Главная / Илм / ИБНИ РУШД

ИБНИ РУШД

ibni-rushdИБНИ РУШД (1126 – 1198), Абулвалид Мухаммад ибни Ахмад, файласуф, факехи молики ва табиби маъруфи араб. Дар Андалус (Испанияи исломи) дар шахри Куртуба дар хонадони номдори фукахои молики ба дунё омада, баъд аз зиндагию фаъолият дар Марокаш вафот кардааст. И. Р. аз хурди ба омухтани илм машгул шуда, хусусан илмхои калом, фикх, шеър, тиб, риёзиёт, фалак ва фалсафаро пурра фаро мегирад. Сипас бо тавсияи Ибни Туфайл халифаи муваххидихо – Абуяъкуби Юсуф уро нахуст табиби худ ва баъдан козии Куртуба таъйин мекунад. И. Р. харчанд табиби мумтоз ва рохнамои табибони замонааш буд, вале бештар хамчун файласуф шухрат дорад. у осори Арастуро тахкику барраси карда, бар онхо шарххо навиштааст, Арастуву тарафдоронашро аз мухолифон дифоъ кардааст. И. Р. дар таърихи ислом аввалин файласуфест, ки кушидааст то алокамандии шариату фалсафаро бо бурхонхои мантики исбот кунад; у ба фалсафаву мантик хукми шаръи додааст. Аз таълифоти И. Р. дар тиб дар сарчашмахо ду китоб ёд шудааст: «Ал-Куллиёт фи-т-тиб» ва «Шарху-л-Урчуза фи-т-тиб ли Ибни Сино» (аввалин шархи «Урчуза фи-т-тиб»-и Ибни Сино мебошад).
Ад.: «Ал-Мунчад фи-л-лугат ва-л-аълом», Бейрут, 1986; Хочихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-зунун», ч. 1 ва 2, Лубнон, 2007.

С. Шахобуддинов.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …