Дар дехот истехсолоти хунарманди таракки карда буд. Дехотиён дар хонахои худ читу хомсуф ва карбос мебофтанд. Дар шахри Уротеппа аз 1041 дукони косибон 187-тоаш дар дехахои калон чойгир буданд. Ин шахр бештар ба истехсолоти лавозимоти пашми, корд ва устура (поку), матоъхои дастдуз ва дастбоф шухрат пайдо карда, махсулоти он на факат эхтиёчоти дохилиро конеъ мегардонд, балки ба берун хам содир карда мешуд.
Касбу хунари дехотиён ба дарачаи кофи ривоч ёфта бошад хам, дарачаи тараккиёт ва такомули техникии касбу хунари шахр баландтар буд.
Истехсолоти хунарманди дар хаёти иктисодии аморати Бухоро роли мухим мебозид. Аксари ахолии шахр аз косибону хунармандон иборат буд. Дар шахри Бухоро такрибан 10-15 хазор хунармандон мезистанд, ки бо хонаводаи худ кариб чоряки шахрро ташкил медоданд.
Касбу хунар ихтисосхои зиёдеро фаро мегирифт. Кариб сад хунар вучуд дошт, ки дар чунин сохахо гирд омада буданд: 1) пардози филизот; 2) коркарди лифа, бинокори; 3) даббоги; 4) либосдузи; 5) таббохи; 6) дигар касбу кор ва машгулиятхои тайёр кардани ашёи рузгор. Хар як соха дар навбати худ ба бисёр гуруху навъхои касб чудо мешуд. Чунончи, сохту пардози филизот ба панч гурух таксим гардида буд: 1) охангари; 2) дегрези; 3) мисгари; 4) рехтагари; 5) заргари. Дар айни замон, худи як гурухи охангари чунин пешаваронро дар бар мегирифт: челонгар, наългар, куфлсоз, кордгар, сузангар, мехчагар.
Ин кабил таксиму гурухбандихои зиёде дар дигар сохахои касбу хунар низ вучуд доштанд.
Пешаварон бо хонаводахои худ кисми мухими ахолии Хучандро ташкил мекарданд. Дар ин шахр зиёда аз 100 навъи истехсолоти хунарманди вучуд доштанд. Аз байни онхо касби бофандаги равнаки бештар пайдо карда буд.
Мардуми нохияхои кухистони Каротегину Дарвоз бо кулолгари шухрат доштанд. Бо ин хунар хам занон ва хам мардон машгул мешуданд. Хунари чубкори низ равнак ёфта буд. Устохо асбобу олоти кишоварзи – омоч, чоршох ва панчшох, белхои чубин, асбобхои гуногуни рузгор – кафш, чарх, куфл, дукони бофандаги, гахвора, дару дарича, панчарахои зебо ва гайрахоро месохтанд. Устохо зини асп ва зини хар тайёр мекарданд, ки дар бозори махали талабот ба он калон буд.
Хунари заргари багоят инкишоф ёфта буд. Заргархо аз тиллову нукра ва мис зебу зиннати занона месохтанд ва ба онхо аз сангхои киматбахо ва камкимат нигин васл мекарданд.
Хамаи кори хунармандони мохир дасти ичро мешуд, ки ин мехнати зиёди пурмашаккатро металабид. Бинобар ин хачми махсулоти аксари косибон чандон зиёд набуд. Музди мехнати усто базур барои рузгор ва харидани ашёи хом мерасид.
Хар як усто шогирди худро дошт. Хунармандон хунари худро ба писар, бародар ё наздикони худ меомузонданд.
Хар як хунар рисолаи худро дошт, ки дар он истехсоли ин ё он махсулот навишта мешуд. Косиб наметавонист коидаи пешбинишударо вайрон кунад.
Тачхизоти техникии истехсолоти хунарманди нихоят кухнаву анъанави буд.