Главная / Илм / ИБНИ ХАЙСАМ

ИБНИ ХАЙСАМ

ИБНИ ХАЙСАМ (965, Басра – 1039, Кохира), Абуали Хасан ибни Хайсами Басри, олими энсиклопедист. Дар Аврупо бо номи Алхатсен машхур мебошад. Чанд муддат дар зодгохаш ш. Басра вазифаи вазириро ичро кардааст. Баъдтар хаёти худро комилан ба илм бахшид. И. Х. дар сохаи офталмология хизматхои арзанда дорад. Аввалин маротиба дар таърихи тиб ташрехи анатомии чашмро манзур карда, ходисахои физиологии дар чашм инъикос ёфтани шуоъ ва таассуроти биноиро шарх додааст. И. Х. узвхои чашм – карния, зучочия, шабакия, сулбия ва г.-ро омухта, ба хар яки он ном гузоштааст. И. Х. айнакро ихтироъ кард ва барои истифода тавсия намуд. Дар руйхати табибоне, ки Ибни Абиусайбиъа овардааст, 92 таълифоти И. Х. кайд шудааст.
Ад.: Розенфельд Б. А., Юшкевич А. П., Теория параллельных линий на средневековом Востоке, М., 1983; Розенфельд Б. А., Астрономия стран Ислама, М., 1984.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …