Главная / Илм / ИБНИ БАЙТОР

ИБНИ БАЙТОР

ibni-baytorИБНИ БАЙТОР (1197, Малакаи Андалус – 1248, Димишк), Зиёуддин ибни Абдуллох ибни Мухаммад ал-Малаки маъруф ба Ибни Байтор, яке аз бехтарин гиёхшиносони араб дар асрхои миёна. Дар ш. Ишбилия дар назди Абулаббоси Ишбили илми гиёхшиносиро омухтааст. Дар бистсолаги барои тахкику омузиши дорухои муфрада ва чустучуи гиёххои доруги ба Юнон ва аз он чо ба шим. Африко, аз чумла ба Магриб, Алчазоир, Тунис, Таробулус, Миср, Хичоз, Газза, Байтулмукаддас, Бейрут, Лубнон, Антокия ва то Мавсил дар шарки олами исломи сафархо кардааст. Дар Миср малик Комили Айюби уро раиси дорушиносон таъйин намуд. Пас аз марги малик ба хизмати писару у малик Одили Айюби даромад. И. Б. ахиран дар Димишк икомат варзида дар он чо вафот кардааст. И. Б. доир ба растанихои доруи «Ал-Мугни фи-л-адвияти-л-муфрада» («Китоби кифоякунанда дар бораи дорухои сода»), «Ал-Чомеъ ли муфрадоти-л-адвия ва-л-агзия» («Китоби чомеъ дар бораи дорухои сода ва гизохо») барин чанд асархо офаридааст. И. Б. аз асархои Дискуридус, Чолинус, Ибни Сино ва диг. васеъ истифода бурдааст.
Ад.: Крачковский И. Ю., Избр. соч., т. 4, М. – Л., 1957; Мухаммад Муъин, «Фарханги форси», ч. 5, Техрон, 1379, х. ш.; Риёз Рамазон, «Ад-Даво мин фачри-т-таърих ила-л-явм», Кувейт, 1988.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …