 12, к. 1, мод. 1005; с. 2013, № 3, мод. 193, № 11, мод. 787; с. 2014, № 7, к. 2, мод. 406, мод. 407, № 11, мод. 666; с. 2015, № 3, мод. 206, мод. 213, №11, мод. 967; с. 2016, №5, мод. 369, №7, мод. 631, №11, мод. 885; Конуни ЧТ аз 30.05.2017 с., №1434)

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                       Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе,  17 майи соли 2004,

№ 37

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Богчаи бачагон (Кудакон) дар Душанбе

Хамаи волидон (падару модарон) дар чустучуи богчахои кудакон (бачагона) -и хуб дар шахри Душанбе –пойтахти …