Главная / Маданият ва санъат / Худованд ду ояти аз Куръонро ду хазор сол пештар аз пайдоиши махлукот навиштааст

Худованд ду ояти аз Куръонро ду хазор сол пештар аз пайдоиши махлукот навиштааст

Аз Хазрати Ибни Аббос (раз) ривоят шудааст, ки: Расулуллох (с) фармуд: Худованд ду оятро аз хазинахои бихишт берун намуд ва онхоро ду хазор сол пештар аз пайдоиши махлукот бо дасти билокайфи худ навишт, хар касе он оятхоро баъд аз намози хуфтан бихонад, хамин оятхо коиммакоми намози тахаччуди вай хоханд шуд.

Бихишт

Ва дар ривояте аз «Мустадрак»-и Хоким ва Байхаки омадааст, ки Расулуллох (с) фармуд: Худованд охирин ду ояти сураи «Бакара»-ро аз хазонаи махсусаш, ки зери Арш мебошад, ба ман ато фармуд, бинобар ин шумо онхоро хуб ёд бикунед ва хамсарону фарзандонатонро биёмузонед.

Ба хамин хотир Хазрати Умари Форук (раз) ва Хазрати Алии Муртазо (раз) фармуданд: Гумони мо бар ин аст, хар касе, ки каме акл дорад, охирин ду ояти сураи «Бакара»-ро бихонаду бихобад.

Ду ояти охирини сураи «Бакара» ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Омана-р-расулу би мо унзила илайхи ми-р-Раббихи ва-л- муъминун, куллун омана биллохи ва малоикатихи ва кутубихи ва русулихи ло нуфаррику байна ахади-м-ми-р-русулих ва колу самиъно ва атаъно, гуфронака Раббано ва илайка-л-масир. Лo юкаллифуллоху нафсан илло вусъахо, лахо мо касабат ва алайхо мактасабат, Раббано ло туохизно иннасино ав ахтаъно, Раббано ва ло тахмил алайно исран камо хамалтаху ала-л-лазина мин каблино, Раббано ва ло тухаммилно мо ло токата лано бих ва-ъфу анно ва-гфир лано, ва-рхамно, Анта мавлоно фа-нсурно ала-л-кавми-л- кофирин.[1]

Тарчума: Пайгамбар ба он чи аз Парвардгораш ба суйи у фуруд оварда шуд, бовар дошт ва муъминон низ; хама ба Худо ва фариштагони у ва Китобхои у ва пайгамбарони у имон оварданд. (Гуфтанд:) Миёни хеч касе аз пайгамбарони у фарк намегузорем. Ва гуфтанд: «Шунидем ва фармонбардори кардем. Эй Парвардгори мо, омурзиши Туро мехохем ва бозгашт ба суйи Туст!»

Худо бар хеч кас чуз ба андозаи тавоноиаш вочиб намекунад; он чи амал кард, аз они у аст ва он чи гунох кард, бар вай аст. «Эй Парвардгори мо, агар фаромуш кунем, ё хато кунем, моро (ба укубат) магир! Эй Парвардгори мо, бар мо бори гарон манех, чунон ки онро ба касоне ниходи, ки neш аз мо буданд! Эй Парвардгори мо, ва бар мо он чиро манех, моро ба он тавон нест. Ва аз мо даргузар ва моро биомурз ва бар мо бибахшой, Туи Худованди мо, пас, моро бар гурухи кофирон пирузи дех!».

Ин оятхои 285-286-уми сураи «Бакара»-ро Худои таоло барои бандагон аз барои ошкоро намудани очизи ва хостани нусрату хочаташон таълим менамояд. Имрузхо хондани ин оятхо барои хар як афроди мусалмон хеле лозиму зарури аст. Чаро ки душманони ислом дар камин хастанд, ки мусалмононро аз акидахои исломиашон дур намоянд. Худои таоло ба фазли худ тамоми мусалмононро аз зулму шарри ин золимон начот дихад. Пайгамбари Худо (с) фармудаанд, ки: Ду ояти охири сураи «Бакара» то охир дар хар хонае хонда шаванд, шайтон то се шаб наздики он нахохад рафт. Ва хамчунин фармудаанд, ки: Худованди мутаъол сураи «Бакара»-ро бо ду оят хатм кардааст. Ин ду оят аз зери Арш ба ман дода шудаанд, пас шумо онхоро ёд бигиред ва ба занону фарзандонатон ёд бидихед, зеро инхо рахмат ва Куръон ва дуо мебошанд.

Равиши хоси кабулияти дуо

Уламо ва бузургони дин дар иртибот бо хавосу фавоиди хондани «Хасбуналлоху ва ниъма-л-вакил» навиштаанд, ки агар ин оятро хазор маротиба бо кашиш ва шавки хоси эътикоди хонда шавад ва пас аз он дуо карда шавад, Худо хохад, он дуо мавриди ичобат карор хохад гирифт. Хусусан, хангоме ки шахсе дучори мушкилот ва гаму андух бошад, хондани ин оят бисёр муфиду мучарраб мебошад.

[1] Сураи Бакара, оятхои 285-286.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …