Главная / Чамъият / Хунархои мардуми Иншо/Реферат

Хунархои мардуми Иншо/Реферат

Санъати ороишии амали падидаи чолиб ва мураккабе дар фарханги бисёрчабхаи хар як халку миллат аст. Он падидаи гуногунпахлу буда, навъхои мухталифро фаро мегирад, бо баробари пайдо шудани халку миллатхо ба миён омада, бо решахои фархангии куханаш имруз хам дар инкишоф мебошад.

Санъати амалии халки ва навъхои гуногуни он дар хаёти мардум чойгохи хоса дошта, як падидаи мухими фарханги миллии точикон мебошад. Бо вучуди он ки имруз дар шахру нохияхои чумхуриамон хунармандони зиёде машгули эчоди асархои чолиби бадеи хастанд, инкишофи навъхои гуногуни санъати халкии точикон дар сатхи каноатбахш карор надорад.

hunarhoi-mardumi
Иншои Хунархои мардуми (Реферат/иншо) дар сурат расм

Дар рохи инкишофи хунархои санъати дасти муаммохои гуногун вучуд доранд, хатто бархе аз онхо дар нохияхои шимоли Точикистон кариб аз байн рафтаанд. Бинобар ин, холо зарурати халли масъалахои марбут ба рушди ин намуди санъат ба миён омадааст. Пеш аз хама, санъати амалии халки ба дастгирии хамачониба ниёз дорад.

Дар доираи татбики Икдоми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон оид ба эхё ва рушди хунархои мардуми то имруз даххо мактаби хунармандон дар шахру нохияхои Точикистон ташкил шуда, ба фаъолият огоз намуданд. Дар ин мактабхо аз руи усули анъанавии миллии ‚устод-шогирд шогирдон тарбия меёбанд.

Ин усул яке аз анъанахои кадимаи миллии точикон буда, мухаккик П.А.Гончарова онро дар радифи дигар усулхои шогирдтайёркуни барраси намудааст. Тадкикоти у ба зардузи – яке аз хунархое, ки густариши васеъ дорад, бахшида шудааст. Мухаккик нуктаи чолиберо кайд мекунад, ки зардузи дар кадим аслан хунари мардон буд, зеро дар руи матохои дурушту гафс, ба монанди бахмал, сузан задан лозим меомад. Дар бораи яке аз мардони сохибхунари Хирот – Хасани Зардуз Зайниддин Восифи дар ёддоштхои худ сухан меронад.

Дар аморати Бухоро дарбори амир фармоишгари асосии махсулоти зардузи буд, ки ин зарурати ташкили устохонахоро дар назди дарбор ба миён овард. П.А.Гончарова дар бораи ташкили устохонахои зардузи, тарзи кабул ва хатми шогирдон, ки дар ин замина як катор маросим роич буд, маълумот медихад (3, 6).

Дар он давра садхо нафар зардузи мохир ба духтани либосхои киматбахои дарбориён машгул буданд ва факат як кисми ночизи махсулоти онхо ба бозор бароварда мешуд. Либосхои бо зардузи ородода – чомахои мардона, камзулхо, шалворхо, пойафзол, тасма, каллапушхо, чихози аспхо танхо бо фармоиши амир ва пайвандони у омода мешуданд. Дигар хеч кас, хатто шахсони воломаком ба чунин фармоиш хукук надоштанд. Танхо дар вактхои муайян ин гуна либосхо аз тарафи худи амир тухфа мешуданд.

Бо мурури замон берун аз дарбор низ устохонахо ташкил шуданд, ки дар онхо ба хунармандон оксакол, яъне сардори зардузон рохбари мекард. Тамоми корхо, аз чумла, хариду фуруши махсулот, кабули шогирдон танхо бо ичозати оксакол ичро мешуданд. Барои дар вакти таъйингардида ичро шудани фармоишхои хатми оксакол ба хамаи устохонахои гирду атроф корро таксим мекард. Оксакол барои мехнаташ музд намегирифт, ба у факат тухфа аз тарафи дарбор супорида мешуд. Аъзои ташкилоти сеххои зардузи шахсе шуда метавонист, ки курси дарозмуддат ва душвори ин хунарро аз усто омухта, барои фаъолияти мустакилона аз устодаш ризоият гирифта бошад.

П.А.Гончарова кайд мекунад, санъати зардузии бухорои хунари мероси буд, он аз бобо ба падар, аз падар ба писар мегузашт. Агар дар оила писар набошад, ин хунар ба ягон хеши наздик, масалан чиян омузонида мешуд (3,14).

Ба омузиши ин хунар писарбачахои 10-12 сола ва баъзан калонтарро чалб мекарданд. Ба шогирди додани писар як руйдоди мухим ба шумор рафта, дар ин замина як катор маросим ичро мешуд.

Падар ё хеши наздики писарбача бо як табак хуроки махсус ва халвои тар ба назди усто рафта, розигии уро барои кабул мегирифт. Баъди он ки усто ризоият дод, хузурдоштагон хурокро истеъмол мекарданд, ки рамзи кушоиши кор ба хисоб мерафт.

Усто на танхо омухтани хунар, балки хурондану пушонидани писарбачаро низ ба ухда мегирифт. Байни тарафайн ягон шартномаи хатти баста намешуд, таълим бепул сурат мегирифт. Усто ба шогирд хунари худро зуд ёд намедод. Соли якуми тахсили писарбача ба корхои хона ёри медод, аз чумла рубучин мекард, об мекашонд, ба бозор мерафт ва танхо дар вакти бекор монданаш у хак дошт, ки кори дузандагонро мушохида намояд. Баъди гузаштани як сол ба шогирд ичозат дода мешуд, ки сари дукони зардузи нишинад. Барои ичрои кор ба шогирд музд дода намешуд, мухлати таълим мукаррар набуд ва метавонист аз 4 то 7 сол идома ёбад. Холатхое хам мешуд, ки усто барои гум накардани шогирди болаёкат уро 8-10 сол назди худ нигох медошт.

Вакте ки шогирд майлу хохиши мустакилона кор карданро зохир менамуд, ба сифати миёнарав оксакол даъват мешуд, то ки устохо барои озод гаштани шогирдон ризои диханд.

Маросими устоталбон дар хонаи шогирд гузаронида шуда, усто ба ‚арвохи пири миёнбандон дуо хонда, миёни шогирдро бо руймол баста, ‚Ба номи Шохи мардон бастам мегуфт. Дар ин маросим, ки шогирд номи ‚усто-ро мегирифт, ба муаллим ‚сарупо тухфа мешуд, яъне волидайни шогирд аз сар то по ба у либоси нав мепушониданд. Хамчунин ба оксакол ва ёвари у низ тухфахо дода мешуд. Дар баъзе мавридхо устодон ба шогирди камбизоат барои огози кори мустакилона асбобхои заруриро медоданд.

Дар замони муосир ба хотири эхёи хунархои халки мактабхо, сеххо, коргоххои хунармандон ташкил мешаванд. Ин марказхои хунарманди тахти рохнамоии устохои машхуру боистеъдод фаъолият мебаранд.

Хунархои дасти дар инсон завки бадеиро ташаккул дода, тахаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро гани мегардонад. Дар замони мо хунархое, ки замоне фаромуш шуда буданд, эхё гардида, арзиши махсулоти дасти нисбат ба молхои оммави меафзояд.

Хунархои халки бехтарин ва холистарин анвои санъат буда, хамеша ба хаёти инсон алокаманданд. Онхо хисси зебоипарастии халкро тачассум мекунанд. Гузашта аз ин, на факат эчоди асархои санъат, балки дастгирии хунармандон халк, ки эчодкорони зебои хастанд, нишони камолот ва олихиммати мебошад.

Дар ин самт то хол масъалаву муаммохое хастанд, ки ахамияти махсусро такозо доранд.Татбики дастовардхои илмию амали, идомаи анъанахои милли, назардошти урфу одатхо, омузиши таъсири равияхои гуногуни санъат ба тарзи ороиши маснуот, вазъи тарбияи мехнати ва хунаромузии донишчуёни муассисахои таълимии олии кишвар бехбудиро мехохад.

Инкишофи хисси зебоипарастии инсонро дар бозёфтхои бостоншиносон, ба монанди китобу дастхатхои нодир ва мусавварахо, ки дар онхо фарханг, хунари меъмори ва рассоми, хамчунин хусусияти рузгори маишии мардуми даврахои кадим инъикос ёфтаанд, пайгири метавон кард. Чомеаи даврахои гуногун равияхои хосро дар сохахои мухталифи санъату хунар ба мерос гузошт, ки дар хар яке тарзи зиндагии мардум тачассум ёфтааст. Мушохидахо собит менамоянд, ки дар вакти хукмронии ягон чараён таъсири он дар ороиши ашё, намунахои хунари меъмори, сару либос, чихози манзил амри вокеист.

Дар замони мо тадкикоти илми дар сохаи тарбияи чавонон бо назардошти таълими хунархои мардуми мавкеи назаррасро ишгол мекунад. Хадафи олимон баходихи ва тахлили рушди хунарманди ва таъсири он, ба чавонон омузонидани хунархои ачдоди, бо такя ба онхо ташаккул додани хунархои наву муосир мебошад.

Санъати ороиши, ки бо зиндагии мо робитаи зич доранд, тарики офаридани ашёи гуногун ва ороиши меъмори амали мешавад. Дар намунахои санъати ороиши накшу нигор дар шакли холис вучуд дошта наметавонад, он тачассуми хамбастагии зебои ва фоидаву зарурат мебошад.

Инкишофи хунархои меъмори, кулолгари, мисгари, заргари, колинбофи ва кашидадузи ба рушди наккоши низ мусоидат кардааст. Намунахои нодири накшу нигоре, ки бостоншиносон дар Тирмиз, Панчакенти кадима ва дигар махалхо дарёфтаанд, бозгуи фарханги бою рангини гузаштагон хастанд.

Наккошони точик бехтарин анъанахои хунармандони гузаштаро идома дода, санъати накшофариро такмил додаанд. Имруз анъанахои хунари наккоши хангоми бунёду ороиши бинохои фархангию маърифати (тарабхона, чойхона, масчид, касри фарханг ва г.) корбаст мешаванд.

Устохои халки, аз чумла наккошону кулолгарон, мисгарону зардузон ва колинбофону косибон дар офаридахояшон накшу нигорро чун воситаи асосии ороиши бадеи корбаст менамуданд. Хар як накшу нигор маънои хос дошта, аз чониби халк номгузори мешуд ва аксари онхо нишони эътикоду бовар ба урфу одате буданд. Масалан, соли 1960 санъатшиносон Н.Юнусова ва М. Рузиев дар кишлоки Сино тадкикот гузаронида, накши камзулчаи бачагонаро, ки тасвири ду мор ва мохро дошт, тахлил карданд. Маълум шуд, ки тибки бовари мардуми ин махал ду мори ба шакли чиллик тасвиршуда бачаро аз иблис эмин медорад, мох бошад уро чун мохи нав зебо мекунад.

Накшхои точиконро, хамчун накшхои дигар халкхои Осиёи Миёна ба ду гурух чудо кардан мумкин аст: якум – накшхои классики, ки дар асрхои миёна шакл гирифта, дар кишвархои Шарки мусулмони, аз Мавритания, Миср, Туркия, Эрон сар карда то Хиндустон, Осиёи Миёна ва Туркистони Шарки пахн шудаанд. Онхо дар хар кишвар сифатхои хоси махалли, обу ранг ва тафсири махсус пайдо карда бошад хам, асоси он дар хама чо як хел аст. Ин накшхо мукаммал буда, аз гирех – шаклхои мухталифи хандасави, ислими – расми ба шакли муайян даровардаи навдахо, баргу гулхо иборат мебошанд.

Накшу нигори гурухи якум аз офарандагони худ – устохои наккош донистани фанхои махсус, аз он чумла, илми хандасаро, ки дастраси хар кас набуд ва ба омухтани он солхои дароз сарф мешуд, талаб мекард. Кисми асосии онхоро мардон ташкил медоданд. Ин навъи накшу нигор бештар дар бинохои пуршукух, дар кандакории руи филизот, дар маснуоти аълосифати заргари, дар ороиши дастнависхо, чузгирхо ва дигар сохахои санъати амали корбаст мешуд.

Накшу нигори гурухи дуюм асосан анъанахои халкии махаллиро инъикос менамояд. Асоси унсурхои ин накшхоро аксаран тасвири ашё ташкил медихад, ки аз сабаби сода гардидан ва хусусияти орнаментали пайдо кардан дар бештари мавридхо шакли вокеии худро гум мекунанд.

Яке аз нусхахои махбуби устодони точик «тахафтод» ё «ишкелбанд» ном накш ба хисоб мерафт. Он аз ду хати бо давраю гулхо гиреххурда иборат буда, дар хиштмони (асрхои X-XII), кошинкори, гачкори, наччори ва наккоши корбаст мешуд. Дар санъати точики давраи пеш аз ислом тахафтод ба мушохида намерасад. Он факат дар ёдгорихои меъмории асри X ба назар мерасад. Ба андешаи мухаккикон, пайдоиши он эхтимол бо истифодаи хишти пухта ба сифати маводи сохтмон ва ороишдихи ё ин ки ташаккули хати «куфи» вобаста мебошад. Бо ин накш пешток, дару дарвоза, мехроб, шифт ва як навъи маснуоти косиби хошиябанди мешуданд.

Кисми зиёди накшу нигори макбараи чубини кишлоки Чоркух бар шаклхои халкагардон (яъне «3» шакл) асос ёфтааст. Аз байни онхо нусхахои бодому каламфурмонанд хеле пахн гардидаанд. Рочеъ ба маънои ин навъи накшу нигор як зумра мухаккикон фикру мулохизахо баён кардаанд.

Ба андешаи олими машхури соха Г. А. Чепелеветская нусхаи бодому каламфур вокеан дар эчодиёти халк инъикос ёфта метавонист. Аммо нусхахои хурди иловаги дар накшхои бодом барои каллапушхои точики ба накшхои аз Тирмиз ёфтшудаи (асрхои I-II) пару болхои хайвоноти афсонави, накши канотхои мусича ва нусхаи шутур ба наккошии девори касри Варахша (асрхои V-VIII) ва сари архар ба накши касри Киш (асрхои V-VIII), матоъхо, маснуоти наккоши, кулолгари ва охангарии кадимаи машрикзамин монанди доранд.

Бо такя ба фикри мухаккик Г. Григорев гуфтан мумкин аст, ки нусхаи бодом на дар заминаи расми мурѓи дашти, хурусу товус, балки дар асоси тасвири шакли канотхои онхо пайдо шудаанд. Хангоми ба даруни давра накши халкагардон дохил кардан накши бодом хосил мешавад, лекин маънои он аз мазмуни накши гули бодом фарк дорад. Л. И. Ремпел чунин мешуморад, ки ин накш аз нусхаи ду мох – сафеду сиёх ё ки ду каноти даруни давра (яъне осмон) таркиб ёфта, падидахои ба хам мукобили табиат, яъне торикию равшани, гармию сарди, хаёту маргро ифода мекунад. Ба андешаи В. Алексеев ин накши дугона Ин ва Ян ном дорад ва рамзи чодугарист. Дар фарханги муѓулхо рамзи хушёри, ягонагии марду зан аст.

Тачассуми хунархои милли дар ороиши сару либос, чихози хона, мухити зист ва гайра мушохида мешавад. Масалан, барои омузиши таърихи либос асархои санъати тасвири, меъмори, адабиёт, хуччатхои таърихие, ки зиндагии маишии мардум ва фарханги даврахои гузаштаро инъикос месозанд, сарчашмахои асоси ба хисоб мераванд. Шакл ва хусусияти сару либос дар хама давру замон фарханги маънавии халк, урфу одат ва муносибати мардумро ба ин ё он падидаву ходиса нишон медихад. Тагйири шаклу намуди хамаи навъхои либоси милли ба хусусияти ин ё он минтака вобаста аст. Аз ин ру, омузиши либоси милли ва тагйири шаклхои он робитаи либосро бо таърихи этникии милли ошкор месозад.

Ба вижагихои либоси осиёимиёнаги дар Аврупо хануз дар асрхои миёна таваччух зохир гардид ва шахсоне, ки аввалин шуда ба таснифи либоси халкхои Осиёи Миёна таваччух зохир карданд, сайёхон Марко Поло, Гилом Рубрук, Клавихо Рюи Гонзалес буданд. Бо вучуди он ки дар навиштахои онхо аксаран таснифи мухтасари сару либоси ин ё он халк оварда шудааст, ин маълумот барои мухаккикон ахамият дорад. Чунончи, Марко Поло дар китоби хеш либоси мардуми кухистони Помирро тасниф намуда, чунин кайд кардааст: ‚Дар ин чо одамон камонварони олидарачаанд, бисёртар либосхои аз пусту пашми хайвонот омодашударо, ки арзиши баланд доранд, ба бар мекунанд (4, 12).

Дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX як зумра сайёхони русу хоричи, аз чумла Ф. Ефремов, Ф. Назаров, Н. Неболсин дар бораи матоъхои махалли, сару либос ва шуѓли мардум маълумоти чолиби диккатро чамъ оварданд. Чунончи, дар навиштахои Ф. Ефремов дар баробари таснифи либоси он давра рочеъ ба кирмакпарвари маълумот фарохам омада, технологияи истехсоли нахи абрешим барои матоъхои шохи маънидод гардидааст. Сайёх мушохидахояшро дар бораи вижагихои хоси сару либоси осиёимиёнаги, ки ба шаклгирии он мухити зист, иклим, дин таъсир гузоштаанд, баён месозад. Масалан, оид ба таррохии куртаи занона у чунин менависад: ‚Пеш аз хама ба кулай будани курта ва сипас ба риояи одоб ахамият дода мешавад. Барохат будани либос, фарохии он, чинхои зиёд доштани он ба хисоб гирифта шудааст, ки барои озодона нишастан монеа пеш намеорад, харакатро махдуд намекунад, дар хавои гарм ба нафаскашии бадан халал намерасонад (4,7).

Дар асрхои XIX ва XX дар Хучанди бостони дузандаги яке аз шохахои асосии касбу хунар ба шумор мерафт. Тибки маълумоти таърихи соли 1895 дар бозори Панчшанбе ва атрофи он 23 дукони дузандаги мавчуд буд. Дар ин дуконхо мардон дузанда буданд, занони чевар дар хона кор мекарданд. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX сохаи истехсоли сару либоси анъанави хунари асосии занон гардид.

Либоси анъанавии мардуми оди аз либоси намояндагони табакахои боло ва шахсони маъруф фарк дошт. Тафовути сару либос на дар тархи он, балки дар навъи матоъ буд. Ин фарк на танхо дар сифати матоъ ва тарзи ороиши либос, балки мачмуи либос зохир мешуд.

Табаддулоте, ки дар даврахои муайяни таърихи дар хаёти халкхо руй медиханд, ба хастии модди ва маънавии мардум дигаргунихо ворид мекунад ва бешак, ба либосхои милли низ таъсир мерасонад.

Санъати ороиши либос бо зардузию кашидадузи, гулдузии куртахои чакани халкхои Осиёи Миёна хар яке бо сабки хос инкишоф ёфтаанд, зеро дар тули асрхо ороиши сару либос (бештар дар кухистон), чихози хона ва ашёи рузгор (дар водихо), хуллас, аз бисоти тифл то чихози арус, дар худи хонадон ба чо оварда мешуд.

Омухтани таърихи сару либос, чихози хонаводаи миллии хар як халк, барои онхое, ки бо таърих ва фарханги он халк шинос шудан мехоханд, аз чумла, санъатшиносон, кормандони театр ва кинематография, рассомон ва намояндагони сохахои дигари фарханг мухим аст.

Аз тарафи дигар, дар чараёни шиносои бо таърихи либоси милли то андозае аз вижагихои либоси миллии халкхои дигари хамсоя низ огох шуда, монанди ё тафовут, иртибот ва таъсири этникию фархангии онхоро ба хамдигар дармеёбем, ки ин ба муайян кардани этногенезиси халкхои Осиёи Миёна мусоидат мекунад.

Шиносои бо тадкикоти олимони маъруф Р. Масов, Н. Нурчонов, Ю. Якубовский, М. Рузиев ва дигарон ба хулосае меорад, ки хунару хунарманди дар асоси анъанахои милли ташаккул ва ривочу равнак ёфтаанд. Инро дар мисоли туи арусию домоди, ки бидуни сузаниву руйчое, ки хам кашидадузи ва хам курокдузи шудаанд, дастурхону чойнамоз ва дигар намунахои хунархои дасти барпо намешаванд, дидан мумкин аст. Хунари кандакорону чубтарошонро дар сохтани табаку коса, кати милли, сутунхои зебо, маснуоти армугони, гахворахо мушохида мекунем.

Хунармандони точик дар баробари фаъолияти пурсамар дар тарбияи шогирдони боистеъдод низ сахм гузоштаанд. Дар тайёрии касбии хунармандон ва омузгорони оянда машѓулияти санъати ороиши амали накши асоси доранд, зеро онхо аз донишчуён фаъолии хотираи бинои, хаёлоти рангин, мачмуи дониш ва малакаву махоратро талаб мекунад.

Тачрибаи чандинсолаи тадрис дар донишгох собит менамояд, ки дар чараёни машѓулияти хунари дар донишчуён малакаи шинохтани зебои ва дарки арзиши бадеии асархои санъати ороиши амали инкишоф меёбад.

Дар замони мо як катор амалхое, ки пештар дасти ичро мешуданд, тавассути компутерхо тархрези мешаванд. Бешубха, хуб аст, ки донишчуён аз дастовардхои чахони муосир бархурдор мегарданд, аммо фаромуш набояд кард, ки хунари анъанавии точикон аз кучо сарчашма гирифтааст ва корхои эчодии хунармандон бо кадом технология офарида мешаванд. Гузашта аз ин, донишчуён бояд аз анъанахои хунармандии халки точик огох бошанд. Зарур аст, ки дар таълими фанхои тахассуси – кандакори, гачкори, наккоши, кашидадузи, кундалрези, армугонсози ва гайра анъанахои миллии халкамон самаранок истифода шаванд. Инъикоси анъанахои милли дар офаридани осори хунархои мардуми ба инкишофи хисси худшиноси, ватандориву ифтихори милли, инчунин такмили махорат мусоидат менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

  1. Болдырев, А.Н. Тезкире Хасана Насори как новый источник для изучения культурной жизни Средней Азии XVI в. Тр. Отдела истории культур и искусства Востока, гл. 3, Л.,1940 – 299 с.
  1. Воронина, В. Л. Архитектура древнего Пенджикента (Результаты раскопок 1954-1959 гг.). Мат-лы и исследования по археологии СССР, № 124/В.Л.Воронина.- М.- Л., 1964 – 85 с.
  2. Гончарова, П.А. Санъати зардузии Бухоро. – Нашриёти ‚Адабиёт ва Санъат ба номи Г. Гулом/ П.А. Гончарова.- Тошканд, 1986. – 110 с.
  3. Исаев, А. Б. Таджикский костюм в контексте народной художественной культуры/А.Б. Исаев // Дисс. на соискан.ученой степени канд. искусствоведения. – М., 1992 .
  4. Муродов, М. Р. Устодони санъати амали-халки (мактаби ‚Устод-шогирд)/М.Р.Муродов. – Душанбе, 2005. – 154 с.
  1. Марко Поло.- М.,1955.- С.75.
  2. Рузиев, М. Ёдгории кандакории Чоркух/М.Рузиев. – Душанбе: ‚Дониш,1975 – 68 с.
  3. Пугаченкова, Г. А. Очерки искусства Средн. Азии. Древность и средневековье/Г.А.Пугаченкова, Л.И.Ремпель. – Москва, 1982. –3 с.
  4. Сухарева, О. А. Опыт анализа покроев традиционной «туникообразной» среднеазиатской одежды в плане их истории и эволюции/О.А. Сухарева // Костюм народов Средней Азии. – М. : Наука, 1979. –79 с.

REFERENCES:

  1. Boldyrev, A. N. Tezkires of Hassan Nasori as a New Source for Studying of Cultural Life of Central Asia of the XVI-th Century. The Works of Department of History of Cultures and Art of the East, chapter 3, L., 1940. – 299 pp.
  2. Voronina, V. L. The Architecture of Ancient Panjekent (Results of the Excavation of 1954 – 1959). Materials and Researches on Archeology of the USSR, -#124/ V. L. Voronina.- M – L., 1964 – 85 pp.
  3. Goncharova, P. A. Sanjati of Bukhoro’s Art of Embroidered with Golden Thread in Bukhara. /P.A.Goncharova.- Toshkand: Literature and Art publishing-house, 1986. – 110 pp.
  4. Isaev, A. B. The Tajik Costume in the Context of National Art Culture.// Doctorial dissertation art studies/ A.B.Isaev.- M, 1992.
  5. Murodov, M. R. Talented-Popular Preceptors in Art Studies («Ustod-Shogird» school) / M. R. Murodov. – Dushanbe, 2005. – 154 pp.
  6. Marco Polo. – M., 1955. – 75 pp.
  7. Ruziyev, M. Engraving Memory in Chorkukh /M.Ruziyev.– Dushanbe: Knowledge, 1975 – 68 pp.
  8. Pugachenkova, G. A. Art Sketches on Central Asia. Antiquity and Middle Ages/G. A.Pugachenkova, L. I. Rempel.– Moscow, 1982. – 3 pр.
  9. Sukhareva, O. A. Experience of the Analysis of Cuts in Regard to Traditional “Tunic-like” Central Asian Clothes in Plane of their History and Evolution/O.A.Sukhareva // Costume of the people of Central Asia. – M.: Science, 1979. – 79 pр.

Накши анъанахои милли дар эхёи хунархои мардуми

Вожахои калиди: хунарманди, анъанахо, мерос, гулдузи, кандакори, чихоз, абрешим, дукон, адабиёт, фарханг

Дар макола ба масъалаи хунару хунарманди, таърихи инкишофи он, санъати амалии халки диккати махсус дода шуда, накши анъанахои милли дар эхёи хунархои мардуми муфассал барраси шудааст.

Кайд карда мешавад, ки санъати амалии халки ва навъхои гуногуни он дар хаёти мардум чойгохи хоса дошта, як падидаи мухими фарханги миллии точикон мебошад.

Шиносои бо тадкикоти олимони маъруф Р. Масов, Н. Нурчонов, Ю. Якубовский, М. Рузиев ва дигарон ба хулосае меорад, ки хунару хунарманди дар асоси анъанахои милли ташаккул ва ривочу равнак ёфтаанд. Инро дар мисоли туи арусию домоди, ки бидуни сузаниву руйчое, ки хам кашидадузи ва хам курокдузи шудаанд, дастурхону чойнамоз ва дигар намунахои хунархои дасти барпо намешаванд, дидан мумкин аст.Инчунин муаллиф кайд менамояд, ки тачассуми хунари кандакорону чубтарошонро дар сохтани табаку коса, кати милли, сутунхои зебо, маснуоти армугони, гахворахо мушохида кардан мумкин аст.

 Роль народных традиций в возрождении народных промыслов

Ключевые слова: ремесленничество, традиции, наследство, вышивка, резьба по дереву, утварь, шёлк, ларёк, литература, культура

В статье уделено огромное внимание проблеме народных промыслов, истории и развитию народного творчества, а также отмечается важная роль национальных традиций в возрождении этих промыслов.

Следует подчеркнуть, что народное творчество и разнообразные его традиции занимают особое место в жизни народа и являются главным явлением в национальной культуре таджиков.

В ходе знакомства с исследованиями таких видных учёных, как Р. Масов, Н.Нурджанов, Ю. Якубовский, М.Рузиев и других можно прийти к выводу о том, что творчество, основанное на национальных традициях развивается.

Примерами могут служить свадебные сюзане, простыни, коврики для молитвы, скатерти, расшитые вручную, а также сшитые из лоскутков.

Также автор подчёркивает, что возрождение и развитие такого промысла, как резьба по дереву, можно увидеть в изготовлении блюд, касы, национальных топчанов, красивых колонн, подарочных изделий и колыбели.

The Role of National Traditions in National Crafts Revival

Keywords: craftsmanship, traditions, heritage, embroidery, woodcarving, utensils, silk, stall, literature, culture

In her article the author pays particular attention to the problem dealing with national crafts, history and development of folk creation and concerned with an important role of national traditions targeted at a revival of these crafts as well.

One should mention that folk creation and diversity of its traditions occupy an especial place beset with the life of people and are considered as the main phenomena in national culture of Tajiks.

In the course of acquaintance with the researches of such prominent scientists as R. Masov, N. Nurdzhanov, Yu. Yakubovsky, M. Ruziyev and others she comes to the conclusion that creativity develops being grounded on national traditions.

Wedding syuzanes, sheets, rugs for prayers, clothes embroidered dastarkhans are swen manually from shreds.

The author lays an emphasis upon the idea that both the revival and development of such trade as woodcarving can be seen in the production of dishes, cash desks, national trestle beds, beautiful columns, presents wares and cradles as well.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Дадобоева Мухарам Наимчоновна, номзади илмхои педагоги, дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими они Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Гафуров (Чумхурии Точикистон, ш. Хучанд), E-mail: dadoboeva1962@mail.ru

Сведения об авторе :

Дадобоева Мухарам Наимджановна, кандидат педагогических наук, доцент кафедры технологии и методики её преподавания Худжандского государственного университета имени Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: dadoboeva1962@mail.ru

Information about the author :

Dadoboeva Muharam Naimjonovna, candidate of pedagogical sciences, Associate Professor of the department of technology and methods of its teaching under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan, Khujand), E-mail: dadoboeva1962@mail.ru

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …