Главная / Илм / ИБНИ НАФИСИ ДИМИШКи

ИБНИ НАФИСИ ДИМИШКи

nophotoИБНИ НАФИСИ ДИМИШКи (1200 – 1288), Алоуддин Али ибни Абилхазми Кураши, табиб, яке аз шорехони бозаковат ва эчодкори «Ал-Конун фи-т-тиб»-и Ибни Сино. Дар Димишк ба дунё омада, дар хамон чо маълумоти ибтидои гирифтааст. Илми тибро дар назди Мухаззабуддин ном табиб омухтааст. Сипас ру ба Кохира оварда, рохбарии Бемористони мансуриро бар ухда мегирад ва хамзамон дар вазифаи устодии мадрасаи тиббии он фаъолият менамояд. И. дар илмхои забон, хадис ва фикх хам забардаст будааст. у аз пайравони эчодкори Ибни Сино аст. Дар натичаи омузиш ва тахкику баррасии осори тиббии Шайхурраис сесад сол пеш аз табибони аврупои гардиши хурди хунро кашф кардааст. Дар робита ба тиб китобхои зерин дорад: «Мучазу-л-Конун», «Шарху куллиёти-л-Конун» ва «Аш-Шомил».
Ад.: Ахмад Шавкат, «Таъриху-т-тиб ва одобуху ва аъломуху», Димишк, 1982.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …