Моддаи 43-и Кодекси Мехнат. Хукуки афзалиятнок барои дар кор мондан хангоми бекор шудани шартномаи мехнати бинобар ихтисори шумора, вохиди кории кормандон ё тагйири шароити мехнат
- Хангоми бекор шудани шартномаи мехнати бинобар тагйир ёфтани технология, ташкили истехсолот ва мехнат, ки кам шудани хачми кор боиси ихтисор шудани шумора, вохиди кории кормандон ё тагйири шароити мехнат гардидааст, хукуки афзалиятнок барои дар кор мондан ба кормандоне дода мешавад, ки дорои дарачаи баландтари ихтисос ва хосилнокии мехнат мебошанд.
- Хангоми баробар будани тахассус ва самаранокии мехнат афзалият ба инхо дода мешавад:
– ба кормандоне, ки ду ва зиёда аъзои оилаи гайрикобили мехнат доранд;
– ба шахсоне, ки дар оилааш дигар корманди музди мехнати мустакилдошта мавчуд нест;
– ба кормандоне, ки дар хамон ташкилот собикаи зиёди кори доранд;
– ба кормандоне, ки аз истехсолот чудо нашуда, ихтисоси худро аз руи тахассуси дахлдор дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва муассисахои таълимии тахсилоти олии касби баланд мебардоранд ва шахсоне, ки аз истехсолот чудо нашуда, муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва муассисахои таълимии тахсилоти олии касбиро ба итмом расонидаанд, ба шарте ки баъд аз хатми тахсил дар давоми ду сол аз руи ихтисос кор кунанд;
– ба шахсоне, ки дар хамон ташкилот чарохати мехнати гирифтаанд ё ба бемории касби гирифтор шудаанд;
– ба маъюбон ва иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани, инчунин шахсони ба онхо баробаркардашуда;
– ба шахсоне, ки ба бемории шуоъи гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар беморихое, ки бо баландшавии нури радиатсиони вобаста буда, дар натичаи окибатхои садамаи объектхои атоми ба вучуд омадаанд, ба маъюбоне, ки сабаби маъюбии онхо бо садамаи объектхои атоми алокаманд аст, иштирокчиёни корхои бархамдихии окибатхои ин садамахо ва фалокатхо, инчунин шахсоне, ки аз минтакахои зикршуда кучонида шудаанд ва дигар шахсоне, ки ба ин гурух баробар карда шудаанд;
– ба маъюбони тибки квота ба кор кабулгардида;
– ба чабрдидагони амалхои террористи ва савдои одамон;
– ба ихтироъкорон ва навоварон.
- Дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи мумкин аст дигар холатхое пешбини карда шаванд, ки хангоми мавчуд будани онхо барои дар кор монондани кормандон афзалият дода мешавад.