Главная / Гуногун / Хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он

Хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Дар бораи хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1998, № 23-24, мод.348; с.2003, №8, мод.450;

с .2006, №3, мод.153; с.2009, № 12, мод. 825; Конуни ЧТ аз 31.12.2014с., № 1172)

БОБИ I.

Мукаррароти умуми

Моддаи 1. Мавзуи танзим

Ин Конун муносибатхои хангоми офаридан ва истифодаи асархои илм, адабиёт ва санъат (хукуки муаллиф), фонограмма, ичро, намоиш ва барномахои ташкилоти пахши эфири ва кабели (хукукхои вобаста ба он) баамалояндаро танзим менамояд.

Моддаи 2. Конунхои Чумхурии Точикистон дар бораи хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он

Конунхои Чумхурии Точикистон дар бораи хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар конунхо, асноди конуни ва меъёрии Чумхурии Точикистон, ки дар асоси хамин Конун кабул карда шудаанд, хамчунин созишномахои байналхалкии аз тарафи Точикистон эътирофшуда иборатанд. 

Моддаи 3. Мафхумхои асосие, ки дар хамин Конун истифода мешаванд

Дар хамин Конун мафхумхои зерин истифода мешаванд:

1) муаллиф – шахси вокеие, ки асар дар натичаи мехнати эчодии у офарида шудааст;

2) асари аудиовизуали – асаре, ки аз микдори муайяни бо хам алокаманди кадрхо (боовоз ё беовоз) иборат буда, барои дарки бинои ва шунавои (дар сурати боовоз будани он) тавассути дастгоххои техникии дахлдор таъин шудааст; асархои аудиовизуали аз асархои кинематографи (синамои) ва хамаи асархои дигаре, ки бо васоили ба он монанд офарида шудаанд, иборат мебошад: филмхои телевизиони ва видеои, диафилмхо, филмхои слайди ва г., сарфи назар аз тарзу усули нигориши аввалин ё минбаъдаи онхо;

3) манбаи маълумот – мачмуи маълумот дар шакли хониши мошиннавис ё шакли дигар, ки аз руи интихоб ва чобачогузории мавод натичаи эчодиёти зехни ба хисоб меравад; мафхуми манбаи маълумот ба барномахо барои мошини электронии хисоббарор (минбаъд-МЭХ), ки бо ёрии он дастрасии электрони ба маводи манбаи маълумот амали мегардад, дахл надорад;

4) тачдиди асар – тахияи як ё якчанд нусхаи асар ё кисме аз он дар хама гуна шакли модди, аз чумла, дар шакли сабти овози ва видеои: сабти асар барои нигахдории доими ё муваккати, хамчунин ба хотираи дохили ё берунии МЭХ дохил кардани он низ тачдид ба хисоб меравад;

5) фонограмма – хар гуна сабти сирф овозии ичроишхо ё дигар садохоё инъикоси онхо, ба гайр аз сабти овоз, ки ба асари аудиовизуали дохил карда шудааст;

6) тачдиди фонограмма – тахияи як ё якчанд нусхаи фонограмма ё кисме аз он дар хар гуна шакли модди, хамчунин нигахдории доими ё муваккати дар хотираи МЭХ ва дигар дастгоххои компютери;

7) сабт – нигориши овозхо ва (ё) тасвирхо ё инъикоси онхо тавассути васоити техники дар ягон шакли модди, ки имконияти бисёркаратаи амали сохтани дарк, тачдид ё дастрас кардани онхоро фарохам меорад;

8) тахиягари асари аудиовизуали – шахси вокеи ё хукукие, ки ташаббус ва масъулияти тахияи асарро ба ухда гирифтааст; дар сурати мавчуд набудани далели дигар шахсе, ки ном ё унвони у дар асари мазкур ба таври одди сабт ёфтааст, тахиягари асари аудиовизуали ба хисоб меравад;

9) истехсолкунандаи фонограмма – шахси вокеи ё хукукие, ки ташаббус ва масъулияти аввалини сабти овозии ягон ичро ё дигар овозхо, ё ин ки инъикоси овозхоро ба ухда гирифтааст,  дар сурати  мавчуд набудани далели дигар шахсе, ки ном ё унвони у дар ин фонограмма ва ё дар гилофи  (чилди) он ба таври маъмули сабт ёфтааст, тахиягари фонограмма ба хисоб меравад;

10) хукуки комил – хукуки ба муаллиф (муаллифон) тааллукдошта, ки асар тавассути мехнати эчодии у (онхо) офарида шудааст ва хеч як шахси дигар бидуни ичозатномаи дахлдор, гайр аз холатхои мукаррарнамудаи Конун, наметавонад аз он истифода кунад;

11) ичро – тавассути бози, суруд, ракс дар шакли ичрои хакики ё бо ёрии ягон василаи техники (барномахои телевизион ва радио, телевизиони кабели ва г.) пешкаш кардани асар, фонограмма, ичро, намоиш; нишон додани кадрхои асари аудиовизуали аз руи тартиби онхо (боовоз ё беовоз);

12) ичрогар – актёр, овозхон, мусикинавоз, раккос (раккоса) ё шахси дигаре, ки накш ичро мекунад, суруд ё матн мехонад, суханрони мекунад, асбоби мусики менавозад ё бо ягон тарзи дигар асари адабиёт ва санъат (аз чумла барномахои эстрада, сирк ё лухтаки) ва ё ифодаи фолклорро ичро мекунад, хамчунин, коргардони басахнагузорандаи намоишнома ва дирижёр;

13) сохиби хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он:

– муаллиф ё ичрогаре, ки ба у хукуки муаллиф ё хукукхои вобаста ба он дода шудаанд;

– шахси вокеи, гайр аз муаллиф ё ичрогар, ё шахси хукуки дар мавриде, ки чунин шахси вокеи ё хукуки каблан хукуки амволиро сохиб шуда бошад;

– шахси вокеи ё хукукие, ки хукуки амволи ба он аз руи мерос ё ворисият дода шуда ё гузашта бошад;

14) интишор – нашр ё ба муомилот баровардани асархо ё фонограммахо бо ризоияти муаллиф ё дигар дорандаи хукуки муаллиф ва вобаста ба микдоре, ки барои конеъ гардонидани талаботи омма кофист; зери мафхуми интишор хамчунин ичозати конунии истифодаи асар ё фонограмма ба воситаи системахои электронии иттилоот фахмида мешавад;

15) ба эфир додан – ба омма дастрас кардани асар, фонограмма, ичро, намоиш, барномахои ташкилоти пахши эфири ё кабели тавассути барномахои радио ва телевизион (гайр аз телевизиони кабели). Хангоми ба воситаи радифи маснуъ (спутник) ба маълумоти умум гузоштани асар, фонограмма, ичро, намоиш, барномаи ташкилоти пахши эфири ё кабели зери мафхуми “ба эфир додан” кабули сигналхо аз дастгоххои замини ба радиф ва тахвили сигналхо аз радиф, ки тавассути онхо асар, фонограмма, ичро, намоиш, барномаи ташкилоти пахши эфири ва кабели метавонад дастраси умум гардад, сарфи назар аз кабули вокеии онхо аз чониби омма, фахмида мешавад;

16) барномаи ташкилоти пахши эфири ё кабели – барномае, ки аз тарафи худи ташкилоти пахши эфири ё кабели, хамчунин бо фармоиш ва аз хисоби маблагу васоили он аз тарафи ташкилоти дигар тахия шудааст;

17) намоиши асар – намоиши асл ё нусхаи асар бевосита ё тавассути навор, диапозитив, кадри телевизиони дар экран ё ба воситаи ягон василаи дигари техники, хамчунин намоиши кадрхои алохидаи асари аудиовизуали бе риояи тартиби онхо;

18) барнома барои МЭХ – мачмуи дастурхо, ки бо калимахо, рамзхо, аломатхо, нишонахо, диаграммахо ё бо ягон шакли дигар ифода ёфтаанд ва метавонанд дар МЭХ ё дастгохи дигари компютери бо максади ба даст овардани натичаи дилхох истифода шаванд. Ин мафхум хам системаи амалиёти ва хам барномаи амалиро, ки дар рамзхои ибтидои ё объекти ифода ёфтаанд, хамчунин маводи тайёри ва тасвирхои аудиовизуалиро, ки дар натичаи тахияи барнома барои МЭХ ба даст омадаанд, дар бар мегирад ва ба мафхуми “манбаи маълумот” тааллук надорад;

19) намоиш (ичро)-и оммави – хар гуна намоиши асархо, ичрохо, намоишхо, барномахо аз тарафи ташкилоти иттилооти бевосита дар шакли асл ё нусхаи онхо ё дар экран ба воситаи навор, слайд, кадр ё тавассути дигар васоил ё амал дар чой (чойхо)-е, ки ичрои онхо метавонад мустакиман пазируфта шавад. Дар ин маврид дар хамон чой (чойхо) ашхосе ширкат мекунанд ё метавонанд ширкат дошта бошанд, ки ахли оилаи муаллиф ё хешу табори у намебошанд, сарфи назар аз ин, ки онхо дар айни вакт ва дар як чой хузур доранд ё дар вактхои гуногун ва чойхои гуногун;

20) намоиши оммавии асари аудиовизуали – намоиши тасвирхои алохидаи асари аудиовизуали ба шакли гайримуназзам;

21) нусхабардори (тачдиди репрографи) – дар шакл ва андозаи дилхох як ё якчанд маротиба нусхабардори кардани нусхахои асл ё нусхахои асархои хатти ё дигар асархои графики бо рохи нусхабардории акси ё бо кумаки васоили техникии дигар, гайр аз васоили чопи; нигахдори ва тачдиди нусхахои мазкур дар шакли электрони (аз чумла адади), оптики ё дигар шакли хониши мошиннавис ба тачдиди репрографи дохил намешавад;

22) ба кироя додан – бо максади ба даст овардани фоидаи бевосита ё бавоситаи тичорати ба истифодаи мувакккати вогузоштани асл ё нусхахои асархо ё фонограммахо;

23) дастрас кардан – намоиш додан, ичро кардан, ба эфир баровардан ё анчом додани амали дигар (ба истиснои пахн кардани нусхахои асар ё фонограмма), ки тавассути он асархо, фонограммахо, ичрохо, намоишхо, барномахои ташкилоти пахши эфири ё кабели барои дарку кабули шунавои ва ё бинои, сарфи назар аз дарки вокеии онхо аз чониби омма, дастраси умум мегарданд;

24) ба воситаи кабел ба омма дастрас кардан – дастрас кардани асархо, фонограммахо, ичрохо, намоишхо, барномахои ташкилоти пахши эфири ё кабели ба омма тавассути кабел, сим, нахи оптики ва дигар васоили ба онхо монанд;

25) ба маълумоти умум расонидан барои истифодаи интерактиви – ба маълумоти умум расонидани асархо ё объектхои хукукхои вобаста ба он тарзе, ки намояндагони омма метавонанд онхоро аз хар чой ва хар вакт мутобики интихобашон дастрас кунанд;

26) иттилоъ дар бораи одора кардани хукукхо – хар гунна иттилои аз чониби дорандагони хукук пешниходшаванда, ки асар ё дигар объекти аз тарафи Конуни мазкур хифзшаванда, муаллиф, ё дигар дорандаи хукукро муайян ( идентификатсия) менамояд, ё иттилоъ дар бораи шароити истифодаи асар ё дигар объект ва хар гунна ракам ва рамзхое, ки дар онхо чунин иттилоъ гузошта шудааст, бо вучуди он, ки харгуна чунин чузъиёти иттилоъ дар нусхаи асар ё дигар объекти аз тарафи Конуни мазкур хифзшаванда нишон дода шудаанд, ё вобастабо хабар додан ё расонидани чунин асар ё дигар объект барои маълумоти умум пайдо мешаванд;

27) воситахои техникии хифзи хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он – хар гунна дастгоххои босамари техники ва кисмхои онхо, ки дастрасиро ба асар ё объектхои хукукхои вобаста ба он назорат менамоянд ва амалхоеро, ки нисбати асар ё объекхои хукукхои вобаста ба он, ки  аз чониби дорандагони ягон хукуки аз тарафи Конуни мазкур хифзшаванда ичозат дода шудаанд, пешгири ва махдуд мекунанд;

28) инъикоси овоз ё тасвир – шакли ракамии пешниходи овоз ё тасвир бо ёрии воситахои техники дахлдор.

 

БОБИ II.

Хукуки муаллиф

 

Моддаи 4. Сохаи амали хукуки муаллиф

 

Тибки хамин Конун хукуки муаллиф ба асархои зерин дода мешавад:

1) асархое, ки муаллифони онхо шахрвандони Чумхурии Точикистон мебошанд ё дар каламрави Чумхурии Точикистон махалли зисти доими доранд;

2) асархое, ки бори аввал дар каламрави Чумхурии Точикистон ба табъ расидаанд (аз чумла асархое, ки дар муддати 30 рузи пас аз санаи интишори аввалин дар кишвари дигар, бори аввал дар каламрави Чумхурии Точикистон ба табъ расидаанд) ё асархое, ки ба табъ нарасида, сарфи назар аз табаият ва махалли зисти доимии муаллифони онхо дар шакли муайяни объективи дар каламрави Чумхурии Точикистон карор доранд;

3) асархое, ки онхо дар каламрави Чумхурии Точикистон тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон хифз карда мешаванд. Дар ин холат асархои сохибхукукони давлатхои хоричии иштирокчиёни санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон дар Точикистон аз хифзе бархурдоранд, ки ба шахрвандони Чумхурии Точикистон пешниход мегардад ( речаи милли).

Хифзи асар дар каламрави Точикистон  мутобики шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон нисбати асархое амали мешавад, ки онхо дар кишваре, ки  асар эчод шудааст, ба моликияти чамъияти дар натичаи ба итмом расидани мухлати амали хукуки муаллиф дар он кишвар ва дар Чумхурии Точикистон дар натичаи ба итмом расидани мухлати каблан вогузорнамудаи хукуки муаллифи ба моликияти чамъияти нагузашта бошад. Дар ин сурат мухлати амали хукуки муаллифи дар каламрави Точикистон аз мухлати амали мукарраргардидаи хукуки муаллифии кишваре, ки дар он асар эчод шудааст, зиёд буда наметавонад.   (КЧТ аз 3.12.09с., №573)

 

Моддаи 5. Объектхои хукуки муаллиф. Мукаррароти умуми

 

Хукуки муаллиф ба асархои илм, адабиёт ва санъат, ки натичаи фаъолияти эчоди мебошанд, сарфи назар аз таъинот ва ахамият, хамчунин тарзи ифодаи онхо татбик мегардад. Асархо бояд дар ин ё он шакли объективи ифода ёбанд:

1) хатти (дастхат, чопи мошини, сабти нотахо ва г.);

2) дахони (изхори оммави, ичрои оммави ва г.);

3) сабти овози ва видеои (механики, магнити, адади, оптики ва г.) ;

4) тасвири (расм, ангора, сурат, накша, тасмаи кино, навори телевизион, навори видео, кадри аккоси ва г.);

5) хачми ва фазои (хайкал, намуна, амсила, сохтмон ва г.);

6) дигар шаклхои кобили дарку эхсос.

Ба гоя, усул, чараён, тартиб, тарзу усул, равия, принсип, кашфиёт ва факт хукуки муаллиф татбик намегардад.

Хукуки муаллифи ба асар бо хукуки моликият ба объекти модди, ки асар дар он ифода ёфтааст, вобастаги надорад.

Тахвили хукуки моликият ба объекти модди худ аз худ маънои тахвили ин ё он хукуки муаллифро ба асари дар он объект ифодаёфта надорад.

 

Моддаи 6. Асархое, ки объекти хукуки муаллиф мебошанд

 

Ба объектхои хукуки муаллиф инхо мансубанд:

1) асархои шифохи (суханронихо, лексияхо, маърузахо ва г.);

2) асархои адабиёт (адабию бадеи, илми, таълими, публитсисти ва гайра, хамчунин тамоми намуди барномахо барои МЭХ, аз чумла барномахои амали ва системахои амалиётие, ки метавонанд дар хар забон ва дар хар шакл, инчунин дар  матни ибтидои ва рамзи объекти тачассум гарданд);

3) асархои драмави ва мусикиву драмави, асархои сенари;

4) асархои хореографи ва пантомима;

5) асархои мусики бо матн ва бе он;

6) асархои аудиовизуали;

7) асархои тасвири, хайкалтароши, графики, санъати ороишию амали, дизайни, хикояхоитасвири, комиксхо ва дигар асархои санъати тасвири;

8) асархои меъмори, шахрсози ва санъати богпарвари;

9) асархои суратнигори ва дигар асархое, ки бо усулхои ба он монанд офарида мешаванд;

10) харита, накша, ангора, тарххои чугрофи, геологи, заминшиноси ва дигар асархои пластики, ки ба чугрофия, топография ва илмхои дигар марбутанд;

11) асархои махсули (тарчума, тахрир, хулоса, реферат, резюме, шарху тавзех, сахнагузори ва дигар коркардхои асархои илми, адабиёт ва санъат);

12) мачмуахо (энсиклопедияхо, тазкирахо, манбаъхои маълумот) ва дигар асархои таркиби, ки натичаи мехнати эчоди буда, ба аломатхои дар моддаи 5 хамин Конун мутобикат доранд;

13) кисмхои асар ( аз чумла номи он, кахрамонхо ва унсурхои дигар), ки талаботи кисми якуми моддаи 5-ро конеъ мегардонанд ва метавонанд дар алохидаги истифода шаванд.(КЧТ аз 3.12.09с., №573)

Асари махсули ва таркиби, сарфи назар аз он, ки асархои асоси ё таркибии онхо объекти хукуки муаллифанд ё не, аз хифзи хукуки муаллиф бархурдоранд.

 

Моддаи 7. Асархое, ки объекти хукуки муаллиф нестанд

 

Ин асархо объекти хукуки муаллиф нестанд:

1) асноди расми (конунхо, карорхои суди, дигар матнхои дорои хислати конуни, маъмури ва суди), хамчунин тарчумаи расмии онхо;

2) рамзхо ва нишонахои давлати (Парчам, Нишон, Суруди Милли, орденхо, пули милли ва нишонахои дигари давлати);

3) хабархо оид ба ходисаву фактхое, ки хислати иттилооти доранд;

4) асархои эчодиёти халк.

 

Моддаи 8. Субъектхои хукуки муаллиф

 

Субъекти хукуки муаллиф худи муаллиф мебошад.

Муаллиф шахсест, ки хангоми интишори асар номи у хамчун муаллиф дар нусхаи асари интишорёфта, дар дастхат ё дар нусхаи аслии асари санъат кайд гардидааст.

 

Моддаи 9. Ба вучуд омадани хукуки муаллиф. Эътирофи муаллифият

 

Хукуки муаллиф ба асари илм, адабиёт ва санъат аз лахзаи эчоди он ба миён меояд. Барои ба вучуд омадан ва амали сохтани хукуки муаллиф бакайдгири, ба таври махсус ба расмият даровардани асар ё риояи ин ё он расмиятгарои шарт нест.

Сохиби хукуки комили муаллиф барои огох сохтан аз хукуки худ метавонад аз аломати хифзи хукуки муаллиф истифода кунад, ки он дар хар як нусхаи асар сабт ёфта, аз се унсур иборат мебошад:

1) харфи лотинии “С”, ки дар дохили доира аст (С);

2) ном (унвон)-и сохиби хукуки комили муаллиф;

3) соли нашри аввали асар.

Дар сурати мавчуд набудани далелхои дигар муаллифи асар шахсе хисоб меёбад, ки дар асл ва ё нусхаи асар ба сифати муаллиф сабт ёфтааст.

Дар сурати беимзо ва ё тахти имзои мустаор нашр гардидани асар (гайр аз холатхое, ки тахаллуси муаллиф барои шахсияти у шубхаовар нест) ношире, ки ному унвони он дар асар сабт ёфтааст, хангоми мавчуд набудани далелхои дигар, намояндаи муаллиф хисоб меёбад ва ба хифзи хукуки муаллиф ва амали сохтани он хак дорад. Ин холат то замоне амал мекунад, ки муаллифи асари мазкур шахсият ва муаллифияти худро маълум накунад.

Сохиби хукуки муаллиф ва ё шахсоне, ки дорои ягон навъ салохияти комил ба асар мебошанд, барои дарёфти шаходатномаи муаллифи ба асари нашршуда ё нашрнашуда, дар бораи факт ва санаи нашри асар ё шартномахое, ки ба хукуки муаллиф марбутанд, метавонанд бо тартибе, ки аз тарафи макоми ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи хукуки муаллиф ва хукуки вобаста ба он (минбаъд – макоми ваколатдор) муайян карда мешавад, дар давоми тамоми мухлати хифзи хукуки муаллиф аз кайд гузаранд.

Сохиби объекти модди, ки асар дар он ифода ёфтааст, ба шахсе, ки сохиби хукуки муаллиф мебошад, дар бакайдгирии асар монеъ шуда наметавонад.

 

Моддаи 10. Хаммуаллифи

 

Хукуки муаллиф ба асаре, ки махсули эчодии ду ва ё зиёда шахсон хисоб меёбад (хаммуаллифи), муштаракан ба хамаи муаллифони он тааллук дорад, сарфи назар аз он, ки асари мазкур як чузъи томи таксимнопазирро ташкил мекунад ва ё аз кисматхои чудогонаи дорои ахамияти мустакил таркиб ёфтааст.

Кисме аз асар дар сурате дорои ахамияти мустакил эътироф мешавад, ки агар он сарфи назар аз кисматхои дигари асар кобили истифода бошад.

Хар яке аз хаммуаллифон хукукхои шахсии амволи ва гайриамволии худро ба кисматхои чудогонаи дорои ахамияти мустакил, ки муаллифи он мебошад, нигох медорад, ба шарте ки аз руи созишномаи байнихамдигарии онхо чизи дигаре пешбини нашуда бошад.

Шахсоне хаммуаллиф пазируфта намешаванд, ки ба муаллиф танхо кумакхои техники, ташкили, молияви ва гайра расонидаанд, зеро ин амал фаъолияти эчоди махсуб намегардад. (КЧТ аз 3.12.09с., №573)

Муносибатхои байнихамдигарии хаммуаллифон метавонанд тибки созишномаи онхо муайян карда шаванд. Хангоми мавчуд набудани чунин созишнома хукуки муаллиф ба асар аз тарафи хамаи муаллифон якчоя амали мегардад ва хакки калам дар байни хаммуаллифон баробар таксим карда мешавад.

Агар асари хаммуаллифон як чузъи тому кисматнопазирро ташкил дихад, хеч яке аз хаммуаллифон бе сабабхои асосноки кофи наметавонад истифодаи асарро манъ кунад.

Агар дар созишномаи байни хаммуаллифон чизи дигаре пешбини нашуда бошад, хар яке аз хаммуаллифон хукук дорад аз номи худ, аз чумла бе гирифтани ичозати хаммуаллифони дигар, мутобики нишондоди Конуни мазкур  ва дигар санадхои меъёрии хукуки чихати хифзи хукукхо нисбат ба асар тадбирхо андешад. Хаммуаллифе, ки чунин тадбирхо меандешад, вазифадор аст хаммуаллифони дигарро огох намояд. (КЧТ аз 3.12.09с., №573)

 

Моддаи 11. Хукуки муаллифии мураттибони мачмуахо ва дигар асархои таркиби

 

Мураттиби мачмуахо ва дигар асархои таркиби барои интихоб ва чобачогузории маводе, ки аз тарафи вай анчом дода шудааст ва натичаи мехнати эчоди (мураттиби) хисоб меёбад, дорои хукуки муаллиф мебошад.

Мураттиб дар сурате метавонад аз хукуки муаллиф истифода намояд, ки хукуки муаллифони хар яке аз асархои дар асари таркиби чойдодашударо риоя намояд.

Муаллифоне, ки асархояшон ба асари таркиби дохил карда шудаанд, метавонанд аз асархои худ, сарфи назар аз асари таркиби, истифода кунанд, ба шарте ки дар шартномаи муаллифи чизи дигаре пешбини нашуда бошад.

Хукуки муаллиф ба мачмуаи асархое, ки мавзуи хукуки ягон муаллиф намебошанд, аз чумла конунхо, карорхои суди, асноди расмии дигар, сарчашмахои таърихи ва ёдгорихо ва дигар асархое, ки тавассути хукуки муаллиф хифз намешаванд, ба мураттибони он дар сурате тааллук дорад, ки онхо маводи ба мачмуа чойдодашударо мустакилона тахрир ё мураттаб кардаанд.

Хукуки муаллифии мураттиб наметавонад ба шахсони дигар дар интихобу чобачогузории мустакилонаи маводи дар мачмуа чойдошта бо максади мураттаб сохтани асархои таркибии худашон монеъ гардад.

Ношири энсиклопедияхо, лугатхои энсиклопеди, мачмуахои корхои илмии даври ва бардавом, рузнома, мачалла ва дигар нашрияхои даври дорои хукуки комили истифодаи ин нашрияхо мебошад. Хангоми хар гуна истифодаи чунин нашрияхо ношир хак дорад унвони худро зикр намояд ва ё зикри онро талаб кунад. Муаллифони асархое, ки ба чунин нашрияхо дохил карда шудаанд, хукуки комили худро барои истифодаи асархои худ, сарфи назар аз нашрия, нигох медоранд, ба шарте ки дар шартномаи муаллифи чизи дигаре пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 12. Хукуки муаллифии тарчумонхо ва муаллифони дигар асархои махсули

 

Ба тарчумонхо ва муаллифони дигар асархои махсули хукуки муаллиф барои тарчума тахрир, тахия ва дигар навъи коркарди асар тааллук дорад.

Тарчумон ва муаллифи дигар асари махсули дар сурате аз хукуки муаллиф истифода мекунад, ки агар хукуки муаллифи асари тарчумашуда, тахрирёфта, тахияшуда ё тахти навъи коркард кароргирифта аз тарафи у риоя карда шавад.

Хукуки муаллифии тарчумонхо ва муаллифони дигар асархои махсули барои шахсони дигар дар мавриди тарчума ва коркарди нави хамон асархо монеъ намешавад.

 

Моддаи 13. Хукуки муаллифии асархои аудиовизуали

 

Шахсони зерин муаллифи асари аудиовизуали мебошанд:

режиссёри тахиягар;

муаллифи сенарий;

муаллифи асари мусики (бо матн ва бидуни он), ки махсус барои хамон асари аудиовизуали офарида шудааст (бастакор).

Бастани шартнома рочеъ ба офаридани асари аудиовизуали аз тарафи муаллифони хамин асар ба тахиягари асари аудиовизуали тахвил додани хукуки комилро барои тачдид, пахн кардан, ичрои оммави, тавассути пахши кабели дастраси омма кардан, ба эфир додан ва тамоми дигар навъхои дастраси омма кардани асари аудиовизуали, хамчунин хукуки бо зернавис (субтитрхо) ва дубляж таъмин намудани асари аудиовизуалиро пешбини менамояд, агар дар шартномаи басташуда чизи дигаре пешбини нашуда бошад. Ин хукук дар давоми мухлати эътибори хукуки муаллиф ба асари аудиовизуали амал мекунад.

Тахиягари асари аудиовизуали хак дорад, ки дар хамаи мавридхои истифодаи асар ном ё унвони худро зикр намояд ё зикри онро талаб кунад.

Хангоми ичрои оммавии асари аудиовизуали муаллифи асари мусики (бо матн ва бидуни он) хукуки худро ба хакки калам барои ичрои оммавии асари мусикиаш нигох медорад.

Муаллифи асархои хам кисми таркибии асари аудиовизуали, хам асархои каблан мавчудбуда (муаллифи романе, ки дар асоси он сенарий тахия шудааст ва г.), хам асархои дар чараёни кор бо онхо офаридашуда (коргардони тахиягар, рассоми тахиягар ва г.) хар яке дорои хукуки муаллиф ба асари худ мебошанд.

 

Моддаи 14. Хукуки муаллиф ба асари хизмати

 

Хукукхои шахсии гайриамволи ба муаллифи асаре, ки онро зимни ичрои вазифа ё супориши хизмати эчод кардааст (асари хизмати), тааллук доранд.

Хукуки комили истифода аз асари хизмати танхо ба шахсе тааллук дорад, ки бо муаллиф дар муносибатхои мехнати карор дорад (корфармо), агар дар шартномаи байни у ва муаллиф чизи дигаре пешбини нашуда бошад.

Агар корфармо асари аз руи фармоиши худаш офаридашударо дар муддати се соли баъди дастрас шудани он истифода накунад, тамоми хукуки истифода аз асар ба муаллиф мегузарад.

Андозаи хакки калам барои хар як навъи истифода аз асари хизмати ва тартиби пардохти музди он тавассути шартномаи байни муаллиф ва корфармо мукаррар карда мешавад.

Корфармо хак дорад, ки зимни хар истифодаи асари хизмати унвони худро зикр намояд ё зикри онро талаб кунад.

Агар энсиклопедияхо, лугатхои энсиклопеди, мачмуаи корхои илмии даври ва бардавом, рузнома, мачалла ва дигар нашрияхои даври, ки дар кисми шашуми моддаи 11 хамин Конун пешбини шудаанд, зимни ичрои вазифахо ва супоришхои хизмати офарида шаванд, коидахои хамин модда ба онхо татбик намегарданд.

 

Моддаи 15. Хукуки шахсии гайриамволии муаллифон

 

Ба муаллиф нисбати асари у чунин хукуки шахсии гайриамволи дода мешавад:

1) хукуки эътирофи муаллифият ба асари офаридашуда (хукуки муаллифият);

2) хукуки истифода ё ичозати истифодаи асар бо номи хакикии муаллиф, тахаллуси у ва ё бе зикри ном, яъне беимзо (хукуки ном);

3) хукуки интишор ё ичозати интишори асар дар хар шакл (хукуки интишор), аз чумла хукуки бозхонд;

4) хукуки хифзи асар, аз чумла унвони он аз хар гуна тахрифкори ва дигар навъи дахолат, ки метавонад ба номус ва шаъни муаллиф зарар расонад (хукуки хифзи эътибори муаллиф);

5) хукуки дахлнопазирии асар.

Муаллиф хак дорад, ки аз карори каблан кабулшуда доир ба нашри асар даст кашад (хукуки бозхонд), ба шарте ки ба истифодабаранда хама гуна зарари дар натичаи чунин карор бамиёномадаро чуброн намояд. Агар асар аллакай нашр шуда бошад, муаллиф бояд дар бораи бозхонди он ошкор эълон намояд. Дар ин маврид у аз хисоби худ нусхахои дар муомилотбудаи асари худро харида мегирад.

Мукаррароти кисми дуюми хамин модда хангоми таълифи асархои хизмати татбик намегарданд.

Хукуки шахсии гайриамволии муаллиф ба у, сарфи назар аз хукуки амволи, тааллук дорад ва дар холати тахвили хукуки комили истифодаи асар нигох дошта мешавад.

 

Моддаи 16. Хукукхои амволии муаллиф

 

Ба муаллиф нисбати асари у хукуки комили истифодаи асар дар хама гуна шаклу тарз дода мешавад ва ин чунин маъни дорад, ки муаллиф амалхои зеринро ичро намояд ва ё ба ичрои онхо ичозат дихад:

1) тачдиди асар (хукуки тачдид);

2) пахн кардани нусхахои асар бо хар тарз: фурухтан, ба кироя додан ва г. (хукуки пахнкуни);

3) ворид кардани нусхахои асар бо максади пахнкуни, аз чумла нусхахое, ки бо ичозати сохиби хукуки комил тахия шудаанд (хукуки воридот);

4) намоиши оммавии асар (хукуки намоиши оммави);

5) ичрои оммавии асар (хукуки ичрои оммави);

6) ба омма дастрас кардани асар (аз чумла намоиш додан, ичро ё ба эфир додан) ба воситаи пахши эфири ва (ё) пахши минбаъдаи эфири (хукуки пахши эфири);

7) ба омма дастрас кардани асар (аз чумла намоиш додан, ичро ё ба эфир додан) ба воситаи кабел ё тавассути дастгоххои дигари ба он монанд (хукуки пахши кабели);

8) тарчумаи асар (хукуки тарчума);

9) тачдиди коркард, аранжировка ва ё навъи дигари коркард (хукуки коркард);

10) ба маълумоти умум расонидани асар барои истифодаи интерактиви (хукуки ба маълумоти умум расонидан).

Хукуки комили муаллиф ба истифодаи лоихахои дизайни, меъмори, шахрсози ва богпарвари татбик намудани чунин лоихахоро дар бар мегирад. Муаллифи лоихаи меъмории кабулшуда хак дорад, ки аз фармоишгар хукуки ширкатро дар амали сохтани лоихаи худ хангоми тахияи хуччатхо барои сохтмон ва зимни сохтани бинову иншоот талаб намояд, ба шарте ки дар шартнома чизи дигаре пешбини нашуда бошад.

Агар нусхахои асари конунан чопшуда тавассути фуруш ба муомилот бароварда шуда бошанд, пахнкунии минбаъдаи онхо метавонад бидуни ризоияти муаллиф ё дигар сохиби хукуки муаллиф ва бе пардохти хакки калами муаллиф анчом дода шавад. Дар ин маврид ба муаллифон ё дигар сохибони хукуки муаллифии асархои аудиовизуали, барномахои МЭХ, манбаъхои маълумот, асархои мусикии нотави ва асархое, ки дар фонограммахо сабт ёфтаанд, хукуки ба кироя додани асл ё нусхахои чунин асархо, сарфи назар аз мансубияти хукуки моликият ба нусхахои асл ва гайриасли, ки ба кироя дода мешаванд, нигох дошта мешавад.

Муаллиф ба гирифтани хакки калам барои хар як намуди истифодаи асараш хукук дорад (хукук ба хакки калам).Андоза ва тартиби хисоби хакки калами муаллиф барои хар як навъи истифодаи асар аз тарафи шахсони дигар дар шартномаи муаллифи, хамчунин шартномахое, ки байни ташкилотхои идораи дастачамъии хукуки амволии муаллифон ва истифодабарандагони асар баста мешаванд, мукаррар карда мешавад.

Махдудиятхои хукукхои дар кисми якум ва дуюми моддаи мазкур зикргардида бо модахои 19-21, 24 ва 39 хамин Конун мукаррар карда мешаванд, ба шарте ки чунин махдудиятхо ба истифодаи дурусти асар зарари беасос нарасонанд ва манфиатхои конунии муаллифро беасос халалдор накунанд.

 

Моддаи 17. Мухлати амали хукуки муаллиф

 

Хукуки муаллиф дар давоми тамоми хаёти муаллиф эътибор дорад, ба мерос мегузарад ва гайр аз холатхое, ки дар хамин модда пешбини гардидаанд, дар давоми панчох соли пас аз фавти муаллиф амал мекунад.

Хукуки муаллифият, хукуки ном ва хукуки хифзи эътибори муаллиф бемухлат хифз мешавад.

Муаллиф хак дорад мувофики тартиби мукарраркардаи конун шахсеро муайян намуда, ба у ваколати хифзи хукуки муаллиф, хукуки ном ва хукуки хифзи эътибори худро пас аз маргаш вогузорад. Ин шахс ваколатхои худро умрбод амали месозад.

Хангоми мавчуд набудани чунин шахс хифзи хукуки муаллифият, хукуки ном ва хукуки хифзи эътибори муаллиф аз тарафи ворисони у амали карда мешавад, дар сурати набудани ворисон ва ё катъ гардидани хукуки муаллифии онхо хифзи хукукхои мазкур аз тарафи макоми ваколатдор амали мегардад.

Хукуки муаллиф ба асари хаммуаллифи дар давоми тамоми хаёти муаллифон ва панчох соли пас аз фавти муаллифи охирин амал мекунад.

Хукуки муаллиф ба асари беимзо ё бо номи мустаор нашргардида дар давоми панчох соли пас аз нашри конунии он амал мекунад. Агар дар давоми мухлати мукарраршуда муаллифи асаре, ки беимзо ё бо номи мустаор ба табъ расидааст, шахсияти худро ошкор намояд ва ё шахсияти у шубхаовар набошад, мукаррароти кисми якуми хамин модда татбик мегардад.

Хукуки муаллиф ба асаре, ки бори аввал дар давоми си соли пас аз фавти муаллиф ба табъ расидааст, дар давоми панчох соли пас аз нашри конунии он амал мекунад.

Хисоби мухлатхое, ки дар хамин модда пешбини шудаанд, аз 1 январи соли ояндаи ба вукуъ омадани факти хукукие, ки ба огози мухлат асос мегарданд, шуруъ мешавад.

Хангоми таъмини хифзи асар мутобики санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон мухлати хифзи хукуки муаллиф аз мухлати мукаррарнамудаи мамлакате, ки дар он асар офарида шудааст, зиёд буда наметавонад.

 

Моддаи 18. Окибатхои катъи мухлати амали хукуки муаллиф

 

Катъи мухлати амали хукуки муаллиф маънои ба сарвати чамъияти табдил ёфтани асарро дорад.

Асархое, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон хеч вакт хифз карда намешуданд, низ ба сарвати чамъияти табдил меёбанд.

Асархое, ки ба сарвати чамъияти табдил ёфтаанд, метавонанд аз тарафи хар шахс бе пардохти хакки калами муаллифи истифода шаванд. Дар ин сурат хукуки муаллифият, хукуки ном ва хукуки хифзи эътибори муаллиф, ки дар хамин моддаи 15 Конун пешбини шудааст, бояд риоя гардад.

Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад барои истифодаи асархои ба сарвати чамъияти табдилёфта дар каламрави Чумхурии Точикистон музд мукаррар намояд, ки он ба Хазинахои касбии муаллифон, хамчунин ташкилотхое, ки хукуки амволии муаллифонро дар асоси дастчамъи идора мекунанд, пардохта мешавад. Андозаи чунин музд набояд аз 1 фоизи даромади аз истифодаи чунин асархо бадастомада зиёд бошад.

 

Моддаи 19. Тачдиди асар бо максадхои шахси бе ичозати муаллиф ва бе пардохти хакки калами муаллиф

 

Тачдиди асари конунан интишорёфтаи шахси дигар бе ризоияти муаллиф ё дигар сохиби хукуки муаллиф ва бе пардохти хакки калами муаллиф факат барои конеъ гардонидани талаботи шахси мумкин аст, ба шарте ки дар ин маврид истифодаи муътадили асар вайрон нагардад ва манфиатхои конунии муаллиф, гайр аз холатхои пешбининамудаи моддаи 39 хамин Конун, поймол нагарданд.

Мукаррароти хамин модда дар холатхои зерин истифода намешавад:

1) тачдиди асархои меъмори дар шакли бинохо ва иншооти ба он монанд;

2) тачдиди манбаъхои маълумот ё кисматхои мухими онхо;

3) тачдиди барномахо барои МЭХ, ба истиснои холатхое, ки дар моддаи 24 хамин Конунпешбини гардидаанд;

4) пурра аз нав чоп кардани нусхаи китобхо ва матни нотахо.

5) хар як тачдиди беичозати асар, ки ба маълумоти умум барои истифодаи интерактиви расонида шудааст.

 

Моддаи 20. Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ва бе пардохти хакки калами муаллиф, вале бо нишон

                      додани номи муаллифи асар ва манбаи иктибос

 

Бе ризоияти муаллиф ё дигар сохиби хукуки муаллиф ва бе пардохти хакки калами муаллиф, вале бо нишон додани хатмии номи муаллифи асари истифодашаванда ва манбаи иктибос, анчом додани амалхои зерин мумкин аст:

1) иктибос дар асл ва дар тарчума бо хадафхои илми, тадкикоти, мубохисави, танкиди ва иттилооти аз асархои конунан интишорёфта дар хачме, ки хадафи иктибос такозо мекунад аз чумла тачдиди порчахо аз маколахои рузномаву мачаллахо дар шакли шарху хулосахои матбуот;

2) истифодаи асархои конунан интишорёфта ва кисматхои алохидаи онхо ба сифати тасвиру намунахо дар нашрияхо, барномахои радио ва телевизион, сабтхои овози ва видеоии характери таълимидошта, – дар хачме, ки хадафи гузошташуда такозо мекунад;

3) дар матбуот, дар барномахои пахши эфири ва кабели барои маълумоти умум тачдид намудани маколахои дар рузномахову мачаллахо конунан чопшуда рочеъ ба масъалахои чории иктисоди, сиёси ва дини, ба шарте ки чунин амалхо аз тарафи муаллиф махсус манъ нашуда бошад;

4) тачдиди суханронихо, мурочиатномахо, маърузахо ва асархои амсоли онхо дар матбуот барномахои эфири ва хабархои кабели барои маълумоти умум, – дар хачме ки хадафи иттилооти такозо мекунад. Дар ин маврид хукуки муаллиф барои чоп кардани чунин асархо дар мачмуахо нигох дошта мешавад;

5) тавассути суратхо, бо рохи барномахои эфири ё кабели тачдид ё ба омма дастрас кардани асархо рочеъ ба ходисахои маълуми чори дар шарху хулосахои ходисахои чори хачме, ки хадафи иттилооти такозо мекунад. Дар ин маврид хукуки муаллиф барои дар мачмуахо чоп кардани чунин асархо нигох дошта мешавад;

6) тачдиди асархои конунан нашршуда бидуни гирифтани фоида бо навъи хати нуктагии барчаста ва дигар тарзхои махсус барои нобиноён, – гайр аз асархое, ки махсус барои чунин тарзхои тачдид офарида шудаанд;

7) бе гирифтани фоида як адад нусхабардори кардани:

а) асари конунан нашршуда аз тарафи китобхонаву бойгонихо барои баркарор ё иваз намудани нусхахои вайроншуда ва гумшуда, пешкаш намудани нусхахои асар ба китобхонахои дигар, ки бо сабабхои гуногун асархоро аз хазинаи худ гум кардаанд, – агар ба даст овардани чунин нусха бо рохи дигар имконнопазир бошад;

б) маколахои чудогона ва асархои хачман хурди конунан дар мачмуахо, рузномахо аз дигар нашрияхои даври нашршуда, порчахои хурд аз асархои конунан нашршудаи хатти (бо тасвирхо ва бе он) аз тарафи китобхонахо ва бойгонихо бо талабу дархости шахсони вокеи барои максадхои таълими ва тахкикоти;

в) маколахои чудогона ва асархои хачман хурди конунан дар мачмуахо, рузномахо ва дигар нашрияхои даври нашршуда, порчахои хурд аз асархои конунан интишорёфтаи хатти (бо тасвирхо ва бе он) аз тарафи муассисахои маориф барои машгулиятхои таълими.

 

Моддаи 21. Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ва бе пардохти хакки калами муаллиф

 

Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ё дигар сохиби хукуки муаллиф ва бе пардохти хакки калами муаллиф дар холатхои зерин мумкин аст:

1) тачдид, ба эфир додан ё тавассути кабел ба омма дастрас кардани асархои меъмори суратгири, санъати тасвири, ки хамеша дар чойхои дастраси умум карор доранд, гайр аз холатхое, ки тасвири асар чузъи асосии чунин тачдид, барномахои эфири ва кабели мебошад ё тасвири асар бо максадхои тичорати истифода мешавад;

2) ичрои оммавии асархои мусики хангоми маросимхои расми ва дини, хамчунин маросими дафн, – дар хачме, ки хислати чунин маросимхо такозо мекунад;

3) тачдиди асархо барои мурофиаи суди, – дар хачме, ки максади мазкур такозо мекунад;

4) аз тарафи ташкилоти пахши барномахои эфири сабт намудани истифодаи кутохмуддати асаре, ки ташкилот хукуки ба эфир додани онро сохиб шудааст, – ба шарте ки чунин сабт аз тарафи ташкилоти пахши барномахои эфири бо кумаки тачхизоти худи он ва барои барномахои хусусии он сурат гирад. Дар ин маврид чунин ташкилот вазифадор аст, ки сабти мазкурро дар муддати шаш мохи баъди тахия шудани он нобуд созад, – агар барои муддати аз он бештари истифода бо муаллифи асари сабтшуда мувофика ба даст наомада бошад. Агар сабт хислати сирф хуччати дошта бошад, он метавонад бидуни ризоияти муаллиф дар бойгонихои расми нигох дошта шавад.

 

Моддаи 22. Хукуки рухсати истифодаи асархои санъати тасвири. Хукуки пайгири

 

Муаллифи асари санъати тасвири хак дорад аз сохиби асар имконияти амали сохтани хукуки тачдиди асари худро талаб кунад (хукуки рухсат). Дар ин маврид аз сохиби асар ба муаллиф бурда расонидани онро талаб кардан мумкин нест.

Аз муаллиф ба шахси дигар гузаштани хукуки моликият ба асари саньати тасвири (пулаки ё ройгон) маънои фуруши аввалини ин асарро дорад.

Дар хар як холати аз нав фурухта шудани асари санъати тасвири ба таври расми (дар музояда, галереяи санъати тасвири, толори рассоми, магоза ва г.) муаллиф хукуки аз фурушанда гирифтани хакки каламро ба андозаи 5 фоизи кимати фуруши такрори дорад (хукуки пайгири). Ин хукук бегона карда намешавад ва танхо ба ворисони муаллиф аз руи конун ба муддати амали хукуки муаллиф мегузарад.

 

Моддаи 23. Хифзи манфиатхои шахсе, ки дар асар тасвир ёфтааст

 

Интишор, тачдид ва пахн намудани асари санъати тасвири, ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танхо бо ризоияти шахси тасвиршуда ва пас аз фавти у – бо ризоияти ворисони навбати аввал имконпазир аст. Агар шахс ба ивази музди муайян аз руи шартнома тасвир шуда бошад, чунин ризоият лозим нест.

 

Моддаи 24. Тачдиди озоди барномахо барои МЭХ ва манбаъхои маълумот. Густурдани барномахо барои

                   МЭХ

 

Шахсе, ки конунан сохиби нусхаи барнома барои МЭХ ё манбаи маълумот мебошад, хак дорад, ки бе ризоияти муаллиф ё дигар сохиби хукуки комил ва бе пардохти хакки калами иловаги корхои зеринро анчом дихад:

ба барнома барои МЭХ ё манбаи маълумот тагйироте дохил намояд, ки он факат бо максадхои фаъолияти вай дар васоили техникии истифодабаранда амали мешавад, хар гуна амалеро ичро намояд, ки бо фаъолияти барнома барои МЭХ ё манбаи маълумот мувофики таъиноти он вобаста аст, аз чумла, сабт ва нигахдори дар хотираи МЭХ, ки барои як МЭХ ё истифодабарандаи як шабака мумкин аст, ба шарте ки дар шартнома бо муаллиф чизи дигаре пешбини нашуда бошад;

нусхаи барномаро барои МЭХ ё манбаи маълумот тахия намояд, ба шарте ки ин нусха барои максадхои ба бойгони супоридан ё иваз кардани нусхаи аслии барнома барои МЭХ ё манбаи маълумоте, ки гум шудааст, ё гайри кобили истифода гардидааст, таъин гардад. Дар ин маврид нусхаи барнома барои МЭХ ё манбаи маълумот, агар сохибияти минбаъда ба ин барномаи МЭХ ё манбаи маълумот гайриконуни гардад, бояд нобуд карда шавад.

Шахсе, ки конунан сохиби нусхаи барнома барои МЭХ мебошад, хак дорад, ки бе ризоияти муаллиф ё дигар сохиби хукуки комил ва бе пардохти хакки калами иловаги рамзи объектиро ба матни ибтидои табдил дихад ва тачдид намояд (барномаи МЭХ-ро густариш дихад) ё анчоми ин амалро ба шахси дигар вогузор намояд, ба шарте ки он барои ба даст овардани кобилияти ба фаъолияти мутакобилаи барномаи аз тарафи ин шахс мустакилона тахияшуда бо барномахои дигар, ки метавонанд бо барномаи густурдашуда дар фаъолияти мутакобила бошанд. Дар ин мавриди риояи шартхои зерин зарур аст:

1) маълумоте, ки барои ба даст овардани кобилият ба фаъолияти мутакобила зарур аст, каблан ба ин шахс аз манбаъхои дигар дастрас нашуда бошад;

2) амалхои мазкур танхо барои он кисматхои барномаи густурдашудаи МЭХ татбик мешаванд, ки барои ба даст овардани кобилият ба фаъолияти мутакобила заруранд;

3) маълумоте, ки дар натичаи густариш хосил мешавад, метавонад факат барои ба даст овардани кобилият ба фаъолияти мутакобилаи барномаи мустакилона тахияшудаи МЭХ бо барномахои дигар истифода шавад: он наметавонад ба шахси дигар тахвил дода шавад, гайр аз холатхое, ки чунин амал барои ба даст овардани кобилият ба фаъолияти мутакобилаи барномаи мустакилона тахияшудаи МЭХ бо барномахои дигар зарур бошад, хамчунин он наметавонад барои тахияи барномаи МЭХ, ки аз руи шаклу намуди худ бо барномаи густурдашудаи МЭХ хеле монанд аст ва ё барои амали сохтани хар гуна амали дигар, ки хукуки муаллифиро вайрон мекунад, истифода гардад.

Татбики мукаррароти ин модда набояд барои истифодаи муътадили барномаи МЭХ ё манбаи маълумот зарари беасос расонад ва набояд манфиатхои конунии муаллиф ё дигар шахси сохиби хукуки комилро ба барнома барои МЭХ ё манбаи маълумот беасос поймол созад.

 

Моддаи 25. Шартномаи муаллифи. Тахвили хукукхои амволи

 

Хукуки амволие, ки дар моддаи 16 хамин Конун зикр ёфтаанд, ба истиснои холатхои дар моддахои 19-21, 24 ва 39 хамин Конун пешбинигардида, метавонанд танхо аз руи шартномаи муаллифи пурра ё кисман тахвил дода шаванд.

Тахвили хукуки амволи метавонад комил ё гайрикомил бошад (ичозатномаи комил ва гайрикомил).

Шартномаи муаллифи доир ба тахвили хукукхои комил истифодаи асарро аз руи тарзу усулхои муайян ва дар худуди бо шартнома мукарраргардида танхо барои шахсе ичозат медихад, ки ин хукукхо ба у тахвил дода мешавад ва чунин шахс хак дорад, ки истифодаи асарро бо хамин усул аз тарафи шахсони дигар манъ кунад (ичозатномаи комил).

Хукуки манъи истифодаи асарро аз тарафи шахсони дигар муаллифи асар низ метавонад амали созад, агар шахсе, ки ба у хукукхои комил дода шудааст, ин хукукро химоя накунад.

Шартномаи муаллифи рочеъ ба тахвили хукуки гайрикомил истифодаи асарро дар баробари сохиби хукукхои комил ба истифодабаранда ва (ё) шахсони дигар, ки бо хамин тарз дар бораи истифодаи асар ичозат гирифтаанд, ичозат медихад (ичозатномаи гайрикомил).

Хукуке, ки аз руи шартномаи муаллифи тахвил дода мешавад, гайрикомил ба хисоб меравад, агар дар шартнома мустакиман чизи дигаре пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 26. Шартхои шартномаи муаллифи

 

Шартномаи муаллифи бояд чунин шартхоро пешбини намояд: тарзу усулхои истифода аз асар (хукукхои мушаххас, ки аз руи ин шартнома тахвил дода мешаванд); мухлат ва худуде, ки хукукхо тахвил дода мешаванд; андозаи хакки калам ва ё тартиби муайян намудани андозаи хакки калам барои хар як тарзи истифода аз асар, тартиб ва мухлатхои пардохти он.

Дар сурати дар шартномаи муаллифи зикр нашудани шартхои мухлати тахвили хукук шартнома метавонад пас аз панч соли санаи ба имзо расиданаш аз тарафи муаллиф бекор карда шавад, агар истифодабаранда шаш мох пеш аз бекор карда шудани шартнома ба таври хатти огохкарда шуда бошад.

Дар сурати дар шартномаи муаллифи зикр нашудани шарти истифодаи он дар худуди муайяне, ки хукук тахвил мегардад, амали хукуки аз руи шартномаи тахвилшаванда дар худуди каламрави Чумхурии Точикистон махдуд мегардад.

Хамаи хукукхои дигар ба истифодаи асар, ки тахвили онхо бевосита дар шартномаи муаллифи зикр нагардидааст, тахвилдоданашуда хисоб мешавад.

Хукукхои истифодаи асаре, ки то рузи баста шудани шартномаи номаълум аст, мавзуи шартномаи муаллифи шуда наметавонад.

Хакки калам дар шартномаи муаллифи ба таври фоизи муайян аз даромади тарзи истифодаи асар ва ё агар амали сохтани он бо сабаби хислати асар ва ё хусусиятхои истифодаи он имконнопазир бошад, ба таври маблаги устувор ва ё бо ягон тарзи дигар, вале на камтар аз андозаи хадди акали хакки калами муаллиф мукаррар карда мешавад.

Андозаи хадди акалли хакки калами муаллиф аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мегардад ва бо зиёдшавии музди мехнати кормандони сохаи фарханг индексатсия карда мешавад. (КЧТ аз 31.12.14 с., № 1172)

Агар дар шартномаи муаллифи рочеъ ба табъу нашр ва ё тарзи дигари тачдиди он хакки калам ба сурати маблаги устувор муайян гардида бошад, пас дар шартнома бояд хадди аксари адади нашри нусхахои асар мукаррар карда шавад.

Хукукхои тибки шартномаи муаллифи тахвилгардида метавонад ба шахсони дигар танхо дар холатхо ва хачме тахвил гардад, ки бевосита дар шартномаи муаллифи пешбини шудааст.

Тамоми хукукхои истифодаи асар, ки бо шартномаи муаллифи тахвил нагардидааст, ба муаллиф тааллук дорад.

Хукукхои истифода аз асархое, ки муаллиф дар оянда меофарад, мавзуи шартномаи муаллифи шуда наметавонад.

Шартхои шартномаи муаллифи, ки имконият ва хукуки муаллифро барои дар оянда дар мавзуъ ё сохаи муайян офаридани асар махдуд мегардонанд, эътибор надоранд.

Шартхои шартномаи муаллифие, ки бо мукаррароти хамин Конун мухолифанд, эътибор надоранд.

 

Моддаи 27. Шакли шартномаи муаллифи

 

Шартномаи муаллифи бояд дар шакли хатти баста шавад. Шартномаи муаллифи барои истифодаи асар дар нашрияхои даври метавонад дар шакли шифохи низ баста шавад.

Хангоми фуруш ва додани ичозати истифодаи барномахо барои МЭХ ба истифодабарандагони оммави, шартнома дар сурате ба таври хатти басташуда хисоб меёбад, ки агар шартхои он (шартхои истифодаи барнома барои МЭХ) ба таври лозими дар нусхахои барнома барои МЭХ ифода ёфта бошанд.

 

Моддаи 28. Шартномаи муаллифии фармоиш

 

Тибки шартномаи муаллифии фармоиш муаллиф ухдадор мешавад, ки мутобики шартхои шартнома асар офарад ва онро ба фармоишгар супорад.

Фармоишгар ухдадор аст, ки ба хисоби хакки калами муаллифии дар шартнома зикршуда ба муаллиф пешпардохт дихад. Андоза, тартиб ва мухлати додани пешпардохт дар шартнома бо ризоияти тарафайн мукаррар карда мешавад.

Агар муаллиф асари фармоиширо тибки шартхои шартномаи фармоиши пешниход накунад, у вазифадор аст, ки зарари вокеии ба фармоишгар расидаро чуброн намояд.

 

Моддаи 29. Масъулият аз руи шартномаи муаллифи

 

Тарафе, ки ухдадорихои худро аз руи шартномаи муаллифи ичро намекунад ва ё ба таври лозими ичро намекунад вазифадор аст, ки зарари ба тарафи дигар расонидашуда, аз чумла, фоидаи аз дастрафтаро чуброн намояд.

 

БОБИ III.

ХукукХои вобаста ба он

 

Моддаи 30. Сохаи амали хукукхои вобаста ба он

 

Мукаррароти хамин Конун рочеъ ба хифзи хукуки ичрогарон нисбат ба шахсони зерин мавриди истифода карор мегиранд:

1) ичрогароне, ки шахрвандони Чумхурии Точикистон мебошанд;

2) ичрогароне, ки шахрвандони Чумхурии Точикистон  нестанд, вале ичрои асархои онхо:

а) бори аввал дар Чумхурии Точикистон сурат гирифтааст;

б) дар фонограмма сабт шуда, тибки хамин Конун хифз мешавад;

в) дар фонограмма сабт нашудааст, вале ба барномаи ташкилоти пахши эфири ё кабели дохил шуда, мутобики хамин Конун хифз мешавад.

Мукаррароти хамин Конун доир ба хифзи хукуки тахиягарони фонограммахо дар холатхои зерин мавриди истифода карор мегиранд:

1) ба фонограммахое, ки тахиягари онхо шахрванди Чумхурии Точикистон ё шахси хукукиест, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон махалли чойгиршавии расми дорад;

2) ба фонограммахое, ки тахиягари онхо шахрванди Чумхурии Точикистон намебошад вас шахси хукукиест, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон махалли чойгиршавии расми надорад вале бори аввал дар каламрави Чумхурии Точикистон нашр шудаанд ё дар муддати 30 рузи баъди нашри аввалин дар кишвари дигар дар Чумхурии Точикистон нашр шудаанд.

Мукаррароти хамин Конун доир ба хифзи хукуки ташкилоти пахши эфири ё кабели нисбат ба барномахои ташкилоти пахши эфири ё кабели дар сурате мавриди истифода карор мегиранд, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон махалли чойгиршавии расми доранд ва барномахои худро тавассути дастгоххои садорасоние амали месозанд, ки дар каламрави Чумхурии Точикистои чойгиранд.

Мукаррароти хамин Конун хамчунин ба ичрогарон, фонограммахо ва барномахои ташкилоти пахши эфири ё кабели мавриди истифода карор мегирад, ки хифзи онхо дар каламрави Чумхурии Точикистон тибки шартномахои байналхалкии аз тарафи Чумхурии Точикистон эътирофгардида анчом дода мешавад.

Хифзи объектхои хукукхои вобаста ба муаллифи дар каламрави Точикистон мутобики шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон нисбат ба объектхои хукукхои вобаста ба муаллифие амали мешавад, ки онхо дар кишвари эчод шудаашон ба моликияти чамъияти дар натичаи ба итмом расидани мухлати амали хукукхои вобаста ба муаллифи дар он кишвар ва дар Чумхурии Точикистон дар натичаи ба итмом расидани мухлати амали каблан вогузорнамудаи хукукхои вобаста ба муаллифи ба моликияти чамъияти нагузашта бошанд. Дар ин сурат мухлати амали хукукхои вобаста ба муаллифи дар каламрави Точикистон аз мухлати амали мукарраргардидаи хукукхои вобаста ба муаллифии кишваре, ки дар он объекти хукукхои вобаста ба муаллифи офарида шудааст, зиёд буда наметавонад.(КЧТ аз 3.12.09с., №573)

 

Моддаи 31. Объектхои хукукхои вобаста ба он

 

Хукукхои вобаста ба хамаи намоишхо, ичрохо, фонограммахо, барномахои ташкилот пахши эфири ва кабели сарфи назар аз таъинот, мазмун ва киматашон, хамчунин сарфи назар аз тарзу шаклхои ифодаи онхо татбик мешаванд.

 

Моддаи 32. Субъектхои хукукхои вобаста ба он

 

Субъектхои хукукхои вобаста ба он инхоянд: ичрогарон, тахиягарони фонограмма ташкилоти пахши эфири ё кабели.

Тахиягарони фонограмма ва ташкилоти пахши эфири ё кабели хукукхои худро, ки дар хамин Конун зикр гардидаанд, дар доираи хукукхое, ки тибки шартнома бо ичрогар ва муаллифи асари дар фонограмма сабтгардида, ё бо васоили эфири ё кабели пахшшаванда сохиб мешаванд татбик мекунанд.

Барои истифодаи асари сахнави танхо ризоияти режиссёри тахиягар кофи набуд ризоияти ичрогарони накшхо ва худи муаллифи асари ичрошаванда низ зарур аст.

Ичрогар хукуки дар хамин Конун зикргардидаро дар мавриде амали месозад, ки хукуки муаллифи асари ичрошавандаро риоя намояд.

Ичрогар, истехсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфири ё кабели барои гирифтани шаходатнома дар бораи бакайдгирии хукукхои вобаста ба он метавонанд хар вакт дар давоми мухлати хифзи хукукхои вобаста ба он бакайдгирии асарро, бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдор амали намоянд.

 

Моддаи 33. Аломати хифзи хукукхои вобаста ба он

 

Барои ба вучуд омадан ва амали сохтани хукукхои вобаста ба он риояи ягон расмиятгарои талаб карда намешавад. Истехсолкунандаи фонограмма ва ё ичрогар барои огох сохтан аз хукуки худ метавонад аз аломати хифзи хукукхои вобаста ба он истифода кунад, ки он дар хар як нусхаи фонограмма ва ё дар хар гилофи фонограммадор сабт ёфта, аз се унсур иборат мебошад.

1) харфи лотинии «Р», ки дар дохили доира аст: (Р);

2) ном (унвон)-и сохиби хукукхои комили вобастаи ба он;

3) соли аввали нашри фонограмма.

 

Моддаи 34.  Хукукхои ичрогар

 

Гайр аз холатхои бо хамин Конун пешбинишуда ба ичрогар дар мавриди ичро ё намоиш чунин хукукхои комил тааллук дорад:

1) хукуки ном;

2) хукуки хифзи ичро ё намоиш аз хар гуна тахрифкори ё дахолати дигар, ки метавонад ба шаъну эътибори ичрогар зарар расонад;

3) хукуки истифода аз ичро ё намоиш дар хама тарзу шакл, аз чумла хукуки гирифтани хакки калам барои хар як тарзи истифода аз ичро ё намоиш.

Хукуки комили истифодаи ичро ё намоиш маънои анчом додан ва ё ичозати ба анчом додани амалхои зеринро дорад:

1) ба эфир додан ё тавассути васоили кабели ба омма дастрас кардани ичро ё намоиш, ба шарте ки он каблан тавассути васоили мазкур ичро нашуда бошад ё ба воситаи сабт амали нашавад;

2) сабт кардани ичро ё намоиши пештар сабтнашуда;

3) тачдиди сабти ичро ё намоиш;

4) ба эфир додан ва ё ба воситаи кабел шунавонидану намоиш додани сабти ичро ё намоиш, агар ин сабт сараввал бо максадхои тичорати амали нашуда бошад;

5) ба кироя додани фонограммахои бо максади тичорати нашршуда, аз чумла ичро ё намоише, ки бо иштироки худи ичрогар сурат мегиранд. Хангоми бастани шартномаи сабти ичро ё намоиш ба фонограмма ин хукук ба истехсолкунандаи фонограмма гузашта, дар айни замон ичрогар хукуки хакки каламро барои ба кироя додани нусхахои чунин фонограмма нигох медорад;

6) тавассути фуруш ё тарзи дигари тахвили хукуки моликият пахн кардани нусхаи асл ё нусхаи ичрое, ки дар фонограмма сабт шудааст. Агар нусхаи асл ё нусхахои конунан нашршудаи фонограмма тавассути фуруш ё тарзи дигари тахвили хукуки моликият ба муомилоти граждани бароварда шуда бошанд, пахнкунии ояндаи онхо бе ичозати ичрогар ва бе пардохти хакки калам мумкин аст;

7) барои истифодаи интерактиви ба маълумоти умум расонидани ичро ё намоише, ки дар фонограмма сабт шудааст;

8) чой додани ичрои сабтшуда дар фазои раками ба тарзе, ки он дар речаи вакти вокеи ба хар як истифодабаранда мутобики интихоби у дастрас шавад.

Хукуки комили ичрогар, ки дар банда 3 кисми дуюми хамин модда пешбини гардидааст, дар холатхои зерин татбик намегардад:

1) агар сабти аввалини ичро ё намоиш бо ризоияти ичрогар амали шуда бошад;

2) агар тачдиди ичро ё намоиш бо хамон максадхое амали гардад, ки барои онхо хангоми сабти ичро ё намоиш ичрогар ризоият дода бошад;

3) агар тачдиди ичро ё намоиш бо хамон максадхое амали гардад, ки барои онхо сабт тибки мукаррароти моддаи 41 хамин Конун анчом дода шудааст.

Ичозатхои дар хамин модда зикргардидаро аз тарафи ичрогар ва хангоми ичро аз чониби ичрогарон – аз тарафи рохбари чунин даста бо рохи   бастани шартномаи хатти бо истифодабаранда дода мешавад.

Барои истифодаи минбаъдаи ичро ё намоиш, хамчунин дар мавриди анчом додани сабт аз тарафи ташкилоти пахши эфири ё кабели гирифтани ичозатхои дар бандхои 1-3 кисми дуюми хамин модда зикргардида лозим нест, ба шарте ки онхо мустакиман тибки шартномаи ичрогар бо ташкилоти пахши эфири ё кабели дар назар дошта шуда бошанд. Андозаи хакки калами ичрогар барои чунин тарзи истифода низ дар хамин шартнома мукаррар карда мешавад.

Бастани шартнома байни ичрогар ва тахиягари асари аудиовизуали доир ба офаридани асари аудиовизуали боиси аз тарафи ичрогар вогузор гардидани хукукхое мешавад, ки дар бандхои 1 – 4 кисми дуюми хамин модда мукаррар гардидаанд.

Додани чунин хукукхо аз тарафи ичрогар бо истифодаи асари аудиовизуали махдуд мегардад ва агар дар шартнома чизи дигаре пешбини нашуда бошад, хукуки ба таври алохида истифода намудани овоз ё тасвири дар асари аудиовизуали сабтгардидаро намедихад.

Хукукхои комили ичрогар, ки дар хамин модда пешбини гардидаанд, тибки шартнома метавонанд ба шахсони дигар тахвил дода шаванд.

 

Моддаи 35.  Хукуки истехсолкунандаи фонограммахо

 

Ба гайр аз холатхои дар хамин Конун пешбинигардида ба истехсолкунандаи фонограммахо дар мавриди фонограммаи у хукукхои комил барои истифодаи фонограмма дар хама гуна шакл, аз чумла, хукуки гирифтани хакки калам барои хар як навъи истифодаи фонограмма тааллук дорад.

Хукуки комил барои истифодаи фонограмма маънои анчом додан ё ичозати анчом додани амалхои зеринро дорад:

1) тачдиди фонограмма;

2) бо хар гуна тарзу усул тагйир додан ва дигаргун сохтани фонограмма;

3) пахн кардани нусхахои фонограмма, яъне фурухтан, ба кироя додан ва г.;

4) бо максади пахнкуни ворид кардани нусхахои фонограмма, хамчунин нусхахое, ки бо ичозати истехсолкунандаи ин фонограмма тайёр карда шудаанд;

5) расонидани фонограмма ба маълумоти умум барои истифодаи интерактиви;

6) чой додани фонограммахо дар фазои раками ба тарзе, ки он дар речаи вакти вокеи ба хар як истифодабаранда мутобики интихоби у дастрас шавад.

Агар нусхахои конунан нашршудаи фонограмма тавассути фуруш ба муомилот бароварда шуда бошад, пахнкунии минбаъдаи он бе ичозати истехсолкунандаи фонограмма ва бе пардохти хакки калам мумкин аст. Дар ин маврид, сарфи назар аз хукуки моликият ба нусхахои фонограмма, истехсолкунандаи фонограмма хукуки пахнкунии нусхахои фонограммаро бо рохи ба кироя додани онхо нигох медорад.

Хукуки комили истехсолкунандаи фонограммае, ки дар хамин модда мукаррар гардидааст, метавонад тавассути шартнома ба шахсони дигар тахвил дода шавад.

 

Моддаи 36.  Хукукхои ташкилоти пахши эфири

 

Ба гайр аз холатхои дар хамин Конун пешбинишуда ташкилоти пахши эфири дорои хукукхои комили истифодаи барномаи худ дар хар гуна шакл ва додани ичозат ба истифодаи барнома, хамчунин хукуки гирифтани хакки калам барои додани чунин ичозат мебошад.

Хукуки комили додани ичозат ба истифодаи барнома маънои ичозати анчом додани амалхои зеринро дорад:

1) дар айни вакт аз тарафи ташкилоти дигари пахши эфири ба эфир додани барномахои он;

2) ба омма дастрас кардани барнома ба воситаи кабел;

3) сабти барнома;

4) тачдиди сабти барнома;

5) ба омма дастрас кардани барнома дар чойхое, ки даромад пулаки аст. Хукуки комили ташкилоти пахши эфири, ки дар банда 4 кисми дуюми хамин модда пешбини шудааст, дар холатхои зерин татбик намегардад:

– агар сабти барнома бо ризоияти ташкилоти пахши эфири сурат гирифта бошад;

– агар тачдиди барнома бо хамон максадхое амали шуда бошад, ки бо хамон максадхо сабти он тибки мукаррароти моддаи 41 хамин Конун сурат гирифтааст;

6) тавассути фуруш, ба кироя додан ё ба тарзи дигари тахвили хукуки моликият дар байни омма пахн кардани сабти барнома ё нусхахои сабти барнома. Ин хукукхо ба истиснои хукуки ба кироя додан нисбати сабти барнома ё нусхаи сабти барнома, ки бо ичозати ташкилоти пахши эфири тавассути фуруш ё тарзи дигари тахвили хукуки моликият ба муомилоти граждани бароварда шудаанд, катъ мегарданд. Хукуки ба кироя додан сарфи назар аз хукуки моликият ба сабти барнома ё нусхаи он, ба ташкилоти пахши эфири боки мемонад.

 

Моддаи 37.  Хукукхои ташкилоти пахши кабели

 

Ба гайр аз холатхои дар хамин Конун пешбинишуда ташкилоти пахши кабели дар мавриди барномахои худ дорои хукукхои комили истифодаи барноми худ дар хар гуна шакл ва додани ичозат ба истифодаи барнома, хамчунин хукуки гирифтани хакки калам барои додани чунин ичозат мебошад.

Хукуки комили додани ичозат ба истифодаи барнома маънои хукуки ташкилоти пахши кабелиро ба ичозати анчом додани амалхои зерин дорад:

1) дар айни вакт аз тарафи ташкилоти дигари пахши кабели ба воситаи кабел ба омма дастрас кардани барномахои худ;

2) ба эфир додани барнома;

3) сабти барнома;

4) тачдиди сабти барнома;

5) ба омма дастрас кардани барнома дар чойхое, ки даромад пулаки аст. Хукуки комили ташкилоти пахши кабели, ки дар банди 4 кисми дуюми хамин модда зикр шудааст, дар холатхои зерин татбик намегардад:

– агар сабти барнома бо ризоияти ташкилоти пахши кабели сурат гирифта бошад;

– агар тачдиди барнома бо максадхое амали шуда бошад, ки бо хамон максад сабти он тибки мукаррароти моддаи 41 хамин Конун сурат гирифтааст;

  6) тавассути фуруш, ба кироя додан ё ба тарзи дигари тахвили хукуки моликият дар байни омма пахн кардани сабти барнома ё нусхахои сабти барнома. Ин хукукхо ба истиснои хукуки ба кироя додан нисбати сабти барнома ё нусхаи сабти барнома, ки бо ичозати ташкилоти пахши кабели тавассути фуруш ё тарзи дигари тахвили хукуки моликият ба муомилоти граждани бароварда шудаанд, катъ мегарданд. Хукуки ба кироя додан сарфи назар аз хукуки моликият ба сабти барнома ё нусхахои он, ба ташкилоти пахши кабели боки мемонад.

 

Моддаи 38. Истифодаи асархо ва объектхои хукуки вобаста ба он аз тарафи шахсони дигар

 

Истифодаи асархо ва объектхои хукуки вобаста ба он аз тарафи шахсони дигар танхо бо ичозати сохиби хукуки комил ба асар ва бо пардохти хакки калам, гайр аз холатхои дар моддахои 19-21,24,39-41 хамин Конун пешбинигардида, ичозат дода мешавад.

 

Моддаи 39. Тачдиди асархо ва фонограммахо бо максадхои шахси

 

Хамчун истисно аз моддахои 34 ва 35 хамин Конун бе ризоияти муаллиф ё дигар сохиби хукуки муаллиф, ичрогар ва истехсолкунандаи фонограмма, вале бо пардохти хакки калами онхо тачдиди асари аудиовизуали ё фонограмма танхо ба максадхои шахси ичозат дода мешавад.

Хакки калам барои тачдиди асари дар хамин модда зикршуда аз тарафи истехсолкунандагон ва воридкунандагони тачхизот (аудио – видеомагнитофонхо ва г.) ва шаклхои модди (наворхои сабти овози ё видеои, кассетахои овози ва видеои, дискхои лазери, компакт-дискхо ва г.), ки барои чунин тачдид истифода мешаванд, пардохта мешавад.

Чамъовари ва таксими чунин хакки калам аз тарафи яке аз ташкилотхои идораи дастачамъии хукукхои амволии муаллифон, истехсолкунандагони фонограммахо ва ичрогарон тибки созишномаи байни ин ташкилотхо мувофики моддаи 43 хамин Конун анчом дода мешавад.

Агар дар ин созишнома чизи дигаре пешбини нашуда бошад хакки калами зикршуда ба андозаи зерин таксим мешавад: 40% – ба муаллифон, 30% – ба ичрогарон, 30% – ба истехсолкунандагони фонограммахо.

Андозаи хакки калам ва шартхои пардохти он бо созишномаи байни истехсолкунандагон ва воридкунандагон, аз як тараф ва ташкилоти идораи дастачамъии хукуки амволии муаллифон, истехсолкунандагони фонограммахо ва ичрогарон, аз тарафи дигар, муайян карда мешаванд, агар тарафхо ба мувофика наоянд, – он аз тарафи макоми ваколатдор муайян карда мешавад.

Барои тачхизот ва василахои моддии дар ин модда зикршуда, ки предмети содирот махсуб мешаванд ва хамчунин ба тачхизоти касабави, ки барои истифода дар шароити хона таъин нашудаанд, хакки калам пардохта намешавад.

 

Моддаи 40. Истифодаи фонограммае, ки ба максадхои тичорати нашр шудааст, бе ризоияти

                     истехсолкунандаи фонограмма ва ичрогар

 

Хамчун истиснои холатхои моддахои 34 ва 35 хамин Конун бе ризоияти истехсолкунандаи фонограммае, ки ба максадхои тичорати нашр шудааст ва ичрогаре, ки ичрои у дар чунин фонограмма сабт шудааст, аммо бо пардохти хакки калами онхо амали сохтани корхои зерин мумкин аст:

1) ичрои оммавии фонограмма;

2) ба эфир додани фонограмма;

3) ба воситаи кабел ба омма дастрас кардани фонограмма.

Чамъовари, таксим ва пардохти хакки каламе, ки дар хамин модда пешбини гардидааст аз тарафи яке аз ташкилотхое, ки хукуки амволии истехсолкунандагони фонограмма ичрогаронро дастчамъона идора мекунад, мувофики моддаи 43 хамин Конун, тибки созишном байни ин ташкилотхо сурат мегиранд. Агар дар созишнома тарзи дигари таксими хакки калам пешбини нашуда бошад, хакки калами мазкур байни истехсолкунандаи фонограмма ва ичрогар баробар таксим мешавад.

Андозаи хакки калам ва шартхои пардохти он тибки созишномаи истифобадаранд фонограмма ё иттиходияхо (ассотсиатсияхо)-и чунин истифодабарандагон аз як тараф ташкилотхое, ки хукуки амволии истехсолкунандагони фонограммахо ва ичрогаронро идора мекунанд, аз тарафи дигар ва дар холати ба мувофика наомадани тарафайн – аз тарафи макоми ваколатдор муайян карда мешавад.

Андозаи хакки калам барои хар як намуди истифодаи фонограмма муайян карда мешавад.

Истифодабарандагони фонограммахо бояд ба ташкилотхои дар хамин модда зикршуда барномахои маълумоти дакикдошта ва хуччатхои заруриро барои чамъовари ва таксими хакки калам пешниход намоянд.

 

Моддаи 41. Махдудиятхои хукуки ичрогар, истехсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфири ва

                  кабели

 

Хамчун истиснои мукаррароти моддахои 34-37 ва 40 хамин Конун истифодаи ичро, барномахои эфири ва кабели, сабти онхо, хамчунин тачдиди фонограмма бе ризоияти ичрогар истехсолкунандаи фонограмма, ташкилотхои пахши эфири ва кабели ва бе пардохти хакки калам дар холатхои зерин мумкин аст:

1) барои ба хулосахои ходисахои чори дохил кардани порчахои хурди ичро, фонограмм барномахои эфири ва кабели;

2) сирф ба максадхои таълим ё тахкикоти илми;

3) барои иктибос дар шакли порчахои хурд аз ичро, фонограммахо, барномахои эфири ё кабели, ба шарте ки чунин тарзи иктибос бо максадхои иттилооти амали гардад. Дар ин маврид хама гуна истифодаи нусхахои фонограмма, ки ба максадхои тичорати нашр шудааст, барои  эфир ё кабел додан, аз тарафи ташкилоти пахши эфири ё кабели танхо бо риояи мукаррароти моддаи 40 хамин Конун мумкин аст;

4) дар холатхои дигар,ки бо мукаррароти моддахои 19-21 хамин Конун дар бобати махдудиятхои хукуки амволии муаллифи асархои илм, адабиёт ва санъат мукаррар шудаанд.

Хамчун истиснои мукаррароти моддахои 34-37 ва 40 хамин Конун истифодаи барномахои эфири ё кабели, сабти онхо, хамчунин тачдиди фонограмма бе ризоияти ичрогар истехсолкунандаи фонограммахо, ташкилоти пахши эфири ё кабели ба максадхои шахси мумкин аст. Дар ин маврид тачдиди фонограмма ба шарти пардохти хакки калам мутобики моддаи 3 хамин Конун мумкин аст.

Дар бобати гирифтани ичозати ичрогар, истехсолкунандаи фонограмма ва ташкили пахши эфири барои амали сохтани сабтхои истифодаи кутохмуддати ичро ё барнома, баро тачдиди чунин сабтхо ва фонограммае, ки бо максадхои тичорати нашр гардидааст, мукаррароти моддаи 34-37 хамин Конун истифода намешаванд, ба шарте ки сабти истифода ва тачдиди кутохмуддат аз тарафи ташкилотхои пахши эфири бо кумаки тачхизоти худи он ва барои барномахои хусусии он бо дарназардошти шартхои зерин анчом дода шавад:

1) аз тарафи ташкилоти пахши эфири гирифтани ичозати пешаки барои ба эфир додани худи хамон ичро ё барномае, ки нисбати онхо сабти истифодаи кутохмуддат ё тачдиди чунин сабт сурат мегирад;

2) аз тарафи ташкилоти пахши эфири нобуд сохтани сабт дар тули муддате, ки мутобики мукаррароти банди 4 моддаи 21 хамин Конун, ки барои истифодаи сабти кутохмуддати асархои адабиёт, илм ва санъат мукаррар гардидааст, ба истиснои нусхаи ягона, ки метавонад дар асоси хислати сирф хуччати доштанаш дар бойгонихои расми махфуз бошад.

Махдудиятхои дар хамин модда пешбинигардида бе халалдор сохтани истифодаи муътадили фонограмма, ичро, барномахои эфири ё кабели ва сабтхои онхо, хамчунин асархои адабиёт, илм ва санъат, ки ба онхо дохиланд ва бе поймол намудани манфиатхои конунии ичрогар, истехсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфири ё кабели ва муаллифони асархои номбаршуда татбик мегарданд.

 

Моддаи 42. Мухлати амали хукукхои вобаста ба он

 

Хукуки ичрогар, ки дар хамин Конун пешбини гардидааст, дар муддати панчох соли пас аз ичрои аввалини он амал мекунад.

Хукуки ичрогар ба ном ва хифзи ичро аз хар гуна тахриф ва ё дахолати дигар, ки дар моддаи 34 хамин Конун мукаррар карда шудааст, бе махдудияти мухлат хифз мешавад, вале хамчун мерос ба шахси дигар намегузарад.

Хукукхое, ки дар хамин Конун дар бобати истехсолкунандаи фонограмма мукаррар шудааст, дар муддати панчох соли баъди интишори аввали фонограмма ва ё дар муддати панчох соли баъди сабти аввали он, агар то ин муддат фонограмма интишор нашуда бошад, амал мекунад.

Хукукхое, ки дар хамин Конун дар бобати ташкилоти пахши эфири мукаррар гардидааст, дар муддати панчох соли баъди ба эфир додани барномаи аввалин аз тарафи ин ташкилот амал мекунад.

Хукукхое, ки дар хамин Конун дар бобати ташкилоти пахши кабели мукаррар гардидааст, дар муддати панчох соли баъди амали гардидани барномаи аввалини кабели аз тарафи ин ташкилот амал мекунад.

Хисоби мухлатхое, ки дар хамин модда пешбини шудаанд, аз 1 январи соли ояндаи ба вукуъ омадани факти хукукие, ки барои огози мухлат асос мегардад, шуруъ мешавад.

Ба меросхурон (дар бобати шахсони хукуки – ба ворисони хукуки)-и ичрогар, истехсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфири ё кабели хукуки додани ичозати истифодаи ичро, намоиш, фонограмма, барномахои эфири ё кабели ва гирифтани хакки калам дар худуди мухлати бокимондае, ки дар хамин модда зикр ёфтааст, дода мешавад.

 

БОБИ IV.

Идораи дастчамъии ХукукХои амволи

 

Моддаи 43. Хадафхои асосии идораи дастчамъии хукукхои амволи

 

Бо максади таъмини хукуки амволии муаллифон, ичрогарон, истехсолкунандагони фонограмма ва дигар сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста ба он дар холатхое, ки ба таври инфироди амали сохтани он мушкил мегардад, метавонанд ташкилотхое таъсис ёбанд, ки хукукхои амволии шахсони мазкурро дар асоси дастчамъи идора менамоянд (минбаъд -ташкилоти идораи дастчамъи).

Чунин ташкилотхо дар шакли ташкилотхои чамъиятии гайритичорати таъсис меёбанд ва дар доираи салохиятхое, ки аз сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста ба он гирифтаанд, амал мекунанд.

Таъсиси ташкилотхои алохида аз руи хукукхои алохида ва категорияхои алохидаи сохибони хукук ё ташкилотхое, ки хукуки гуногунро ба манфиати категорияхои гуногуни сохибони хукук идора мекунанд ё як ташкилоте, ки хукукхои муаллифи ва вобаста ба онро дар айни вакт идора мекунад, мумкин аст.

Ташкилотхоиидораидастчамъиихукукхоимолумулкиимуаллифонбоядбаталаботизеринмутобикбошанд:

-номиташкилотбоядибораи «ташкилотиидораидастчамъиихукукхоимолумулкиимуаллифон»-родарбаргирад;

-пешбурдикориташкилотиидораидастчамъиихукукхоимолумулкиимуаллифонбоядхамчуншаклиасосиифаъолиятзикркардашавад;

-максадвавазифахоиташкилотиидораидастчамъиихукукхоимолумулкиимуаллифонбоядбаталаботимоддахои 43-46 Конунимазкурмутобикбошанд. (КЧТаз 3.12.09с., №573)

 

Моддаи 44. Ваколатхои ташкилоти идораи дастчамъи

 

Ваколатхо ба ташкилоти идораи дастчамъи мустакилона аз тарафи сохибони хукуки муаллиф ва вобаста ба он дар асоси шартномахои хатти ба тарики ихтиёри, хамчунин аз руи шартномахои дахлдор бо ташкилотхои хоричие, ки чунин хукукхоро идора мекунанд, дода мешаванд. Чунин шартномахо шартномахои муаллифи намебошанд ва мукаррароти моддахои 25-29 хамин Конун ба онхо тааллук надоранд.

Хар як муаллиф, вориси у ё шахси дигари сохиби хукуки муаллиф ва вобаста ба он, ки тибки хамин Конун хифз мешавад, хак дорад аз руи шартнома амали сохтани хукуки амволии худро ба ташкилоти идораи дастчамъи, ки вазифадор аст амали сохтани ин хукукро ба ухда гирад, вогузор намояд, ба шарте ки он ба фаъолияти оинномавии ташкилот мансуб бошад.

Ташкилотхои мазкур хак надоранд, ки аз асархо за объектхои хукуки вобаста ба он , ки барои идораи дастчамъи гирифтаанд, истифода кунанд.

Ташкилоти идораи дастчамъи ба истифодабарандагон барои тарзхои дахлдори истифодаи асархо ва объектхои хукуки вобаста ба он ичозатнома медихад. Шартхои чунин ичозатномахо барои хамаи истифодабарандагони хар як гурухи муайян бояд якхела бошад. Дар сурати мавчуд набудани асоси кофи аз додани ичозатнома ба истифодабаранда сарфи назар кардан мумкин нест.

Чунин ичозатномахо истифодаи хамаи асархо ва объектхои хукукхои вобаста ба онро аз руи тарзхои дар онхо зикршуда ичозат медиханд ва аз номи хамаи сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста, аз чумла онхое, ки мутобики ин модда ба ташкилот салохият надодаанд, дода мешаванд.

Хамаи даъвохои имконпазири амволии сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста ба он ба истифодабарандагон, ки ба истифодаи асархо ва объектхои хукукхои вобаста ба онхо аз руи ичозатнома марбут аст, бояд аз тарафи ташкилоти идораи дастчамъи, ки чунин ичозатномахоро медихад, танзим карда шаванд.

Ташкилоти идораи дастчамъи хак дорад, ки хакки калами талабкарданашударо нигох дорад ва онро пас аз се соли ба хисоби ташкилот ворид шуданаш ба маблагхои таксимшаванда ё ба максадхои дигар, ба манфиати сохибони хукукхои муаллифи ва вобастаи ба он истифода барад.

 

Моддаи 45. Вазифахои ташкилоти идораи дастчамъи

 

Ташкилоти идораи дастачамъи дар асоси салохият ва аз номи сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста ба он худ бояд вазифахои зеринро адо намояд:

1) андозаи хакки калам ва дигар шартхои додани ичозатномаро бо истифодабарандагон мувофика намояд;

2) ба истифодабарандагон барои истифода аз хукуке, ки идора карда мешавад, ичозатнома дихад;

3) бо истифодабарандагон андозаи хакки каламро дар холатхое, ки ин ташкилот ба чамъоварии чунин хакки калам бе додани ичозатнома машгул мешавад, мувофика намояд (кисми 3 моддаи 39, кисмхои 2 ва 3 моддаи 40 хамин Конун);

4) хакки каламро тибки ичозатнома ва (ё) хакки каламеро, ки дар банди 3 хамин модда пешбини шудааст, чамъовари намояд;

5) ба сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста ба он таксим ва  пардохти хакки каламро, ки тибки банди 4 хамин модда чамъ оварда шудааст, амали созад;

6) хама гуна амалиёти зарурии хукукиро барои хифзи хукуке, ки онхоро идора мекунад, амали созад;

7) фаъолияти дигарро тибки салохиятхое, ки сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста ба он вогузор намудаанд, анчом дихад.

 

Моддаи 46. Ухдадорихои ташкилоти идораи дастчамъи

 

Фаъолияти ташкилоти идораи дастчамъи ба манфиати сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста ба он анчом дода мешавад. Бо ин максадхо ташкилоти идораи дастчамъи бояд ухдадорихои зеринро ичро намояд:

1) хамзамон бо пардохти хакки калам ба сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста ба он пешкаш намудани хисобот рочеъ ба истифодаи хукуки онхо;

2) истифодаи хакки калами тибки мукаррароти банди 4 моддаи 45 хамин Конун чамъоваришуда, факат барои таксим ва пардохт ба сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста ба он. Аз хакки калами чамъоваришуда ташкилот метавонад маблаги муайянро барои пушонидани харочоти вокеии худ барои чамъовари, таксим ва пардохти чунин хакки калам чудо намояд, хамчунин маблаги муайянро ба хазинахои махсус, ки аз тарафи ин ташкилот бо ризоият ва ба манфиати сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста ба он таъсис дода мешаванд, гузаронад;

3) маблагхои хакки калами чамъоваришударо, ки пас аз нигох доштани маблаги дар банда 2 хамин модда зикршуда боки мемонанд, таксим намуда, мунтазам пардозад.

Сохибони хукукхои муаллифи ва вобаста ба он, ки ба ташкилот салохияти чамъовари намудани хакки калами дар банди 4 моддаи 45 хамин Конун мукарраршударо надодаанд, хак доранд, ки аз ин ташкилот пардохтани хакки калами ба онхо тааллукдоштаро тибки таксимоти ба амаломада талаб намоянд ва хамчунин асархои худ ва объектхои хукуки вобаста ба онро аз ичозатномахое, ки ин ташкилот ба истифодабарандагон медихад, хорич созанд.

 

БОБИ V.

Хифзи ХукукХои муаллифи ва вобаста ба он

 

Моддаи 47. Вайрои кардани хукукхои муаллифи ва хукукхои вобаста ба он. Нусхахои гайриконунии асархо

                  ва фонограммахо

 

Вайрон кардани хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он инхо мебошанд:

1) бе ичозати сохибхукук тачдид, пахн кардан ва тарзи дигари истифодаи объектхои хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он;

2) пахн, тайёр, ворид намудан бо максади пахн кардани тачхизот ё пешкаш кардани хизмат, ки барои сарфи назар кардан ё ба сарфи назар намудани хар як васоити техникии хифзи хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он пешбини гардидааст, имкон медихад ё мусоидат мекунад;

3) бе ичозати сохибхукук бархам ё тагйир додани хар гуна иттилоъ дар бораи идоракунии хукукхо.

Нусхахои асар ва фонограммае, ки тахия ва пахн намудани онхо боиси вайрон кардани хукукхои муаллифи ва вобаста ба он мешавад, нусхахои гайриконуни хисоб меёбанд.

Ба Чумхурии Точикистон бе розигии сохибхукук ворид намудани нусхахои асархо ва фонограммахое, ки дар Чумхурии Точикистон тибки хамин Конун хифз мешаванд, аз давлате, ки дар он ин асару фонограммахо хифз намешаванд ё хифзи онхо катъ гардидааст, низ вайрон кардани хукуки муаллифи ва хукукхои вобаста ба он хисобида мешавад.

Шахсоне, ки ба вайронкунии Конуни мазкур рох медиханд, мувофики конун ба чавобгари кашида мешаванд.

 

 Моддаи 48. Хифзи хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он

 

Хифзи хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он бо тарзе, ки Кодекси граждании Чумхурии Точикистон муайян кардааст, хамчунин бо роххои зерин амали мешавад:

1) ба чои чуброни зиён ситонидани даромад, ки вайронкунанда дар натичаи вайрон кардани хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он ба даст овардааст;

2) пардохти чубронпули дар хачме, ки аз тарафи суд ба чои чуброни зарар ва ё ситонидани даромад муайян шудааст.

Нусхахои гайриконунии асар ё фонограмма бо талаби сохиби хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он ба у дода мешаванд.

Нусхахои гайриконунии асар ё фонограммае, ки аз тарафи сохиби хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он талаб карда нашудаанд, бояд нобуд карда шаванд.

Мавод ва тачхизоте, ки барои тайёр кардан ва тачдиди нусхахои гайриконунии асархо ё фонограммахо истифода шудааст, нобуд карда ва ё ба фоидаи давлат дода мешаванд.

Сохибони хукуки муаллифи ва хукукхои вобаста ба он бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори метавонанд барои хифзи хукукхои худ ба макомоти суди мурочиат намоянд.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                              Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998,

№ 726

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …