Главная / Илм / ИБНИ ТИЛМИЗ

ИБНИ ТИЛМИЗ

ИБНИ ТИЛМИЗ (ваф. 1165), Аминуддавла Абулхасан Хибатуллох ибни Абилъало Ал-Багдоди, маъруф ба Ибни Тилмиз табиби хоси халифаи аббоси Ал-Муктафи. Яке аз пизишкони мумтози замон буда, сарпарастии Бемористони аздиро бар ухда дошт. у раиси кулли табибони Багдод буд. Ба Эрон сафар карда, дар он чо забони форсиро низ омухтааст. Дар тиб таълифоти зиёд дорад. Дар «Кашфу-з-зунун» зиёда аз 16 номгуй осори тиббии И. Т. ёд шудааст, вале аз ин миён китобе, ки муаллиф ба он аз замони худ то имруз машхуру маъруф шуда ва то ба замони мо омада расидааст, «Карободини ибни Тилмиз» мебошад. И. бар «Ал-Конун фи-т-тиб»-и Ибни Сино хошия низ таълиф кардааст.
Ад.: Хочихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии л-кутуби ва-л-фунун», ч. 6, Лубнон, 2007; «Абхосу-н-надвати-л-оламияти-л-уло ли таърихи-л-улум инда-л-араб», ч. 1, Халаб, 1977.

С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …