Главная / Чамъият / Хукукхои намояндагони кормандон дар ташкилот

Хукукхои намояндагони кормандон дар ташкилот

Моддаи 291-и Кодекси Мехнат. Хукукхои намояндагони кормандон дар ташкилот

  1. Намояндагони кормандон дар ташкилот хукук доранд:

– гуфтушунидхои коллективона гузаронанд, созишнома ва шартномахои коллективи ба имзо расонанд, дар тахияи санадхои дигари меъёри оид ба мехнат дар ташкилот ширкат варзанд ва ба корфармо лоихаи чунин санадхоро пешниход кунанд;

– дар баррасии масъалахои рушди ичтимоию иктисодии ташкилот иштирок намоянд;

– риояи санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективиро назорат кунанд;

– дар макомоти баррасикунандаи бахсхои мехнати манфиати кормандро химоя кунанд;

– дар бораи карори корфармо ва шахсони ваколатдори у, агар карор хилофи санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат бошад ё бо рохи дигар хукукхои кормандонро поймол созад, ба суд шикоят кунанд;

– тибки тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон корпартои эълон кунанд;

– хангоми фаъолияти намояндаги дигар амали конуниро анчом диханд.

  1. Хамаи намояндагони ваколатдоршудаи кормандон хукукхои баробар доранд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …