Главная / Гуногун / Хукук чист ва мохияти он

Хукук чист ва мохияти он

Мафхум, нишона ва навъхои таърихии хукук Инсон дар муносибат бо чамъият ва дигар одамон умр ба сар мебарад. Зеро дар чамъият зиндаги карда, берун аз он хаёт ба сар бурдан мумкин нест.

Дар вакти тахсил, хаёти оилави ва чамъияти, дар чараёни фаъолияти мехнати бо ташкилоту муассисахо, инчунин дар вакти додугирифти байни ташкилотхо алокахои байнихамдигарии мустахкам ба вучуд меоянд. Хама гуна муносибат ва фаъолияте, ки дар байни онхо ба вучуд меояд, ба воситаи коидахои рафтор танзим мегардад. Аксарияти ин муносибатхо ба воситаи меъёрхои хукуки ба танзим дароварда мешаванд. Мо дар фаъолияти харрузаи худ бо калимаи «хукук» зуд-зуд дучор мешавем, ки ин бесабаб нест. Чомеа ва мардум хамеша кушиш менамояд, ки хукукро бо мафумхои хакикату инсоф алокаманд кунад. Мохияти хукук низ дар хамин ифода меёбад.

Хукук мохияти умумиичтимои дошта, беистисно ба манфиати хамаи одамон хизмат мекунад, чихатхои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани алокахои ичтимоиро таъмин менамояд. Хамзамон мохияти умумиичтимоии хукук ба таври мушаххас дар фахмиши он хамчун меъёри озоди ифода меёбад. Инсон дар доираи хукукхои худ озодона амал мекунад ва конун озодии инсонро аз хама гуна суикасд хифз менамояд. Махз ба тавассути хукук неки меъёри хаёт гардида, бади натича ё окибати вайрон кардани ин меъёр ба хисоб меравад. 

odam

Хукук дар давлати хукукбунёд чавхари хама гунна муносибатхои чамъияти ва мазмуни хамаи конунхоро ташкил медихад. Бинобар ин, дарк кардани мохият ва фарки хукук ва конун мохияти баланди гуманисти дорад, зеро хукук хамчун меъёри муайянкунандаи сифати конун ва мукарраркунандаи он мебошад, ки конун хукуки инсон, манфиат ва талаботи уро то чи дарача хифз менамояд.

Хукук дар чомеа ба таври вокеи вучуд дорад ва вазифаи давлат аз он иборат аст, ки чихатхои гуногуни онро муайян карда, ба шакли конуни расми гардонад.

Аз ин чо формулаи «хукукро чомеа офаридааст ва конунро давлат» фарки хукук ва конунро аник ифода менамояд. Хамзамон вакте ки мо дар бораи «хукук» ва «конун» сухан меронем, мо на танхо ягонагии мазмуни хукуки ва шакли хукуки, балки мухолифати байни онхоро низ дар назар дорем. Мазмуни хукукие, ки дар конун ифода наёфтааст, кафолати амали шуданро надорад. Аз ин ру, он ба маънои амики калима хукук намебошад.

Дар давлати хукукбунёд конунхои хукуки накши мухим мебозанд. Конунхо мумкин аст гайрихукуки шаванд, агар мазмуни онхоро суиистеъмоли хокимияти давлати ташкил дихад. Инро амалия ва таърихи давлатдории муосир низ нишон медихад. Дар баъзе мавридхо давлат аз кудрати худ суиистеъмол

карда, конунхои зиддихукуки кабул менамояд. Чунин конунхо зохиран мумкин аст хамчун хукук бахо дода шаванд. Вале онхо танхо шаклан, на мазмунан хукуки мебошанд.

Вазифаи асосии хукук танзими рафтори одамон, ташкилотхо ва муносибатхои байни онхо мебошад.

Ин коидахои рафтор ба хама хатми мебошанд. Онхо аз тарафи давлат кабул, мукаррар ва тасдик карда мешаванд. Яъне хукук низоми коидахои ба хама хатмии рафтор буда, аз тарафи давлат кабул, мукаррар ва тасдик карда мешавад ва муносибатхои мухими чамъиятиро ба танзим медарорад.

Дар таърихи инсоният замоне буд, ки на дастгохи мачбуркуни ва на меъёрхои хукуки мавчуд буданд.

Муносибатхои байни одамон дар асоси тартибот ва коидахои махсуси ахлоки ба танзим дароварда мешуданд. Урфу одат, таомул, анъана, обру ва эхтироми якдигар асоси муносибатхои аъзоёни чамъиятро ташкил мекард. Ин давраи инкишоф ба чамъияти ибтидои тааллук дошт. Дар ин чамъият баробари, хамфикри ва хаёти коллективона хукмрон буд ва бинобар ин ба меъёрхои хукуки низ эхтиёч набуд.

Пайдоиши синфхо, моликияти хусуси ва давлат боиси ба вучуд омадани меъёрхои хукуки гардид. Акнун синфи хукмрон ба воситаи дастгохи махсуси мачбуркуни, ки «давлат» ном дошт, конун ва меъёрхоихукукро кабул менамуд. Ичрои онхо барои хама хатми буд ва бо мачбурияти давлати таъмин карда мешуд. Хамин тавр, давлат ва хукук ба якдигар зич алокаманданд.

Хукук бо як катор нишонаву аломатхояш аз дигар коидахои рафтор (масалан меъёрхои ахлок, воситахои таъсиррасонии идеологи ва гайра) фарк мекунад.

Якум, хукук мачмуи коидахои хатмии рафтори одамон мебошад. Вай аз меъёрхои одоб ва ахлок, ки ихтиёран ичро карда мешаванд, фарк дорад. Хар гунна коидахои рафтор меъёрхои хукуки буда наметавонанд. Меъёрхои хукуки аз тарафи давлат мукаррар карда мешаванд ва ичрои онхо барои хама хатми мебошад.

Дуюм, хукук низоми меъёрхои ба хама баробар мебошад. Вай ба хамаи шахрвандон, сарфи назар аз мансабу вазифа, миллат, нажод, синну сол ва мансубияти синфиашон баробар тааллук дорад. Хамаионхо ухдадоранд, ки талаботи меъёрхои хукукиро ичро намоянд.

Сеюм, ичрои талаботи меъёрхои хукуки бо мачбурияти давлати таъмин карда шудааст. Дар суратиихтиёран ичро накардани талаботи меъёрхои хукукидавлат ба вайронкунандагони меъёрхои хукук таъсир мерасонад ва ичрои онро ба воситаи макомоти хифзи хукук мачбуран таъмин менамояд. Кафолатидавлатии ичрои хукук дар хамин ифода меёбад.

Вобаста ба зербинои (базиси) иктисоди ва иродаи кадом синфро ифода намуданаш хукук ба навъхои муайян чудо мешавад. Навъхои таърихии хукук бо навъхои таърихии давлат мувофик мебошанд ва чунон ки гуфтем, ба муносибатхои истехсоли (зербино) вобастаги доранд.

Навъхои таърихии хукук чунинанд: навъи хукуки гуломдори, феодали, буржуази ва сотсиалисти. Хар як навъи таърихии хукук вобаста ба мазмуни синфи, зербинои иктисоди ва рубинои сиёсии худ аз навъи дигар фарк мекунад.

Дар хаёти вокеи хукук вазифаи дорои хислати духеларо ичро менамояд. Хукук, аз як тараф, воситаи хукмронии сиёси буда, аз тарафи дигар, василаи танзимкунандаи умумиичтимои, воситаи мукарраркунандаи тартибот дар чамъият мебошад. Аз ин чо таъиноти асосии хукук таъмини тартибот дар чамъият бо дарназардошти манфиатхои гуногуни табака ва гуруххо бо рохи ноил шудани ризоият ва созиш мебошад. Хамзамон, хукук функсияхои муайянро низ ичро менамояд. Дар зери мафхуми функсияи хукук самтхои асосии таъсири хукук ба муносибатхои чамъияти, ки аз мазмун ва таъиноти он ба миён меояд, фахмида мешавад.

Функсияхои хукукро ба функсияхои асоси ва иловаги чудо менамоянд. Функсияхои танзимнамои ва мухофизати функсияхои асосии хукук буда ба функсияхои иловаги бошад, функсияхои тарбияви, идеологи, иттилооти ва гайрахо дохил мешаванд.

Функсияи танзимнамои барои батартибдарори ва банизомоварии муносибатхои чамъияти, мукаррар намудани коидахои рафтори одамон равона карда шудааст. Ба воситаи функсияи мазкур ин ё он варианти рафтор мукаррар карда шуда, таъиноти асосии хукук, ки батартибдарории муносибатхои чамъияти мебошад, амали карда мешавад. Функсияи мухофизати барои хифз ва химояи муносибатхои чамъиятии хаётан мухим равона карда шудааст. Хукук чунин муносибатхоро дахлнопазир эълон намуда, муносибатхои ба чамъият бегонаро махдуд ва бархам медихад. Вазифаи ин функсия таъмини талаботи конунхо ва мукаррар намудани низоми конуният дар чамъият мебошад.

Вазифаи функсияи тарбия дар таъсири хукук ба ирода, шуури одамон ва тарбияи онхо дар рухияи эхтиром ба хукук тачассум меёбад. Ба хаёти чамъият чори намудани гояи инсондусти, бартарии хукук ва озодии инсон, инчунин демократия мазмуни функсияи идеологиро ташкил медихад.

Функсияи иттилооти имконият медихад, ки одамон оид ба талаботе, ки давлат доир ба рафтори шахс мукаррар менамояд, он объектхое, ки давлат мухофизат менамояд, кадом рафтор ва амал ба чамъият фоидаовар ё бар хилофи манфиати чамъият эътироф карда мешавад, огох намояд.

Барпо намудани давлати хукукбунёд, демократи ва дуняви бо дарназардошти шароити хозира такмили танзими муносибатхои хукукиро талаб менамояд. Бе инкишофи меъёрхои хукуки ва баланд бардоштани мавкеи онхо дар танзими муносибатхои чамъияти давлати хукуки бунёд кардан имкон надорад. Васеъ шудани хукуку озодихои шахрвандон химояи хаматарафаи хукукии онхоро талаб мекунад. Дар баробари ин, дигаргунихое, ки дар сохахои иктисодиву сиёси сурат мегиранд, ба осони амали намегарданд.

Ин дигаргунихо дар назди хукук талаботи нав ба нав мегузоранд. Хукук бояд барои амали гардидани онхо шароити муътадил мухайё намояд. Конунхои кабулшаванда барои хавасмандии моддии шахрвандоне, ки бо мехнати халоли худ ба натичахои нихои сазовор мешаванд, бояд шароити мусоид фарохам оранд. Дар ин самт ба хама гуна усулхои идораи маъмурию фармондехи, ки дар сохаи иктисод вучуддоранд, хотима гузошта, мустакилият ва ташаббускории одамонро васеъ кардан ва дастгири намудан аз чумлаи заруратхои замони нав аст. Чунин талабот дар моддаи 12 Конститутсияи Чумхурии Точикистон зикр шудааст, ки мутобики он озодии фаъолияти иктисоди ва сохибкори аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

Давлати хукукбунёд барои васеъшавии хукукхои сиёси низ имкониятхои мусоид фарохам меорад.

Хукук ва озодихои сиёсии шахрвандон дар бобби дуюми Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва моддахои 18, 19 ва 20 Эъломияи умумии хукуки башар оид ба изхори озодонаи фикр ва акида, озодона дар мачлисхо ва иттиходияхо ширкат намудан ва гайра ифода шудаанд. Дар баробари ин, фаромуш набояд кард, ки хеч гуна хукук бе ухдадори вучуд дошта наметавонад. Ин принсип дар навбати худ масъулияти шахрвандонро дар бобати дарки окибатхои рафтори онхо баланд мебардорад.

2.Мафхум ва намудхои меъёрхои хукуки Меъёрхои хукуки коидахои рафтори одамонро, ки бо хамдигар дар муносибатхои гуногун карор доранд, ба танзим медароранд. Амал ва рафтори

одамон бояд ба талаботи меъёрхои хукуки мувофик бошад. Меъёрхои хукуки аз тарафи давлат ва макомоти ваколатдори он тахия, кабул ва интишор шуда, коидахои рафтори аъзои чамъиятро тачассум менамоянд. Дар ин коидахо хукук ва ухдадорихои шахрвандон, ташкилотхо, шахсони ваколатдори давлати ва монанди инхо муайян карда мешаванд. Дар солхои охир меъёрхои хукукии зиёде кабул карда шудаанд, ки онхо муносибатхои гуногуни чамъиятиро ба танзим дароварда, коидаи рафтори одамонро муайян менамоянд. Масалан, конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи мусоидат ба шугли ахоли», «Дар бораи вазъи хукукии узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон», «Дар бораи интихоботи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» ва гайра. Ин меъёрхои хукуки аз тарафи макомотхои ваколатдори давлат кабул ва дар амал чори карда мешаванд.

Меъёрхои хукуки аз дигар меъёрхои ичтимои, масалан одат ва меъёрхои ахлоки бо максад ва вазифахое, ки онхо ичро менамоянд, фарк карда мешаванд. Меъёрхои хукуки, тавре ки гуфтем, аз тарафи давлат ва макомоти ваколатдори он кабул карда шуда, дорои хислати барои хама хатми мебошанд.

Дар сурати ичро карда нашудан бо рохи мачбурияти давлати ичрои онхо таъмин карда мешавад. Меъёрхои хукуки ба доираи номуайяни одамон дахл дошта, то мавриди бекор карда шуданашон амал менамоянд.

Меъёрхои хукуки ба меъёрхои ваколатдоркунанда, ухдадоркунанда ва манъкунанда чудо мешаванд. Меъёрхои ваколатдоркунанда ба субъекти хукук барои содир намудани амалиёти (рафтори) мусбат имконият медихад. Масалан, хар фард хукук дорад дар дохили хар давлат озодона тагйири макон намояд ва махалли икоматашро интихоб кунад. Хар фард хукук дорад мамлакати худро тарк кунад ва ба мамлакати худ бозгардад (моддаи 13 Эъломияи умумии хукуки башар). Ё ин ки мувофики банди 3 моддаи 232 Кодекси граждани ба сохибмулк ваколат дода шудааст, ки нисбат ба молу мулки худ хама гуна амалро раво бинад, аз чумла онро фурушад, ба ичора дихад ва аз он бо усули дигар истифода барад ё онро бо тарзи дигар ихтиёрдори намояд.

Меъёрхои ухдадоркунанда иштирокчиёни муносибатхои хукукиро ухдадор менамоянд, ки амалиёти (рафтори) муайяни мусбиро содир намоянд. Масалан, полиси андоз ухдадор мебошад, ки сирри давлати ва хизмати, аз чумла сирри андозро нигох дорад (моддаи 129 Кодекси андози Чумхурии Точикистон).

Меъёрхои манъкунанда ба субъектхои хукук содир намудани рафтори муайянеро, ки талаботи хукукро вайрон менамояд, манъ мекунанд. Масалан, мувофики моддаи 22 Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон хама гуна фаркгузори, ичозат надодан ва ё кабул накардан ба кор аз руи аломатхои мансубияти милли, нажоди, ранги пуст, чинсият, синну сол, акидаи сиёси, махалли таваллуд ва баромади ичтимои, ки дар сохаи мехнат баробарии имконияти одамонро бархам медихад, манъ аст.

Меъёрхои хукуки дар фазо, замон ва ба доираи муайяни шахсон татбик карда мешаванд. Доираи амали онхо дар фазо бисёр васеъ мебошад. Амали конунхои Чумхурии Точикистон дар тамоми мамлакат чори карда мешавад. Чунин хам мешавад, ки онхо дар мавридхои дар худи конун зикршуда дар як кисми муайяни мамлакат татбик карда мешаванд.

Санадхои хукукии мачлисхои вакилони халк ва раисони онхо, ки дар доираи ваколати онхо бароварда мешаванд, танхо дар худуди хамон вилоят, шахр ё нохия татбик мегарданд.

Меъёрхои хукуки дар доираи вакт ва замони муайян ё ба муддати дуру дароз амал менамоянд, ки инро амали меъёрхои хукуки дар замони муайян меноманд. Баъзе меъёрхо, масалан Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бучети давлати» дар давоми як сол, яъне дар давраи муайян амал менамоянд ва дигар меъёрхо ба муддати номуайян амал мекунанд.

Аксарияти меъёрхо дорои чунин хислат мебошанд. Меъёрхои хукуки ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванди татбик мегарданд. Онхо дар мавриде, ки дар худи меъёрхои хукуки нишон дода шудааст ё баъди кабул ва нашри расми амал мекунанд.

Сарчашмахои хукук Меъёрхои хукуки дар ягон шакли муайян ифода карда мешаванд. Онхо дар хуччатхои хаттии расми ифода ёфта, ичрояшон барои хама хатми мебошад.

Шакли зохирии ифодаёби ва мустахкам кардани меъёрхои хукукиро сарчашмахои хукук меноманд.

Сарчашмахои хукук ба конун ва санадхои зерконуни чудо мешаванд. Конун санади меъёрии хукукиест, ки мутобики тартиби мукарраршуда аз тарафи макомоти конунгузор ва ё бо рохи раъйпурси кабул мегардад ва муносибатхои мухими чамъиятиро танзим мекунад. Конун кувваи баланди хукуки дошта, дигар санадхои меъёри бояд дар асос ва мувофики он кабул карда шаванд. Конун масъалахои хаётан мухими мамлакатро ба танзим дароварда, ба хамаи одамон баробар татбик мегардад.

Дар байни конунхо Конститутсияи Чумхурии Точикистон чои махсусро ишгол менамояд. Дар он асосхои сохти давлати, хукук, озоди ва ухдадорихои шахрвандон, салохияти Мачлиси Оли, Президент ва амсоли инхо мустахкам карда мешаванд. Консти-

тутсия дорои кувваи олии хукуки мебошад. Хамаи конунхо ва меъёрхои хукуки дар асос ва мувофики Конститутсия кабул карда шуда, дар сурати мухолифат бо он эътибори хукуки надоранд.

Конститутсия калимаи лотини буда, маънояш сохт, мукаррар кардан мебошад. Вай хамчун конуни асосии давлат на дар давлати гуломдори ва на дар давлати феодали маълум набуд. Конститутсия хамчун конуни асосии давлат аз вакти ба сари хокимият омадани синфи буржуазия, аниктараш аз замони инкилобхои буржуази ба вучуд омад. Аввалин Конститутсия дар Франсия соли 1791 ва дар ИМА соли 1878 кабул карда шуд.

Барои кабули конститутсия коидаи махсус муайян карда шудааст. Конститутсияро асосан макомоти олии хокимияти давлати (парламент) ё макомоти махсуси бо ин максад таъсисшуда (мачлиси муассисон, мачлиси милли, конвент ва гайра) кабул мекунанд.

Баъзан конститутсия ва хатто тагйиру иловахо ба он дар раъйпурсии умуми кабул карда мешаванд, масалан Конститутсияи Чумхурии Точикистон. Барои таъини райъпурси оид ба кабули Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва ворид кардани тагйиру иловахо ба он ризоияти Президент ва ё овозхои на кам аз се ду хиссаи вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон талаб карда мешавад, ки ин амал барои кабул ё тагйир додани дигар конунхои чори хос намебошад. Дар Точикистон хамаги 5 маротиба (солхои 19 29, 19 31, 19 37, 19 78, 199 4) Конститутсия кабул карда шудааст.

Баъди ташкилшавии Чумхурии Худмухтори Точикистон масъалаи тайёр кардани Конститутсияи он ба миён гузошта шуд. Мохи сентябри соли 1926 Президиуми КИМ Чумхурии Худмухтори Точикистон «Дар бораи коркарди лоихаи конститутсияи Чумхурии Худмухтори Точикистон» карор кабул намуд. Он бояд дар асоси Конститутсияи ИЧШС ва Чумхурии Узбекистон кабул карда мешуд. Мохи майи соли 1927 лоихаи Конститутсия тайёр карда шуд ва аввалин Конститутсияи Точикистон дар съезди II-и Шурохои Чумхурии Худмухтори Точикистон 28 апрели соли 1929 кабул карда шуд.

Дар он муваффакиятхои халки точик дар хамаи сохаи хаёти сиёсиву хочаги ва мадани инъикос шуда, ташкили Чумхурии Худмухтори Точикистон, баркароршавии хокимияти Шурохо хамчун типи нави давлат мустахкам карда шуд. Аммо ин Конститутсия на аз тарафи Анчумани III-и Шурохои Чумхурии

Узбекистон тасдик гардиду на ба хукми амал даромад. Чунки дере нагузашта Чумхурии Иттифокии Точикистон таъсис дода шуд ва ин Конститутсия бо хамин вазифаи таърихии худро ичро кард. Аз ин ру, масъалаи тайёр кардани лоихаи Конститутсияи нав ба миён омад. Лоихаи дуюмин Конститутсияи Точикистонро Анчумани IV Шурохо мухокима карда, онро тарафдори намуд.

Президиуми КИМ Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон таклифу пешниходхои вакилони съезд ва комиссариатхои халкиро ба инобат гирифта, бо карори худ 20 декабри соли 1931 матни Конститутсияро дар тахрири нав нашр намуд ва ба хукми амал даровард. Конститутсияи соли 1931 Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализмро ифода намуд. Аз ин ру, баъди галабаи сотсиализм дар Точикистон зарурати тайёр кардани лоихаи нави Конститутсия – Конститутсияи давраи галабаи сотсиализм ба миён омад.

1 марти соли 1937 Анчумани IV фавкулоддаи Шурохои Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон Конститутсияи нави ЧШС Точикистонро тасдик намуд. Дар он давраи нав – давраи галабаи пурраи сотсиализм ифода карда шуд.

Конститутсияи мазкур дар муддати 40 сол амал кард ва дар ин давра дар сохтори ичтимои, сиёси ва низоми иктисоди, асосхои холати хукукии шахрвандон дигаргунихои кулли ба вучуд омаданд. Аз ин ру, масъалаи кабули Конститутсияи нав ба миён омад.

15 июли соли 1977 сессияи 7-уми гайринавбатии Шурои Олии ЧШС Точикистон комиссияи оид ба тайёр намудани лоихаи нави Конститутсияи Точикистонро ташкил кард. 19 марти соли 1978 лоихаи Конститутсия барои мухокимаи умумихалки нашр карда шуд. 14 апрели соли 1978 сессияи 8-уми гайринавбатии Шурои Олии ЧШС Точикистон даъватинухум Конститутсияи 4-уми ЧШС Точикистонро кабул кард.

Баъди ба истиклолият сохиб шудани Чумхурии Точикистон Конститутсияи нави он 6 ноябри соли 1994 ба тарики овоздихии умумихалки (райъпурси) кабул карда шуд. Ба он 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба тарики раъйпурсии умумихалки тагйиру иловахо ворид карда шуданд. Рузи овоздихии умумихалки (райъпурси), яъне 6 ноябр хамчун иди умумимилли эълон карда шуд, ки хар сол чашн гирифта мешавад.

Дар байни конунхо чои махсусро конунхои конститутсиони ишгол менамоянд. Конуни конститутсиони санади меъёрии хукукиест, ки кабули он дар Конститутсия пешбини шуда, мутобики тартиби мукарраршуда аз тарафи макомоти конунгузор ва ё бо рохи райъпурси кабул карда мешавад ва муносибатхои махсусан мухими чамъиятиро ба танзим медарорад.

Конунхои конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи судхо дар Чумхурии Точикистон», «Дар бораи интихоботи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон», «Дар бораи Хукумати Чумхурии Точикистон», «Дар бораи макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон» ва гайра ба ин гуна конунхо мисол шуда метавонанд.

Кодексхо санади меъёрии хукукии махсус ба шумор мераванд. Кодекс конуни ягона ва мураттабгаштаи дорои сатхи баланди мантикиест, ки тавассути он сохаи муайяни муносибатхои чамъияти пурра, бонизом ва бевосита танзим карда мешавад. Кодексхо дорои сохтори хоси дохили буда, аз кисми умуми ва махсус иборат мебошанд. Масалан, Кодекси граждани, Кодекси андоз, Кодекси мехнат, Кодекси мурофиавии хочаги ва гайра.

Дигар конунхо низ сарчашмаи хукук шуда метавонанд. Мисол, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хочагии дехкони (фермери)», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи маориф», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи наклиёт», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хочагихои ёрирасонишахси» ва гайра.

Дар баробари конунхо дигар санадхои хукуки низ хастанд, ки сарчашмахои хукук ба хисоб мераванд. Онхо санадхои зерконуни буда, ба конун тобеъ мебошанд. Фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон, карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон, фармонхо, дастуруламалхои вазоратхо ва гайра ба сифати сарчашмахои зерконуни амал мекунанд.

Макомоти мазкур санадхои дигар низ кабул мекунанд. Лекин онхо хислати фарди (инфироди) дошта, хамчун меъёри хукуки амал карда наметавонанд.

Масалан, фармонхо (амрхо) дар бораи ба кор таъин кардан, аз кор озод кардан ва амсоли инхо.

Санадхои хукукии макомоти намояндаги ва раисони макомоти ичроияи хокимияти давлати низ сарчашмахои хукуки буда метавонанд. Онхо дар доираи ваколатхое, ки конунгузории амалкунанда ба онхо додааст, карор кабул менамоянд. Ичрои ин

карорхо аз тарафи хамаи ташкилотхо, шахрвандон ва шахсони мансабдоре, ки дар худуди хамон махал чойгиранд, хатми мебошад.

Вакте сухан дар бораи меъёрхои хукуки рафт, бояд дар хотир дошт, ки шахрвандон доир ба мохият ва мазмуни меъёрхои хукук тасаввуроти аник доштанашон лозим аст, зеро баъзан надонистани мазмун ва мохияти онхо ё муносибати руяки нисбат ба конун ва санадхои зерконуни боиси пайдо шудани тасаввурот ва мухокимахои нодуруст доир ба сарчашмахои хукук ва меъёрхои хукуки мегардад. Бинобар ин бо матни аслии конунхо, фармонхо, карорхо ва гайрахо хаматарафа ва бодиккат шинос шудан лозим аст.

Зеро хамаи онхо дар матбуот чоп мешаванд. Меъёрхои хукуки дар натичаи фаъолияти ташкилии макомоти хокимияти давлати ва идоракуни эчод карда мешаванд. Бо хукукэчодкуни, хамчун коида Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва дар махалхо Мачлиси вакилони халк ва раисони онхо машгул хастанд. Макомоти идоракунии давлати дар мисоли Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо ва кумитахои давлати низ хукуки эчод намудани санадхои меъёрии хукукиро доранд. Дар баробари ин, бевосита худи халк бо фаъолияти хукукэчодкуни (конунэчодкуни) машгул шуда метавонад. Ин кор чунин чараён мегирад: лоихаи конунхои нихоят мухим ба раъйпурсии умумихалки пешниход карда мешавад ва лоиха баъди аз тарафи халк кабул гардиданаш эътибор пайдо мекунад. Барои амали гаштани онхо хеч гуна тасдик лозим нест.

Максади асосии фаъолияти хукукэчодкуни ба таври асоснок такмил додани конунгузории амалкунанда мебошад. Дар чараёни чунин фаъолият меъёрхои хукукии кухнашуда бекор карда шуда, ба меъёрхои хукукии амалкунанда тагйирот ворид карда мешаванд ё меъёрхои хукукии нав кабул карда мешаванд.

Чараёни кабули конунхо аз мархалахои муайян иборат аст.

Мархалаи аввал аз тарафи субъектхои дорои хукуки ташаббуси конунгузори пешниход намудани лоихаи конун ба макомоти конунгузори мебошад. Мутобики моддаи 58 Конститутсияи Чумхурии Точикистон узви Мачлиси милли, вакили Мачлиси намояндагон, Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Точикистон ва Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба сифати чунин субъектхо баромад менамоянд.

Мархалаи дуюм аз баррасии лоихаи Конун дар кумита ва комиссияхои макомоти конунгузори (Мачлиси Оли) иборат аст. Максад аз барраси намудани

лоихаи конун тахлили хаматарафаи мазмуни он ва дар шакли мукаммал ба Мачлиси намояндагон ва Мачлиси милли пешниход намудани лоиха мебошад.

Мухокимаи лоихаи конун дар чаласахои палатахои Мачлиси Оли (Мачлиси намояндагон ва Мачлиси милли) мархалаи сеюми фаъолияти конунэчодкуниро ташкил медихад. Максад аз чунин мухокима дар асоси пешниходот ва мулохизахои вакилони алохида ва фраксияхо (гуруххо) ба лоихаи конун ворид намудани тагйиру иловахо мебошад. Бо дарназардошти мулохизаву дархостхои пешниходшуда конун метавонад дар кироати аввал ё дуюм кабул карда шавад, ки ин мархалаи чахоруми чараёни конунгузориро ташкил медихад. Конунхоро Мачлиси намояндагон кабул мекунад. Конунхои мукаррари бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон ва конунхои конститутсиони бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагон кабул карда мешаванд.

Конунхо дар бораи бучети давлати ва авф танхо аз тарафиМачлиси намояндагон кабул карда мешаванд. Конунхое, ки Мачлиси намояндагон кабул намудааст, ба истиснои конунхо дар бораи бучети давлати ва авф, ба Мачлиси милли пешниход мешаванд. Мачлиси милли конунхои мукаррариро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ва конунхои конститутсиониро бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи аъзои худ чонибдори мекунад.

Дар мавриди дастгири наёфтани конун аз чониби Мачлиси милли конун такроран дар Мачлиси намояндагон барраси мешавад. Дар сурати ба карори Мачлиси милли рози набудани Мачлиси намояндагон конун хамон вакт кабулшуда хисоб мешавад, ки агар Мачлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилон тасдик намояд.

Конунхои кабулкардаи Мачлиси намояндагон баъди аз тарафи Мачлиси милли чонибдори шудани онхо барои имзо ва интишор ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход карда мешаванд.

Агар Президент бо конун ё кисми он рози набошад, конунро дар муддати понздах руз бо далелу эродхо ба Мачлиси намояндагон бармегардонад. Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон онро такроран барраси менамоянд. Дар мавриде, ки баррасии такрории конун дар матни пештар кабулшудааш бо аксарияти аз се ду хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон дастгири ёбад, Президент дар муддати дах руз ба конун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Хангоми баррасии конуни аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Мачлиси намояндагон кабул кардааст, Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду хиссаи овозхо тарафдори мекунанд. Агар Президент конуни конститутсиониро баргардонад, Мачлиси намояндагон ва Мачлиси милли онро такроран барраси менамоянд.

Агар баррасии такрории конуни конститутсиони дар матни пештар кабулшудааш бо аксарияти аз чор се хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон тасдик шавад, Президент дар муддати дах руз ба конуни конститутсиони имзо мегузорад ва онро интишор менамояд (моддаи 62 Конститутсияи Чумхурии Точикистон).

Конунхо дар нашрияхои расми ба таври ошкоро интишор карда мешаванд ва баъди интишор гардидани онхо дар ин нашрияхо эътибори хукуки пайдо мекунанд. Конунхои Чумхурии Точикистон баъд аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон имзо шуданашон бо забони давлати на дертар аз понздах руз дар рузномаи «Чумхурият», инчунин дар «Мачмуи конунхои Чумхурии Точикистон» ва «Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» интишор карда мешаванд.

Баъд аз интишори расмиашон конунхо эътибор пайдо мекунанд (моддаи 54 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки»). Рузи аз чоп баромадани матни пурраи расмии он дар нашрияи расми рузи интишори расмии санади меъёрии хукуки хисобида мешавад (моддаи 59 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки»). Конунхои Чумхурии Точикистон, агар дар онхо мухлати дигар мукаррар нашуда бошад, пас аз интишори расми мавриди амал карор мегиранд (моддаи 64 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки»).

Мафхуми муносибатхои хукуки ва таркиби он Доираи гуногуни муносибатхои чамъиятие мавчуд аст, ки инсон дар хаёти харрузаи худ бо онхо сарукор дорад. Ин муносибатхо дар байни табакахо ва гуруххои одамон оид ба мухокимаи масъалахои мухталифи хаёт ба вучуд меоянд.

Вале на хамаи ин муносибатхоро хукук ба танзим медарорад. Масалан, муносибатхои байни табакахо, мухокимаи бозии футбол дар байни мухлисон, эхтироми якдигар ва амсоли инхо аз тарафи хукук ба танзим дароварда намешаванд. Хамаи ин муносибатхо кори шахсии шахрвандон мебошад. Агар муносибатхои чамъияти бо меъёрхои хукук ба танзим дароварда шаванд, он гох онхо муносибатхои хукуки номида мешаванд.

Муносибатхои хукуки аз субъект, мазмун ва объект иборатанд. Иштирокчиёни муносибатхои хукуки, ки дорои хукук ва ухдадорихои муайян мебошанд, субъекти муносибатхои хукуки мебошанд. Ба субъекти муносибатхои хукуки шахрвандон, иттиходияхо, ташкилотхо, макомоти давлати ва давлат дохил

мешаванд. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд метавонанд иштирокчиёни муносибатхои хукуки бошанд.

Ба монанди хамаи дигар муносибатхои чамъияти муносибатхои хукуки низ натичаи фаъолияти бошууронаи инсон мебошанд. Алокахои хукуки дар байни одамон бошуурона мукаррар карда мешаванд.

Иштирокчиёни онхо дорои хукук мебошанд. Дорои хукук будани иштирокчиёни муносибатхои хукуки дар навбати худ онхоро вазифадор менамояд, ки ухдадорихои муайянро ба чо оварданд. Дорои хукук ва ухдадори будан мазмуни муносибатхои

хукукиро ташкил медихад. Масалан, шахрванд барои тамошои консерт дар театр билет харид. Ин рафтори у маъмурияти театрро ухдадор менамояд, ки ба шахрванд чои нишаст ва тамошои консертро таъмин намояд ва дар навбати худ шахрванд ухдадор аст, ки коидахои дар театр мукарраркардашударо риоя

кунад. Аз чумла сари вакт вориди театр шавад, зеро дар сурати ба тамошо дер омадан хукук надорад талаб намояд, ки консерт аз нав сар карда шавад. Дар сурати вориди тамошогох шудан шахрванд ухдадораст, ки интизоми дохилиро риоя намояд, бо рафтори худ ба дигар тамошобинон ва рафти консерт халал нарасонад. Дар акси хол маъмурият метавонад уро аз толори консерт берун созад ё дигар навъи чазоро вобаста ба рафтори нодурусташ раво бинад.

Тавре ки дида мешавад, аксарияти муносибатхое, ки дар байни шахрванд ва маъмурияти театр ба вучуд меоянд, муносибатхои хукуки мебошанд. Шахрванд хукукхои муайянеро сохиб мешавад, ки онхоро давлат мухофизат менамояд. Дар баробари ин, у вазифадор мешавад, ки ухдадорихои муайянро ба чо орад.

Чунин муносибатхои хукуки дар байни мактаббачагон ва мактаб низ ба вучуд меоянд. Хар як мактаббача ваколатдор аст, ки ухдадорихои муайянро ичро намояд. У бояд амволи мактабро эхтиёт кунад.

Агар вай амволи мактабро шиканад ва ё аз кор барорад, падару модараш тибки мукаррароти конунхои амалкунанда вазифадор мешаванд, ки маблаги онро чуброн намоянд.

Муносибатхои хукуки на танхо дар байни шахрвандон ва ташкилотхо ба вучуд меоянд. Ташкилотхо, макомоти давлати ва умуман давлат низ иштирокчиёни онхо шуда метавонанд. Дар байни ташкилотхо оид ба муомилоти мол, расонидани хизматрасони, ичрои кор ва амсоли инхо муносибатхои хукуки ба вучуд меоянд.

Хамин тарик, дар байни субъектхои хукуки доир ба ягон чиз (амвол, ашё), молумулк муносибатхои хукуки ба вучуд меоянд. Воситахои истехсолот, ашё ва махсулоти истеъмоли, пул, хизмат, когази кимматнок, сирри тичорати, муносибатхои шахсии гайримолу-мулки (хаёт, саломати, шаъну шараф) ва амсоли инхо объекти муносибатхои хукуки мебошанд.

Шахсоне, ки талаботи меъёрхои хукукиро вайрон намекунанд, бо рафтору кирдори худ боиси эхтироми дигарон мебошанд, низ дар фаъолияти худ ба муносибатхои хукуки дохил мешаванд ва дар доираи мухити муносибатхои хукуки кору фаъолият мекунанд. Вале аксарияти онхо чунин рафтори худро бевосита пай намебаранд. Зеро рафтори онхо дар доираи конунгузори буда, бо манфиатхои шахсони дигар ва чамъият мувофик мебошад.

Сохахои хукуки Чумхурии Точикистон Муносибатхои хукуки нихоят гуногун мебошанд.

Онхо дар сохахои гуногуни хаёти чамъият ба вучуд меоянд. Мо бо онхо дар оила, фаъолияти кишоварзи, муомилоти граждани, дар рафти мехнат, ба амал баровардани фаъолияти сохибкори, дар сохаи фаъолияти макомоти давлати ва гайра дучор мешавем.

Вобаста ба ин, меъёрхои батанзимдарории онхо низ фарк менамоянд. Агар шахрванд аз магозаи тичорати мол харад, он гох ин муносибатхоро хукуки граждани ба танзим медарорад. Агар шахрванд фаъолияти худро дар асоси шартномаи мехнат бо корхона ба рох монад, он гох чунин муносибатхоро хукуки мехнати ба танзим медарорад ва гайра. Яъне вобаста ба муносибатхои сифатан якхелае, ки ин ё он сохаи хукук меомузад, меъёрхои батанзимдарории онхо низ гуногун мешаванд.

Меъёрхои хукукие, ки муносибатхои чамъиятии сифатан якхеларо ба танзим медароранд, сохаи хукук номида мешаванд. Хамаи сохахои хукук якчоя низоми хукукии Чумхурии Точикистонро ташкил медиханд.

Сохахои хукуки Чумхурии Точикистон аз инхо иборат мебошанд: хукуки давлати (конститутсиони), хукуки маъмури, хукуки граждани, хукуки мехнати, хукуки сохибкори, хукуки оилави, хукуки молияви, хукуки кишоварзи, хукуки чинояти, хукуки мурофиавии чинояти ва гайрахо. Оид ба ин сохахои хукук шумо дар китоби синфи 9-ум маълумот хохед гирифт.

Хукуквайронкуни ва чавобгарии хукуки Рафтори шахрванд бояд ба талаботи меъёрхои хукуки мувофик бошад. Рафтори ба хукук мувофики одамон мохияти тартиботи хукукиро ташкил медихад.

Аз ин ру, давлат, чамъият ва аъзои он ба рафтори одамоне, ки ба талаботи меъёрхои хукуки чавобмедихад, хавасманд мебошанд. Чамъият ба воситаирафтори ба хукук мувофик идора карда шуда, фаъолияти хаётан муътадили он ба рох монда мешавад.

Хукук ва ухдадорихои шахрвандон низ дар асоси рафтори ба хукук мувофик ба амал бароварда мешаванд. Баръакс, рафторе, ки ба талаботи хукук чавобнамедихад, хукуквайронкуни ё рафтори бархилофихукук мебошад.

Хукуквайронкуни кирдори гунахкорона ва зиддихукукии шахсе мебошад, ки ба чамъият, давлат ё шахсони алохида зарар мерасонад. Вай дар натичаи содир кардан ё накардани ягон амали гунахкоронае, ки бархилофи меъёрхои хукуки мебошад, ба вучуд меояд. Агар шахрванд мунтазам интизоми мехнатро вайрон намояд, ба кор дер ояд, дузди кунад, коидахои харакат дар рохро вайрон кунад ва дигар кирдорхои

ба хамин монандро содир намояд, ин маънои онро дорад, ки ба хукуквайронкуни рох додааст. Саркаши аз ичрои ухдадорихои хукуки маънои вайрон кардани талаботи меъёрхои хукукиро дорад. Пас, хукуквайронкуни риоя накардани талаботи меъёрхои хукуки аст. Хама гуна хукуквайронкуни ба чамъият, давлат ва шахсони алохида хатарнок ва зараровар мебошад. Бинобар ин, меъёрхои хукуки онхоро махкум менамоянд.

Хукуквайронкуни ба ду намуд чудо мешавад: чиноят ва кирдори ношоям. Чиноят хатарноктарин навъи хукуквайронкуни мебошад.

Чунин хукуквайронкуниеро кирдори ношоям меноманд, ки ба муносибатхои идоракуни, мехнати, молумулки, молияви ва дигар муносибатхо суикасд менамояд. Кирдори ношоям аз чиноят бо дарачаи барои чамъият хавфнокиаш фарк менамояд. Чиноят хама вакт хатарноктар мебошад. Дарачаи барои чамъият хавфноки вобаста ба объекте, ки хукуквайронкунанда ба он суикасд менамояд, андозаи зарар ва шахсияти хукуквайронкунанда муайян карда мешавад. Агар шахс ба дуздии моликияти давлати ва шахси, одамкуши рох дихад, ба дигар шахсон зарари чисмони расонад, авбоши ва амсоли инхоро содир намояд, пас ин амалхои у чиноят хисобида мешавад. Зеро

рафтори у ба чамъият ва одамон хатари калон дорад. Аммо агар шахс ба кор дер ояд, коидаи рохгардиро вайрон намуда, аз чарогаки сурх гузарад ва дигар рафторхои ба хамин монандро содир намояд, он гох у кирдори ношоям содиркарда эътироф мешавад.

Чунки дарачаи хавфнокии рафтори у камтар буда, ба чамъият зарари начандон калон мерасонад. Аз кирдори ношоям то чиноят як кадам рох аст. Барои хамин одам бояд кушиш намояд, ки аз хурди бо рафтори хубу одоби намунави сазовори эхтироми

дигарон бошад. Далелхо шаходат медиханд, ки баъзе шахсон хануз аз хурди ба кирдорхои ношоям даст мезананд. Интизомро вайрон карда, ба дарс дер меоянд.

Бо муаллимон дагали намуда, дар дарсхо бетартиби мекунанд ва бо хамин рафтори худ дар синф холати гайрикориро ба вучуд меоранд. Дар вакти танаффус бо хамсинфони худ чанчол мекунанд, баъд аз дарс ба нушидани нушокихои спирти машгул мешаванд.

Бо рафикони калонсоли худ беэхтироми карда, кирдорхои ношоям содир менамоянд. Хамин тарик, рох ба суи чиноят аз худсари (беинтизоми), рафторхои хурди ношоям, беэхтиёти ба дигарон ва дагали сар мешавад. Сабаби аксарияти хукуквайронкунихо паст будани дарачаи шуурнокии хукуквайронкунандагон, беинтизоми, беахамияти, нашъаманди, майпарасти ва беандешаги нисбат ба окибатхои рафтори худ мебошад. Набудани хисси чавобгарии шахси, надонистан ва нафахмидани конун, инчунин бечазо мондан ва дигар холатхо низ сабаби хукуквайронкуни шуда метавонанд.

Шахсе, ки талаботи меъёрхои хукукро вайрон кардааст, ба чавобгарии хукуки кашида мешавад.

Тахти мачбурияти давлати аз тарафи хукуквайронкунандагон ичро гардидани ухдадорихоро чавобгарии хукуки меноманд.Чавобгари ба маънои хукукиаш чавобгари барои хукуквайронкуни мебошад. Агар шахрванд дар холати масти ба кор ояд, авбоши содир намояд, ба молумулк ва шахсияти дигарон зарар расонад, хакорат ва тухмат кунад, инчунин дигар рафторхои ба хамин монандро содир намояд, он гох у ба чавобгарии хукуки кашида мешавад. Чавобгарии хукуки хама вакт бо махрум намудани манфиатхои шахси, молумулки ё махдуд намудани онхо вобастаги дорад. Ин махрумкунихо аксуламали табиии чамъият, давлат ва зараре мебошад, ки шахси хукуквайронкунанда ба дигарон расонидааст. Чавобгарии хукуки ба намудхои зерин чудо мешавад:

чавобгарии маъмури, интизоми, граждани ва чинояти.

Оид ба намудхои чавобгари дар бобхои дахлдори китоби “Асосхои давлат ва хукуки Чумхурии Точикистон” барои синфи 9 маълумот хохед гирифт.

Риояи талаботи хукуки вазифаи конститутсионии хар як шахрванд мебошад. Дар баробари ин, хар як шахрванд вазифадор аст, ки конунхои кишвари худро ба хуби донад. Надонистани конун ва дигар санадхои хукуки шахрвандонро аз чавобгари озод намекунад ( моддаи 42 Конститутсия). Хуб донистани конун ва санадхои хукуки инсонро дар рухияи хулку атвори хуб тарбия намуда, масъулияти уро баланд мебардорад. Ногузир ва хатми будани чавобгари барои вайрон намудани конун ва санадхои зерконуни воситаи асосии пешгири ва решакан намудани хукуквайронкуни мебошад.

Саволхо

  1. Мохияти хукук дар чи ифода меёбад?
  2. Фарки «хукук» ва «конун» дар чист?
  3. Хукук чист?
  4. Нишонахои фарккунандаи хукукро аз дигар коидахои рафтор номбар намоед.
  5. Кадом типхои таърихии хукукро медонед? 6. Функсияхои хукук чист?
  6. Инкишофи хукук дар давраи хозира чи тавр сурат мегирад? 8. Меъёрхои хукуки чист?
  7. Намудхои меъёрхои хукукро номбар кунед.
  8. Сарчашмахои хукук чист?
  9. Конун чист?
  10. Фарки конститутсия аз дигар меъёрхои хукуки дар чист?
  11. Конуни конститутсиони чист?
  12. Кодекс чи гуна санади меъёрии хукукист?
  13. Чараёни конунгузори аз кадом мархилахо иборат аст?
  14. Кабули конунхо чи гуна сурат мегирад?
  15. Тартиби кабули конунхои конститут сиони чи гуна мебошад? 18. Муносибатхои хукуки чист?

19.Намудхои муносибатхои хукукиро номбар намоед.

  1. Кадом сохахои хукуки Чумхурии Точикистонро медонед?
  2. Хукуквайронкуни чист?
  3. Чавобгарии хукуки чист?
  4. Намудхои чавобгарии хукукиро номбар намоед.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …