Главная / Гуногун / ИБНИ СИНО ВА ПОДШОХ  

ИБНИ СИНО ВА ПОДШОХ  

Рузе  аз рузхо  подшохе касал шуд. Ба дарди бисьёр бад гирифтор шуд. Абуали Сино дар кадом мамлакат шунид, ки подшохи шиносаш касал шудааст. Нону намакхурда, ки буд, омад. Омад, дид, як дарде, ки на по кор мекунад, на даст. Дар тахт як халта барин хоб мекунад.

Подшох гуфт, ки:

– Э, буродар, Абуали Сино, ту бародари мани. Ман ба хамин дар гирифтор шудам. Ягон рохи табобати касалии ман хаст ё не?

Абуали Синод диду гуфт, ки:

– Табобати ин дард осон, хеч гап не.

– Осон? Дар дуньё на табиб монд, на бало монд, на бадтар, сихат нашудам! – гуфт подшох.

– Хайр, мешавад-дия, зиндаги-дия. Мана пагах саб-сихат мешави, – гуфт Абуали Сино.

Подшох хайрон шуду гуфт, ки:

– Чи бояд кард?

– Ба халк эълон кунанд, ки, – гуфт Абуали, – ба хаммом пагох хеч кас наравад.

Подшох гуфт, ки:

– Хуб!

Ба хаммом хеч кас нарафту Абуали Сино фармуд, ки подшохро  ба замбар андохта ба хаммом баранд. Гирифта бурданду хаммомро гарм карданд. Абуали Сино хам дорую давои вайро тайёр карда, ба хаммом бурд. Баъд одамхоро фармуд, ки:

– Дароетон, подшохро дар байни хаммом монетону дарро махкам кунетон. Якта аспи нагзи погайхчиро зину авзол карда, ба дари хаммом бурда монетон.

Аспи пойгахчиро хам ба дари хаммом оварда бастанд. Абуали Сино подшохро ба хаммом дароварду дарро махкам карду дид, ки хаммом гарм.

– Кани, домулло, хеста як ин су-он су гардед, – гуфт ба подшох.

– Шумо галати гап мезанед-а! ман агар гашта метавонистам, шуморо даъват мекардам-ми? – гуфт подшох.

– Хез, ин чо чои подшохи не! – гуфту ба дасташ як даста химчаи хорро гирифта, кашидаю кушода, ба тахтапушти подшох чунон зад, ки куртааш тит-тит шуд.

– Э, дар гури дадет туя, – гуфта, хайбат кард подшох.

Газаби подшох омад, дар чахл шуд. Аз як тараф гармии хаммом таъсир карда, рагу пайвандхо кушода шудан гирифтанд.

Бо яктаи дигар заду:

– Хез, ин су-он су кадам мон! Ин чой чои подшохи не! – гуфту боз якта зад.

Кахри подшох омад, хеста каллаи Абуали Синоро гирам мегуяду илочаш не.

Абуали Сино дид, ки аз гояти кахру газаб хамаи рагу пайвандхои  подшох кушода шуданд. Подшох аз чояш хеста ду-се кадам монд. Абуали дарро кушод, боз махкам пушиду хамон аспи бузтозро сувор шуда, хай кард-дияе!

Подшохбо хамон кахру газаб туппа-тугри ба идорааш рафту гуфт, ки:

-Эй аспро савор шавед, падарнаълатро даст гиред, дар гури дадои ин Абуали Сино фалону бехмадон, манро кариб кушта буд-ку! Вай маро сихат намекардааст, вай маро мекушатааст!

Вазирхо гуфтанд, ки:

-Хой, тавба кунед, аз хамон хаммом худатон омадуд ё ягон кас пуштора карда омад?

– Худам омадам.

– Э, тавба кунед-е! Дардатон хам бад будаасту давояш хам бад, тавба кунед!

Подшох, дар хакикат фикр карду  фахмид, ки аз хаммом худаш омад, охир чунбида наметавонист. Баъд кахраш паст шуда, мулоим шуду гуфт, ки:

– Рафта азоб надода, ба асп савор карда биёретон!

Ду одам пешаки рафтанду аз ким-кучо, дах чакрим-ми, бист чакрим-ми, си чакрим-ми, Абуали Синоро дастгир карда дасташро бастанд, пояшро бастанд, дар руи асп одамкуш барин гирфта оварданд.

«Хай дарег, инхо маро ягон кор мекунанд» -гуфт дар дилаш Абуали Сино.

Баъд як кас аспро обу арак кунонду рафту гуфт, ки:

– Э, кушоед дасту пои Абуали Синоро.

Абуали Сино гуфт, ки: «Хайрият, ягон кас неки кардааст».

Кушоданд. То Абуали Синоро овардан вазирхо боз ба подшох фахмонда доданд:

– Бародар, ту аз ин чахлат  гард! Дардат хам бад будааст, давош хам бад. Агар хамин тавр намекард, ту сихат намешуди! Чанд сол ту хоб карди, хамин кадар, ки табобат карданд, ба болои курпаи нозу пари ку хобонданд, ту сихат нашуди!

Подшох аз корхои кардагиаш пушаймон шуду Абуали Синоро оварданд. Подшох аз чояш хесту дахани дар рафта, бо лабу дахани пурханда Абуалиро ошнои карда овард, ба пахлуяш шинонд.

– Буродар, – гуфт, – акнун хамин коре, ки ман кардам, аз руи чахлу газабу хашм буд, ту ин гунохро мегузари. Ман хам гунохи туро гузаштам. Ана ин калиди хазина, ана ин шахр, гиру хуру гард.

Абуали Сино гуфт:

– Буродар, сихат шуди?

– Сихат шудам.

– Думи манро дигар нагир.

– Не, – гуфт подшох, – ман туро намемонам. Ман як беакли кардам, гунохамро мегузари, лекин туро намемонам!

– Не, – гуфт Абуали, – думи манро нагир. Ман одами сайёра, ба кучое хизмат кунам, ба кучое кор  кунам, ба кучое кайф кунам, ихтиёрам.

Подшох гуфт:

– Не, намемонам.

Баъд Абуали Сино  гуфт, ки:

– Э буродар, хама чо ба чо шинанд, ман як хикоят мекунам, агар ба шумохон маъкул шавад, гуетон «маъкул», маъкул нашавад, гуетон «номаъкул».

Баъд гуфтанд, ки:

– Кани, хикоятро сар кун!

Абуали Сино  хикоятро сар мекунад:

– Як марди камбагал буду хеч рузаш бех намешуд. Аммо дар дари хонааш як мор хона дошт. Як руз ба худаш фикр кард, ки: «Хамин шири модаговро ба бозор барам, фурушаму ягон чиз харам, биёрам, зиндаги кунам».

Хамин говро чушиду ширро дар хурма гирифту ба бозор бурд. Ширро тифокан хеч ки нахарид. Марди камбагал маъюс шуду бозгашт кард. Дар рохи хонааш як гор буд. Дар ру ба руи хамон гор хурмаро монду тахоратшикани шишт. Аз чояш хесту дид, ки аз даруни гор як мор баромад, омад, хамон ширро хурду монду рафт. Ин мард саросема нашуда боз озмуду гуфт, ки: «Ачаб мор будаст-а?» Хамон мор рафту дар даханаш дута тиллоро оварду даруни хурма партофт. Ду тиллоро мард гирифту ахволаш нагз шуд. Камбагал хурсанд шуд, «ачаб чояшро ёфтам» гуфт. Киса кутах, харруз, ба касе нафахмонда, шири чушидаашро бурда дар хамон чо мемонд, мор мехурду ду тилло меоварду ба хурма мепартофт. Хамин кати ин таххона кард, болохона кард.

У як писари окипадар дошт, аз омадани давлат хабар надорад. «Ин падари ман аз кучо меёбад» – мегуяд. Охир, токат карда натавонист, як пагох барвакт хесту омад пеши падараш,чорзону карда шишту шамшерро аз миёнаш кашиду ба пеши падараш партофта гуфт:

– Эй падар, хамин давлати ёфтагиро мегуи аз кучо? Агар намегуи, бо хамин шамшер мезанам, калаат мепарад!

Марди камбагал гуфт: «Оббо, кор ганда шуд. Чи кор кунам? Агар ба ин гуям, ин як бачаи ахмаки намешудаги, морро мехусонад. Агар нагуям, манро мекушад. Гашта фикр карда фикр карда гуфт:

– Писарам, ту хурданатро дону пушиданатро дону аз кучо омадани давлатро напурс. Агар пурси, хам ту хафа мешавию хам ман.

– Не, падар, гапамро ду накун, – гуфт бача.

Баъд дид, ки намешавад, камбагал гуфт, ки мана масъала хамин.

Ин гапро бача фахмиду гуфт:

– Набошад, ин пагохи ширро ман мебарам.

Камбагал бисьёр хафа шуд, гуфт, ки: «Ин морро хурсанд мекунад ё хафа мекунад». Ин окипадар хама вакт дар миёнаш шамшер дошт. Ширро бурду дар хамон чои мукаррарии камбагал мемондаги монду гашта омада камтар поида истод. Мори бечора акидаи харруза карда, баромад, ширро хурда акнун ба тилло мерафт, ки бача токат карда натавониста гуфт:

– Широ бепул хурди, пул напартофта мерави?

Кахру газабаш омад бачаро, хуни бачаги дар чуш омад, шамшерро кашиду зад, як вачаб думи мор бурида шуда галтиду мор ба даруни гор даромад. Мор ба худаш фикр кард, ки: «Во ачабо, ин чи хел ночинс буд, ки манро ин тавр кард? Токат накард, ки ман хаккашро дихам».

Мор аз гор баромад, руи бача ба тарафи хона буд, ки бо тамоми кувваташ захр зад, бача галтиду дар хамон чо сип-сиёх шуда мурд.

Марди камбагал фикр кард: «Аз мулчар гузашту барои чи дараки Писарам не?» тарафи гор рафт. Омад, дид, ки бача руяш ба тарафи хонаю мурда мондааст. Хурмаро дид, ки холи истодаасту думи мор як вачаб буридагию сари мор ба тарафи гор. Марди камбагал фикр кард: «Барои чи ин тавр шудааст. Хамин мор аз хона баромадааст, омадааст, ширро хурдааст, вакти акнун «тилло мебиёрам» гуфта ба тарафи хонааш рафтан ин «чизе надод» гуфта чахли бачаги голиби кардааст, задаст, думи мор бурида шудааст. Аммо мор сихат ба хона даромадааст. Аз кори кардагии бача хашмнок шуда, таоми кувваташро чамъ карда вакти бача хурмаро гирифта ба тарафи хона рафтан захр задаст, бача мурдааст. Ин айби мор несту бачаи худам». Мард чунин хулоса бароварду фарёд кард:

-Хой, морчура, баро! Мо  чураи кадима, ман хафа намешавам.

Мор боз дам назад. Сеюм бор чег зада буд, ки мор баромад. Гуфт, ки:

– Ту барои чи хафа шуди?

Мор гуфт, ки:

– Ту худат барои чи наомада, хамин бачаро фиристоди?

Камбагал гуфтугуи писарашу худашро ба мор гуфт, ки мор хам каноатбахш шуд. Марди камбагал гуфт, ки:

– Буродар, ту акнун думи буридаатро ба хотир набиёр, ман бачаи мурдагиамро. Мо мисли пештара дусти кардан мегирем. Мор гуфт, ки:

– Не, аз хамин руз бутун буродариро мебурем.

– Сабаб?

– Сабаб хамин, ки агар ман даруни гор будаги тиллоро бароварда ба ту дихам хам, хамин захр зада бачаатро куштагиам аз дилат намеравад. Дар мавридаш дар дилат мегуи, ки «ту хамон падарнаълат нести, ки бачаи маро захр зада кушта буди?». Ту агар дахта гови чушои гирию ширашро ман хурам, ба якаш не, ба якаш ба дилам меояд, ки: «Ту хамон падарлаънат нести, ки бачаат думи манро бурида буд?». Ин ду гап то зинда будани тую ман аз диламон намеравад. Аз хамин руз панохи ту хам ба худо, панохи ман хам ба худо.

– Э, буродар, вазирхо, – гуфт Абуали Сино, – агар хамин подшох калиди хазинаашро дихад, тамоми хазинаро ман барбод кунам, як руз не, як руз ба дилаш мебиёд, ки «Ту хамон падарлаънат нести, ки дар даруни хаммом маро ба химчаи хордор зада буди?». Ба дили ман мебиёяд, ки: «Ту хамон подшох нести, ки аз пасам ду касро фиристода «уро баста биёр, мекушам» гуфта буди? Буродар, ин ду гап аз дили мою ту намеравад. Ин гапам маъкул ё номаъкул?

Подшох гуфт:

– Маъкул, ин то мурдан аз дил намеравад.

– Хамин хел, ки бошад, – гуфт Абуали Сино, – буродар, панохат ба худо. Агар ягон касал – пасал шуди, манро хабар куну аммо умед накун, ки ман меистам.

Бо хамин Абуали Сино хест, аспашро савор шуд, аз пушти кори худаш рафт.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …