Главная / Чамъият / Хукукхои истифодабарандагони об

Хукукхои истифодабарандагони об

Моддаи 43-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Хукукхои истифодабарандагони об

1.Мувофики таъиноти максаднок, ки чихати истифодаи махсуси объекти об ичозатнома дода шудааст, тибки тартиби мукарраргардида истифодабарандагони об хукук доранд:

-пайдо кардани об чихати истифодаи минбаъдаи он;

-истифодаи объекти об барои эхтиёчоти кишоварзи, саноат, гидроэнергетика, наклиёт, хочагихои мохипарварию шикор ва дигар максадхои манъ карданашуда;

-сохтани системахои обёри, бунёд намудану мучахазонидани иморати иншоотхои гидротехникии хочагии об, инчунин анчом додани таъмиру тачдид ва бархамдихии он;

-истифодаи объектхои об барои истирохат, гузаронидани тадбирхои варзишию солимгардони, нигох доштани холати мусоиди табии, инчунин анчом додани дигар амалхои бо конунгузори доир ба истифодаи иншооти об манъкарданашуда;

-талаб намудан аз макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об дар хусуси андешидани тадбирхо доир ба пешгири кардани камшави ва ифлосшавии фонди об, таъмини захирахои об бо микдор ва сифати муайян; (КЧТ аз 16.04.2012с., №821)

-муттахид шудан дар ассотсиатсияхои истифодабарандагони об.

2.Ассотсиатсияхои истифодабарандагони об бо максади нигох доштан, истифода намудани системахои  мелиоративи ва ирригатсионии дохилихочаги, ки дар истифодаи якчоя ва фарди карор доранд, чихати таксими боадолатона, самаранок ва саривактии об байни хочагихои дехкони (фермери), чамъоварии пардохт барои расонидани об, халли низоъхое, ки байни аъзо оид ба таксим ва истифодаи об ба миён меоянд, таъсис дода мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …