Главная / Илм / ИБНИ ЧАЗЛАИ БАГДОДи

ИБНИ ЧАЗЛАИ БАГДОДи

nophotoИБНИ ЧАЗЛАИ БАГДОДи (с. тав. номаълум – ваф. 1100), Абуали Яхё ибни Исо ибни Чазлаи Багдоди табиби маъруфи а. 11. Дар замони хукумронии халифаи аббоси Ал-Муктади (1074 – 1094) дар Багдод зиндаги ва фаъолият карда, бисёре аз китобхояшро ба исми ин халифа таълиф кардааст. И. дар ибтидо масехи буд, сипас ислом оварда, аз мусулмонони бисёр бо таквову пархезгор мегардад. Баъд аз ислом оварданаш козии Багдод уро котиби худ таъин мекунад. И. китобхои зеринро таълиф кардааст: «Таквиму-л-абдон» (дар тиб ва муолича; дар бораи 352 хели бемори маълумот дорад),«Минхочу-л-баён фимо ястаъмилуху-л-инсон» (дар баёни гиёххо ва маводи доруги буда, онхоро аз руи ном ба тартиби алифбо ёд кардааст), «Ал-Ишора фи талхиси-л-ибора», «Рисола» (дар мадхи тиб ва мувофикати он бо шариат ва радди касоне, ки бар вай таъйин кардаанд). И. дар пешаи худ бо диёнату такво амал карда, фукарову бечорагонро маччони табобат менамуд, ба онхо доруву давохоро билоиваз мерасонд. И. пеш аз вафот хамаи китобхояшро вакфи мазори хазрати Имоми Аъзам карда будааст.
Ад.: Ибни Халликон, «Вафаёту-л-аъён ва анбоу абнои-з-заман», ч. 6, Бейрут, 1972.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …