Главная / Илм / Хуроккаши дар давраи хомиладори

Хуроккаши дар давраи хомиладори

Давраи хомиладори яке аз даврахои нихоятан пурмасъулият дар хаёти хар як зан ва мархилаи мухим барои огози хаёти кудак мебошад. Дар ин давра хар гуна дигаргунихо ба саломатии зан ахамияти бузург дорад.

xurokkashi-homiladori

Хуррок дар давраи хомиладори мушкилоти тибби ва хам ичтимои мебошад. Дар ин холат дар давраи хомиладори хам зан ва хам кудак азоб мекашанд. Хуррок падидаи овози буда, ки пайдошавиаш боиси латукуби гулу ба хамдигар хангоми гузаштани хаво аз болои роххои нафаскашист. Гулу чандкадаре, ки танг бошад, хамонкадар эхтимоли хуррок кашидан дар давраи хомиладори зиёд мешавад.

Дар холати зиёд танг будани  роххои нафаскаши, эхтимоли  пайдоиши хуррок  фарингеал, ва холатхои пурра катъ гардидани нафас хаст. Дар холати зиёд будани патология ва зиёд будани тангии роххои нафаскаши хуррок дар давраи хомиладори яке аз нишонахои инсидоди апноэ мебошад.

Дар ин холат зани хомиладор, дар мачмуъ метавонад дар як шаб 2-3 соат нафас накашад. Хар як холати апноэ гипоксемияро дар бар мегирад (камшавии оксиген дар хун).  Даххо ва садхо холатхои апноэ дар як шаб хатари пайдоиши гипоксия и гипотрофияи кудакро, преэклампсия ва  гипертензияи артериро зиёд мекунад.

Умуман занхое, ки дар давраи хомиладори хурок мекашанд ва бемории апноэ доранд, аз  ноором ва набудани хоб, хастаги ва дарди сари пагохи, хамлахои нафастанги дар шаб, асабоният, рузона хоболуд будан шикоят мекунанд.

Сабабхои хуроккаши дар холати хомиладори. Сабабхо метавонанд бо таври назаррас фарк кунанд:

Дар мавриди аввал, хуррок пеш аз давраи хомиладори мавчуд буд ва дар давраи хомиладори афзун гашт. Эхтимолан, ин бемор  омилхоро пеш аз хомиладоршави дошта аст:  вазни зиёди, манахи хурди ба кафо рафта , беморихои музмини ЛОР.

Дав мавриди дуввум, вакте, ки зан пеш аз хомиладори хуррок намекашид, ва тахти раванди гуногун дар давраи  хомиладори хурок ва синдроми паноэ пайдо шуд .

Ба ин холат як катор равандхо мусоидат мекунанд:

Афзоиши вазни бадан. Хомиладори хамеша бо афзоиши вазни бадан мусоидат мекунад, бинобар ин, афзоиши вазни бадани хомиладор аз заруриятхои физеологи бештар хаст. Фаринги инкишоф меебад, чарбухо дар бофтахои нарми гардан чамъ мешаванд, ки боиси фишурдасозии роххои нафаскаши аз берун мешаванд. Дар баробари ин сохтори гулу кобил ба нигох доштани чарб хаст, бо ин васила гулу танг мешавад, ки боиси пайдоиши хуроккаши мешавад.

Сахми назаррас дар пайдоиши хуррок дар давраи хомиладори омоси хомиладорон мегузорад, бахусус эътилоли. Омосхои эътилоли хангоми як катор беморихо пайдо мешаванд: бемории калб, гестоз, преэклампсия, ва беморихои гурда. Ингуна омосхо бештар ба назар меоянд ва вазни занонро бадтар мекунанд боиси танг шавии роххои нафаскаши мешаванд.

Омили ассоси, ки боиси инкишоф ёфтани хуррок дар занони хомиладор мегардад ин «ринити хомиладон» аст, ки басомади пайдоияш аз 5-40%, ва он бештар дар дуюм/сеюм семохаи хомиладори пайдо мешавад. Аломатхои ин бемори гуногунанд аз чумла: пуршавии бини, атсазани, хориши бини, ки боиси душворшавии нафаскаши тарики бинни мешавад.

Табобати хуроккаши ва индроми апноэ хоби хомиладорхо.

Интихоби  усули махсус ё мачмуи усулхои табобати хурроккаши ва синдроми апноэ аз як катор  сабабхо  ва сахтгирии ихтилоли нафаскаши вобаста аст. Хангоми сабук будани синдроми апноэ, ки на он кадар хатарнок барои кудаку модар аст рохи халли ин мушкили танхо мунтазир шудан аст. Баъд аз бомуваффакият анчом ёфтани хомиладори хуррок пурра нопадид мешавад.

Хангоми аз хад зиёд будани вазни хомила пархези муайян дар назар гирифта шудааст, ки боиси махдуд гаштани афзоиши вазни бадан мегардад.

Хангоми омоси (варамкунии) физеологи махдуд кардани микдори об дар назар гирифта шудааст, махсусан баъд аз нимаи дуюми руз. Самаранок ва махдуд кардани истеъмоли намак.

Хангоми  омоси эътилоли вобаста ба ташхиси бемори табобати махсус гузаронида мешавад.

Дар давраи  ринити хомиладори  имконияти риояи  дастурхои зерин аст:

  • Хангоми хоб мавкеи болотарро барои худ ишгол намоед;
  • Буги гарм метавонад каме холатонро сабук гардонад. Хамоми гарм кардан якаме дар холати хамоми гарм бошед. Инчунин метавонед дар оби гарм сарчокро тар карда, ба руятон монда , каме нафас кашед;
  • Ба биниатон катраи халли изотонии тозаро чаконед АкваМарис (0.9% хал такрибан 1 грам намак дар 1 литр об). Баъд аз чанд дакика атса занед;
  • Таъсири хар гуна омили вусъатро нагузоред (дуди тамоку, буи кавеъ, тагироти ногахони дар харорати хаво);
  • Тасмахои васеъкунандаи бинни истифода баред «БризРайт». Ин тасмачахо бар болхои бини часпонда нафаскаши бо биниро осон мегардонанд. Тасмачахои мазкурро метавонед хам дар давоми руз ва хам дар давоми шаб истифода баред. Ин тасмачахо компоненти доруги надошта занони хомиладор бемахдуд онхоро истифода бурда метавонанд. Истифода бурдани тасмачахои «Бриз Райт» ба хомиладорон  имконият медихад ки аз хурроккаши халос шаванд.

Агар зани хомиладор  апноэи  вазнин ташхис  карда бошад, ки   ва   гипертонияи артериро дар бар мегирад нишонахои  преэклампсии дар кудак дар ин холат табобати шаддид  дар назди мутахассис зарур аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …