Баъд аз марги Мухаммадрахимхон, соли 1758 дар Бухоро шуриш cap зад. Шуришчиён чизу чораи сарватмандонро гирифта, хонахои онхоро оташ заданд. Сабаби шуриш чори намудани андозхои нави вазнин буд. Аммо шуриш ба хун огушта гардид. Дар чунин як шароити вазнин Дониёлби атолик хукуматро ба дасти худ гирифт. Лекин вай тахти хониро кабул накарда, расман Абулгози ном набераи Абдулфайзхонро ба тахти Бухоро нишонд ва худаш маъмури вазифаи атолики гардид.
Дар солхои хукмронии атолики мазкур (1758-1785) парокандагии феодали ва тангшавии худуди хонигарии Бухоро зохир гардид. Мулки Уротеппа истиклолияти худро нигох медошт. Балх истиклолият ба даст овард. Ташаккули хонии Хуканд дар нимаи дуюми асри XVIII ба анчом мерасид.
Баъди аз Хисор ба Бухоро баргаштани Атоликбий ин мулк боз мустакил гашт. Каротегин ва Дарвоз мулкхои мустакил буданд. Мулкхои хурди дигар – Рушон, Шугнон, Вахон танхо худуди як ё ду водиро ишгол мекарданд. Дар байни хокимони Хисор, Кулоб, Каротегин ва Дарвоз аксар вакт муборизаи дохилии феодалон давом мекард. Масалан, яке аз задухурдхои хунин байни Дарвоз ва Каротегин соли 1790 дар дехаи Мучихарфи нохияи Нурободи имруза ба амал омад. Дар чунин шароити вазнин хони Хева ва подшохи Афгонистон ба Бухоро хучум оварданд. Ба Атоликбий ва писари у Шохмурод (1785-1800) лозим омад, ки тахдидхои ба сари хонигари омадаро бартараф намоянд. Онхо бояд хокимияти худро аз болои бекигарихои саркаш баркарор намуда, тадричан хонигарии Бухороро аз вазъияти вазнини бухрони сиёси мебароварданд.
Соли 1770 ба Дониёл атолик муаяссар гашт, ки Карши, Шахрисабз ва хатто Хисорро ба худ тобеъ кунад. Вале ин муваффакияти муваккати буд. Баъди вафоти Дониёл атолик дар хамаи кисмхои хонигарии Бухоро муборизаи хокимони хурди феодали барои баромадан аз хайати хонигари cap шуд. Ин мубориза бо муборизаи оммаи васеи ахоли ба мукобили худсарихо ва фишори феодалон дар як вакт давом дошт. Махсусан, дар маркази хонигари – шахри Бухоро шуриши калон ба амал омад. Норозигии оммаи халк тамоми аморати Бухороро фаро гирифт.