Главная / Маданият ва санъат / Хукуки зан бар шавхар

Хукуки зан бар шавхар

Хамчунон ки шавхаронро бар занон хак аст, занонро низ бар шавхарон хакаст. Мардон гумон накунанд, ки танхо онхо сохибхаканду халос. Хохарони азизи мо низ хак доранл. Ахкоми шариат бар зану мард одилона хукм мекунад.

Нависандаи китоб ба бародарону хохарони азиз мурочиат менамояд, ки хукукхои якдигарро одилона риоя намоянд, зеро аксари гуноху нофахмихо аз риоя накардани хукуки заношавхари пайдо мешавад.

Агар шумо, бародарону хохарони азиз, хукуки хамдигарро риоя намуда, ба гуфтаи китоб амал намоед, иншоаллох байни шумо чангу чанчол харгиз pyx надода, дар дунёву киёмат сарбаланду комёб хохад шуд.

Хукуки зан бар мард шашто аст, ки мард онхоро бояд риоя кунад.

  1. Аввал он ки бо зан хушхуй ва тозаруй бошад. Хак таъоло фармудааст, ки бо занон зисти хуб кунед то танги набинанд. Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармуданд. ки мард агар дар руи зани худ ба руи тоза нигох кунад, савоби озод кардани банда дар номаи аъмоли у нависанд. Агар табассум ба суи зан кунад, савоби хачи умра дар номаи аъмоли у нависанд, агар канору буса кунад, савоби дустони Худоро ба у нависанд. Агар он кори махсусро кунад, хар ду омурзида шаванд, агар чи гунохи бисёр дошта бошанд.
  2. Дуюм он ки уро кори берун нафармояд, то назари номахрамон бар вай наяфтад ва фасоде, ки аз у хосил шавад, уболи он мардро бувад. Фармуданд Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам: хар касе, ки аз барои хочати зани худ саъй кунад, ки у дар хона нишинаду номахрамонро назар бар вай наяфтад, хамчунон бошад, ки асирони уммати он хазрат салаллоху алайхи ва саллам -ро харида озод карда бошад.
  3. Хакки сеюм он ки илму адабу шариат уро биёмузад, аз фароизу вочиботу илми хайзу нифосу намозу руза ва гайра. Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармуданд, ки сахттарин азоб дар рузи киёмат касеро бошад, ки ахли худро нодон гузорад ва умури дин уро наёмузад. Пас рузи киёмат хар дуро сиёхруй бар минбари оташин бинишонанд. Зан гуяд, ки расво гардонад Худои таъоло туро, хамчунон ки дар дунё маро амри маъруфу нахйи мункар накарди ва аз дунё ба суи укбо рагбат надоди, то хам худро халок карди ва хам маро. Пас оташ онхоро ба суи дузах барад.
  4. Хакки чахорум он аст, ки уро таоми халол дихад ва либоси халол пушонад. Расули акрам саллаллоху алайхи ва саллам фармуданд: гуште, ки аз харом руяд, оташ бар он авлотар аст.
  5. Хакки панчум он аст, ки дар нафака уро наранчонаду моли уро бе ичозати у нахурад.
  6. Хакки шашум он аст, ки ранче, ки аз он расад, сабру тахаммул кунад, то савоб ёбад. Дар хадис омадааст: ба ривояти Анас ибни Молик разияллоху анху аз Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам, ки фармудаанд: хар ки бе вачхи шаръи зани худро бизанад, оси шавад ба Худованди таъоло ва Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …