Главная / Чамъият / Хусусигардонии моликияти давлати

Хусусигардонии моликияти давлати

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи хусусигардонии моликияти давлати

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  с. 1997, №10, мод. 160;  с. 2002, №4, к. 1, мод. 167; с. 2003, №12, мод. 699; с. 2009, №3, мод. 90; Конуни ЧТ аз 23.07.2016 с., №1352)

Моддаи 1. Мукаррароти умуми

Ин Конун муносибатхои байни давлатро дар шахси макомоти ваколатдори он ва шахсони хукукию вокеи дар рафти хусусигардонии моликияти давлати мукаррар менамояд.

Моддаи 2. Мафхуми хусусигардони

Хусуссигардони – фаъолиятест, ки аз тарафи давлат мувофики тартиби мукарраршуда оиди додани хукуки моликият ба шахсони хукуки ва вокеи анчом дода мешавад.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба хусусигардони

Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба хусусигардони ба Конститутсия, конунхои конститутсиони ва дигар конунхо, санадхои хукукии Президент, Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти хокимияти махалли асос меёбад.

Хусусигардонии моликияти Чумхурии Точикистон, ки берун аз худуди он карор дорад, тавассути ин Конун танзим мегардад, агар дар санадхои хукукии байналхалкии аз тарафи Чумхурии Точикистон эътирофшуда тартиби дигар пешбини нагардида бошад.

Моддаи 4. Принсипхои асосии гузаронидани хусусигардони

Принсипхои асосии гузаронидани хусусигардони аз инхо иборатанд:

конуни будан;

ошкор будан;

баробарии хукуки шахрвандон барои гирифтани хиссаи амволе, ки бояд хусуси гардонида шавад;

ракобат;

ворисияти хукуки ва масъулияти байнихамдигарии тарафхо.

 

Моддаи 5. Макомоте, ки аз тарафи давлат дар сохаи хусусигардони ваколатдор шудаанд

Макомоти ваколатдори давлати дар сохаи хусусигардони инхо мебошанд:

дар мавриди моликияти чумхурияви  – Хукумати Чумхурии Точикистон;

дар мавриди моликияти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо, нохияхо – Мачлисхои дахлдори вакилони халк ва дар худуди салохияти худ, – Раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо ва нохияхо.

 

Моддаи 6. Ваколатхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи хусусигардони

Хукумати Чумхурии Точикистон дар худуди салохияти худ;

идоракунии раванди хусусигардонии моликияти давлатиро дар Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

барномаи хусусигардонии моликияти давлатиро тасдик мекунад;

тартиб ва усулхои муайян намудани арзиши объектхои хусусигардонидашавандаро мукаррар менамояд;

оид ба масъалахои хусусигардони карорхои оперативи кабул мекунад.

Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад ба тартиби мукарраркардаи конун як кисми ваколатхои худро дар сохаи хусусигардони ба макомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон вогузор намояд.

Моддаи 7. Ваколатхои макомоти хокимияти махалли дар сохаи хусусигардони

Ваколатхои Мачлисхои вакилони халк, Раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо дар сохаи хусусигардони, ки аз моддаи 5 ин Конун бармеоянд, бо конунхои конститутсиони ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 8. Объектхои хусусигардони

Объектхои хусусигардони инхо мебошанд:

а) тамоми намудхои амволи корхонахои давлати, ки барои фаъолияти онхо таъмин шудаанд, инчунин хукуки заминистифодабари дар китъахои замине, ки онхо дар он чо вокеанд, хукуки талабкуни, карзхо, хукукхои истиснои, ки ба корхона хамчун ба шахси хукуки тааллук доранд;

б) бахшхо ва вохидхои сохтории истехсоли ва гайриистехсолии корхонаи давлати хамчун мачмуи амволе, ки хусусигардонии онхо силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад;

в) амволи алохидаи (чудо кардашуда, ки махсус барои хусусигардони пешбини шудаанд) корхонаи давлати;

г) сахмияхои ташкилоту корхонахои марбути давлат.

Амволи давлати аз лахзаи кабул шудани карор аз тарафи макоми давлатии дар моддаи 5 ин Конун зикршуда оид ба хусусигардонии он ба объекти хусусигардони табдил меёбад.

Моддаи 9. Объектхое, ки хусуси гардонида намешаванд

Объектхое, ки мутобики моддаи 13 Конститутсияи Чумхурии Точикистон моликияти махсуси давлати мебошанд, хамчунин объектхои мероси таърихи ва сарвати милли, бинохо ва иншооти макомоти идоракуни ва хокимияти давлати ва хокимияти махалли, системахои оби нушоки, корхонахои мудофиа  корхонахо оид ба нигохдошти партовхои радиоактиви, инчунин амволи неругохи барки обии «Норак», неругохи барки обии «Рогун» ва корхонаи вохиди давлатии «Ширкати Алюминийи Точик» хусуси гардонида намешаванд. (КЧТ аз 26.03.09с №497).

Хусусигардонии объектхое, ки фаоълияти иктисодиёти шахрхо ва нохияхоро таъмин мекунанд: иншооти комплекси сузишворию энергетики; иншооти хочагии об (ба истиснои системахои обрасонии оби нушоки), роххои охан ва роххои автомобилгард, шабакахои алока; объектхои нигахдории тандурусти ва маориф бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Номгуи объектхоеро, ки мутобики ин Конун хусуси гардонида намешаванд, Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

Объектхои пешбининамудаи моддаи 8 ва кисми дуюми моддаи мазкур, ки тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусуси» ба шарикии давлат ва бахши хусуси дода шудаанд, дар давраи амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусуси, хусуси гардонида намешаванд(КЧТ аз 23.07.16 с., №1352).

 

Моддаи 10. Субъектхои хусусигардони

Ашхоси вокеи ва хукуки субъектхои хусусигардони мебошанд.

Ашхоси хукукие, ки дар фонди оинномавии онхо хиссаи давлат аз 25% зиёд аст, субъектхои хусусигардони буда наметавонанд.

Тартиби ширкати ашхоси вокеи ва хукукии хоричиро дар хусусигардонии моликияти давлати, конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 11. Шаклхо ва шартхои хусусигардони

Хусусигардони ба шаклхои зерин сурат мегирад:

а) ба савдо гузошта фурухтан;

б) аз руи лоихаи инфиродии хусусигардони дар асоси озмун.

Муайян намудани шаклхо ва шартхои хусусигардони, тартиби гузаронидани савдо, хамчунин тасдики лоихахои инфиродии хусусигардониро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менунад.

 

Моддаи 12. Ба савдо гузошта фурухтани объектхои хусусигардони

Савдо ба намуди музояда ё тендер гузаронида мешавад.

То гузаронидани савдо фурушанда вазифадор аст бо талаби харидор ба у оиди объекте, ки хусуси гардонида мешавад, маълумоти пурра дихад.

 

Моддаи 13. Лоихаи инфиродии хусусигардони

Объектхои махсусан мухим ва мухим, ки номгуи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, мувофики лоихахои инфидори хусуси гардонида мешаванд.

Лоихаи инфиродии хусусигардони аз инхо иборат аст:

1) тахлили хамачонибаи фаъолият ва кобилияти ракобати объект;

2) муайян намудани арзиши мачмуи амволии он;

3) муайян намудани андозаи мачмуи давлатии сахмияхои фурухташаванда;

4) низоми дигаргунихои пешниходшавандаи ташкилию сохтори, технологи ва тагйироти дигари объект;

5) интихоби намуди хусусигардони.

Ичрои табики лоихаи инфиродии хусусигардониро баъди тасдики он Комиссияи чумхуриявии хусусигардонии объектхои моликияти давлати аз руи лоихахои инфироди амали мегардонад. Рафти ичрои талаботи шартномаи хариду фуруши объектхои моликияти давлатиро мутобики лоихахои инфироди макомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон назорат мекунад.

 

Моддаи 14. Когазхои киматноки хусусигардони

Бо максади таъмини адолати ичтимои ва шароити ибтидоии баробар барои ширкат дар хусусигардони ба шахрвандон чуброн намудани сахми онхо дар таъсиси амволи давлати аз когазхои киматноки хусусигардони истифода бурда мешавад, ки онхо барои сохибонашон ба хиссаи муайяни моликияти давлати хукук медиханд.

Шароити барориш тартиби муомилот ва истифодаи когазхои арзишноки хусусигардони аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 141. Фуруши бастаи сахмияхои ба давлат тааллукдошта дар сармояи оинномави

Фуруши бастаи сахмияхои ба давлат тааллукдоштаи чамъиятхои сахомии зерин дар асоси озмун мутобики  лоихаи инфиродии хусусигардони анчом дода мешавад:

– чамъиятхои сахомие, ки хусусигардонии онхо бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад;

– чамъиятхои сахомие, ки дар бозори дохилии Чумхурии Точикистон мавкеи афзалиятнок ё инхисориро (монополиро) ишгол мекунанд;

– чамъиятхои сахомие, ки ба вазъи ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон таъсири чидди мерасонанд.

Хусусигардонии чамъиятхои сахомие, ки ба вазъи ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон таъсири чидди мерасонанд, бо шарту ухдадорихои муайяни сармоягузори ва ё ичтимоие, ки бояд аз чониби харидор ичро карда шаванд, амали карда мешавад.

Фуруши сахмияхои ба давлат тааллукдоштаи чамъиятхои сахомии кушода дар холате амали карда мешавад, ки хачми  сахмияхои харидашаванда ба харидор имконияти идораи самараноки чамъияти сахомиро таъмин намояд, ки барои ичрои ухдадорихои тибки шартхои озмун кабулкарда зарур аст. (КЧТ аз 26.03.09с №497).

 

Моддаи 142. Хукуки махсус («сахмияи тиллои»)

Бо максади хифзи манфиатхои мухими стратегии давлат Хукумати Чумхурии Точикистон хангоми табдил додани корхонахои давлати ба чамъиятхои сахоми  ва ё кабули  карор оид ба фуруши сахмияхои ба давлат тааллукдоштаи чамъиятхои  сахоми метавонад дар холатхои истиснои нисбати онхо оид ба истифодаи хукукхои махсус чихати иштироки Чумхурии Точикистон дар идоракунии чамъиятхои сахомии кушодаи  зикргардида карор кабул намояд  (хукукхои махсус – «сахмияи тиллои»).

Номгуи чамъиятхои сахомии кушодае, ки дар онхо хукукхои махсус («сахмияи тилои») татбик мегарданд, бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Хукумати Чумхурии Точикистон баъди кабули карор оид ба истифодаи хукукхои махсус («сахмияи тиллои») намояндаи  худро дар Шурои директорони чамъияти сахомии кушода таъин менамояд ва ин хукук бояд дар Оинномаи чамъияти сахомии дахлдор пешбини карда шавад.

Чамъияти  сахомие, ки нисбати он карор дар бораи хукукхои махсус («сахмияи тиллои») кабул гардидааст, ухдадор аст, ки дар бораи мухлати баргузории мачлиси умумии сахмиядорон ва рузномаи он бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон намояндаи давлатро хабардор намояд.

Хукукхои  махсус («сахмияи тиллои») ба дорандаи худ – Хукумати Чумхурии Точикистон дар вакти кабули карори мачлиси умумии сахмиядорон  хукуки манъкуниро нисбат ба халли чунин масъалахо медихад:

– оид ба ворид намудани тагйиру иловахо ба Оинномаи чамъияти сахоми ва ё тасдики Оинномаи чамъияти сахоми дар тахрири нав;

– оид ба азнавташкилдихии чамъияти сахоми;

– оид ба бархамдихии чамъияти сахоми;

– оид ба бастани ахдхои калон ва ахдхое, ки нисбати онхо манфиатдори дар анчоми ахд вучуд дорад  ва тибки Оиннома розигии мачлиси умумии сахмиядоронро талаб менамоянд;

– дар холати кабули карорхое, ки барои иктисодиёти чумхури  ахамияти калон доранд.

Макоми ваколатдор, ки давлатро муаррифи менамояд, хукук дорад аз нигохдорандаи фехристи когазхои киматноки чамъияти сахоми, ки  дар он давлат хукукхои махсус («сахмияи тиллои») дорад, дар бораи номгуи сохибмулкони когазхои киматноки чамъияти сахомии дар фехристи мазкур бакайдгирифташуда оид ба микдор, намуд ва арзиши номиналии когазхои киматнок маълумот гирад.

Карор оид ба катъи хукукхои махсус («сахмияи  тиллои») аз тарафи Хукумати Чумхурии  Точикистон кабул карда мешавад.

Хукукхои махсус («сахмияи тиллои») то кабули карор оид ба катъи он амал менамоянд.

Дар як вакт вобаста  намудани сахмияхои чамъияти сахоми ба моликияти давлати ва нисбати хамин чамъияти сахоми истифода бурдани хукукхои махсус («сахмияи тиллои») манъ аст. Хукукхои махсус («сахмияи тиллои») ба сахмияхои чамъиятхои сахомие, ки нисбати онхо карор оид ба истифодаи хукуки мазкур кабул гардидааст, иваз карда намешаванд.  (КЧТ аз 26.03.09с №497).

Моддаи 15. Пайдоиши хукуки моликият ба объекти хусусигардонидашуда

Хукуки моликият ба объекти хусусигардонидашуда аз лахзаи ба тартиби мукаррарнамудаи конун ба кайди давлати гирифта шудани хукуки моликият эътибор пайдо мекунад.

Хуччати тасдиккунандаи хукуки моликият ба мачмуи амвол Шаходатнома дар бораи бакайдгирии хукуки моликият, ки онро идораи нотариати давлатии махали чойгиршавии объекти фурухташуда медихад, ба хисоб меравад.

Хуччати тасдиккукнандаи хукуки моликият ба сахмияхои фурухташуда Шаходатнома дар бораи сохибии сахмияхои чамъиятхои саххоми ба хисоб меравад, ки онро макомоти аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон ваколатдор шуда оид ба пешбурд ва нигохдошти фехрасти дорандагони когазхои киматнок медихад.

 

Моддаи 16. Маблагхои аз хусусигардони воридшаванда

Маблагхои аз хусусигардони ба дастомада бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ба бучети давлатии Чумхурии Точикистон ворид мегарданд.

Кисме аз маблагхои аз хисоби ичрои амволи давлати ва дивидентхои пакети давлатии сахмияхои чамъиятхои саххоми ба даст омада бо максади баланд бардоштани имкониятхои функсионали ва бехтар намудани таъминоти моддию техники метавонанд ба ихтиёри макомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон монда шаванд. Хачм ва тартиби истифодаи ин маблагхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 161. Иттилоот дар хусуси чараёни хусусигардони

Макомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон бояд дар хусуси чараёни хусусигардонии моликияти давлати дар воситахои ахбори омма иттилоот пахн намояд.

 

Моддаи 17. Чавобгари барои вайрон кардани ин Конун

Барои вайрон кардани ин Конун мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгари пешбини шудааст.

 

      Президенти

Чумхурии Точикистон                                                              Э. РАХМОНОВ

 

ш. Душанбе, 16 май соли 1997                            

№464                                                      

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди тартиби мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи хусусигардонии моликияти давлати»

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  1997, №10, мод. 161)

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлати» аз лахзаи нашри расмиаш мавриди амал карор дода шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон:

дар хусуси ба Конуни мазкур мутобик гардонидани конунхои чори ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход намояд;

карорхои Хукумати Чумхурии Точикистонро ба Конуни мазкур мутобик гардонад.

 

Раиси Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                 С. РАЧАБОВ

 

ш. Душанбе, 16 май соли 1997

№465

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …