Главная / Гуногун / ИЧЛОСИЯИ XVI

ИЧЛОСИЯИ XVI

Раёсати Шурои оли ва Хукумати Точикистон 10 ноябри соли 1992 бо як баёнияе истеъфо дода, даъват карданд, ки чаласаи Шурои оли баргузор гардад ва дар он хайати нави хукумат интихоб шавад.

Тахти сарпарастии Узбакистон аз 16 ноябр то 2 декабри хамон сол дар Хучанд чаласаи Шурои оли баргузор шуд, ки дар он Рахмон Набиев аз макоми Раиси чумхур истеъфо дод ва низоми президенти тагйир дода шуда, Эмомали Рахмон раиси Шурои оли ва рохбари чумхури интихоб шуд. Баъд аз чаласа Оши ошти дода шуд, ки дар он фармондехони харду тараф ахд карданд, ки ба чангу куштор хотима медиханд. Вале баъд маълум шуд, ки на хама фармондехони харду тараф аз хуни хамдигар гузашта будаанд.

koxi-arbob

Куввахои исломи-демократи, ки Душанбе дар дасти онхо буд, эълон карданд, ки хукумати тозаинтихобро ба пойтахт рох намедиханд ва хамин кофи буд, ки чангу касосгири идома ёбад. Гурухе бар онанд, ки чунин эълон аз суи мухолифин баён нашудааст, дакик намедонам сабаб чи буд, вале мутаассифона ин имкони тиллоии сулху салох истифода нашуд. Хукумати тозаинтихоб рузи дахуми декабр аз рохи Хисор ба Душанбе ворид шуда, шахрро аз чангиёни мухолиф тоза кард. Куввахои Фронти халки аз самти Норак низ ба Душанбе ворид шуданд.

Он вакт ман дар махаллаи Зарафшон зиндаги мекардам. Ду руз аз тарафи Хисор хонахои мо бомбборон мешуданд. Дустам Субхиддин, ки ба дидани ман омада буд, ба хонааш баргашта натавониста, бо ман монд. Рузи дигар пас аз ворид шудани хукумати нав, дар махаллаи мо нисбатан ороми хукмфармо шуд ва мо хамрох пиёда ба хонаи у рахсипор шудем. Хонаи у дар микрорайони 63 буд ва мо бояд такрибан аз канори тарафи Хисори шахр ба канори самти Кургонтеппаи он пиёда мераф- тем, зеро кучаву хиёбонхо аз наклиёт холи буданд. Дар тамоми чоррохахо силохдорон меистоданд ва хуччатхои рохгузаронро тафтиш мекарданд. Дар наздикии хонаи мо дар канори рох мурдаи нафаре мехобид, ки кадоме бо суфи сафед руяшро пушонда буд.

Ин мурда аз дируз ин чо мехобид ва ёрии таъчили ба зангхои телефонии мо чавоб дода, мошин фиристоданро ваъда кунад хам, касе часади ин бечораро аз ин чо намегирифт. Вакте ба чоррохаи аввалин расидем, дидем, ки дар канори рох чанд мурдаро болои хам тал задаанд. Хамин тавр, дар чанд чои шахр мо хамин вазъро мушохида карда ба чоррохаи кучаи Неъмат Каробоев ва хиёбони Дустии халкхо, назди кинотеатри «Точикистон» расидем. Дар ин чорроха силохбадасти сиёхчурдае аз мо хуччат пурсид. Лахчааш лахчаи узбактаборон буд, ба то- чики хуб гап зада наметавонист. Паспорти ман хамрохам буд, вале паспорти дустам дар хонааш буд. Максади ба хонаи у ома- дани мо хам, гирифтани хамин паспорт буд. Баъд аз паспорти маро дидан, силохбадаст ба дустам часпид:

  • Чаро паспорт нест? Ман аз кучо мидони помири нести?

Ман, ки шахсиятам мукаррар шуда буд ва фикр мекардам хакки гап задан дорам, гуфтам, ки у помири нест.

  • Орчоникидзеобод? – чашмонашро нимпуш карда пурсид сарбоз. Нохияи Вахдати имрузаро онвакт хамин тавр меноми- данд.
  • Не, аз Айни, – гуфт дустам. Ман, ки то хол хеч гох ба зо- хири Субхиддин ахаммият надода будам, акнун дидам, ки у вокеан ба бадахшонихо шабохат дорад.
  • Фаркаш чист, ки аз кучост? – бо вахшату изтироб пурси- дам ман.
  • Аз ту напурсидам, гап бисёр мезани, шахрата тинч кун, мора наёрад тинчкуни! – дуг зад сарбоз бо лахни шикаста.
  • Шахри мо бе ту хам тинч буд, – бо думи мор бози мекар- дам ман. Мили автомат ба синаам рост шуд. Субхиддин бо дасташ мили автоматро аз синаи ман канор бурда гуфт:
  • Хонаи ман дар он тарафи рох, илтимос, биёед равем, ман паспортама нишон медихам, ё хохед, рафта оварда, нишон тиям?

Сарбоз нигохи хашмборашро аз ман канда, мили автома- ташро поён карду пушташро гардонда рафт. Ба суи харакати у нигох карда дидам, ки чукурии канори рох пур аз мурдахои талзада аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …