Главная / Чамъият / Хукук ва ухдадорихои шахсони вокеи ва хукуки хангоми амали намудани фаъолияти шахрсози

Хукук ва ухдадорихои шахсони вокеи ва хукуки хангоми амали намудани фаъолияти шахрсози

Моддаи 9-и  Карори шахрсози. Хукук ва ухдадорихои шахсони вокеи ва хукуки хангоми амали намудани фаъолияти шахрсози

  1. Шахсони вокеи ва хукуки хангоми амали намудани фаъолияти шахрсози хукук доранд:

– аз макоми давлати иттилоот, маълумот ва хуччатхои дахлдорро, ки барои фаъолияти шахрсози зарур мебошанд, дархост ва дастрас намоянд;

– дар барраси ва кабули карорхои ба фаъолияти шахрсози вобаста иштирок намоянд;

– лоихахои шахрсози ва хуччатхои лоихавии сохтмонро тахия намоянд;

– муаллифи асархои меъмори бошанд;

– вазифахои сармоягузор, фармоишгар ва пудратчиро ичро кунанд, намояндагони онхо бошанд, хамчун истифодабарандаи объектхои шахрсози баромад намоянд;

– манфиатхои фармоишгарро намояндаги кунанд ва бо супориши у дар ташкил ва (ё) гузаронидани музоядахо, тендерхо, озмунхо ва бастани шартномахо мусоидат намоянд;

– назорати муаллифии сохтмонро амали намоянд ё бо супориши фармоишгар дар сохтмони объектхо намояндаи у бошанд, сифати маводи сохтмон, сифат ва хачми корхои сохтмонию васлкуниро назорат кунанд;

– нисбат ба хулосахои макомоти ташхиси оид ба лоихахои шахрсози ва сохтмони шикоят кунанд;

– бекор кардани карор дар бораи чойгиркуни, лоихакаши, сохтмон, тачдид ва ба истифода додани бино, иншоот ва дигар объектхоро хангоми риоя накардани конунгузори дар бораи шахрсози талаб намоянд;

– махдуд намудан, боздоштан ё манъ кардани фаъолияти муассисахо, ташкилотхо инчунин истифодаи объектхои дигари гайриманкулро, ки истифодаи онхо бо риоя накардани конунгузории шахрсози амали мегардад, талаб намоянд;

– оид ба чуброни зараре, ки ба хаёт, саломати ва молу мулки шахрвандон, инчунин молу мулки шахсони хукуки ва ташкилотхои чамъияти вобаста ба риоя накардани конунгузории шахрсози расонида шудааст, ба суд мурочиат кунанд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ба чавобгари кашидани шахсонеро, ки конунгузории шахрсозиро риоя накардаанд, талаб намоянд;

– экспертизаи мустакили хуччатхои шахрсозиро пеш аз тасдики онхо аз хисоби маблаги худ анчом диханд;
– барои иштирок намудан дар тахияи карорхои сохаи шахрсози таклифхо пешниход намоянд;

– дигар хукукхои тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраршударо амали намоянд.

  1. Хукукхои шахсони вокеи ва хукуки оид ба фаъолияти шахрсози танхо дар сурате метавонанд махдуд карда шаванд, агар амали гардидани онхо ба хукук ва манфиатхои конунии дигар шахсони вокеи ва хукуки монеа гарданд.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки хангоми амали намудани фаъолияти шахрсози ухдадоранд:

– мухити зистро хифз кунанд;

– риояи хуччатгузории шахрсози, меъёру коидахои иморатсозии махалхои ахолинишин ва худудхо (минбаъд – коидахои иморатсози)- ро таъмин намоянд;

– талаботи хифзи мухити зист, амнияти экологи, инчунин меъёру коидахои санитариро риоя намоянд;

– ба мухити зист, объектхои мероси фарханги, манзарахо, объектхои инфрасохторхои мухандиси, наклиёти ва ичтимои, ободонии худудхо таъсири зарарнок нарасонанд, ба манфиати конунии шахсони сеюм дахолат накунанд ва ба амали намудани хукукхои сохибмулкон ё истифодабарандагони китъахои замини хамшафат ва дигар молу мулки гайриманкул монеъ нашаванд;

– китъахои замин ва дигар молу мулки гайриманкулро бо риояи дастурхои шахрсози истифода намоянд;

– супоришхои макомоти давлатиеро, ки риояи конунгузори дар бораи шахрсозиро назорат мекунанд, ичро намоянд;
– ба шахсони мансабдори макомоти давлати, ки риояи конунгузори дар бораи шахрсозиро назорат мекунанд, мусоидат намоянд;

– ба макоми пешбарандаи кадастр ва мониторинги давлатии шахрсози ва объектхои фаъолияти шахрсози ва ба ташкилотхое, ки бахисобгирии техникии объектхоро мегузаронанд, дар бораи тагйироти объекти ба онхо мансуб маълумоти боэътимод пешниход намоянд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хуччатхои шахрсозиро ба сохторхои дахлдори макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози пешниход намоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …