Главная / Гуногун / Хукми “Умед 88” – Додситон чи талаб кард?

Хукми “Умед 88” – Додситон чи талаб кард?

Додгохи олии Точикистон баррасии парвандаи раиси “Умед 88” ва муовинашро ба анчом расонд. Карор аст, то чанд рузи дигар хукми Рачабали Одинаев ва Идибек Иброхимов эълон шавад.

umed-88

  • Мурофиаи охирини парвандаи рохбарони ширкати “Умед 88” рузи 28-уми август дар Додгохи олии Точикистон баргузор шуд. Додгох дар ин руз ба хонаи машварати рафт.
Одинаев пас аз як интикоди раиси чумхур Эмомали Рахмон дар мохи октябри соли гузашта ба хотири напардохтани карзи давлат боздошт шуд.

Дар охирин рузи мурофиа айбдоркунандаи давлати ё додситон аз додгох барои Рачабали Одинаев ва Идибек Иброхимов чазо талаб кардааст. Аммо бо сабаби махфи будани парванда хеч як аз тарафхо хозир нашуд чузъиёти мурофиаро ошкор кунад. Додраси парванда дар як сухбати кутох гуфт, ки танхо пас аз эълони хукм метавонанд чузъиёти парвандаро ифшо кунанд.

Дар хамин хол, вакилони дифои Рачабали Одинаев баъди берун шудан аз толори мурофиа маъюс буданд ва гуфтанд, дар ин бора чизе гуфтан намехоханд. Факат яке аз онхо ишора кард, ки аз талаби айбдоркунандаи давлати рози нестанд.

Бо инки додрас ва вакилони дифоъ дар бораи чузъиёти мурофиа шарх надоданд, бино ба иттилои дарёфти барои Рачабали Одинаев ва Идибек Иброхимов аз додгох солхои тулонии зиндон талаб шудааст.

медихад? ВИДЕО

“Одинаев гуфтааст, гунахкор нест”

Дар охирин рузи мурофиаи додгохи Рачабали Одинаев ва муовинаш Идибек Иброхимов маъюс ба назар мерасиданд. Одинаев пас аз 11 мохи боздошт хеле логар шудааст. Уро дар ихотаи кормандони макомоти кудрати ба толори мурофиа оварданд ва аз ончо берун бурданд. Одинаев хатто имкони мулокоти кутох бо наздиконашро надошт ва танхо бо ишораи даст бо онхо салом кард.

Рачабали Одинаев дар сухани охиринаш дар додгох гуфтааст, ки худро гунахкор намешуморад ва мехохад уро озод кунанд. Одинаев, инчунин, гуфтааст, барояш фурсат бидиханд ва у карзи давлатро бозмегардонад.

Наздикони Рачабали Одинаев дар сухбат ба Радиои Озоди гуфтанд, умед доранд, додгох барои ду рохбари “Умед 88” хукми одилона содир мекунад. Ба кавли наздикони Одинаев, онхо имкон доранд бо фуруши амволи ширкат, карзи давлатро дар мухлати кутох баргардонанд. Такозои аслии пайвандони Рачабали Одинаев ин аст, ки додгох уро озод кунад.

Хама гап – сари пули Рогун

Казияи Рачабали Одинаев наздики як сол аст, ки идома дорад. Одинаев пас аз як интикоди раиси чумхур Эмомали Рахмон дар мохи октябри соли гузашта ба хотири напардохтани карзи давлат боздошт шуд. Сухан аз 171 миллион сомони пули сохтмони неругохи Рогун меравад, ки соли 2015 Вазорати молия онро хамчун карз ба ширкати “Умед 88” дода буд.

Парвандаи рохбарони “Умед 88” аз огоз мухри махфи дошт ва баррасии додгохиаш хам паси дархои баста сурат гирифт. Масъулини Додгохи оли каблан гуфтанд, Рачабали Одинаев, раиси ширкат дар содир кардани 7 чиноят гумонбар аст.

Аз сабаби мухри махфи гирифтани парвандаи Рачабали Одинаев ва муовинаш Идибек Иброхимов макомот ва хам вакилони дифоъ аз додани хамагуна иттилоъ дар бораи парванда худдори мекунанд. Вале бархе мунтакидон мегуянд, казия танхо ба хотири бозпурси шудани бархе макомоти баландпояи тасмимгиранда дар додани карз аз хисоби пулхои сохтмони Рогун – тархи сарнавиштсоз ва стратеги барои иктисоди Точикистон – мухри махфи гирифтааст.

Рогунро медихам”

Яке аз бозигарони бозори сузишвори

Ширкати “Умед 88” аз соли 2006 дар бозори фуруши сузишвории Точикистон ворид шуд ва ба гуфтаи рахбараш, беш аз 2 миллиард сомони ба бучети давлат андоз супурдааст. Ин ширкат то замони катъи фаъолияташ беш аз 500 коргар дошт.

“Умед 88” яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сузишвори дар бозори Точикистон буд, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии “Фароз” ракобат карор дошт. Казияи ширкате, ки тули 20 сол дар бозори сузишвории Точикистон мавкеъ касб карду фаъолияти он ногахон бо хабси рахбаронаш дар охири соли 2017 ба анчом расид, яке аз пурсарусадотарин казияхои такрибан як соли охир аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …